Главная / Маданият ва санъат / Моҳият ва асрорҳои хоб ва хоббинӣ – сабаби хоб дидани одам?

Моҳият ва асрорҳои хоб ва хоббинӣ – сабаби хоб дидани одам?

Барои чи одам хоб мебинад? Баъди мутоилаи як навишта дар як газета, ки дар он алоқаи байни мизоҷ ва хоб инкор карда мешуд лозим донистем, ки дар шакли мухтасар доир ба хақиқатхои хоб ва хоббинӣ маълумот диҳем. Бояд зикр намоям, ки мизоҷшинос ҳастам ва хоҳишмандон метавонанд дар бораи мизоҷ, роҳҳои шинохтани мизоҷ ва амалияҳои истифодаи онро дар ҳаёт аз китоби «Асрори мизоҷ»-и камина, ки соли 1994 чоп шудааст шиносойӣ пайдо намоянд. Шахсоне, ки саломатӣ барояшон аз ҳама қимат аст, метавонанд аз китоби дигари камина, ки « Тадбири саломатӣ дар тобистон ва тирамоҳ (шартҳои асосш нигоҳдории саломатӣ)», ки ҳамин сол чоп шудааст манфиат баранд.

v_sneХоб ин холати табиӣ-физиологии одамон буда, шахси хобида қариб, ки ғофил аз олами беруна мебошад ва ҳатто фаъолияти ақалияти проссесҳои физиологии баданаш суст мешаванд.
Хоб асосан барои таҳлилу такмили воқеъоти рӯзи гузашта зарур мебошад. Хоб хазинаи маълумотҳои муҳим низ мебошад. Вай шарти асосии бардамӣ, таҳлили маълумотҳо, осудагии равонӣ ва пойдории саломатӣ низ мебошад.

Ва муҳимтарин чизе, ки мо бояд донем ин аст, ки хоб « марги муваққатӣ» аст, бинобар ин бештари мардум аз «хобби оддӣ» ба « хоббиабадӣ» мераванд. Аз ин сабаб ҳаёт бедорист ва метавон хобро марги муваққатӣ номид. Аммо хаёт ин зиддият ва мубориза аст, пас мебояд бештари вақт бедор буду ками вақтро ба марги муваққатӣ дод, чунки хохем нахоҳем 30%-и ҳаёти пурқимати мо дар дасти «марги муваққатӣ» мебошад.

Хайёми бузург беҳуда нагуфтааст:
Дар хоб будам, маро хирадманде гӯфт,
К-аз хоб касеро гули шодӣ нашукуфт.
Чизе чӣ кунӣ, ки бо аҷал бошад ҷуфт?
Бархез, ки умрҳот мебояд хуфт.

Хобро бародари марг низ мегӯянд. Чӣ қадар, ки зиёд хоб равем ҳамон қадар ҳаётамон бефоида мегузарад. Аз ин рӯ Биноӣ дуруст фармудааст.

Хоб, оре, бародари марг аст,
К-аз ӯ нахли умр бебарг аст

Ин ҷо саволе пайдо мешавад: кадоме аз ду нафар зиндагии бофароғат ва бобарор доранд, оне ки 100 умр дидаасту, 50 солашро ба бедорӣ ва 50 соли боқиро бо хоб гузаронидааст ва ё шахсе, ки 70 сол умр дидаасту 50 солашро ба бедорӣ ва ҳамагӣ 20 солашро бо хоб гузаронидааст. Албатта хонанда мегӯяд, ки 100 сол чунки вай 30 сол аз шахси дуюм зиёдтар умр дид, вале агар хубтар назар кунед ҳар ду ҳам 50 солӣ бедор, яъне «зинда» буданд, фарқ фақат дар хоб аст, ки аввалӣ 50 сол дуюмӣ бошад ҳамагӣ 20 сол сарф кардааст. Албатта шахси бофаросат мефаҳмад, ки зиндагӣ ин ҳамон рӯзҳои бедорист бо кайфиятҳои он.

Умуман зиндагӣ ин на он миқдори сол аст, ки дидему паси сар кардем, балки он миқдори солест, ки мо онро мувофиқ ба имконият ва истеъдодамон бо кайфиятҳои мувофиқашон дар амал дидем.
Павлов И.П. ва Сеченёв И.М. хобро «боздории паҳноии қишр»-и майнаи сар ҳисобида вайро яке аз проссесҳои муҳими фаъолияти олии асаб номидаанд.

Инсон аз 60 соли ҳаёташ 20 сол, яъне сеякашро дар хоб мегузаронад. Одам бе ғизо қудрати зиёди зиндаги кардан дорад, нисбат ба бе хоб зистан.

Барои чӣ одам бояд хоб кунад, ин саволест, ки аз даврони қадим инсонро азоб медиҳад. Одамони қадим гумон доштанд, ки дар вақти хоб ҷони одам аз ҷисми у берун мешавад ва агар ба ҳангоми бедоршавии шахс баргашта натавонад, шахс мемирад. Бо тарақиёти илм назарияҳо ва тадқиқотҳо оиди хоб пайдо мешуданд. Масалан, хобро метавон бо манъ кардани роҳи хун ба майнаи сар ба амал овард, мегӯфтанд якеҳо. Ба хотири исботи ин мегуфтанд, ки агар калони гарданро бо ангӯшт зер кунем, одам хобаш мебарад, Бинобар ин онро артерияи хоб номиданд. Аммо мушоҳидаи дугоникҳои аз як тухмҳуҷайра нишон доданд, ки тағйироти микдори хун сабаби хоб намебошанд, чунки он дугоникҳо новобаста ба он ки як раги хунгард доштанд, вале дар вақгҳои гуногун мехобиданд.

Павлов И.П. табиати хобро ошкор намуда ҳангоми таҷриба ва тадқиқотҳои махсус бо сагҳо ошкор намуд, ки хоб ин боздории умумии қишри майнаи сар аст. Ин боздорӣ тамоми қишри майнаи сар ва ҳатто майнаи мобайниро низ фаро мегирад. Хоб дар замоне ба вуқӯъ меояд, ки ҳуҷайраҳои майнаи сарро зарурати истироҳат ба амал меоянд. Хоб майнаро аз хасташавии зиёд муҳофизат мекунад. Бинобар он Павлов И.П. хобро «посбони боздорӣ» номид. Чӣ хеле, ки вай қайд намуд, хоб ёрдамчии системаи асаб мебошад.

Бо кӯмаки хоб ҳӯҷайраҳои асаб қобилияти кориашонро барқарор, маҷмӯъи ғизоҳоро азхуд ва қобилияту энергияи тоза мегиранд.

Хоб бо пайдо намудани ҳолатҳои гуворогӣ, бедорӣ ва қобили кориву имкониятҳои ақлониро барқарор менамояд. Беҳуда намегӯянд, ки «саҳар аз шаб боақлтар аст» ва « шаб хандаи рӯз».
Хобро метавонад ҳаракатҳои мунтазам: афтидани қатраҳои борон, тиқ-тиқи соат, садои релсҳои қатора, суруди монотонӣ ва ғ. ба амал биёварад. Ба фикри Павлов И.П. ин намуди таъсиротҳо бештар ба шахсони қобилияти ақлнокиашон паст пуртаъсир мебошанд.

Хоб нишондиҳандаҳои ҷисмонию равонии саломатии одам мебошад. Беҳуда дар замони қадим нагуфтаанд, ки «хоб беҳтарин неъмат аз зиёфатҳои табиат аст». Хоб ба одами хаста оромӣ оварда, безобитагӣ ва ғамро мебарад. Яъне хоб дарди рӯзонаро мегирад. Хобро ба ҳеҷ чиз иваз кардан мумкин нест. Беҳуда нест, ки хобро «аз асал ширину аз оҳан вазнин» медонанд.
Чӣ намуд, ки проблема надошта бошем, ба воситаи хоббинӣ, ки роҳи дурусти ҳалро нишон медиҳад аз он раҳо шуда метавонем.

Хобҳои мо аз он чӣ дидаем ё ки шунидаем, аз ақидаҳои шахсони дигар, ки боварӣ дорем, аз тасаввурот ва эътиқодамон вобаста мебошад.

Соли 1963 аввалин бор ҳаракати чашмҳои шахси хобида ба воситаи энсефалографияи барқӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин як табаддулоте дар роҳи илман исбот намудани гуногуни хоб буд.
Ҳар шахс шабона 4 ё 5 даври хоббиниро аз сар мегузаронад, ки он баъди ҳар як 90 дақиқа аввал 10-15 дақ. ва саҳариҳо то 30-40 дақ. давом меёбад.

Новобаста ба он, ки мо хобамонро дар хотир мегирем ё не вай ба ҳолати равонии мо таъсири худро мегузорад, чунки шабона майна мехобад, вале ақл бедор мебошад, яъне олами хоб ин эҷоди фардии ҳар як шахс аст. Майнаи сари одам дар ҳолати бедорӣ ва хоб як ба амал меоранд. Масалан, шахс дар хобаш суруд нимкураи росташ ва агар дар хобаш ба ҳисбобкунӣ машғул шавад нимкураи чапаш фаъол мебошад.
Дар вақти хоб шахс аз қисми бешуурнокӣ нисбат аз қисми бошуурнокии майна бештар маълумот мегирад, вале хоб ҳолати бешууронаи майна набуда балки мутаасиршавие мебошад, ки маҳз дар натиҷаи таъсири байниҳамдигарии қисмҳои шуурнокӣ ва бешуурнокии майна ба вучуд меояд.

Аломатҳое ҳастанд, ки шахси хобдидаистода аз рӯи он метавонад хоб будани чизи медидаашро аниқ намояд. дар хоб паридан, гӯрехта натавонистан, соҳиби ягон чизи ғайриоддӣ шудан, ягон ҳодисаи гайриимконро дидан, шахси мурдаро зинда дидан, худро дар дигарҷинс дидан, худро дар амалҳояш ҳис кардан, бо забони дигар озод гап задан, зӯрӣ ва ё сустии худро ҳис кардан ва умуман ҳама гуфтору рафтору ҳодисоту воқеъоти хайёлӣ ва гайриҳақиқӣ.

Таҷрибаҳои олимон шшюн медиҳанд, ки қисмҳои аввали хоби шаб барои саломатӣ муҳимтар мебошанд. Бинобар ин барвақг(с.22-00) хоб кардану барвақт(с.5-00) хестан ин амали беҳтарини фарди боаклу соҳиби фаросати комил аст.

Саҳариҳо асосан давраҳои 3-юми хоб нест шуда мо баъди давраи 2-юм хоб мебинем ва баъди хоби охирин бедор мешавем.

Ҳамагӣ тахминан 17%-и одамон мустақилона дар соати муайян бедор шуда метавонанд. Ки ин қобилиятро ба воситаи ирода ва машқу таҷриба метавон пайдо кард.
Наврасон саҳарӣ ҳангоми бедор кардан аз тарафи калонсолон маҳорати аз хоб нахеста боз дидани чанд хоби дигарро доранд. Кӣ ҳам саҳарӣ барвақт хестанро дӯст медорад, магар аз хоб сершудагон. Саҳари, яъне вақти дамидани сӯбҳ хобидан хеле лаззатбахш аст ва фоидаи бисёр дорад мегӯянд, бинобар ин «хобби чошгоҳӣ беҳ аз подшоҳӣ» мегӯянд.

Яке аз бум(ҷуғз)-ҳои шабона коркунанда нависандаи англис С. Ҷонсон буд, ки то нимрӯзи хобиданро дӯст медошт ва ҳам дар ҷогаҳ менӯшиду мехӯрд. Аммо ҷӯр(жаворонок)-ҳо бошанд аз тамоми вақти рӯз саҳариро дуст медоранд.
Баъди хоббинии саҳарӣ хестан қобилияти фикрронирю беҳтар мекунад, чунки дар вақти саҳарӣ хоб дидан шуури мо омода ба пешравиҳост.
Агар чапана бошед саҳарӣ бо истифода аз дасту пойи чап ва агар ростана бошед бо истифода аз дасту пой рост бархезед.

Ҳангоми аз хоббинӣ бедор шудан гӯё бо дӯнёи бедорӣ мемонаду тан бо дӯнёи хоб. Яъне аввал ақл бедор мешавад ва баъд тан. Бинобар ин шахс баъди аз хоб хестан чанд дақиқа беҳаракат ва ҳайрон мемонад.
Ҳастанд шахсоне, ки дар давраи хоби сахти давраи 3 хеста мешинанд ва ё ки ҳаракат мекунанд. Шахсони касалии дил ё ки шуш дошта баъзан нишаста хобиданро авлотар медонанд.
Хоб ва хоббинӣ пеш аз ҳама аз мизоҷи шахс вобаста мебошад. Бинобар ин донистани мизоҷи шахс дар омӯзиши хоб, хоббинӣ ва ҳама проблемаҳои ба онҳо вобаста хеле муҳим мебошад.
Вале ҳолати бадан дар вақти хобидан(поза) бештар характеришахсро нишон медиҳад, ки ин дар китобчаи дигар.

Ҳар як организми зинда дорои ритмҳои шабонарузии худ мебошад. Ҳар як сикли шабонарӯзии хобу бедори дорои 4-5 даври кӯтоҳи 1,5 соата иборат мебошад. Масалан, шахс агар соати 7 хеста бошад, пас вай соатҳои 12.00, 16.00 ва ҳам соатҳои 1.00 ва 5.00 бояд истироҳат намояд, яъне пас аз ҳар
чор соат.

Одамон вобаста ба дараҷаи эҳсоснокӣ ва зинаҳоя баланди идроки худ метавонанд хобҳои ранга низ бинаяд, вале бештари мардум хобби оддӣ, яъне сиёҳу сафед мебинанд.
Мо одатан ҳангоми хобидан оҳиста алоқаи худро аз олами атроф канда роҳат мекунем. Аз ҳама бештар мо биноӣ ва бӯйро тезтар гум мекунем, ҳатто бӯйи сахт наметавонад моро бедор кунад. Бинобар ин ҳангоми хобидан шахсони бисёре бӯйи газ, дуд ва ангиштро, ки бо маром таъсир мерасонанд нафаҳмида сабаби марги худ ва фалокату зарари атрофиён мешаванд. Вале қобилияти ламсӣ ва шунавоӣ каме боқӣ мемонанд.
Дунёи хоб аз дунёи бедорӣ бо он фарқ мекунад, ки мо дар аввали бо фикрамон мебошем ва дар дуюмӣ бо бинишамон

Дар зиндагии мо хоббинӣ ва орзу як мавқеи муҳимро ишғол кардааст, яъне яке дар ҳолати хобу дигаре дар ҳолати бедорӣ. Равоншиносон муайян кардаанд, ки одам 50%-и вақти худро барои орзуҳои рӯзона ва 8%-и онро барои хоббинӣ сарф мекунад. Пас маълум мешавад, ки мо 42%-и ҳаётамонро барои идроки пасти ҳиссиёти зеришуурнокӣ сарф мекунем.

Дар вақти хоб ақалияти проссесҳои ҳаётии инсон тағъйир меёбанд. Талабот ба ҳаво камтар мешавад. Энергия камтар сарф карда мешавад. Фишор паст, нафасгирӣ кам, таппиши дил суст ва мушакҳои бадан ором мешаванд.

Аммо оё кори майна дар вақти хоб батамом қатъ мегардад? Албатта не, балки баъзе қисмҳои майнаи сар ба тамом фаъол мемонанд.

Қайд. Мард баъди алоқаи ҷинсӣ хобаш меояд, вале зан бошад баръакс. Бояд донист, ки дар зан ҳама чизҳо баръакс аст, мисли қоидаҳо ва қонунҳои масалан,алифбои кириллӣ ва арабӣ.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222