Садақаи Фитр аслан бояд аз навъҳои ғаллагӣ ва он хуроквориҳое, ки дар ҳадиси Расули Худо (с) зикр шудаанд ва ё аз навъи хуроки маъмулии мардуми ҳар сарзамин бароварда шавад. Аз Абусаъиди Худрӣ (р) ривоят шудааст, ки «Дар замоне, ки Расули Худо (с) дар байни мо Шомро баробари як соъ хурмо мебинам. Пас аз он мардум ин раъйро гирифтанд, вақте зиндаам, сурате ки қаблан пардохт мекардам, пардохт менамоям» .240 Миқдори садақаи Фитр бар асоси мазҳаби ҳанафӣ барои ҳар нафар дар ҳисоби гандум ва орди гандум ним соъ ва дар ҳисоби ҷав, хурмо, мавиз ва монанди онҳо як соъ аст. Агар аз навъи хуроквории маъ-
мулии мардум, ба монанди биринҷ, наск, лубӣ, нахуд ва ира бароварда шавад, бояд қиматаш бо қимати ним соъ гандум баробар бошад. Дар назди ҷумҳури аҳли суннат садақаи Фитр аз гандум низ як соъ аст. Далели машоихи ҳанафӣ бар ин ки аз гандум нисфи соъ аст,
ҳадисе мебошад, ки аз Абдуллоҳ ибни Саълаба аз падараш ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуд: «(Садақаи Фитр) соъе аз гандум аст бар сари ду нафар: хурд бошад ё бузург, озод бошад ё банда, зан бошад ёмард…».241
Як соъи набавй такрибан ба ду килову чил (2,40) ё ду килову яксаду панҷовушаш (2,156) ва ё ба ду килову дусаду панҷоҳ (2,250) грамм баробар аст. Дар поваракии «Шарҳи Ҷомеъуссағир» омадааст: Соъ паймонаест, ки ҳазору чиҳил дирҳам мош ва наск гунҷоиш дорад ва дар ин замон аз рӯи эҳтиёт ба чаҳоряки мудди димишки баробар дониста шудааст. Пас ним соъ аз гандум тақрибан ба ду килову дусаду панҷоҳ (2,250) грамм баробар аст.242
Агар пули (арзиши) яке аз ҷинсҳои мазкурро барои садақаи Фитр бипардозад ҳам, ҷоиз аст.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …