(1058-1111) аз ҷумлаи бузургтарин
мутафаккирони тоҷику форс аст, ки дар инкишофи тамад-
дуни тамоми халқҳои Шарқи мусулмонӣ нақши ниҳоят
бузург бозидааст. Ӯ намояндаи фалсафаи калом мебошад.
Ғазолӣ соли 1058 дар шаҳри Тӯси Эрон таваллуд ёф-
тааст. Ӯ маълумоти ибтидоиро дар Тӯс гирифта, мадраса-
ро низ дар ин ҷо хатм намудааст. Абу Ҳомид Ғазолӣ дар
Нишопур аз Абдумалики Ҷувайнӣ илми мантиқро
омӯхтааст. У муддате ба сифати мударрис дар мадрасаи
Низомияи Бағдод фаъолият намуд ва баъд ба Нишопур
баргашта, дар мадрасаи Низомияи он бо тадрис машғул
мешавад. Пеш аз вафоташ ба Тӯс бармегардад ва соли
1111 дар он ҷо вафот мекунад. Муҳаммад Ғазолӣ аз ҷа-
вонӣ то охири ҳаёташ ба таълифи рисолаҳои гуногунҳаҷм
машғул шуда, зиёда аз 70 асари безавол иншо намудааст
ва машҳуртарини онҳо дар олами фалсафа инҳоянд:
«Мақосид-ул-фалосифа», «Таҳофут-ул-фалосифа», «Ки-
миёи саодат», «Эҳё-ул-улум-ид-дин», «Ал-мунқиз мин-аз-
залол», «Насиҳат-ул-мулук» ва ғ.
Сарчашмаҳои асосии афкори фалсафӣ, психологӣ ва
педагогии Ғазолӣ пез аз ҳама ояҳои Қуръони карим, ан-
дешаҳои пешиниён доир ба ахлоқ, афкору осори сӯфия ва
эҷодиёти даҳонакии халқ мебошанд. Мазмуну моҳияти
далелҳои Ғазолиро таъминоти ислом ташкил додаанд. Аз
ин ҷиҳат, муҳаққиқон ӯро «Ҳуҷҷат-ул-ислом» донистанд.
Таълимоти фалсафиву психологии Ғазолӣ ҳалли чу-
нин масъалаҳоро дар бар мегирад: табиат, илоҳиёт, сиё-
сат, офариниш, риёзиёт ва мантиқ. Илмҳои риёзӣ ва та-
биӣ, ки доир ба адади ҷисмҳо, аз ҷумла ҷисмҳои муфрад
(танҳо) ва мураккаб баҳс мекунанд, ба инкору тасдиқи
аҳкоми дин бефарқ мебошанд, аммо усули сиёсӣ, ахлоқӣ
нисбат ба дин бетараф нестанд ва аксари ғалатҳои фалса-
фа дар илоҳиёт рӯх додаанд. Назарияи маърифати Ғазолӣ
низ ба ҳимоя ва пуштибонии дин тобеъ аст. У мавқеи ҳис
ва ақлро дар донистани олам инкор карда, исбот карданӣ
мешуд, ки фақат нури дар дили бандагон афкандаи худо
«калиди» таҳсили аксарияти донишҳост. Бинобар ин, ӯ
илмҳои динӣ-Қуръон, сунна, тафсир ва фиқҳро илмҳои
дараҷаи аввал дониста, илмҳои фалсафиро пояи онҳо
мешуморад.
Ғазолӣ дар бобати масъалаи ақл ва манофеи он ан-
дешаҳои муҳимро баён мекунад. У қудрати ақлро дар дар-
ки неку бад, ҳалолу ҳаром инкор намекунад, валекин
таъкид менамояд, ки амали саҳеҳ нисбат ба аъмоли ҳасана
ва қабеҳ бо воситаи шариат ба даст меояд. Дар ин маврид
мақоми ақл дар исботи онҳо баланд аст. Инсон тавассути
ақл мефаҳмад, ки чӣ хуб асту чӣ бад, вале умури солиҳа ва
риояи аъмоли некро шариат ҷорӣ мекунад. Хулосаи Ға-
золӣ чунин аст, ки ин ҳарду ба инсон заруранд ва агар ақл
бо шаръ пайванд гардад, он гоҳ дилхоҳ мушкилоти ин-
сонӣ ҳалли худро пайдо мекунад.
Мавҷудияти инсон ба қавли Ғазолӣ, аз ду чиз: колбад
(ҷисм) ва рӯҳ иборат аст ва онҳо дорои ахлоқи нек ва зишт
мебошанд. Ин хулқҳоро ба намуди зоҳирии инсон ва
ҳусни хулқро ба сурати ботин мансуб донистааст. Вай
таъкид менамояд, ки инсон фақат бо зебо будани сурат
зебо шуда наметавонад. У бояд ботинан зебо бошад.
Ҳусни ботин аз гавҳар қувват: илм (мақсад аз он зиракӣ)
хашм, шаҳват ва адл иборат мебошад. Ҳар яке аз ин қув-
ваҳо ҷанбаҳои мусбӣ ё худ некиҳои худро соҳибанд. Ға-
золӣ ба хулоса меояд, ки мавҷудияти ин қувваҳо шахсро
саодатманд мегардонад.
Ғазолӣ доир ба ҳиссиёт ва идоракунии онҳо андеша-
ронӣ намуда, қайд мекунад, ки хашму ғазаб ҳамон вақт
дорои ҳусни зебост, ки агар таҳти фармони ҳикмат ва
шаръ қарор дошта бошад. Некӯӣ ва соҳибҷамолии қувва-
ти шаҳват дар фармонбардории шаръӣ ва ақлӣ қарор до-
штани ӯст.
Ҳусни қуввати адл дар зери даст ва ақл нигоҳ дошта-
ни қувватҳои шаҳват ва ғазаб мебошад. Агар ин чаҳор қу-
вват дар ҳамбастагӣ бо дигар ҳуснҳои зикршуда қарор
дошта бошанд, он гоҳ ин гуна инсон саодатманд ва феъли
нек дорад. Дар сурати нуқс доштани яке аз ин қувватҳо
ахлоқи мутлақо нек ҳосил намешавад, яъне шахсияти ин-
сон коста мегардад, чунончӣ: агар рӯйи инсон, чашм,
бинӣ ва ё даҳон … ягон нуқс дошта бошанд, чеҳраро зишт
(баднамо) мекунанд ва он чеҳра мутлақо зебо шуда наме-
тавонад. Аз ин ҷост, ки нуқс пайдо кардани ин чаҳор қув-
ват ду паҳлӯ дорад: якум, агар аз ҳад зиёд зоҳир гардад,
яъне аз меъёр гузарад ва дуюм, аз меъёр кам, яъне ноқис
бошанд. Қуввати илм аз ҳад гузараду онро бо мақсади
корҳои бад истифода баранд, аз вай ҳилаю найранг (мак-
корӣ) бархезад; агар ноқис бошад, аблаҳию ҷоҳилӣ ба
миён ояд. Қуввати илм ҳамон вақт фоиданоку дар роҳи
савоб сафарбар аст, ки муътадил бошад. Қуввати хашму
ғазаб чун аз меъёр гузашт, ифроти он ба амал омада, шахс
худдорӣ карда наметавонад, ки ин низ қобили қабул нест.
Агар аз меъёр паст бошад, боиси буздилӣ (тарсончакӣ)
мегардад. Агар дар меъёри муътадил зоҳир шавад, сабаби
шуҷоатмандӣ мегардад. Шахси дараҷаи хашмаш ноқис
пеш аз ҳама ба қувваи худаш баҳои паст медиҳад ва
хештанро хор мекунад.
Қуввати шаҳват (шаҳвати нафсонӣ, ҷинсӣ) ифротӣ
(аз ҳад гузаштан) бошад, боиси пайдоиши палидӣ, нопокӣ
ва ҳасад мегардад. Агар ин қувват ба тафрит (кам) наздик
бошад, он сабаби сустӣ, номардӣ ва беҷуръатӣ мешавад.
Ашхоси шаҳваташ мӯътадил шахсони бошарму ҳаё, боса-
бру қаноат ва боиффат мебошанд. Ҳамин тавр, дастури
Ғазолӣ ин аст, ки инсон бояд ҳамеша мақоми миёнаро
(мӯътадилро) интихоб карда, амал кунад.
Ғазолӣ ҳамчун психологи борикбин масъалаи хашму
ғазабро ба таври хоса ва амиқ дида мебарояд. Ба андешаи
ӯ, хашм – ин шӯълаест, ки дар қалби инсон ҳамчун лағчаи
зери хокистар ниҳон буда, ҳангоми хурӯҷ ақлро тира ва
рӯҳи ҳайвонии инсонро ба ҳаракат меоварад. Ғазолӣ боз
ишора мекунад, ки ҳангоми гирифторшавӣ ба хашму
ғазаб, дар бадани инсон бухори касифе ҳосил шуда,
рагҳои ӯро оганда ва рангу баданро сурх мегардонад. Дар
ҳолати баръакс, ин бухор ба ботин майл намуда, ранги
чеҳраро зард мекунад. Ҳангоми аз ботин ба зоҳир ҳаракат
кардани бухори аз қалб сарчашма гирифта, одам сахт ба
ҳаяҷон омада, панду насиҳатро қабул намекунад, аз худ
рафтори беақлонаву бехирадона зоҳир намуда, нисбати
дигарон беадабиву беҳурматӣ ва таҳқиру таҳдидро раво
мебинад. Шахси ғазаболуд аз пайроҳаи адаб берун баро-
мада, одоби муомилаву муошират ва шарму ҳаёро фа-
ромӯш мекунад. Ба ин маънӣ хашм калиди ҳамаи ба-
диҳост.
Ғазолӣ одамонро вобаста ба қувваи ғазабнокиашон
ба се тоифа ҷудо менамояд: а) баъзе аз ҳад зиёд ғазабно-
канд ва ҳангоми хашму ғазаб аз итоати хирад ва шаръ бе-
рун шуда, ақлу ҳушро аз даст медиҳанд; б) дигарон
баръакси ин тоифа аз хашму ғазаб орианд; в) қувваи
ғазабнокии гурӯҳи сеюми одамон мӯътадил ва бомаврид
буда, дар доираи талаботи шаръӣ ва ақлӣ сурат мегирад.
Ин гурӯҳи одамон хашмро ҳамчун силоҳ алайҳи ҳар гуна
чизи хатарнок истифода бурда, аз ин чизҳо сарфи назар
менамоянд. Ӯ ба хулоса омадааст, ки кӯдакону занон ва
пирони барҷомонда назар ба дигарон дида, зудтару сахт-
тар ба хашм меоянд. Ғазолӣ дастур медиҳад, ки илоҷи чо-
ра намудани хашму ғазаб ҷустани дурӣ аз хислатҳои
нохуб аст. Мулоҳизаи савоби ҳилм ва мазаммати хашму
ғазаб, бо шахсони бадхашм дӯстӣ наварзидан, зишту
қабеҳ накунонидани чеҳраи худ ҳангоми ғазабнок шудан
ва ғайраҳо аз ҷумлаи чораю марҳами бемории ғазаб ме-
бошанд.
Хулосаи ниҳоии Ғазолӣ он аст, ки инсон бояд ҳар як
рафтор, кирдор ва гуфтори худро дар тарозуи ақл
санҷида, баъдан онро аз худ зоҳир намояд. Доимо кӯшиш
кунад, ки амали фаъолияти ботинӣ ва зоҳириаш зери
назорати нури хирадаш қарор дошта бошад. Инсон ҳеҷ
гоҳ набояд ақлро мутеи нафс, шаҳват ва дунёпарастӣ гар-
донад.
Ғазолӣ дар робита бо ҳиссиёти хашму ғазаб
масъалаи одоби муоширати инсониро таҳлил намуда, он-
ро низ як воситаи пешгирии ин ҳолати номатлуби рӯҳӣ
донистааст. Воситаи асосии муошират, ки забону нутқ
аст, аз ин лиҳоз ӯ таълиму тарбияи сухан ва суханвариро,
одоби каломро таъкид намудааст. Ӯ забони муоширатро
воситаи ба ҳамдигар муттаҳид гардонанда, ифодаку-
нандаи марому мақсад, калиди дониш ва ақлу хиради ин-
сонҳо меҳисобад.