Калимаи Рамазон аз решаи «рамз» гирифта шуда, ба маъ-
нои тафсондан ва ё тафсидан ва гудохта шудан дар зери ҳарорат ва
гармии офтоб мебошад. Албатта, робитаи дақиқе дар миёни мохи-
яти истилохии мохи Рамазон ва маънои луғавии он ба чашм мехурад.
Ин моҳ ҷисми инсонро дар кураи фаризаи илохи ва коргохи руза
амалан мегудозад ва чавҳари шахсият ва одамияти ӯро аз тамоми олу-
дагиҳо пок месозад. Рузаи бо рӯҳу маъно, ки бо алангаҳои гуруснаги-
ву ташнаги ҳамроҳ мебошад, нафси инсонро аз тафтаҳои нафсони пок
мегардонад. Ҳамин аст, ки Худованд ду сузиш ва ду ҳароратро бо ҳам
чамъ намесозад. Сузиши гуруснагиву ташнаги дар мохи Рамазон ва
сузиши дар оташи дузах.
Вакте вучуди шахси рузадор дар коргохи мохи Рамазон гудохта
мешавад ва аз тамоми палидиҳо пок мегардад, дигар ҳоҷате ба гудох-
тани дубораи ӯ дар оташи дузах боки намемонад. Оташи дузах одамо-
неро месузад ва дар худ мегудозад, ки дар дунё худро бо барномаҳои
инсонсози ойини Ислом, аз ҷумла, бо ин василаи муассири илохи пок
насохта бошанд.
Паёмбар (с) рузаи мохи Рамазонро сипар ва нигавдорандаи сохи-
би худ аз оташ номидааст.
Куръони карим ва суннати Расули акрам (с) ҳадафҳои фарзшави,
фалсафаи ахком ва дигар ҷанбаҳои мохи Рамазонро бо таъбири расое
баён намудаанд ва мо низ кӯшиш менамоем, ки онро дар партави оят-
ҳои Куръон ва баёноти суннат пешкаши хонанда намоем.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …