Главная / Илм / Муқаддима

Муқаддима

Сухан аз имомони чоргона, сухан аз салафи солиҳин аст, зеро имомони чоргона аз бузургони салафи солеҳ ва аз имомони қарнҳое ҳастанд, ки Расулуллоҳ (с) онро мавриди таърифу ситоиш қарор додааст ва онҳо тавонистанд баъд аз тавфиқи Худованд бар асари кўшишу иҷтиҳод ва таъсир гузоштан бар фиқҳи исломӣ, ин динро ҳифз намоянд ва касоне ҳам, ки баъд аз инҳо омаданд, муҳтоҷи кўшишу иҷтиҳоди онҳо дар фиқҳ буда ва аз дарёи улуми онҳо истифода кардаанд. Бидуни шак имомони чоргона (р) қуллаҳои баланд ва устуворе дар илму ибодат, зуҳду тақво ва ахлоқи некў буданд, бо ин ҳол дар ин чанд саҳифа хулосае аз зиндагии шахсӣ, фазлу илм ва суханони гуҳарбори онҳоро, ки ба унвони панду насиҳат барҷой мондааст, баён мекунем. Агар бихоҳем ба таври комил дар бораи онҳо сухан бигўем,images ба сабаби фазоили зиёдашон сухан тўлонӣ мешавад, аммо баъзе аз нависандагон зиндагии ҳар имомеро ҷудогона ба риштаи таҳрир даровардаанд ва касоне, ки муштоқи маълумоти бештар мебошанд, метавонанд ба он китобҳо муроҷиат кунанд.
Ҳадафи мо аз баёни зиндагии имомони чоргона танҳо ин аст, ки мусулмонон онҳоро шинохта ва дар пайравӣ аз Қуръон ва суннати Расулуллоҳ (с) ба ин имомони бузургвор иқтидо кунанд, зеро танҳо бо пайравӣ аз Қуръон ва суннат ва суханони ин бузургон аст, ки уммат роҳи ростро шинохта, иззат ва бузургиро хоҳанд дид.
Молик ва Ҳоким ҳадисеро аз Паёмбар (с) ривоят мекунанд, ки мефармоянд: «Дар миёни шумо ду чизро ба ҷой мегузорам, ки дар сурати пайравӣ аз ин ду ҳеҷ вақт гумроҳ нахоҳед шуд: Китоби Аллоҳ ва суннати ман. Ин ду ба ҳеҷ унвон аз ҳам ҷудо намешаванд, то ин ки дар сари ҳавзи «Кавсар» дар саҳрои маҳшар ба назди ман биёянд».
Аз Худованд хостгорем, ки уммати исломиро муттаҳид карда, онҳоро ба хайр ва салоҳи дину дунёяшон ҳидоят фармояд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222