Маҷмуи худоёни ведоӣ, ки дар Ригведа ном бурда шудаанд, иборатанд аз Агни (оташ), Партивӣ (замин), Варуно (иҳотакунанда), Индра (осмон), Суриё (офтоб), Сумо (моҳ), Брахманаспати(худои ниёиш- намоз), Марутҳо(ё Рудрҳо) – маҷмӯи худоёне, ки бӯҳрону раъду барқро таҷассум мекунанд. Аз ҳама бештар сурудҳои Ригведа муроҷиат ва ситоиши худоёни Агни ва Индра мебошанд. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон дар Ведҳо ҳадди ақал ба 33 худо ва олиҳо(«33 коти дева» иборат аз 11-худои осмон,11–худои ҳаво, 11–худои замин) муроҷиат шудааст ва онҳо ба се синф васу, адити ва рудра табақабандӣ шудаанд: васу- худоёни нек ба сарварии Индра, таҷассум ва ташаххуси ашё ва қувваҳои табиатанд: Анна – об, Рува– ситораи қутб , Сима – моҳ ва ғайра; адити, худоёни гунбади осмон: Пушан, Митра, Варуна, Вишну; рудра худои қаххору харобкунанда ва кушанда. Рудра баъдҳо ба сифати худои Шиво табдил шудааст.
Бо вуҷуди ин дар Ведҳо мо майл ба тавҳид ва ваҳдат вуҷуд (монизм) ва боварӣ ба худои офаридгорро мебинем ва номи ин худ Бораҳмо аст. Сифоти ӯ дар се қувва, яъне офариниш, бақо ва тахриб муҷассам шудааст. Ин се нерӯ бо номои «Браҳмо», «Вешну» ва «Шиво» ифода шудааст. «Браҳмо» холиқу офаридагори олам ва ҳамчунин тамоми худоён аст, Ҳама аз ӯянд ва оқибат низ ба ӯ бозмегарданд. Чунон ки шир ба ҷурғот ва об ба ях табдил мешавад, ҳамин тавр «Браҳмо» шакли худро дигар мекунанд ва ба шакли суратҳои дигаргун дармеояд ё ба ҳамин қиёс Браҳма дар ҳастӣ таҷаллӣ мекунад. Ҳамин мазмунро бо каме тағийр дар назарияи ваҳдати вуҷуди тасаввуф баъдан хоҳем дид.