Халки точик соҳиби маданияти бою кадима буда, дорои аломатҳои демократи мебошад. Аммо дар шароити зулми мустамликави ва феодали маданият рӯ ба таназзул ниҳода буд. Дар шароити мустамликави маданият ва истеъдоди халк таравди карда натавонист. Маданият ва забони халкдои милли ҳарчониба маҳдуд гашта, ба пешрафти маърифат ба таври сунъи халал расонда мешуд.
Дар Осиёи Миёна дар охири асри XIX, ба монанди пештара, манбаи маърифат ва маданият, мактаб ва мадрасаҳо буданд. Мактабҳо асосан дар назди масчидҳо амал мекарданд. Барои таълими фарзандон аз волидайн маблаг ва бахшишҳои зиёд ситонида мешуд. Таълимгири бо усули кориёна аз ёд кардани матнҳои араби мегузашт. Хонандагон барои аз худ кардани ҳуруфоти араби ним сол вакт сарф мекарданд. Баъди он шогирдони пешқадам матни арабии «Ҳафтяк» – ро бо муаллим ҳамовоз шуда такрор мекарданд. Баъди он ба хондан ва аз ёд кардани «Чоркитоб» мегузаштанд. Ин кор се сол вактро мегирифт. Фақат пас аз ин толибилмон ба омӯхтани хатнависи машгул мешуданд.
Ба мавчудияти микдори зиёди мактабҳо нигоҳ накарда, аҳолии Осиёи Миёна, ба ғайр аз намояндагони руҳониён, толибилмони мадрасаҳо ва савдогарони шаҳри, кариб саросар бесавод буданд.
Мактабҳои ибтидоии дини барои мадрасаҳо шогирдон тайёр мекарданд. Мадраса яке аз намудҳои аввалини донишкада, маркази тайёр кардани мутахассисоне буд, ки таълим дар асоси ҳуруфоти араби ба роҳ монда шуда буд. Харчу харочоти мадраса аз ҳисоби хонандагон буд.
Толибилмон дар мадраса истиқомат мекарданд. Таълим дар мадраса 18-20 сол давом мекард, ки дар ин мудат забони араби, тоҷики, куръон ва тафсири он, мантиқ, фалсафа, таърих, чуғрофия омӯхта мешуд.
Дар нимаи дуюми асри XIX, баробари ба Туркистон омадани аҳолии рус, дар ин ҷо мактабҳои ибтидоии руси ва гимназияҳо пайдо мешуданд. Соли 1870 губернатор Абрамов дар Самарқанд аввалин мактаби русии маҳаллиро кушод. Дар ин мактаб бачагони маҳали забони руси ва фанҳои маълумоти умумиро меомӯхтанд. Дар мактаб муаллимони рус дарс мегуфтанд. Чунин мактабҳо дар нохияҳои Тоҷикистони имрӯза, ки ба ҳайати генерал – губернатори Туркистон дохил мешуданд, таъсис ёфтанд. Аз ҷумла, дар соли 1895 дар Хуҷанд, соли 1888 дар Уротеппа ва соли 1909 дар Хоруг низ чунин мактабҳо кушода шуда буданд.
Барои аҳолии калонсол дар назди мактабҳои русии маҳали курсҳои шабона амал мекарданд, ки дар он забони руси омӯхта мешуд.
Дар баробари мактабҳо дар Осиёи Миёна аввалин манбаъҳои мадани-матбаа (соли 1868 дар Тошканд), китобхона (соли 1878) ва дигар нуктаҳои мадани пайдо шуданд.
Баъди ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Россияи подшохи олимони рус ба омӯхтани табиат, чугрофия ва таъриху маданияти Осиёи Миёна сар карданд.
Олимони рус П.П.Семён – Тянь – Шанский, Н.А.Северцев растаниҳо, табиат ва олами ҳайвоноти Осиёи Миёна, П.П. Федченко боигарии табиии водии Олой, В.В.Мушкетов геологияи ноҳияҳои кухии Осиёи Миёнаро омӯхтанд. Олимони рус дар шароити душвори берохи, кӯҳҳои касногузару даштҳои тафсонро гузашта, ҷони худро дар зери хавфу хатар гузошта, экспедитсяҳои илмиро ташкил мекарданд.
Бо ташаббус А.П. Федченко ва В.Ф.Ошанин дар солҳои 70-уми шӯъбаи маҳаллии ҷамъияти дӯстдорони табиатшиноси, антропология ва мардумшиноси (этнография) таъсис дода шуд. Инчунин, ҷамъияти техники рус, ҷамъияти Туркистонии табии ва айраҳо таъсис ёфта буданд. Хамаги дар Туркистон 15 чамъияти илми амал мекарданд. Бо ташаббуси ин чамъиятҳо нохияҳои дурдасттарини кухистони Точикистони имрӯза мавриди тадкик карор гирифтанд. Бо роҳбарии Л.В. Ошанин экспедицияи антропологи ба Қаротегин ва Помир фиристода шуд. А.Э.Регель ба болооби дарёи Панч, сафар карда буд.
Дар солҳои минбаъд олимони рус Северцев Н.А., Семёнов П.П, Мушкетов И.В., Грум – Гримайлова ва дигарон дар омӯхтани соҳаҳои чудогонаи илм сахми босазо гузоштаанд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …