Главная / Илм / Муфсидоти рӯза

Муфсидоти рӯза

Ҳамон тавре ки гуфтем, рузадор бояд аз дамидани субхи содик то
ғуруби офтоб аз баъзе корҳо худдорй намояд ва агар яке аз онҳоро ан-
ҷом диҳад, рузааш фосид мешавад. Маҷмуаи ин корҳоро муфсидоти
руза меноманд.
Баъзе «муфсидоти руза» чунон ҳастанд, ки бо содир кардани онҳо
бояд ҳам казои онро ба ҷо оварад ва ҳам каффорат бар ӯ воҷиб ме-
гардад ва онҳо иборатанд аз:
1. Чимоъ (алокаи ҷинсй) кардан.
2. Касдан хурдан ё ошомидан.
Қуръони карим танҳо ҳамин се корро муфсиди руза дониста, шах-
си рузадорро аз анҷоми онҳо рузона дар мохи Рамазон нахй намудаст,
он ҷо ки мефармояд:
«… Акнун ба онхо (дар шабхои мохи Рамазон) наздикй ва муоши-
рати ҷинсӣ намоед ва аз ин кор хамон чизеро биҷӯед, ки Худо бароятон
навиштааст ва то замоне бихуред ва бинушед, ки риштаи сафеди субх,
бароятон аз риштаи сиёх, (-и шаб) маълум гардад, он гох, рузаро то шаб
ба итмом расонед».
Бинобар ин, касе яке аз се кореро, ки дар оят зикр гардида ва муфси-
ди руза дониста шудаанд, рузона дар мохи Рамазон анҷом диҳад, рузааш
фосид мегардад ва бар вай ҳам казо ва ҳам каффорат воҷиб мешавад. 
Вар ба касд аст хурдану корат,
Лозим ояд казову каффорат.
Дар дигар мавридҳои «муфсидоти руза» танҳо казои он бар шахс во-
ҷиб мегардад ва каффорате надорад. Ин муфсидоти руза иборатанд аз:
1. Бо буса задан ва ё ламс кардан (молидан) инзол (баромадани
манй) шавад.
2. Сангреза ё оҳан ё чизҳое, ки маъмулан хурда намешаванд ва ё
донаи меваеро бибалъад, яъне фуру барад.
Гар хурй ончй з-ӯ ғизо набувад,
Бар ту лозим ба ҷуз казо набувад.
Ҳамчу сангу кулуху оҳану рӯй,
Набувад зин кабил гили саршӯй.171
3. Дар ғайри фарҷ ба тарики тафхиз, табтин ва ғайра ҷимоъ кунад
ва инзол шавад.
4. Ба бинй ва ё гуши худ даво бичаконад.
5. Давое ба димоғаш бирасад.
6. Ба гумони ин, ки субх, ҳанӯз надамидааст, саҳарихурй намояд ва
баъд маълум шавад, ки гумонаш дуруст набудааст.
7. Ба гумони ин, ки офтоб ғуруб кардааст, ифтор намояд ва баъд
ошкор гардад, ки гумонаш хато будааст. Аз Асмо духтари Абубакр (р)
ривоят шудааст, ки: «Дар замони Паёмбар (с)(дар моҳи Рамазон) дар
ровии г1Ш0м١^١ оҳ офтоб баромад. Аз؛؛ ^ рӯзи абрае ифтор
ҳадгсс аурсида шуд, ка: Оё ба он руз амр шуданд? Гуфт: (Ҳат-
172 «о зарурй ас^тг؛؛ман), ь;а
8. Ғуборе ва ё шаротеро касдан ба ҳалқаш фуру барад.
9. Бо даҳони пур кай намояд.
10. Иҷборан бихурад ва ё биёшомад, яъне ба таври маҷбурй хӯ-
ронида шавад.
11. Бо даст ва ё чизе истимно кунад.
12. Кандан ва ё дору кардани дандон дар рӯзҳои мохи Рамазон
дар зарурат чоиз мебошад, вале бе зарурат карохият дорад. Доруе, ки
барои кандан ва ё таскини дард ба дандон мекунад ва ҳамчунин хуне,
ки бо кандани дандон берун меояд, вакте бо оби даҳон баробар бошад
ва ё аз оби даҳон бештар буда, бар он олиб бошад, агар ба ҳалқаш
фуру равад ва ба шикамаш бирасад, рузаашро фосид мегардонад.
171 Гили саршуй навъе гили сафед аст, ки аз гурӯҳи гилҳои каолинй буда, қобили-
яти зиёди чабандагй ва чарбизудой дорад. Дар гузашта онро дар гармобаҳо ба сура-
ти гилпора ва ё маҳлул намуда, барои шустушуи сару бадан ба кор мебурданд. Ба он
гили хушбуй ва гили ҳаммом низ гуянд. Ҳарчанд он маводи ғизой ба шумор намера-
вад, вале аз тановули он навъе боландагй ва тағзия ҳосил мешавад ва бо фуру бур-
дани он дар вақти руза қазо ва каффорат ҳар ду лозим меояд.
172 Саҳеҳи Бухорй, 1959. Сунани Абудовуд, 2359. 
Ҳамчунин, агар баробари ва ё ғалабаи онро нафаҳмад, вале маззааш-
ро ҳис намояд, бо фуру рафтани он ба ҳалқаш рузааш фосид мегардад
ва бар вай қазои он рӯз воҷиб мебошад. Худи он рӯз низ бояд аз хӯр-
дану нушидан ва дигар мамнуоти руза худдори намояд.
Дар ғайри ҳолатҳои номбурда барои руза ҳеҷ боке надорад. Дар
ҳолатҳои боло низ агар доруоба ва хунобаи ба ҳалқаш фуру рафта ба
андозае кам бошад, ки ба эҳтимоли зиёд ба шикамаш намерасад, руза-
аш зараре намебинад. Ё шахси рузадор дар ҳолате қарор дошта бо-
шад, ки аз фуру рафтани он ба ҳалқаш пешгири карда натавонад, ин
ҳукми он қайеро дорад, ки худ ба худ ва бе ихтиёри шахси рузадор ба
ҳалқаш рафтааст.
13. Гузоштани дору ва молидани марҳам (маз) бар захме, ки ба
димоғ (мағзи сар) ва ё ба меъда расида бошад, рузаро мешиканад. Захм-
ҳое, ки дар сар ба мағзи сар расида бошанд, онҳоро дар истилоҳи фа-
қеҳон омма ва захмҳое, ки дар шикам ба меъда расида бошанд, ҷоифа
мегӯянд.173 Вале захмҳое, ки дар сар ва шикам набошанд ва ё агар
бошанд ҳам, чунин амиқ (ҷуқур) набошанд, бо гузоштани дору ва та-
бобат кардани онҳо руза намешиканад.
Ҳамчунин гузаронидани баъзе амалиётҳои тибби, вақте бевосита
ба димоғ (мағзи сар) ва меъда сару кор надошта бошанд ва таъсири
бевоситаи доруҳои истифодашуда ба онҳо нарасад, ҳеҷ гуна нақси
шаръие ба руза ворид намесозад.
14. Рузаро тамоман нагирифтан гуноҳи кабира ба шумор меравад,
зеро шахс дар ин сурат яке аз фарзҳои Худоро тарк намудааст ва бар
вай қазо воҷиб мегардад, на каффорат. Зеро каффорат, чи тавре зикр
гардид, барои қасдан вайрон намудани рузаи моҳи Рамазон бо ҳамби-
стари ва хурдану нушидан пешбини шудааст.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222