Главная / Илм / Маънои “Нубуват”

Маънои “Нубуват”

Нубувват баъд аз адл сеюмин усули дини ислом ва қисмати муҳиме аз илоҳиёти он аст. Н у б у в в а т ( аз кал. арабӣ. набаа-хабар додан, огоҳ кардан ва набӣ- пешгӯикунанда) таълимотест дар бораи пайғамбарӣ ва фалсафаи он, шахсияти пайғамбар ва корномаҳои паёмбарон. Дар ислом нубувват илова ба он чи гуфта шуд, масъалаи исботи рисолати паёмбарии Муҳаммад (с) ва имону боварӣ ба онро фаро мегирад. Хамон тавре ки аз калимаи шаходат бармеояд эътиКод ба рисолати Муҳаммад(с) аз муҳимтарин заруриёти имон мебошад.

Набӣ, расул ва паёмбар калимаҳои муродиф буда, дар ислом шахсеро ифода мекунад, ки Худо ба воситаи вай мардумро ба шинохти ҳақиқат ва роҳи рост ҳидоят мекунад. Паёмбар мувофиқи таълимоти ислом инсони баргузидаи парвардигор аст, ки ирода ва суханони Худоро, ки ба ӯ ваҳй шудаанд ба мардум- инсонҳо мерасонад. Онҳо мисли тутӣ ё ба истилоҳи имрӯза баландгӯи Худоянд. Ба Кавли Мавлоно Ҷалолуддин Румӣ:

Ин ҳама овозҳо аз Шайҳ бувад,

Гарчи аз ҳалқуми Абдуллаҳ бувад.

Дар Қуръон низ омадааст: “Ва мо янтиқу ъанил-ҳаво ин ҳува илло ваҳюн юҳво”-Харгиз ба ҳавои нафс сухан намегӯяд, сухани ӯ ба ҷуз ваҳйи Худо нест.(Қуръон 53:3-4) Ба ҳамин мазмун Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ низ аз забони Паёмбар сурудааст:

Борҳо гуфтаму бори дигар мегӯям,

Ки мани дилшуда ин раҳ на худ мепӯям..

Дар паси оина тутисифатам доштаанд,

Он чӣ устоди азал гуфт: бигӯ! мегӯям.

Дар ислом тамоми паёмбарони гузашта, алалхусус паёмбарони динҳои сомӣ зътироф шудаанд. Дар ин маврид ислом аз таассуб дур аст. Мувофиқи таълимоти ислом аз ибтидои хилқати Одам як силсила анбиё ва расулон барои раҳнамоии инсонҳо ва интишори маъорифи илоҳӣ фиристода шудаанд, ки бузургтарин ва маъруфтарини онхо Одам, Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исои Масеҳ ва ниҳоят Муҳаммад- хотамуланбиё(с), яъне охирин паёмбар аст. Дар Қуръон ҳамчунин дар бораи паёмбарони дигар чун: Шиш, Ху.д. Солеҳ, Лут, Довуд, Аюб, Яъқуб,Юнус, Сулаймон, Яхё,Закариё ва ғайра сухан меравад. Умуман, мувофиқи ривоятхои исломӣ ҳамагӣ 124 000 набӣ гузаштаанд, ки аз он 300 нафарашон расулони Худоянд яъне паёмбароне, ки рисолат доштаанд-соҳибкитоб будаанд ё шариати нав овардаанд.

Одатан, ба бисёре аз паёмбарони қабл аз Муҳаммад (с) мӯъҷизаҳо нисбат додаанд, вале нисбат ба Муҳаммад бисёре аз уламои ислом ба ҷуз Қуръон- дарёфти ваҳйи илоҳӣ дигар мӯъҷизае қоил нестанд. Ӯ ҳарчанд мартабаи аълои хотамул- анбиёро дорад, ҷанбаи илоҳӣ надорад ва мисли тасаввуроти динҳои дигар Худо дар пайкараи инсонии ӯ ҳулул накардааст, балки ӯ низ башар аст, мисли дигарон ва ҳеҷ вақт иддаъои доштани қувваи фавқуттабии ва хориқулоддаро накардааст. Дар Қуръон ҳарчанд дар бораи мӯъҷизоти пайғамбарони дигар ишороту тафсилоте мавҷуданд дар бораи ҳеҷ як мӯъҷизаи худи Муҳаммад чизе ба ҷуз ҳамон Қуръон, ки гуфтем нест. Вале ногуфта намонад, ки дар қиссаҳо ва тафсиру ривоёт ва шарҳи ҳоли Паёмбар (с) дар “Сиратҳо” ривоёте шабеҳ ба мӯъҷиза баён шудаанд. Ин ривоятҳо имкон дорад дар тақлид ба динҳои дигар ба вуҷуд омадаанд то нишон диҳанд, ки Паёмбари ислом (с) низ соҳибмӯъҷиза мебошад ё худ шарҳу баёни дигаре доранд.

Дар ҳар сурат, метавон гуфт, ки дар ин ҷо низ тавҳиди исломӣ бо субот риоя шудааст, ҳар чанд Муҳаммад(с) ба мартаба ва сифоти ахлоқию мазҳабие, ки ба ӯ нисбат дода шудааст мақоми инсони комилро дорад, боз яке аз бандагони Худост ва танҳо бо итоат ба хости илоҳӣ мақоми қурбат ба боргоҳи илоҳиро ҳосил кардааст, ки он дар либоси рамзӣ бо номи “меъроҷ-“и набӣ (яъне ба боргоҳи илоҳӣ расидан) баён шудааст. Баҳси нубувват аз ҷиҳате баҳси инсони комил дар ислом аст. Хулоса, ба нақши паёмбарӣ дар ислом нисбат ба динҳои дигар бештар таъкид шудааст ва яке аз аслпояҳои таълимоти ислом аст, ки бидуни шинохти он фаҳми назарияи иҷтимоию сиёсӣ ва гуманизми исломӣ мушкил аст.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222