Баъди ду-се фарсах биебон оғоз мешуд. Фарсахи маъмулй ба роҳи яксоатаи шутур баробар аст. Вале имшаб онҳо як фарсахро дар муддати ним соат тай намуданд.
Дар токи осмони нопайдоканори зулмонй мохи нав медурахшид, ситораҳо базур-базур милтиррос мезаданд.
Онон бар дар бари якдигар рох, мепаймуданд, гоҳо ба регтеппаҳо мебаромаданду гоҳо мефуромаданд. Саксавулҳои пурхори сари роҳро, ки ногаҳон дар торикй пеши по мебаромаданд, чарх зада мегузаштанд.
«Охир, мо имшаб ҳаракати мохро мушохида карданй будем», – аз фикр гузаронд Абуалй.
Ҳамроҳи Берунй асбоби наве ихтироъ карда буданд ва ният доштанд, ки зиҷи дакики ҳаракати мохро тартиб диҳанд.
Ҳозир Абуалй мехост фикрашро дар ин бобат ба пирамард Масехй баён кунад, аммо ғарқи андешае ба сукут рафтани Масехиро дида, ӯ низ хомуш монд.
Дар ин торикии зулмонй сухан рондан амри муҳоле буд, зеро бетаваккуф чашмҳоро ба кор андохта, пеши пойҳоро бо диққати тамом аз назар гузаронидан лозим меомад.
Шамоли сарде бархост. Ҳаво ҳам салкин шуд.
Го рост аз пеши чашм нуктаҳои рахшоне – гамбусакҳо парида мегузаштанд.
Ситораҳо оҳиста-оҳиста нопадид мегаштанд. Равшанй фаро расидан гирифт.
- Баъди ками дигаре ба сари чоҳ мерасем, – овоз баровард роҳбалад.
Ин аввалин суханони ӯ дар ин шаб буданд.
Ситораҳо тамоман нопадид шуданд. Вакти намози бомдод ҳам расид. Ҳатто дар роҳи сафар ҳам, мувофики шароит, бояд панҷ вакт намоз канда нашавад. Вале ҳозир касе ёди намоз намекард ва дар ин бора ломе ҳам намегуфт.
Айёми бомдодон ҷони биёбон медарояд. Дар саросари регзор изи дарандаву хазандагон аён мешавад. Рахҳои дароз аз хазида гузаштани мор далолат медиҳанд. Гамбусаке пускаи ба назараш киматбаҳои гусфандро бо почаҳои кафояш сахт дошта ғелонелон пеш меравад. Тимсоҳе гарон-гарон кадам монда, болои регтуда мебарояд. Як-ду маротиба чондори майдаяки ғуллимӯ – муши биёбони аз зери буттаҳо часта баромада, худро зери пойи шутур андохт.
Ниҳоят, вакт ки Хуршеди камнури сабоҳӣ аз паси реудаҳои сафедча намоён гардид, онҳо ба сари чоҳ расиданд.
Чоҳ дар пастхамие воқеъ буда, дар атрофи он якбора биступанҷ-сй буттаи саксавул руйидааст.
- Каме дам мегирем, – изҳор дошт роҳбалад, – шутурҳо аз пой монданд…
Онон аз шутурҳо фуромада, пойҳояшонро базур бар регзор дароз карданд.
Роҳбалад сарпушаки чохро аз таги рег кофта бароварда, ба тарафе ҳаво дод ва аз даруни чоҳ зарфи калони сияхтобшудаеро боло кашид. Об андаке шурмаза будааст.
Шутурҳоро ҳам об доданд. Шутурҳо дарҳол дароз кашиданд.
Роҳбалад гирдогирди буттаҳоро давр зада, хаспораҳои хушкидаро ҷамъ овард ва гулхан афрухт. Гармии оташи саксавул баланд будааст, ки об зуд ба ҷӯш омад. Роҳбалад аз хӯрҷин нон баровард.
- Тановул мекунему хоб меравем, – гуфт ӯ. – Понздаҳ фарсахи роҳро тай намудем. Ин роҳи кухна! Кайҳост, ки бо ин роҳ рафтуо намекунанд. Аммо чоҳҳо ҳанӯз барчоянд. Кай онҳоро кофтаанд, ки кофтааст – инро факат Парвардгор медонад…
Масеҳӣ таквими нуҷумро бароварда, онро варақ зад ва як сӯ гузошт.
- Мувофики ин таквим рӯзҳои умри ман башуморанд, – гуфт ӯ, – зеро дар ин ду рӯз такдири ман аз ситораи Алтайр вобастагй дорад. Ин ситора нишонаи аҷали ман аст.
- Ҳамаи ин сафсатта, бофтаи хаёли одамони чохил! – гуфт Абуалй. Масехй чизе намегуфт.
Вакте ки тасфи ҳаво нишаст, онҳо шутурҳоро бархезонда, давоми рошонро пеш гирифтанд. Аввал шамолро ҳис накарданд, зеро аз пушти мевазид. Аммо баъдтар роҳбалад ташвишомез ба пасу пеш нигаристан гирифт.
- Туфон! Ҳозир туфон бармехезад! – гуфт роҳбалад.
Онҳо ба илоҷе фурсати худро ба руйи регзор партофтан ва шутурҳоро хобондан ёфтанд. Барои фуровардани бори шутурҳо аллакай фурсат намонда буд.
Пардаи ғафсу тираи чангу ғубор ба онҳо наздик меомад. Вай руйи Офтобро панаҳ намуд ва ҳама чоро торикй фаро гирифт. Дар карибишон ир аз буттаҳои бекуввату махине панохохи дигаре набуд. Чо, ки паноҳ бурда буданд, ҷойи шамолнорас, аммо сокиту дахшатоваре буд. Шамол торафт наздиктар меомад. Ва, ниҳоят, даррасида, ба сару руйи онҳо ҳамла овард, чашмҳояшонро куру гшояшонро кар намуд. Абуалй худро ба танаи шутур чафс кард. Регпораҳо ба гӯшу бинй даромада, ҳеч илоҷи нафасгирй намедоданд.
Шамол ба ҳамон тарзе, ки якбора бархоста буд, якбора фуру нишаст.
Вакте ки Абуалй сарашро бардошт, аллакай дар осмони тираву тор ситораҳо нурафшонй мекарданд. Дар пахлуи вай пирамард Масехй ва роҳбалад ҳам аз регзор сар бардоштанд.
Якеи шутурҳо набуд. Боз ҳамон шутуре, ки захираи асосии обу озукаро мекашонд!
Масеҳӣ барои нигаҳбонии шутури Абуаливу худаш истод. Роҳбаладу Абӯалӣ ба ҷустуҷӯйи шутури гумшуда баромаданд. Онҳо гирду атроф, ҳар як пастиву баландӣ, ҳар як сиёҳиро бодиккат аз назар мегузаронданд, бо овози баланд садо дармедоданд. Аммо аз шутур ному нишоне набуд!
- Аввал он дар паҳлуи ман буд, – гуфт роҳбалад. – Баъд, гӯё, ҷин бурдаш! Як машки пуроб ҳамроҳи мо монд, – тасалло медод ӯ. – Хайр, боке надорад, ҳангоми рафтан аз як чоҳ то чоҳи дигар онро пур кардан мегирем.
Аввал роҳбалад пеш-пеш мерафту Масеҳиву Абӯалӣ аз акиби ӯ. Баъдтар роҳбалад ба шутур нишасту Абӯалӣ пиёда шуд.
Субҳ дамидан дошт.
- Бояд дар ҳамин наздикиҳо чоҳе бошад, – гуфт роҳбалад.
Онҳо хеле пештар рафтанд. Вале аз чоҳ дараке набуд.
- Чоҳ бояд ана дар ҳамин ҷойҳо мебуд, – дар тааччуб афтод роҳбалад. Вай Абуаливу Масеҳиро гузошта, худ ба тарафи баромадгоҳи Офтоб роҳӣ шуд.
Роҳбалад зуд баргашт.
- Чоҳе нест! – гуфт ӯ парешонҳолона.
Ҳамаашон якҷоя ба тарафи ғарб рафтанд, аммо дар он тараф ҳам чоҳе дида намешуд.
Сипас бо роҳи омадаашон акиб баргаштанд. Дар ҳеч ҷой аз чоҳ осоре набуд!
Офтоб аллакай ба миёнаҷойи осмон омада, ҳаворо хуб метафсонд.
Онҳо назди буттаи урёне нишаста, аз машки яккаву ягонаашон об нушиданд.
Масеҳӣ аз чӣ бошад, ки боз ба варакгардони чадвали ситораҳо шуруъ намуд.
- Ман иштибоҳ кардаам, – гуфт ӯ иричашмдошт, – мувофики ҷадвал рӯзҳои ситораи Алтайр баъди як ҳафта фаро мерасанд.
- Ақаллан, ҳамин дафъа ахтаршиносй пешиии ҳаққонӣ менамуд, дарди бахайре буд, – писханде зада гуфт Абуалй.
Нон реголуд шуда буд. Ҳамчу сӯҳони асаб дар зери дандонҳо ғиҷиррос мезад. Хурдании дигаре набуд.
Даме, ки ҳаво ниҳоят гарм шуд, пирамард Масеҳй ҳамроҳонашро барои яккултй об нушидан даъват намуд.
- Ташаккур, ман намехоҳам, – гуфт Абуалй даҳони хушкидаашро базур кушода, – шумо нши ҷон фармоед, устод!
Масехй ҳам нанӯшид.
Агар об фаровон бошад, кас он қадар майли ншидан намекунад. Алҳол фикри набудани об аз сарҳо дур рафтан намехост ва пеши ҳамаи фикрҳои дигарро гирифта буд.
Шабона боз ба роҳ даромаданд. Акнун ба ситораҳо назар карда, тахминан тарафи ҷануб роҳ мепаймуданд. Дар интиҳои биёбон бояд шахри Чурҷон ва ё, умуман, ягон шахри дигаре вокеъ гардида бошад. Инаш он қадар мухим нест, факат бигзор ягон шахр ё деҳа ва ё чуйборе бошад. Бигзор як хона ё буттае бошад, аммо ҳатман бояд ягон чоҳ дошта бошад, об дошта бошад.
Масеҳй базур дар болои шутур истода, хирросзанон нафас мекашид.
Абуалй маҷбуран ӯро чанд култ об нушонд.
Об мададе накард.
- Беҳуда масраф накунед, – гуфт Масехй, – об минбаъд ба шумоён зарур мешавад.
Абуалй хост, ки ӯро бо ягон сухани руҳафзое ҷавоб гардонад ва шод кунад, аммо аз ҳалқи хушкида танҳо чанд овози хирросй бароварда тавонисту бас.
Рузи дигар аллакай Масеҳй аз ҷой хеста наметавонист.
Сипас ба ҳазёнгуй даромад. Гоҳо ба худ омада, барои фаҳмотар гап задан илоҷе ёфтанй мешуд ва изҳори хоҳиш менамуд, ки ӯро дар ҳамин ҷо ба ҳоли худаш гузошта бираванд. Онҳо бояд фурсату куввати бокимодаро аз даст надода пеш раванд, аммо вай дигар ба ҳеҷ куҷо рафта наметавонад.
Абуалй ноилоҷ дастонашро болои ҳам гузошта, хомушона дар паҳлуи Масеҳй менишаст. Дар ин маврид ягон дорую даво мадад расонда наметавонист. Эҳсоси нотавониву бемуттакой ҳолати аз ҳама даҳшатовартарин аст. Алалхусус, ҳангоме ки дар паҳлуят инсоне ҷон меканаду барои сабук кардани дарду ранҷи ӯ илоҷе надорй.
…Абуаливу роҳбалад ҷасади Масеҳии тарки оламгуфтаро дар қаъри регзор дафн намуданд, то кафторҳои лошахор онро бароварда пора насозанд.
Баъди як рӯз онҳо шутури дувумиро ҳам гум карданд. Эҳтимол шутур дар ҳамон наздикиҳо бошад, аммо дар онҳо мадори ҷустуҷӯ бокй намонда буд. Бинобар ин, роҳашонро ба самти ҷануб идома додан гирифтанд.
Акнун Абуалй пеш-пеш мерафту роҳбалад аз бари ӯ бо азобу машаккате кадам мениҳод. Ҳар ду ягона шутури боқимондаро дошта-дошта пеш мерафтанд.
Ҳангоми ғуруби Офтоб аз ҷониби уфук се ҷуссаи бузурге намудор шуд, ки дутояш ҷуссаи одамй буд. Он ду ҷусса ҳам ҷуссаи шутурро дошта-дошта, суйи инҳо мешитофтанд. Роҳбалад аз пой афтоду чашмонашро пӯшид. Якеи он ҷуссаҳо ҳам дар они воҳид ба зону зад.
- Худо ин арвоҳро фиристодааст, ки ҷони моро ситонанд, – пичиррос мезад роҳбалад. – Ман ҳис мекунам, ки ҳозир ҷон аз танам чудо шуда истодааст.
- Бархез, ин шабахи биёбонист! Ман дар ин хусус аз сайёҳон наклҳои зиёде шунидаам! – гуфт Абуалй.
Вале роҳбалад аллакай чизеро дарк намекард. Факат суханони берабтеро ғурунгурунг ба забон меоварду бас.
- Намозро кам мехондам, – зери лаб ғур-ғур мекард ӯ, – шукру каноат намекардам…
- Бархез! – гуфта Абуалй ӯро каме такон дод, аммо кариб буд, ки худаш аз ояти бемадорй аз пой фитад.
Онҳо боз ба роҳпаймой даромаданд. Роҳбалад аллакай худро, зоҳиран, дар осмони ҳафтум медид, ки зери лаб таъбиротеро канда-канда гуфтан мегирифт.
- Оҳ, падарчонам! – пичиррос мезад роҳбалад. – Ваҳ, чй кадар овози хушу гуворо доранд ин ҳуру париҳо! Ваҳ, чи буйи муаттаре!
Роҳбалад аз паҳлуи шутур дошта-дошта беҳолу бемадорона кадам мезад, аз ин тараф ба он тараф мекалавид ва чашмонашро пушида, ҳамон пичир-пичир мекард.
Ногаҳон изи пойи шутурро диданд. «Ягон каси дигар ҳам аз ин биёбон гузаштааст», – аз фикр гузаронд Абуалй.
Шутур аз ин роҳ ким-кайҳо гузашта рафта буд. Атрофро заминҳои кишт фаро гирифта буданд, лекин Абуалй инро ҳам ба зудй пай набурд.
Роҳбалад аз пичирросзанй бозмонд. «Гап зада истоданаш беҳтар буд, – андешид Абуалй, – таҳти садои ӯ кадам задан осонтар аст».
Баъд аз хаёл гузаронд: «Агар боз чанд кадами дигар гузорам, аз пой мефитам».
Шутур аз гаштан бозистод.
Дар рубаруйи онҳо хонае меистод. Дар паҳлуи он деворҳои калъа шуълаҳои Махтобро инъикос менамуданд.
Абуалй ба хона наздик омад ва ба дари он такя зада истод, зеро дигар мадори даст бардоштану куфтани дарро надошт.
Ин ҷо шаҳри Абевард буд.
Субҳ, тамоми рӯз ва шаби дароз Абуалй дар хонаи торике мехобид.
Дар пахлуяш роҳбалад ҳам дароз кашида буд.
Баъзан онҳо аз хоб бедор шуда, пиёлаи оберо, ки касе дар пахлуяшон гузошта буд, меншиданд ва боз аз ш мерафтанд.
Баъдтар Абуалй фахмид, ки онҳоро пирамарди фартути харобае нигохубин мекунад. Абуалй чашмонашро бодиккат бар ӯ духт, аммо рангу руяшро дида наметавонист.
Окибат, субвдам, баъди ду рӯз, онҳо аз ҷой бархоста, чор тарафро аз назар гузаронданд.
Шутур онҳоро ба худи дарвозаи шахр оварда буд. Дар кулбачаи шафати дарвоза марди муҷаррад – посбони кабристон зиндагй мекард.
- Ҳам падару ҳам бобои ман посбони кабристон буданд, – накл менамуд он мард, – аммо ба Худо бовар надоштанд. Ман ҳам бовар надорам…
Роҳбалад аз шунидани чунин гапҳо кару гунг мешуд. Баъди чунин сарсониву саргардониҳо ҳам панҷ вакт намозашро тарк намекард.
- Ҳеч гуна ҳаёти ондунёй вучуд надорад, – механдид кабристонбон. – Ҳамаи онҳо дар ҳамин ҷо хуфтаанд!
Барои он ки чунин суханони гоҷу аблаҳонаро нашунавад, роҳбалад аз хонача баромада дур рафт.
- Пас, шумо ба чй бовар доред? – мепурсид Абуалй.
- Ман ба инсон бовар дорам! Худо ёрй намерасонад, лекин одам ба одам ҳамеша дасти ёрй дароз мекунад. Агар касе ёрй нарасонад, маълум мешавад, ки ҳайвон аст, на инсон!
Қабристонбон шабонгоҳон норозиёна ғур-ғур мекард:
- Имруз боз як касро гуронданд. Пештар ба тарзи дигаре мегуронданд: муддати дурударозе чойи кабр интихоб менамуданд, то марҳум хушку гарм бихобад. Аммо имруз чукурие кофта, ба даруни об бошад ҳам, мурдаро мепартоянд. Не-е, замона дигар шудааст! – оҳ мекашид кабристонбон.
Дар муддати чанд рӯз Абуаливу роҳбалад кувват гирифтанд. Аз Абевард ҷониби Хоразм корвони бузургеро муҷаҳҳаз менамуданд. Роҳбалад карор дод, ки ба ин корвон ҳамроҳ шаванд.
- Бори охирин аз биёбон гузар мекунам, – мегуфт ӯ. – Минбаъд сартарош мешавам, дигар аз роҳи масҷиду хона кадаме берун намениҳам!
Ҷурҷон дуртар аз ин ҷо, дар тарафи ғарб воқеъ гардида буд. Қабристонбон барои киро кардани шутуре аз корвоне, ки ба тарафи ғарб мерафт, ёрй расонд ва Абуалй ба роҳ даромад.
Ҳамроҳи роҳбалад Абуалй ба Хоразм се мактуб фиристод. Яке – бо арзи ташаккуру миннатдорй ва тасвири саргардониҳо ба вазир, дигаре – ба Берунй, савумй – ба Ширин.
- Агар ба корвон ҳамла кунанд, ту ҳатман ин номаҳоро пора-пора карда, ба шамол сар деҳ! – хоҳиш мекард Абуалй.
Роҳбалад одами тамоман тарсуе шуда буд. Рузе чанд савораеро дида, гумон кард, ки худи ҳозир онҳо ҳамла мекунанд ва дар як он номаҳоро пора-пора карда партофт.
Вале савораҳо одамони тамоман безарар буданд.
Абуали дар ин бора чизеро намедонист. Аллакай ба роҳ даромада буд.