Главная / Илм / Мағзча

Мағзча

дар қисми пушти сар, зери ҳиссаи ақиби
нимкӯрраҳои калони мағзи пеш мавқеъ дорад. Аз ягон
қисмати бадан ба мағзча бевосита нахҳои (роҳҳои) асабӣ
ворид намегарданд, вале аз он ба ҳароммағз, мағзи даро-
зрӯя ва марказҳои зериқишрии нимкӯрраҳои калон нахҳои
асабӣ кашида шудаанд. Сохтори ин қисмати мағзи сар
ниҳоят мураккаб буда аз ҳиссаҳо ва қисмҳои баргшакли
зиёде иборат аст.

Мағзча асосан координатсияи рафторро ба танзим
медарорад. Мағзчаи одам дар муқоиса бо ҳайвонот ҳиссаи
зиёдтари ҳаҷми умумии мағзи сарро ташкил медиҳад, ки
аз ростқоматӣ ва мураккабии ҳаракатҳои ӯ бармеояд. Дар
навзоди одам таносуби вазни мағзча бар вазни умумии
мағз 1/17 аст, дар одами болиғ бошад, ин таносуб ба 1/9 ме-
расад. Зиёдшавии вазни мағзча бо мураккабшавии ҳара-
катҳои кӯдак мутаносиб аст. Муайян шудааст, ки ҳар як
ҳиссаи мағзча ҳаракати қисми муайяни баданро идора ме-
кунад ва дараҷаи инкишофи он бо мураккабии ин ҳара-
катҳо мувофиқат мекунад. Масалан, дар зарофа ҳамон
ҳиссаи мағзча инкишоф ёфтааст, ки ҳаракати думро
таъмин мекунад, ва дар одам бошад, он ҳиссае, ки тано-
суби ҳаракати дасту пойҳоро идора мекунад.

Функсияҳои мағзчаро асосан тавассути амалиёти
ҷарроҳӣ ошкор мекунанд. Дур кардан ё аз фаъолият боз
доштани ин узв асосан 4 намуд тағйиротро ба вуҷуд
меоварад, ки бевосита бо танзими ҳаракат алоқаманданд:
а) тағйири шиддати мушакӣ (атония); б) Хастагӣ ва
беҳолӣ (астения); в) ҳаракати ларзишноки дасту пой ва сар
(астазия); г) вайроншавии координатсияи ҳаракат (атак-
сия).

Мағзи пеш қисми ҷавонтарин ва калонтарини си-
стемаи асаб мебошад. Он ҳамчунин қисми вазнинтарини
СМА ба шумор меравад. Ҳароммағз тақрибан 2% – и ваз-
ни умумии СМА, мағзча қариб 10%, сохторҳои мағзи да-
розрӯя, мағзи миёна ва мағзи мобайнӣ дар якҷоягӣ 6% – и
онро ташкил медиҳад. Боқимонда, яъне 5/6 ҳиссаи вазни
қисми марказии системаи асаб ба мағзи пеш ё нимкӯр-
раҳои калони мағзи сар рост меояд.

Мағзи пешро вобаста ба сохтори дупаллагиаш ба
ду нимкӯрраи калон: нимкӯрраи рост ва нимкӯрраи чап
ҷудо мекунанд. Ин нимкӯрраҳо аз мобайн ба ду паҳлӯи
ковокии косахонаи сар ба таври симметрӣ ҷойгир шуда-
анд ва аз мобайн онҳоро ҷӯяи амиқ ҷудо мекунад.

Сатҳи берунии нимкӯрраҳо бо шаш қабати
ҳуҷайраҳои асабӣ, ки ғафсии умумиашон ба якчанд мил-
лиметр мерасад, пӯшонида шудааст. Ин қабат, ки зиёда аз
14 миллиард ҳуҷайраҳои асабиро муттаҳид намуда, ранги
хокистарӣ дорад – кишрч магзи сар номида мешавад.

Қишри мағзи сар муҳимтарин узви фаъолияти пси-
хикӣ мебошад. Масоҳати он 1000 -1200 ва гоҳо 2000 см2
ро ташкил медиҳад, вале танҳо 1/3 ҳиссаи он аён буда,
боқимондааш дар шакли чинҳо ва ҷӯякҳо арзи вуҷуд до-
ранд.

Сатҳи нимкӯрраҳои калони мағзи сарро вобаста ба
маҳдудшавии функсияҳои психикӣ ба чаҳор ҳисса ҷудо
мекунанд: ҳиссаи пеш (пешона), ақиб (паси сар), миёна
(фарқи сар) ва поенӣ (чаккаи сар).

Ба ҳиссаҳо ва қисматҳо ҷудо намудани пӯстлохи
нимкӯрраҳои калони мағзи сар (қишр) ва умуман худи
мағз чунин маъно надорад, ки функсияи алоҳидаи пси-
хикӣ бевосита ва танҳо аз ҷониби яке аз ин қисматҳо идо-
ра карда мешуда бошад. Фаъолияти функсионалии мағзи
сар тавре ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як зуҳуроти ҳаёти
психикӣ бо фаъолияти якчанд қисматҳои мағз дар якҷоягӣ
алоқаманд аст. Вале бо вуҷуди ин муқаррар карда шуда-
аст, ки минтақаҳои муайяни мағзи сар дар амалигардии
функсияҳои алоҳидаи психикӣ аҳамияти бештар доранд.
Масалан, қисмати болоии ҳиссаи пеши нимкӯрраҳо, ки ба
ҷуяки мобайнии мағз наздик аст, ҳаракати узвҳои
алоҳидаи организм ва таносуби онҳоро идора менамояд.
Ин қисмат минтақаи моторӣ ё ҳаракатии мағз ном ги-
ирифтааст, қабули ахбор ё эҳсос бошад, бештар бо
фаъолияти қисмҳои ақиби мағз алоқаманд аст.

Чунин шакли фаъолияти функсионалии мағз дар
асимметрия ё номутаносибии кори нимкӯрраҳои чапу ро-
сти мағзи сар равшантар аён мегарданд. Номутаносибии
кори нимкӯрраҳо дар он ифода меёбад, ки дараҷаи
фаъолӣ ва аҳамиятноки онҳо дар иҷрои ин ё он функсия
мухталиф аст. Хониш, ҳисоб умуман тамоми амалиёте, ки
бо ёрии аломатҳо (калимаҳо, рамзҳо, рақамҳо) иҷро карда
мешавад, функсияи нимкӯрраи чап мебошанд. Нимкӯрраи
рост бошад ахбороти образиро коркард менамояд,
мавқеъгириро дар муҳит, идроки мусиқӣ, муносибати
эмотсионалиро ба объектҳои идрокшуда ва фаҳмидашуда
таъмин менамояд.

Агар функсияи нимкӯрраи рост вайрон гардида,
фақат нимкӯрраи чап кор кунад, дар одам қобилиятҳои
нутқӣ, хондану навиштан, тафаккури абстрактӣ, ҳалли
масъалаҳои математикӣ боқӣ мемонанд. Одам то андозае
«сергап» низ мешавад, вале нутқи ӯ эмотсиянокиашро гум
мекунад. Ӯ бо вуҷуди шунаво будан, садои одами шинос,
овози мардонаю занона, садоҳои ғайризабонӣ (садои
мавҷ, бод, ғиҷироси чархи мошин ва ғ.) – ро фарқ намеку-
над.

Баръакс, агар нимкӯрраи чап иллат ёфта, танҳо ним-
кӯрраи рост фаъолият кунад, дар одам пеш аз ҳама қоби-
лиятҳои нутқӣ халал меёбанд. Чунин одам ашёҳои гуно-
гунро мешиносад, истифодаи онро дар ёд дорад, вале но-
машро фаромӯш мекунад. Вай мусиқиро эҳсос мекунад,
овозҳоро аз рӯи оҳангу садо ва эмотсиянокиашон фарқ
менамояд вале тафаккури абстрактӣ гум мешавад.

Одами «ростнимкӯрра» оламро бо тамоми ғановат
ва гуногунрангиаш дарк мекунад, вале барояш таҳлили
таасуроти худ, муайян намудани алоқаи байни ашёву
ҳодисоти алоҳида ғайриимкон аст. Одами «чапнимкӯрра»
бошад, қобилияти таҳлил ва ҷамъбаскунӣ дорад, аммо аз
сабаби суст будани идроки образиаш барои вай маводи
ибтидоие, ки ба таҳлил ва ҷамъбасткунӣ ниёз дошта
бошад, намерасад, яъне маводе намеёбад, ки таҳлилу
ҷамъбаст намояд.

Фаъолияти функсионалии қишри мағзи сар ниҳоят
мураккаб аст. Функсияҳои психикӣ дар сатҳи он номунта-
зам ва нобаробар тақсим шудаанд. То кунун таълимоти
мукаммал дар бораи қонуниятҳои фаъолияти қишр вуҷуд
надорад. Барои омӯзиши функсияи қисмҳои алоҳидаи
қишр якчанд усулҳоро истифода мебаранд: 1) бурида ги-
рифтан ё қатъ кардани фаъолияти қитъаи қишр; 2) усули
расонидани ангезиши барқӣ; 3) омӯзиши биотокҳои мағз;
4) усули мушҳидаи клиникӣ.

Ба ғайр аз мағзи сар ва ҳароммағз тамоми
сохторҳои дигари системаи асаби одам ба қисми канории
он шомиланд. Дар таркиби системаи асаби канорӣ систе-
маҳои асаби вегетативӣ ва соматикиро ҷудо мекунанд. Ва-
зифаи нахҳои системаи асаби вегетативӣ (аз лот. вегетасио
– ҳаяҷонбахш, фаъолкунанда) таъмини фаъоляти узвҳои
дохилӣ ва танзими мубодилаи моддаҳо мебошад. Систе-
маи вегетативӣ аз нахҳои асабии симпатикӣ ва парасим-
патикӣ
таркиб ёфтааст. Таъсири ин ду намуди нахҳои
асабӣ ба фаъолияти узвҳои дохилӣ одатан мухолифи
якдигар аст. Масалан, агар нахҳои асабии парасимпатикӣ
ба фаъолияти дил таъсири боздоранда расонанд, пас
нахҳои асабии симпатикӣ баръакс, онро фаъол мегардо-
нанд. Агар асабҳои парасимпатикӣ ҳаракати рӯдаҳоро
фаъол гардонад, пас асабҳои симпатикӣ ба он таъсири
хомӯшкунанда мерасонанд. Нахҳои системаи асаби сома-
тикӣ (аз юн. сома – тана, ҷисм) бошад, ҳассосии узвҳои ор-
ганизмро таъмин мекунанд. Ин система аз ретсепторҳо
(нугҳои асабӣ) ва нахҳои асабие иборат аст, ки ба тамоми
узвҳо ва бофтаҳои организм (ба ғайр аз муй ва нохун)
паҳн гардидаанд.

Ретсепторҳо сохторҳои махсуси асабӣ мебошанд, ки
барои кабули намудҳои гуногуни энергия (механикӣ, элек-
тромагнитӣ, химиявӣ ва гайра) ва баргардонидани онҳо ба
импулсҳои асабӣ хизмат мекунанд.

Ретсепторҳои гуногун тамоми сохторҳои организм,
чӣ узвҳои дарунӣ ва чӣ сатҳи пӯстро фаро гирифтаанд ва
ба қабули шаклҳои мухталифи энергия мутобиқ шудаанд.

Вобаста ба қабули шакли шакли муайяни энергияи
муҳит ретсепторҳоро ба намудҳо ҷудо мекунанд. Аз ҷум-
ла: фоторетсепторҳо, ки ба қабули фотонҳо (зарраҳои
рӯшноӣ) мутобиқ гардида дар чашм ҷойгиранд; фонорет-
септорҳо, ки таъсироти садоиро қабул намуда, дар гуш
ҷойгиранд; терморетсепторҳо, ки барои қабули таъсироти
ҳароратӣ матобиқ шуда, дар пуст ва узвҳои дохилӣ мавқеъ
гирифтаанд; механоретсепторҳо, ки таъсироти механики-
ро қабул мекунанд ва дар пӯсту мушакҳо ҷой гирифтаанд;
бароретсепторҳо, ки ба қабули фишор мутобиқ шуда, дар
сатҳи берунии бадан, узвҳои дохилӣ, аз ҷумла девораи
рагҳо ҷойгиранд. Ҳамчунин тангоретсепторҳо барои
қабули таъсироти расиш, густоретсепторҳо, мутобиқ ба
қабули маза, стиборетсепторҳо, мутобиқ ба қабули таъси-
роти бӯйӣ фарқ карда мешаванд. Қабули таъсироти
фавқулодда ва пурқувват, ки эҳсоси дардро ба вуҷуд

меоварад, ба ҳама ретсепторҳо хос аст. Ретсепторҳои мах-
сусгардонидашуда дар чашм, гӯш, сатҳи пӯст, забон ва
сатҳи дохилии бинӣ ҷой гирифтаанд ва узвҳои ҳиссиро ба
вуҷуд овардаанд. Нахҳои асабӣ асосан барои интиқоли
ахбор аз узвҳои канорӣ ба маркази системаи асаб ва
баръакс, аз системаи марказии асаб ба эффекторҳо, яъне
узвҳои ҳаракатӣ (мӯшакҳо) хидмат мекунанд. Он нахҳои
асабиро, ки импулсҳои асабиро аз ретсепторҳо ба систе-
маи марказии асаб мерасонанд, нахҳои асабии афферентӣ
ё марказшитоб меноманд. Нахҳои асабие, ки самти баракс
доранд, яъне импулсҳои асабиро аз системаи марказии
асаб ба узвҳои ҳаракаткунанда мерасонанд, нахҳои асабии
эфферентӣ ё марказгурез номида мешаванд. Нахҳои аса-
бии афферентӣ ва эфферентиро вобаста ба хусусиятҳои
функсияҳои онҳо мувофиқан нахҳои асабии хабардиҳанда
ва ҳаракатдиҳанда (эфекторӣ) низ ном мебаранд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222