Қариб як ҳафта буд, ки Саидахола дар ҳавлӣ танҳо мезист. Писараш дар хидмати ҳарбӣ, кели- наш ба аёдати хешовандон рафта буд. Дируз бояд бармегашт, аммо аз вай ҳанӯз ҳам дарак набуд. «Кошкӣ, соҳибони хона тезтар меомаданд, тобу то- қати хонабонӣ надорам», – мегуфт ба худ Саида- хола.
– Ассалом, бибӣ, – духтари ҳамсоя – Ширинмоҳ як руймоли пур аз туҳфаҳо дар даст ба ҳавлӣ даро- мад. Саидахола дар пешайвон, болои курпача, ни- шаста, пилла ғоз мекард. – Янгаам аз Варзоб ома- данд? – пурсид Ширинмоҳ.
– Не, бачам, ба янгаат чӣ кор доштӣ, дар вай рӯй- молат чӣ дорӣ? – пиразан аз паси айнак бодиқкат ба Ширинмоҳ нигарист.
– Савғо овардам.
– Аз кӣ?
– Аз акаашон.
– Бачам, ту гапҳои беҳуда нагуй, келини ман ака надорад, вай як сағираи бекас.
– Намедонам, бибӣ, ана вай, муаллими нави мо Шокиров гуфтанд, ки Хадича ба он кас хоҳар меша- вад, худашон ҳам ана дар ҳамин ҷо, дар пушти дар. Гуфтанд, ки Хадичаро гуям наздашон барояд, – Ши- ринмоҳ бастаи туҳфаҳоро гузошта, аз ҳавлӣ берун шуд.
– Ширинмоҳ, Ширинмоҳ, ист, духтарам! Ту чӣ гуфтӣ? Дурусттар гап зан, – пиразан риштаю суза- нашро як су гузошта аз ч хест. Аз пушти дарвоза
овози Ширинмоҳ ба гушаш расид: – Муаллим, Хадича набудааст. – Дар хонаашон кӣ?
– Хушдоманаш.
– Кай меомадааст?
– Намедонам.
– Хайр, агар биёяд, ба вай гуй, ки як назди ман, ба
мактаб биояд, интизор мешавам. – Хуб шудааст.
Саидахола дарвозаро кушод. Ширинмоҳу муал- лим хеле дур рафта буданд. ӯ дарвозаро пушид.
– Ин гапи куҷо-а? Кадом як муаллим ба келини ман савғо овардааст? – пиразан болои руймоли сав- ғо хам шуд. Гиреҳҳо кушода намешуданд, ангуш- тони бемадоршудаи Саидахола аз ҳаяҷону изтироб меларзиданд. у бо азоб руймолро кушод. Камзул- чаи махмал, оина, китоб, боз ким-чиҳои дигар… Ҳамаи ин савғо аз як марди бегона ба келини ӯ. Боз камзули махмал ҳам?! Келинаш ҳазл набудааст-ку. Гапи Дорғабегим дар ҳаққи вай гуиё рост. «Саида- ҷон, аз келинат эҳтиёт шав, хандаҳояш ноч» гуфта буд ӯ. Дар ҳақиқат, аз рӯзҳои ба хидмати ҳарбӣ рафтани писари Саидахола авзои келинаш беҷо. Ҳар рӯз чанд куртаи атлас мепушад, ба қошҳояш усма мекашад. Пиразан ҳанӯз сар аз болои савғо
набардошта буд, ки овози Дорғабегим баромад.
– Биёед, хамсоя, – Саидахола бо азоб рост шуд.
– Омадам, Саидаҷон. Инҳо чӣ? – бо нуги асо ба руймоли савғо ишора карда пурсид Дорғабегим.
Садида-хола сир пинҳон доштанӣ буд.
– Инҳо… – дигар чӣ гуфтанашро надонист ӯ.
– Инҳо, Саидаҷон, савғо ба келинат, аз як муал- лими ҷавон, – гуфт Дорғабегим.
– Шумо аз куҷо донистед, дугона?
– Аҳли деҳа ҳама аллакай медонанд. Ба ман Ши- ринмоҳ гуфт, муборак шавад.
Аз суханҳои Дорғабегим Саидахола моту мабҳут шуд. Наход Хадича ба писари вай хиёнат кунад? Номи муаллим чӣ буд? Шокируф? Саидахола ӯро ба ин ҳолаш намегузорад. Худи пагоҳ ба мактаб даро- мада арз мекунад, ба ноҳия меравад… Вай, модари
Баҳодур, зинда аст.
***
Паоҳӣ муаллимон ва хонандагон дар саҳни мактаб ҷамъ омада буданд. Директор бо онҳо суҳбат дошт, Саидахола ба мактаб даромада омад. Туҳфаи дируз ба келини ӯ фиристодаи Шокиров дар тори сари пиразан буд. ӯ асозанон ба хонандагону муаллимон наздик мешуд. Нигоҳи таачбомези ҳама ба ҷониби вай. Хонандагон пиқ-пиқ механдиданд. Директор низ аз гап задан бозистод.
Авзои Шокиров, ки паҳлуи муаллимон меистод, беҷо шуд. Ин кампир кист? Чаро либосҳои дируз ба Хадича фиристодаи ӯ дар дасти вай аст? Ё Хадича онҳоро пас гардондааст? Хуб нашуд. Акнун аҷаб не, вайро дигар хел фаҳманд, беобру шуданаш ҳам мумкин. Ин аз ваҷоҳати пиразан маълум. Ба Хадича кӣ мешуда бошад? Шокиров дар ҷояш истода наме- тавонист. Панҷаҳояшро ба ҳам фишурда, лаб ба зери дандон мениҳод.
Пиразан наздик меомад. Мӯйҳои ба докаи сафе- ди сараш ҳамранги ӯ болои чашму абрувон ва руйи пурожангаш хамида буданд. Пиразан аз ғазаб ме- ларзид. ӯ дар рӯ ба руйи аҳли маҷлис истод. Бастаи тори сарашро ба замин ниҳода, гиреҳҳояшро ба ангуштони ларзонаш саросема кушод ва чизҳои да- руни онро ба замин пошид.
– Истед, модар, шумо чӣ мекунед? – директори мактаб аз як лаби остини Саидахола дошта, ӯро аз назди ҳозирон ба канортар кашид. Муаллимон дар ҳайрат монда буданд.
– Чӣ гап, модар? – пурсид директор.
– Ҳозир, бачам, ҳозир ҳамаашро мегуям. Агар арзамро нашунавӣ, ба ман ёрӣ нарасонӣ, худамро ана дар ҳамин ҷо, дар пеши назарат мекушам… – пиразан гапашро гум кард.
– Ширинмоҳ куҷоӣ, Ширинмоҳ? – овози Саидахо- ла меларзид.
Ширинмоҳ аз катори ҳамсинфонаш баромада, ба пеши пиразан омад.
– Гӯй, бачам, ин савғоҳоро кӣ ба келини ман фи- ристод? – пурсид пиразан аз ӯ.
– Муаллим, – гуфт ӯ.
– Кадом муаллим? – пурсид директор аз Ширин- моҳ.
– Муаллим Шокиров.
– Ман ба назди ана ҳамун Шокируфатон омадам. Канӣ, вай? Афташро ба ман нишон диҳед, – пиразан давом дод: – Келини ман як бор ба шавҳар барома- дагӣ. ӯ ба вай кӣ мешавад, ки савғо фиристодааст? Додар, ё ягон хеши дур? Худи ҳозир ба келини ман кӣ шуданашро гӯед… – нафас дар гулуи пиразан печид.
Акнун нигоҳи ҳама ба Шокиров дӯхта шуда буд. Муаллимон байни худ пичир-пичир гап мезаданд:
– Хадича катӣ вай хеле боз шинос, дар Душанбе ҳам онҳоро дида будам, – гуфт як муаллим.
– Ба шаъни муаллим иснод овард.
Занг зада шуд, хонандагон ва муаллимон ба дарс даромаданд. Дар саҳни мактаб Шокиров танҳо монд. ӯ мехост, ки ба модаршӯи Хадича ҳамаи гапро фаҳмонад. Аммо ӯ ба касе гӯш надода, бо қаҳру ғазаб аз мактаб рафта буд.
Директори мактаб сӯйи хобгоҳи муаллимон ра- вон шуд. Фикру хаёли ӯ ба муаллими нав. Ба туфай- ли вай мактаб ноором, деҳа пури гап шуда монд.
Баъзе муаллимон талаб доранд, ки муаллими навро аз кор озод кунанд. Дуруст мегуянд. Имруз-фардо шавҳари Хадича аз хидмати ҳарбӣ ояд, гап боз ка- лонтар мешавад. Директор дар банди ҳамин хаёлҳо аз назди хонаи Шокиров мегузашт, ки садои ғаман- гези мусиқӣ ба гӯшаш расид. Касе танбур менавохт. ӯ аз роҳ бозистод. Садои танбур лаҳза ба лаҳза баландтар шуда, аз хоначаи хурди Шокиров то ба дуродур мерафт, дили кас маҳзун мегашт. Директор, мафтуни навои танбур, ба хонаи Шокиров даромаданашро нафаҳмид. Шокиров ба торҳои танбур нохун мезаду аз аксе, ки болои миз, рӯ ба руяш, меистод, чашм намеканд. Дидагонаш пуроб мешуданд, нолаи танбур аламовартар мегашт. Шо- киров дарди дилашро ба торҳои танбур холӣ карда, оҳи бадарде кашиду танбур дар даст аз ҷояш бар- хост ва директорро дида даступо хурд. Директор бо Шокиров вохӯрӣ карда, ба паҳлуи ӯ гузашт. Акс ҳанӯз дар руйи миз буд. Аз он ду духтарчаи фати- ламуй ба тарафаш нигоҳ мекарданд:
– Шинохтед? – пурсид Шокиров ба яке аз он дух- тарҳо бо ангушт ишора карда. Духтарча ба директор шинос намуд, вале ба хотир оварда натавониста, китф дарҳам кашид.
– Ин акси Хадича аст, – фаҳмонд Шокиров.
– Хадича?
– Бале, инаш хоҳари ман, – Шокиров духтараки дуюмро нишон доду дигар сухане гуфта натавонист.
Дилшоду хоҳаракаш – Манижа падарашонро дар хотир надоштанд. у дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шуда, модараш, яона саробонашон, ки кариб ҳаме- ша бемор буд, аз олам гузашт. Онҳо – акаю хоҳар бесаробон, танҳо монданд. Як ҳавлии калони бекас монду Дилшоду хоҳаракаш. Баъд онҳоро ба хонаи бачаони шаҳри Душанбе оварданд. Дар ин ҷо ба монанди Дилшоду хоҳараки ӯ бепарасторон бисёр. Хадича ҳам бепадару модар будааст. Дилшоду хоҳараш бо ӯ шинос шуданд, бо ҳам одат карданд. Хадича аз хоҳараки Дилшод – Манижа як дам ҷудо намеашт. Саҳни хонаи бачаон озодаю васеъ буду дарахтзор. Бачаҳо даводаву бозӣ мекарданд. Дар ҳамин мавридҳо ҳам Хадичаю Дилшод ва Манижа бо ҳам меаштанд. Ба хонаи бачаон як мураббияи нав омад. Вай Хадичаю Дилшод ва Манижаро ҳаме- ша бо ҳам дида боре пурсид:
– Дилшодҷон, Хадича ҳам хоҳари туст?
– Не, – ҷавоб дод Дилшод, вале пушаймон шуд. Охир, аз ин ҷавоби ӯ Хадича хеле маҳзун ашт, чаш- мони мисли ангури сиёҳи вай пурашк шуданд.
– Ҳа мегуфтӣ, намешуд! – хоҳараш ӯро сарзаниш кард.
Аввалҳои тобистон буд. Онҳоро барои истироҳат ба як лаери пионерии Дараи Варзоб бурданд. Рузе ба сайри дара баромаданд. Онҳо то чоштоҳ роҳ паймуда, ба дарунтари дара даромаданд. Чаҳ-чаҳи булбулон, хониши парандаон ба гуш мерасид. Дар
баландиҳо ҳанӯз барф об нашуда буд. Аз оғӯши сангҳои барфолуд шамоли салқин мевазид. Офтоб аз назар пинҳон шуд. Сангҳои кӯҳ ба назар хона- монанд, калон-калон. Бачаҳо борхалтаҳои сафарӣ дар пушт, пеш мерафтанд. Ҷавонзани чеҳрахан- доне, ки пеш-пеши ҳама мерафту мӯйҳои тилло- рангашро шамол бо ҳавсалаи тамом бозӣ медо- ронд, мураббия буд. Ногоҳ аз кадом як тарафи кӯҳ чанд сангпора ғелид. Санг ба санг бармехурд. Санг- резаҳо бисёр шуда, ба каъри дара мефуромаданд. Мураббия болои санге баромаду дод зад:
– Бачаҳо, ба пушти танаи дарахтон гузаред. Зуд, зуд бошед, ба паси дарахтон!
Нидои мураббия акси садо дод. Бачаҳо аз санг- реза гурехта, саросема дар паси кундаи чинор ва чормағзҳои калон панаҳ мешуданд. Дилшоду Мани- жа ҳам тарафи дарахте давиданд, аммо Хадича наменамуд. Акаю хоҳар ӯро диданд. Вай гӯё аз ҳодиса огоҳ набуд, ки дар поёни дара, дар лаби ҷӯй нишаста буд. Моҳичаҳо, сангрезаҳои пурҷилои каъри оби зулол хаёли вайро рабуда буданд.
– Хадича! Хадича!! Гурез, гуре-е-е-з!!!
Сангҳои бисёре рост ба тарафи Хадича меғе- лиданд. Манижа додгуён суйи ӯ давид. Назди Хади- ча расида, аз дасташ кашид. Вале худро аз фалокат раҳонида натавонист. Сангҳо ба сараш рехтанд. Дунё ба назари Дилшод тира гашт, ҳеҷ ҷойро наме- дид. Вай аз ҷону ҷигар – аз хоҳаракаш чдо шуд.
Онҳо акнун ду нафар буданд – Дилшоду Хадича. Хадича аз Дилшод ҷудо намешуд. Онҳо акаю хоҳар гашта буданд.
Дилшод оҳиста сар боло карда, аз тиреза ба саҳ- ни сермағали мактаб назар андохт ва пас ҳикояаш- ро давом дод:
– Ман муаллим шудам, маоши аввал ҳам гириф- там. Орзу доштам, ки онро барои хоҳарам сарф ку- нам. Инро ба худи ӯ ҳам мегуфтам, аммо насиб на- карда будааст. Ба хотири Манижа маоши аввалам- ро ба дугонаи ӯ сарф карданӣ шудам, аммо… Ба ҳама асли гапро фаҳмондан душвор.
Руймоли савғо дар назди тиреза меистод. Дирек- тор аз паҳлуи Дилшод бархосту онро ба даст ги- рифт.
– Дилшодҷон, ҳамроҳи ман биё, – гуфт ӯ ва аз остонаи дар ба берун кадам монд.
Дилшод аз паси директор мерафт. Онҳо аз пеши муаллимоне, ки барои муҳокимаи Дилшод ҷамъ шу- да буданд, гузаштанд. Чашми ҳозирон аз директор канда намешшуд. Руймоли туҳфаҳои барои Хадича харидаи Дилшод дар дасти ӯ буд. «Чӣ, худи дирек- тор «савғо»-ро ба хонаи Саидахола мебарад?». Онҳо саҳв накарда буданд. Директор ҳамроҳи Дил- шод ба хонаи Саидахола мерафт.
Муаллиф: Як силсила ҳикояҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо аз ҳаёти тифлон ва хонандагони синни мактабӣ таълиф шудаанд. Чанде аз онҳо ҳоло манзури хонандагони арҷманд мегарданд, ки хонданӣ, шавқовар ва пандомезанд.
Ҳикояи мазкур яке аз онҳост.