Главная / Илм / Маркетинги навовариҳои технологӣ ва ихтироот

Маркетинги навовариҳои технологӣ ва ихтироот

Миқдори асосии навовариҳо бевосита дар корхонаи саноати ба вуҷуд оварда мешаванд. Ин бо як қатор сабабҳо алоқаманд аст. Пеш аз ҳама, дар корхонаҳо миқдори зиёди кадрҳои муҳандиси-техники ва илми тамазкур дода шудааст.

Дуюм, корхонаҳо, дорои заминаи озмоиши-таҷрибави буда, коркардҳои худро дар шакли модди таҷассум менамоянд ва бо ҳамин ба татбиқи бомуваффақияти онҳо мусоидат мекунанд.

32176

Сеюм, корхона назар ба муассисаи илми-техники талаботи бозорро беҳтар медонад, ки ин ҳам ба раванди татбиқ таъсири мусби мерасонад. Чаҳорум, бисёр корхонаҳо якҷоя бо муҳандисони заводи ва олимони пажӯҳишгоҳҳо иҷро карда мешаванд, ки бидуни ин олимон наметавонистанд ақидаҳои худро амали созанд, ки нақши истеҳсолотро дар раванди инноватсионӣ баланд мебардорад.

Корхона, раванди инноватсионӣро ба амал бароварда, технологияи навро бунёд намуда, назар ба муассисаи илми-техники, чун қоида, мақсади ба берун фурӯхтани натоиҷи коркардро дар пеш намегузорад.

Ба истеҳсолоти худи ҷори намудани онҳо асоси аст. Аммо дар рафти тадқиқот ва коркард ҳолатҳое метавонанд пайдо шаванд вақте, ки:

  • натиҷаи иловагии ба нақша гирифтанашудаи корҳои илми- тадқиқоти ва таҷрибавию конструктори, ки татбиқи истеҳсолиаш дар корхона таҳиягар пешбини нашудааст, пайдо шавад;
  • дар асоси гузаронидани корҳои илми-тадқиқоти ва таҷрибавию конструктори натиҷае метавонад пайдо ва ба даст ояд, ки аз рӯи имконияти молияви дар корхона таҳиягар наметавонад ҷори намояд;
  • маҳсул ва технологияи нави ба амал овардашуда озмоиши тиҷоратии бомуваффақиятро гузаронанд, майлу хоҳиши корхонаҳои онҳоро бедор кунад;
  • корхона технологияро таҳия месозад, вайро истифода мекунад, вале барои иштирок дар таҳия ва истеҳсоли қисматнок, корхонаҳои дигарро ҷалб менамояд, якҷоя бо онҳо фурӯши ин технологияро ба амал мебарорад.

Дар ҳолатҳои номбаршуда ва дигар ҳолатҳо корхона метавонад фурӯши технологияро баробари фурӯши маҳсулоти асосии худаш ба роҳ монад. Ҳолати «бизнеси дугонагӣ» ба вуҷуд меояд.

Агар муаасисаи илмӣ-техникии тибқи коркарди тадқиқотбаранда талаботи дархосткунандагони нерӯмандро (потенсиалиро) қаблан омӯзад, он гоҳ корхона, чи тавре ки закр карда шуд, ба истифодаи дохилии натиҷаҳои тадқиқоти гузаронидашаванда рӯй овардааст. Аз тарафи корхона фурӯхтани маҳсулоти илмӣ-техникӣ ҷустуҷӯи дархосткунандаро ҳамоно баъди ба даст овардани натиҷаи илмӣ (гарчанде ки ҳамчун истисно вариантҳои дигар низ ҷой дошта метавонанд) дар назар дорад.

Зимнан, барои муассисаи илмӣ – техникӣ дархосткунанда (фармоишгар) ба ҳайси рақиби неруманд (потенсиалӣ) камтар ва ба маънои дигар баромад мекунад. Барои муассисаи илмӣ-техникӣ рақиб хадамоти муҳандисии корхона мебошад, ки метавонад мустақилона тадқиқот барад ва бо ҳалли арсаи фаъолияти муассисаро танг месозад. Рақиб барои корхона-ин худи ҳамон корхонаест, ки истеҳсоли маҳсулотро оғоз намояд ва қисми муайяни бозорро дар давраи ҷорӣ ва оянда кашида гирад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ интихобан маҷмӯи васеи олотҳои иқтисодии дар таҷриба озмудашударо пешниҳод мекунад, ки бо кӯмаки онҳо раванди инноватсионӣро дар сатҳои боло ва поён метавон идора кард. Аммо бояд ба назар гирифт, ки худи ҳамин як олот дар шароити мухталифи иқтисодӣ комилан ҳархел амал мекунад.

Ҳоло дар Тоҷикистон муносиботҳои молумулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии бо онҳо алоқамандро, ки бинобар офаридан, ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии ихтироот дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» (28 феврали соли 2004, №17) танзим карда мешаванд. Дар қонуни мазкур омадааст, ки «ихтироъ ин офаридаи нави техникие, ки имконият медиҳад масъалаҳои мушаххаси истеҳсолот ва соҳаҳои дигари фаъолияти инсон ҳал карда мешаванд».

Муассисаи давлатии маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ амалгардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноаттаъмин менамояд.

Ҳуқуқ ба ихтироот аз ҷониби давлат ҳифз карда шуда, бо патентва ё нахустпатент барои ихтироъ ҳамчун ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ тасдиқ карда мешавад. Ҳуҷҷати муҳофизатӣ аввалият, муаллифӣ ваҳуқуқи истисноии истифодабарии ихтироъро тасдиқ мекунад.

Ихтироъ, намунаҳои саноатӣ, тамғаи молҳо, нишонаи хизматрасонӣ, номгӯи тиҷоратӣ ва ба ин монанд нишонаҳо ба сифати моликияти саноатӣ ба таркиби объектҳои моликияти зеҳнӣ дохил мешаванд, вале дорои механизмҳои тартиботи ҳуқуқии дигар мебошанд.

Моликияти зеҳнӣ ҳамчун институти ҳуқуқӣ дорои дараҷаҳои зарурии зерин мебошад: объекти моликият, субъекти ҳуқуқ ба моликияти, мазмуни ҳуқуқ ба маликият. Механизми асосии ҳуқуқии савдо моликияти саноатӣ, амалиёти иҷозатномадиҳӣ (лицензия) мебошад. Онҳо аз нигоҳи даромаднокии баланд фарқ мекунанд ва имкон медиҳанд, ки як қисми корхонаҳо хароҷотҳои худро ба корҳои илмӣ-татқиқотӣ ва таҷрибавӣ-лоиҳакашӣ сарф намоянд ва дигарон ба даст овардани навгониҳо бо шароитҳои мусоид интизоранд.

Иҷозатнома-ин рухсат додан барои истифодабарӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ихтироот, технологияҳо, донишҳои техникӣ ва таҷрибаи истеҳсолӣ, сири истеҳсолӣ, нишонаи савдо, ахбори тиҷоратӣ ё маълумоти дигар дар мӯҳлати муайянгардида, дар доираи шартҳои дар қарордод нишон додашуда барои мукофоти муносиб мебошад.

Иҷозатномадиҳӣ дар асоси қарордоди тарафҳои манфиатдор ба амал оварда мешавад ва иҷозат барои иҷрои фаъолияти истеҳсолӣ, ки мақсад он ба даст овардани фоида ҳангоми истеҳсоли маҳсулот бо истифодаи объектҳои моликияти саноатӣ ё дар оянда таҳвил додани ҳуқуқҳо ба объекти мазкур ба шахсони сеюм мебошад.

Додани иҷозатнома амалиёти тиҷоратӣ мебошад ва дар он иҷозатномагир ва иҷозатдиҳанда иштирок менамоянд.

Иҷозатномадеҳ (лицензиар) дар давоми мӯҳлати шартнома ва ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои иҷозатномагир (литсензиат) ҳангоми ғайриқонунӣ истифодабарии истеҳсолот аз тарафи шахсони дигар ӯҳдадориҳои ҳешро ба ҷо меоварад.

Интихоби намунаи иҷозатнома ба ҳаҷми бозор, хусусияти технологӣ ва вазъияти бозор вобаста мебошад. Дар мамлакатҳои дорои бозори хурд дохилӣ одатан иҷозатномаи истисноӣ дода мешавад, чунки якчанд иҷозатномагирҳо ба рақобат пардохта нархи маҳсулотро паст намоянд, ки он ба ҳаҷми мукофоти иҷозатномадеҳ таъсир мерасонад. Ба ғайр аз ин иҷоистисноӣ ба молҳои мӯҳлаташон кӯҳнашуда дода мешавад.

Эътирофи ихтироъ ҳамчун объекти моликияти зеҳнӣ заминаи пешакиро дар такмилёбии муносибатҳои бозорӣ дар байни соҳаи илм ва истеҳсолот, ҳамчунин принсипҳо ва тарзҳои маблағгузории тадқиқотҳою коркарди маҳсулотро фароҳам меоварад.

Ғунҷоиши бозори ихтироот аз талаботи қабули харидорони имконпазир вобаста мебошад ва пешниҳодоти он аз тарафи нерӯи илмӣ-техникии ташкилотҳои илмӣ ва корхонаҳои саноатӣ муайян карда мешаванд. Бозори ихтироот аз бозори меҳнат, захираҳои моддӣ, бозори маблағгузорӣ аз он фарқ менамояд, ки:

  • ихтироъ ҳамчун мол ҳуқуқи имтиёзноки соҳиби онро дар назар дорад-шахсе, ки дорои патент барои ихтироъ мебошад;
  • пешниҳоди ихтироъ чун қоида талаботро зиёд менамояд, аммо бозорногузорӣ дар ин ҳолат ба амал намеояд, ки он рақобатнокии ояндаи инноватсияҳои илмӣ-техникиро дар бозор баланд мебардорад;
  • бо вобастаи фурӯши ихтироот мубодилаи молу пул, ҳуқуқи тиҷорати моликияти зеҳнӣ ба амал меояд, ки он эътирофи арзиши меҳнати ақлонӣ, ки барои истеҳсоли данишҳои нав сарф гардидааст, шаҳодат медиҳад;
  • дар шароитҳои муайян аз нуқтаи назари иқтисодӣ харидорӣ намудани ихтироъҳо, патентҳо ва литсензияҳо назар ба сохтани технологияҳои нав манфиатовар мебошад.

Масалан Япония дар муддати дуру дароз ҳамасола 300млн. доллар ба харидорӣ намудани патентҳо, литсензияҳо сарф намуд, ки дар охир 10-12млрд. доллар фоида аз фурӯши маҳсулоти тайёр ба даст овард. Дар натиҷаи тараққиёти илму техника Япония бе доштани академияи фанҳо, мактабҳои машҳури илмӣ ва институтҳои тадқиқотӣ ба комиёбиҳои бузург ноил гардид.

Савдои байналхалқӣ бо иҷозатнома яке аз намудҳои асосии ҳамкориҳои илмӣ- техникӣ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди он ҳоло савдо ба патент дар бозори ҷаҳонӣ нақши ночизеро бозӣ менамояд, зеро гирифтани патент аз сабаби душвории технологӣ наметавонад истифодаи босуръат ва самараноки ихтироотро таъмин намояд.

Истеҳсоли маҳсулоти патенткунонидашуда амалан бе баробар таҳвил додани сири истеҳсолот ва расонидани кӯмаки техникӣ дар азхудкунии ихтирооти патенткунонидашуда ғайри имкон мебошад.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222