Сиёсати мустамликавии ҳукумати подшоҳи ва аморати Бухоро зиддияти ичтимоиро тезу тунд гардонда чун зуҳуроти олии норозигии халқи меҳнаткаш аҳолии мустамликаро ба шуриши ошкоро бархезонд.
Ошубҳои ҳалқи баъзан мавчи калони аҳолиро ба худ кашида характери оммави гирифтанд. Қувваҳои ҳаракатдиҳандаи ин шуришҳо, деҳконони чоряккорон, мардкорон, ҳунармандон ва камбаалони шаҳрҳо буданд. Дар баробари меҳнаткашони узбек, кирғиз, туркман дар ошубҳои халки точин низ иштироки фаъолона доштанд.
Соли 1870 ду ҳазор нафар деҳқонон аз худсари ва микдори зиёди хироч, ва закот бу шур омада қалъаи Балчувонро муҳосира карданд. Беки Балчон
Абдукаримбек, ки сабабгори шуриш шуда буд, аз ғазаби халқ тарсида ба Ҳисор гурехт. Ошуб характери номутташакилона дошт. Деҳконон калъаро гирифта молу мулки онро байни худ тақсим карда, ҳамоно хона ба хона пароканда шуданд. Аз ин истифода бурда, ошубро дастаи аскарони хокими Ҳисор Яъкуб-Қушбеги пахш карданд. Чанд тан аз иштирокчиёни шуриш ба дор кашида шуданд. Қисме аз онҳо ба Дарвоз гурехтанд. Абдукарим ба Балчувон баргашта ба тарики пештара мардумро ғорат мекард.
Моҳ декабри соли 1874 аз сабаби худсарии андозчамъкунандагон дар Балчон ошуби дигари сар зад. Мардумро фиреб доданд, ки ба амир арзу шикоят карда ба чавоби он мунтазир шаванд. Дар ин лаҳза сардори дастаи кушуни Бухоро 7-нафар сардорони шуришро дастгир карда ба зиндон партофт ва шуришро пахш намуд.
Соли 1872 дар Хучанд бар зидди сиёсати андозгирии ҳукумати подшоҳи ва зулми ҳокимони маҳалли шуриши халки ба амал омад, ки дар он зиёда аз 10 ҳазор кас иштирок дошт. Халқ талаб кард, ки андозҳо кам карда, шароити меҳнат беҳтар карда шавад. Шриш дастаи ҳарби пахш карда, бисёр иштирокчиёни он ба Сибир бадарга карда шуданд.
Соли 1873 дар Паши ном деҳаи Уротеппа ва соли 1875 аз нав дар Уротеппа ошубҳо ба амал омада буданд.
Дар солҳои 1885-1886 мавқеъи азими шуришҳои халки кариб қариб тамоми маҳалҳои точинишинро фаро гирифт. Деҳқонони Муминобод, Шуробод, Кулоб, Балчувон ва Ҳисор ба шуриш бархестанд. Дар Ҳисор муборизаи деҳқонон барои замин ва об, мубориза ба мукобили маҷбуриятҳои феодали ба муборизаи косибон барои беҳтар кардани шароити меҳнат пайваста буд. Дар натичаи муборизаи дуру дароз сохибони дуконҳо мачбур шуданд, ки гузашта карда талаботҳои ошубгаронро ичро кунанд.
Калонтарин баромади халки дар Бухорои Шарки ба мукобили зулми амири шуриши соли 1888 буд. Дар бораи санади шуриш дар байни таърихчиён солҳои тулони акидаи ягона набуд. Аксарияти марриҳон саршавии шуришро соли 1885 (аз ҷумла ин санадро шаршносони машҳур академик Б.Ғафуров ва Б.Искандаров) ҳисоб мекарданд. Лекин тақиқотҳои минбаъда нишон дод, ки шуришсоли 1888 рух дода буд.
Дар бекигарии Кулобу Балчувон чандин сол хушксоли ба амал омад. Соли 1888 (то ин давра соли 1885-нишон дода мешуд) соли серҳосил омад. Амалдорон аз деҳконон андозҳои барзиёд гирифта мехостанд, ба ин восита чои солҳои камҳосилро пур кунанд. Ин ба шуриш баҳона шуд.
Шуриш дар амлокдории Ховалинг сар шуда, Балчувон,
Сари Ҳисор, Кулоб ва дигар ноҳияҳоро фаро гирифт.
Пешвои шуриш деҳқонони Ховалинги Абдулвосеъ буд. Шуриш ба мукобили сиёсати амир ва амалдорони маҳалли равона карда шуд.
Деҳқонон талаби амалдоронро дар бораи адои андози чандсола рад карданд. Дар натича дар миёни дехдонона ва андозчамъ кунандагони задухурд ба вучуд омад. Деҳқонон закотчирро куштанд, хонаи амалдори Ховалингро хароб карда ба калъаи беки Балчувон ҳаракат карданд. Онҳо кушиш карданд. Ки масъаларо бо тарзи гуфтугу ҳал кунанд. Бек ба назди чамъомадагон муллоҳоро фиристонда мақсад дошт, ки деҳқононро пароканда намояд. Дар ин муддат бек аскаронашро бар зиди деҳқонон омода кард. Шуришгарон ба аскарони бек шикаст дода қалъаи Балчонро ба даст дароварданд. Бек ба Кангург гурехт.
Шуришгарон барои пахш кардани шуриш чорае надида, баъди ба даст даровардани ин қалъа ин муваффакияти худро вусъат надоданд. Дар натича баъзе аз шуришгарон лагери шуришро тарк карданд.
Бекҳои Кулоб, Ҳисор ва Қаротегин ба ёрии беки Балчувон омада бо кувваҳои ҳарбии худ қалъаи Балчувонро аз дасти Восеъ гирифтанд. Восеъ ба тарафи Кангург акиб нишаста, ба кувваи нав ба суи Балчувон ҳаракат карда, қалъаро аз нав ба даст даровард. Вале ёрии навбати бекҳои ҳамсоя такдири шуришро хал намуд.
Восеъ шикаст хурда хост, ки ба тарафи Ховалинг ақиб нишаста кувваҳои худро муттахид намояд. Аммо ин чиз муяссар нашуд. Шуриш аз тарафи кувваҳои якачини амир шикаст хурд. Восеъ ва ёрдамчиёнаш асир афтоданд. Дар як руз 40-нафар шуришчиён ба дор кашида шуданд. Восеъро чанд руз дар маҳбасҳона нигоҳ дошта, соли 1888 дар Шахрисабз ба катл расонда шуд.
Аз сабаби номутташакил ва бе накшаи муайян амал кардани шуришгарон онҳо муваффакит пайдо карда натавонистанд. Ба шикасти шуриш нигоҳ накарда, тахкурсии зулмат ва асосҳои феодалии аморат торафт суст гаштанд. Мехнаткашон дар муборзаҳои бо душман обу тоб ёфта торафт муттахид мегардиданд.
Дар нимаи дуюми асри XIX қатори шуришу баромадҳои стихиявии дехдонон ва мардикорони плантасияҳои хочагии шлок аввалин баромадҳои коргарон, ки баробари
сохтмони корхонаҳои нахустин ташаккул ёфтабуд. Ба амал омада буд. Аввалин баромадҳои коргарон ҳануз дар давраи сохтмони рохи оҳан мушохида карда шуданд.
Коргарон дар сохтмони рохдои оҳан, конҳо ва корхонаҳои саноати дар шароити ниҳоят бад мехнат мекарданд. Ба ивази мехнти 16-18 соата ба коргарон музди ночиз дода мешуд. Аз коргарон чаримаҳои зиёд ситонда мешуд. Яке аз корбардории калонтарину аввалини коргарон соли 1885 дар кони ангишт заврак Киштут волости Панчакент ба амал омада буд. Корпартофтагон сардор ва назоратчиёнро куфта, ба назди ҳокими Панчакент раҳсипор гардиданд. Дар роҳ отряди аскарон онҳоро пароканда карданд. Се нафар коргарон хабс карда шудандва арзу шикояти онҳо бенатича монд.
Корпартои ва баромадҳои коргарон ба монанди шуру ошубҳои дехдонон ҳануз стихияви ва пароканда буданд. Бо вучуди ин баромадҳо ба мукобили сиёсати мустамликавии хукумати подшохи ва лагандбардорони онҳо равона карда шуда буданд, ки дар мутташаккилии ояндаи мехнаткашон аҳамияти калон доштанд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …