Главная / Илм / Муҳити инноватсионӣ ва мавқеи ташкилот дар иқтисодиёт

Муҳити инноватсионӣ ва мавқеи ташкилот дар иқтисодиёт

Дар иқтисодиёт иқлими инноватсионӣ ҳолати муҳити берунии ташкилотро муайян намуда ба пиёда кардани мақсадҳои инноватсионӣ мусоидат ё мухолифат мекунад. Вай ба воситаи таъсиррасонӣ ба нерӯи инноватсионӯ зоҳир мешавад.

Дар макромуҳити ташкилотҳои алоҳида чор соҳаи асосии стратегӣ ҷудо карда мешавад:

  • иҷтимоӣ;
  • технологӣ;
  • иқтисодӣ;
  • сиёсӣ.

Таъсири онҳо ба макромуҳити ташкилот ва нерӯи инноватсионӣи он аз рӯи натиҷаи таҳлили соҳаи иҷтимоӣ, технологӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ муқаррар карда мешавад.

Микромуҳити ташкилот ҳамчун маҷмӯи минтақаи стратегии наздики атроф чун таркиби субъектҳои мустақилан ба он якҷоя амалкунанда ва таъсиррасонанда ба ҳолати нерӯи инноватсионӣ дида баромада мешавад. Ҳамчун мавзӯи таҳлил соҳаи макромуҳити беруна баромад мекунад. Муайян намудани макромуҳити инноватсионӣ мазмуни таҳлилиро мефаҳмонад.

434-4344349_maintenance-gears-illustrationДар мавридҳои зарурӣ метавон мавзӯи таҳлилро аз ҳисоби нуқтаҳои дигари моддӣ-ҳудудӣ ва соҳавӣ дарёфт намуд. Маълум аст, ки ҳолати доираи микромуҳити ба минтақаи муҳити хурд ва якҷоя бо он ба муҳити дарунии ташкилот таъсир мерасонад.

Ба сифати иҳотаи дур ба таври ғайримустақим гирду атрофи макромуҳити берунӣ на ҳамеша мустақиман ба тавонмандии ташкилот таъсир мерасонад. Ин таъсиррасонӣ тез-тез аз тариқи микромуҳити беруна дода мешавад, ки мустақиман ба тавонмандии ташкилот таъсир мерасонад. Муҳити беруна ҳамчун фарогири наздики фирмаҳо ва таъсиргузории мустақими он, яъне микромуҳит маҷмӯи стратегияи минтақаро ташкил менамояд.

Баҳодиҳии қисми таркибӣ ва андозаи муҳити берунӣ аз тарафи коршиносон мутобиқи ҷадвали 5-бала чунин баҳогузорӣ мешавад:

  • 5-ҳолати таркибии мазкури муҳити берунии он қадар аъло ва маъқул мебошад, ки имкони пурра истифода бурдани нерӯи инноватсионӣи мавҷударо нишон медиҳад. Ин ҳолат ҳамчун имконияти хубе барои корхона баҳо дода мешавад;
  • 4-ҳолати қисми таркибиаш бовариноки хуб буда, як қатор имкониятро барои истифодаи нерӯи инноватсионӣ фароҳам меоварад;
  • 3- ҳолати қисми таркибиаш боварибахш набуда ва ҳоло таҳдид нест, вале мушоҳидаи инкишофи он талаб карда мешавад;
  • 2-ҳолати қисми таркибии мазкур хатарнок ва бояд ҳамчун хафноку таҳдидкунанда баррасӣ гардад.

Мавқеи стратегии инноватсионӣ ҳангоми баррасии якҷоягии муҳити дохилию беруна дида баромада мешавад, яъне ҳамчун тавоноии инноватсионӣ ва муҳити инноватсионӣ.                                                               Баҳодиҳии мавқеи инноватсионӣ тавасути қолабҳои гуногун сурат мегирад. Усули 8^ОТ ҳамчун таҳлил, ташхиси фаврӣ, таҳлили муҳити ташкилот хело васеъ истифода мешавад.

Дарки имконияти вазъ аз рӯи қолаби 8^ОТ ба амал бароварда мешавад. Вай ба воситаи ду самти уфуқӣ (вектор): ҳолати берунии муҳит (меҳвари уфуқӣ) ва тавонмандии ташкилот (самти амудӣ) сохта мешавад. Ҳар як самти уфуқӣ (вектор) ба ду қисм тақсим мешавад (сатҳи вазъ); имконот ва хатарҳо, ки аз ҳолати муҳити берунӣ бармеоянд; қувва ва нотавонии нерӯи ташкилот.

Барои таҳлили мавқеи инноватсионӣи ташкилӣ шароити гурӯҳҳои зерин ташкил меёбанд:

  1. Майдони 8О-«қувва-имконият» барои баҳодиҳии мавқеи инноватсионӣи корхона ҳангоми ба даст овардани мақсадҳои инноватсионӣ сохтани маҳсулоти нав ё гузаштан ба технологияи нав ин яке аз шароитҳои мусоид мебошад. Зарурияти иваз намудан ё ягон чизро омода сохтан лозим набуда бояд бо оянда машғул шуд.
  2. Майдони 8Т-«қувва-таҳдидҳо». Омилҳои шароити инноватсионӣе, ки тарафҳои пурқуввату тавонмандии инноватсияро маҳдуд менамояд ба қайд гиранд.
  • Майдони ^Т- «сустӣ-таҳдид» ин бадтарин якҷоякунӣ барои фирма мебошад. Аз ҳама муҳим диққатро ба он ҷалб намудан аст ва паст намудани таҳдид танҳо бо роҳи дигаргунсозии қатъии ҳолати ташкилот сурат мегирад.
  1. Майдони ^О- «сустӣ-имконият». Дар ин ҳолат ба роҳбарият муҳити беруна мушкилиеро ба вуҷуд намеорад, бинобар ин чораҳои пештар андешидашударо оиди пурқувват намудани тавонмандсозии инноватсионӣи ташкилот бояд иҷро гарданд.

Ҳисобу таҳлили мавқеи инноватсионӣ имкон медиҳад, ки асоснокии стратегии ташкилот (ё лоиҳаи инноватсионӣ оиди баланд бардоштани рақобатпазирии ташкилот) баланд бардошта шавад.

 

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222