Вожаи «фитр» аз решаи «фатара» ва «фатр» (гирифта шуда, дар луғат ба маънои шикоф, таркиш ва кафидаги ва ҳамчунин ба маънои масдар: шикофтан, таркиш ба амал овардан ва ғайра мебошад. Ин калима дар ояти 3-юми сураи Мулк «Пас дида (-и худ)-ро бозгардон, оё дар он ҳеҷ шикофе мебини?», ояти 1-уми сураи Инфитор «Вақте осмон шикофта шавад» ва чандин ояти дигар ба ин маъно омадааст. Он дар истилоҳи шаръ ба маънои хотима додан ба рӯза ва хурдан аст.Иди Фитр ба ин маъност, ки рузаи моҳи Рамазон ба поён расида, мавсими даҳон кушодан ва баҳраманди аз неъматҳо фаро расидааст. Садақаи Фитр низ барои он чунин номгузори шудааст, ки дар поёни моҳи Рамазон бароварда мешавад ва он шукронае барои неъмати бандаги ва тавфиқи Худованд дар анҷоми моҳи Рамазон ба шумор меравад.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисм дар Ислом
Дар баробари ин ҳама баҳрахои маънавй, баракоти руҳи ва фоидаҳои беҳдоштие, ки рӯза барои шахси …