Дар яке аз кӯчаҳои ҳошияи Маскав дар бинои хокистарие, ки сутунҳои сафед, болохона ва пешайвоне дошт, айёме ашрофзани бева дар ҳалқаи хидматгузорони зиёдаш зиндагӣ мекард. Бачаҳояш дар Петербург вазифаи расмӣ доштанду духтарҳояш ба шавҳар баромада буданд. Ашрофзан гоҳ-гоҳе ба сафар мебаромад ва даврони охири зиндагии ӯ дар ғурбат, ҷудоӣ ва нотавонии хастаю афгоркунанда мегу- зашт. Рӯзҳои охири умраш бо нохушӣ сипарӣ шуда, шабҳо низ барояш дилгиру тира метофт……..
Аз миёни кормандонаш дарбон Герасим одами маъруфтар ҳисоб мешуд. Вай марди қоматбаланду паҳлавонҷусса, вале гунги модар- зод буд. Ашрофзан ӯро аз деҳа оварда буд, он ҷо вай дар кулбае дур аз бародаронаш танҳо мезист ва инсони ҳалолкору меҳнатдӯст буд. Неруи фавқулодааш имкон медод, ки ба танҳоӣ кори чаҳор нафарро анҷом диҳад. Дастони коркӯфтае дошт. Чӣ қадар хуш буд дидани вай, ҳангоме ки шудгор мекард. Гӯё ки бо дастони паҳну нерумандаш бар муштаи сипор фишор оварда, бе ёрии аспакаш қалби сахти заминро чок мекунад ва ё дар рӯзи Петров чунон бунёдбарандоз дос мекашид, ки мегуфтӣ агар аз пеш ҷангалаки тӯсҳои ҷавон барояд ҳам, онро аз беху бун пок медаравад ё бо занҷири сеоршинӣ он сон пайваста ва беист мекӯфт, ки дар он лаҳзаҳо мушакҳои барҷастаи бозувони фа- рохаш мисли фишанг болою поён мешуданд. Сукути ҳамешагиаш ба заҳмати ҳалоли вай шодии фараҳафзое зам мекард. Ӯ инсони шоистае буд ва агар ҳамин қисмати талхаш намебуд, ҳар духтаре бо шодмонӣ ба ӯ ба шавҳар мебаромад.
Вале инак, Герасимро ба Маскав оварданд, мӯзааш хариданд ва барояш сарулибоси тобистонаю зимистона дӯхтанд. Баъд ба дасташ ҷорӯбу бел дода, хизматгораш таъйин карданд. Аммо яку якбора ше- ваи нави зиндагӣ ба ӯ писанд наёмад. Зеро вай аз хурдӣ дилбохтаи кори саҳро ва зиндагии деҳотӣ буд. Ӯ, ки бар асари бадбахтии хеш аз муошират бо одамон маҳрум шуда буд, мисли ниҳоле дар марзи ҳо- силхез лол, вале тавоно ба камол расид. Чун ӯро ба шаҳр кӯчонданд, намефаҳмид, ки бо ӯ чӣ мекунанд, дилтанг мешуду пакар, он гуна ки буққаи ҷавону солимеро аз марғзоре, ки гиёҳони шодоби он то зери шикамаш мерасиданд, якбора бигиранду ба вагон бор кунанд ва бо суръат бибаранд, бо ғулғулаву фарёд бибаранд ва Худо донад, ки куҷо!
Хидматҳоеро, ки бар уҳдаи Герасим гузошта буданд, нисбат ба корҳои пешини вазнини деҳқонӣ дар назараш мисли бозӣ менамуданд. Дар ним соат ӯ ҳамаи корҳояшро анҷом медоду боз бо даҳони яла миёни ҳавлӣ рост монда, ба ҳар ки аз пеши назараш мегузашт, нигоҳ мекард ва гӯё мехост аз онҳо роҳи ҳалли муаммои вазъи асроромези худро бидонад, гоҳе ҳам ба гӯшае мерафт ва белу ҷорӯбро дур партофта, худро пару бар замин меандохт ва чун ваҳшии гирифторшуда соатҳои дароз ҳамин тавр мехобид.
Аммо одам ба ҳама чиз одат мекунад. Герасим низ ночор ба зинда- гии шаҳр унс гирифт. Вазифааш вазнин набуд, шуғлаш ҳамагӣ тоза нигоҳ доштани рӯйи ҳавлӣ, ҳаррӯза ду маротиба бо сатил об овардан, барои ошхонаю хонаҳо ҳезум омода кардан ва шабона шахсони шубҳанокро ба ҳавлӣ наздик намонда, посбонӣ кардан буд. Вай ин уҳдадориҳои худро аз таҳти дил иҷро мекард. Дар рӯйи ҳавлӣ хасу хасрӯбае намена- муд ва агар аробаи фарсудаи обкашонияш ба гил дармонад, бо китфаш тела медод, он гоҳ на танҳо ароба, ҳатто асп низ аз ҷояш мехест.
Ҳангоме ки ҳезум мешикаст, табараш мисли шиша садо дода, таро- шаҳо ба ҳар ҷониб пош мехӯрданд, дар мавриди бархӯрдаш бо бего- наҳо ҳаминро бигӯем бас, ки шабе ду дуздро дастгир карда, чунон бо якдигар сар ба сар зад, ки дигар ҳоҷати ба пулис бурданашон набуд. Пас аз ин ҳодиса дигар ӯро ҳурмату иззат мекарданд. Ҳатто рӯзона роҳгузарон, на қаллобон, балки одамони одии ношинос ҳам бо дидани ҳавлибони қавипайкар имову ишораҳо карда ӯро фарёд мекарданд, гӯё вай овозашонро мешунида бошад. Бо дигар хидматгузорони ҳавлӣ, ки аз ӯ ҳарос доштанд, Герасим муносибати дӯстӣ надошта бошад ҳам, онҳоро одамони наздики худ мешумурд. Хидматгузорон мақсаду фикри худро бо имою ишорат ба ӯ мефаҳмонданд. Вай ҳам фикри онҳоро зуд сарфаҳм мерафт ва амру фармонашонро сари вақт иҷро мекард, аммо ҳуқуқашро нағз медонист, ҳатто дар ошхона касе ҷуръати ба ҷойи ӯ нишастанро надошт. Хулоса, Герасим рафтори қатъӣ ва ҷиддӣ дошт ва тартибу интизомро мепарастид, ҳатто хурӯсҳо дар ҳузури вай ҷуръати ҷангиданро надоштанд, вагарна чи балое ба сарашон меомад! Агар бо ин ҳол дучор ояд, аз пояшон дошта дар ҳаво даҳ бор чарх за- нонда, сипас ба ҳар сӯ раҳо мекард. Дар ҳавлии ашрофзан қозҳо ҳам буданд, лекин қозҳо аз ҷумлаи мурғони доною зираканд. Герасим ба онҳо эҳтиром дошт ва қозҳоро бонӣ мекард, обу дон медод, шабеҳи қозбони касбӣ буд.
Барои вай дар болои ошхона хоначае ҷудо карданд, Герасим кулба- якро табъи дили худ ба тартиб даровард ва аз чӯби булут кате сохт, ки чор пояи ғафс дошт. Ин кати паҳлавоние буд, ки болояш сад пуд бор гузоранд ҳам, хам намешуд. Дар зери кат қуттии мустаҳкаме ҷойгир буд. Дар канори дигари хона ҳамин гуна мизи устувор насб шуда буд. Паҳлӯи миз курсии сепояи гароне меистод, ки баъзан худи Герасим онро бардошта меафтонд ва табассуми маънидоре мекард. Дари кул- бача бо қуфле бузург, ки ба кулчаи панир шабоҳат дошт, вале сиёҳ буд, маҳкам карда мешуд. Калидашро Герасим дар камараш баста ме- гашт, зеро ба хоначааш даромадани одамонро намеписандид. Ҳамин тавр, як сол сипарӣ шуд ва ахиран дар ҳаёти Герасим воқеаи кӯтоҳе ба амал омад. Ашрофзани пир, ки Герасим дар ҳавлии ӯ хизматгорӣ дошт, пойбанди урфу одатҳои кӯҳна буд ва дар мулкаш хидматгорони бисёрро нигоҳ медошт. Миёни онҳо на танҳо занони либосшӯй, таб- боҳон, чеварон, дуредгарон буданд, балки як тан наългар ҳам буд, ки ӯ ҳам табиби ҳайвонот ва ҳам духтури одамон маҳсуб мешуд, барои ашрофзан низ табиби хонагӣ буд ва ахиран як нафар кафшдӯз низ кор мекард, ки Капитон Климов ном дошт ва майхораи хирае буд. Ӯ худро одами таҳқиршуда ва қадрнодида, шахси соҳибмаълумоти пойтахт мешумурд, ки бояд на дар Маскав, балки дар бӯстонсарое зиндагӣ дошта бошад. Шаробнӯшии ӯ, тавре ки худаш бо таъкид бар синааш зада мегуфт, аз дарду ғам буд.
Рӯзе миёни ашрофзан ва хоҷагидор Гаврила, марди бо чашмони
олуси гӯсфандӣ ва бинии мисли нӯли мурғобӣ, ки танҳо аз рӯйи ҳа- мин нишонаҳояш ҳукм кардан метавон, ки худи тақдир ба ӯ чеҳраи як сардорро додааст, гуфтугӯ доир шуд.
Ашрофзан аз вазъи носолими одоби Капитон, ки ӯро бо ин вазъ чанде қабл дар кадом кӯчае мушоҳида карда буданд, изҳори афсӯсу надомат карда, якбора афзуд: – Чӣ мешуд, агар ӯро хонадор мекар- дем-ҳа? Ту ба ин чӣ мегӯйӣ, шояд ки ба тартиб ояд?- Чаро хонадор накунем? Мумкин, – посух дод Гаврила. – Кори бисёр хуб мешавад.
– Лекин кӣ ба зани ӯ шудан розӣ мешавад?
– Албатта. Зимнан ҳар тавре ки шумо хоҳед. Шояд аз уҳдааш барояд, охир ӯро аз ҳалқаи мо берун бароварда партофта намешавад-ку.
– Ба хаёлам ба ӯ Татяна писанд аст.
Гаврила хост норизоӣ кунад, лекин худдорӣ намуд.
– Бигузор Татянаро ба никоҳаш дарорад, – қарор дод ашрофзан ва бо қаноатмандӣ тамокуро бӯй кашида афзуд, – мешунавӣ?
– Хуб шудааст, – нидо кард Гаврила ва баромада рафт. Ӯ ба хонааш баргашт, ки он дар паҳлуи бинои асосӣ буду пур аз қуттиҳои оҳанин. Гаврила аввал ҳамсарашро аз хона берун кард, сипас назди тиреза омада, ба андеша ғӯта зад. Қарордоди ғайричашмдошти ашрофзан ӯро ҳайрон карда буд.
Ночор ӯ аз ҷояш хеста амр кард, ки Капитонро наздаш бихонанд. Капитон омад. Лекин пеш аз нақли сӯҳбати онҳо зарур аст, ба хонанда- гон дар бораи кӣ будани Татяна, ки бояд бо Капитон хонадор шавад ва чаро амри ашрофзан хоҷагидорро ба шигифт водошт, каме маълумот диҳем.
Тавре гуфта шуд, Татяна вазифаи либосшӯйиро бар ӯҳда дошт, ба ӯ чун рахтшӯйи моҳир танҳо шустани либосҳои нафис амр мешуд. Ӯ як зани бистуҳаштсолаи сафедпӯст буд, бар рухсораи чапаш хол дошт, ки онро русҳо нишонаи сиёҳбахтӣ мешуморанд.
Татяна низ аз тақдири худ он қадар розӣ набуд. Ҳанӯз аз хурдӣ ранҷу дард мекашид, кори ду нафарро мекард, вале ҳаргиз меҳру навозишро надида буд, ба ӯ либоси дуруст ҳам намедоданд, ба изофаи ин ҳама муздаш ночиз буд, аммо хеши наздик надошт, танҳо як амаки пири анбордор дошт, ки дар деҳа мезист. Хешони дигараш пешаи деҳқонӣ доштанд. Айёме вай ба ҳусну ҷамол шӯҳрат дошт, вале оби ҳуснаш ба зудӣ парид.
Вай сириштан оромтабиату фармонбардор, нисбат ба худ бепарво бошад ҳам, аз дигарон сахт метарсид, фақат ғами ҳарчи тезтар ба итмом расондани корро мехӯрду ҳаргиз бо нафаре ҳамсӯҳбат намешуд ва аз шунидани номи ашрофзан, ки вай ҳатто Татянаро бо чашми худ надида буд, ба баданаш мурғак медамид. Вақте Герасимро аз деҳа ба ин ҷо оварданд, Татяна ҷуссаи паҳлавононаи ӯро мушоҳида карда, аз ваҳм қариб беҳуш мешуд, мехост ҳаргиз бо вай рӯ ба рӯ нашавад. Ҳангоми аз назди Герасим ба даҳлези ҷомашӯйӣ рафтан, нигоҳашро гурезонда дартоз мегузашт. Герасим аввал ба ӯ он қадар диққат намедод, вале баъдтар ҳангоме ки Татяна ба вай дучор меомад, ӯ механдид, баъд ба вай таваҷҷуҳ мекардагӣ шуд ва ахиран аз хонум нигоҳашро намеканд. Ё барои доштани чеҳраи хоксорона ё рафтори лоуболонааш, балки Худо медонад аз чӣ, Татяна ба ӯ писанд афтода буд. Ҳатто боре ӯ кур- таи оҳарии ашрофзанро эҳтиёткорона миёни панҷаҳояш гирифта, ба ҳавлӣ баромада буд, ки ғайричашмдошт касе аз оринҷаш сахт дошт. Татяна якбора ба қафо нигоҳ карда дод зад, дар паҳлуяш Герасим ме- истод. Вай содалавҳона механдиду қандинаи хурӯсшакли болу параш зарнигорро пешкаш мекард. Татяна шириниро гирифтан намехост, аммо Герасим қандинаро маҷбур ба дасташ дода, сипас аз ӯ дур шуд ва бори дигар ҷонибаш бо меҳр нигоҳ кард. Аз ҳамон рӯз шурӯъ карда, дигар Герасим ӯро ором намегузошт. Куҷое ки Татяна равад, вай ҳам дар он ҷо ҳозир мешуд ва ба истиқболаш шитофта табассум мекард, садои ғайриодӣ баланд карда, дасту пой меафшонд, баногоҳ аз кисааш рӯймолча бароварда маҷбур ба вай медод, гарду хоки сари роҳашро мерӯфт. Духтари бечора намедонист минбаъд чӣ гуна рафтор кунад.
Сипас, тамоми сокинони ҳавлӣ аз амалҳои дарбони гунг огоҳ шуданду ба сари Татяна ҳазлу истеҳзо ва суханҳои таҳдор фурӯ рехт. Лекин ба мазоҳ кардани Герасим зӯри ҳар кас намерасид, вай ҳазлу шӯхиро на- медонист, дар ҳузури ӯ ба хонум низ кордор намешуданд, акнун ноаён Татяна ҳам ба таҳти ҳимояи ӯ даромад. Албатта мисли дигар кару гунгҳо Герасим низ хеле рамузфаҳм буд ва масхара кардани худ ё духтарро зуд пай мебурд. Боре ҳангоми наҳор кадбонуи сардори Татяна духтаракро сахт коҳиш карда мазаммат кардан гирифт, ки бечора намедонист ба куҷо нигоҳ кунад ва қариб буд, ки аз зӯрии дарду алам ашк резад. Ге- расим ғайричашмдошт аз ҷояш бархоста, дастони баҳодуронаи хешро боло намуда, ба рӯяш бо қаҳр назар афканд. Ҳама ба сукут рафтанд. Герасим боз чумчаро бардошта хӯрдани шӯрборо давом дод. «Гунги падарлаънат, ғӯли биёбон» зери лаб ғур-ғур доштанд онҳо. Кадбону бошад якбора аз ҷояш хеста ба хонаи духтарон гузашт. Дафъаи дигар Герасим мушоҳида кард, ки Капитон, ҳамон одаме, ки дар бораи вай сухан мерафт, бо Татяна муҳаббатомез сӯҳбат дорад. Герасим ӯро бо ангушт ҷониби худ даъват карду ба анбори фойтунҳо бурд ва мурвате- ро, ки дар гӯшае мехобид, гирифту бо он оҳиста, аммо таҳдор таҳдид кард. Аз ҳамон вақт дигар касе бо Татяна ҳарфе намезад.
Дуруст аст, ки кадбону ба утоқи духтарон тохта омадан замон аз ҳуш рафт, вале боз маккорона амал карда, муносибати дағалонаи Герасимро ҳамон рӯз ба хотири ашрофзан расонд. Аммо кампири рамузфаҳм танҳо табассум мекарду халос ва кадбонуро сиёсат намуда, маҷбур кард, ки воқеи барояш дилхароши чӣ тавр Герасим бо бозуи баҳодуронаи худ хам намудани каллаашро бори дигар нақл кунад.
Рӯзи дигар ашрофзан ба Герасим пул фиристод. Ӯ заҳмати вайро ҳамчун дарбони софдилу неруманд қадр кард. Герасим аз ашрофзан ҳарос дошт, лекин бо вуҷуди ин аз шафқати вай умедвор буд ва анде- ша мекард, ки назди ашрофзан рафта илтиҷо кунад, то барои хонадор шуданаш ба Татяна розӣ шавад. Ӯ танҳо либоси навро интизорӣ дошт, ки барояш мудири хидматгорон ваъда дода буд, то ба ҳузури ашро- фзан бо либоси муносиб дарояд. Аммо лаҳзае ки Герасим дар ҳамин бора фикр мекард, худи ашрофзан дар сараш хаёли ба Капитон додани Татянаро мепарварид.
Акнун хонанда худ ба осонӣ пай мебарад, ки баъди сӯҳбат бо ашро- фзан хафаву малул шудани Гаврила беҳуда нест. Ӯ дар назди тиреза нишаста фикр мекард, ки ашрофзан, албатта, ба Герасим раҳму шафқат дорад, ки ин ба Гаврила равшан аст, аз ин рӯ худи вай ба ин хоҳиши Герасимро ҷонибдорӣ мекард. Вале ҳар чи бошад вай гунг аст. Ӯ ҳаргиз ба ашрофзан нахоҳад гуфт, ки Герасим Татянаро дӯст доштааст. Охир, аз рӯйи инсоф гӯем ҳам, вай чи хел шавҳар… Аз ҷониби дигар Худо нигоҳ дорад, зеро рафту ба Капитон додани Татянаро фаҳмад, тамоми ҳавлиро зеру рӯ карда ҳамаро хароб мекунад. Ба ин махлуқ чизеро фаҳмондан душвор, ҳатто муҳол аст, мани бандаи пургуноҳ чӣ кор кунам?!…
Пайдо шудани Капитон риштаи андешаҳои Гавриларо канд. Чоруқдӯз ба хона даромад ва дастонашро қафо кашида, ба кунҷи девори паҳлу- дарӣ бепарво такя кард, пойи росташро рӯйи пойи чапаш гузошта бовиқор калла ҷунбонд, мазмун – банда дар ҳузури шумо, чӣ хидмат?
Гаврила ба Капитон нигоҳ карда, бо ангушташ ба паҳлучӯби тиреза тиқ-тиқ зад. Капитон, чашмони сурбияш нимпӯш, рост ба ӯ нигоҳ кар- да, бо лабханд мӯйҳои маллаи ҳар сӯй парешонашро бо кафи дасташ ҷамъ кард. – «Оре, ин манам, ман. Чӣ мепесонӣ?».
– Хуб, – гуфт Гаврила ва хомӯш монд. Нағз, дигар ҳоҷати гап ҳам нест!
Капитон танҳо китф дарҳам кашиду бас. – «Оё ту беҳтарӣ?».
– Боре ба худат нигоҳ кун, ҳа, хубтар нигар, – афзуд Гаврила бонафрат, – бигӯй, ба кӣ монанд шудаӣ?!
Капитон бо нигоҳи ҳазин камзули чиркину дарбеҳдор ва шими кӯҳнаашро ноаён аз назар гузаронд. Ба мӯзаи даридааш, ки аз нӯги он ангуштони пояш метофтанд, хуб нигоҳ карда, сипас ба хоҷагидор зеҳн монда гуфт:
– Хайр, чӣ шудааст?
– Чӣ шудааст? – такрор кард Гаврила – Чӣ, боз чӣ шудааст мегӯйӣ? Ба Иблис монандӣ, мефаҳмӣ, ана, ба кӣ монанд шудаӣ?!
Капитон мижа мезаду бас.
«Сарзаниш кунед, наҳ задан гиред, Гаврила Андреич», анде- ша мекард ӯ.
– Охир, ту боз маст шудаӣ, – афзуд Гаврила, – боз нӯшидӣ, ҳа, ҷавоб деҳ?!
Бинобар бад шудани салома- тиям нӯшокии спиртӣ истеъмол кардам – ғурунгид Капитон.
Барои вазъи саломатӣ! Ба ту кам ҷазо медиҳанд, мефаҳмӣ. Боз дар Питер таълим гириф- таанд. Дар таҳсил бисёр чизро ёд гирифтаӣ! Танҳо нони муфт мехӯрӣ.
Ин тавр ки бошад Гаврила Андреич, ҳомии ман яккаву ягона Худои таолост. Танҳо Худо медонад, ки ман кистам, тақдирам чӣ гуна аст, оё дуруст аст, ки ман нони муфт мехӯрам? Дар майхорагӣ низ ман гунаҳгор нестам, балки як дӯстам айбдор аст, вай маро бо найранг ба майкада бурд…
– Ту, қоз бошӣ, дар кӯча мондӣ. Эҳ, ту пакар.
– Лекин гап дар ин ҳам не, – суханашро идома дод хоҷагидор, – медонӣ-чӣ? Ашрофзан, – вай хомӯш монд, – бойзан мехоҳад, ки ту хонадор шавӣ, мешунавӣ? Онҳо фикр мекунанд, ки ту зандор шуда амон меёбӣ, мефаҳмӣ?
– Чаро нафаҳмам?
– Ҳамин тавр, ба фикрам банди туро сахтакак кашидан лозим, хайр ин кори онҳост. Чӣ тавр, ту розӣ ё.
– Даҳони Капитон инҷ шуд.
– Зангирӣ амали шоистаи инсонист, Гаврила Андреич ва аз ҷониби худ ман ҳам бисёр миннатпазирам.
– Лақидӣ-да, – норозигӣ кард Гаврила ва аз дил гузаронд: «Чӣ ҷойи шубҳа, ҳаққи гапро гуфт».
– Лекин росташро гӯям, афзуд ӯ, – бароят он қадар арӯси хуб на- ёфтаанд.
– Хайр, вай кӣ будааст, агар махфӣ набошад?…
– Татяна.
– Татяна?
Чашмони Капитон қариб аз косахонаи сараш баромаданд ва худро каме ба қафо кашид.
– Магар талхакаф шудӣ, ё вай маъқулат нест?
– Чаро писанд набудааст, Гаврила Андреич. Вай духтари бад нест. Коргару хушахлоқ аст. Вале худи шумо ҳам, Гаврила Андреич, медонед, ки. вай ғӯли биёбон, девсурат аз паси ӯ кашол.
– Медонам, додар, ҳамаашро медонам, – ботаассуф сухани ӯро бу- рид хоҷагидор.
– Раҳм кунед, Гаврила Андреич. Охир, вай маро мекушад. Медо- нед, дастони ӯ чӣ хел, худатон як бор бинед, худи дастони Минин ва Пожарский барин. Охир ӯ кар асту мекӯбад, лекин садои кӯфтанашро намешунавад ва хеле сахт мекӯбад. Гӯё ки дар хобаш даст меафшонда бошад. Ӯро илоҷи боздоштан нест, зеро, Гаврила Андреич, худ медонед, ки вай кар аст, боз мисли таҳкунда дурушт аст. Умуман вай, Гаврила Андреич, одами ношуд ва аз ҳар аҳмақе бадтар аст. Чаро ман ранҷи ӯро бикашам. Охир, бароям дигар чизе фарқ надорад, ман як фарди бекасу кӯям, сабурам, мисли кӯзаи равғандида, лекин ман ба ҳар сурат колои беарзише не, балки инсонам, на ин ки хурмаи бекорае.
– Медонам, медонам, гуфтан шарт нест. –
– Худовандо! – Бо сӯзу ҳасрат мегуфт кафшдӯз, – ин ҳама поён до- рад, бадбахтам ман, як умр бадбахтам. Насибам ҳамин будааст, дар ҷавонӣ аз хӯҷаини олмонӣ шаллоқ мехӯрдам, вақте нав қоматамро рост мекардам, аз бародари худам ранҷу хорӣ дидам, акнун дар авҷи камолот ба чунин бало мубтало шудаам.
– Эҳ, ту занмиҷоз, – афзуд Гаврила, – чаро ин қадар нолиш мекунӣ?
– Чӣ хел, Гаврила Андреич… Охир, ман аз зарби лату кӯб наметарсам. Агар хӯҷаин дар ҳавлии худ ҷазо диҳаду назди мардум ба саломам алейк гирад, ғам намехӯрам, зеро ман ҳам дар қатори одамонам, лекин ҳоло пеши кӣ забонкӯтоҳ шудаам?
– Майлаш, хез, дафъ шав, – сухани ӯро бурид Гаврила.
Капитон рӯяшро гардонду оҳиста дур шуд.
Дар соатҳои мушкил ҳам вай ҳазлу мазоҳро тарк намекард. Хоҷа- гидор дар саҳни хона қадам мезад.
– Акнун Татянаро даъват кунед, – бо нимовоз гуфт ӯ.
Баъди андаке Татяна хомӯш даромада дар остона истод.
– Чӣ мефармоед, Гаврила Андреич, – пурсид вай оҳиста. Хоҷагидор бодиққат ба ӯ нигарист.
– Майлаш, – гуфт вай, – Таняҷон, шавҳар кардан мехоҳед? Хӯҷаин бароят домод пайдо кардааст.
– Гӯш мекунам, Гаврила Андреич, хӯҷаин киро домод интихоб кар- даанд? – беҷуръатона пурсид вай.
– Кафшдӯз Капитонро.
– Розиям.
– Беандеша будани кафшдӯз маълум аст. Аз ин ваҷҳ хӯҷаин ба шумо бовар дорад.
– Розиям.
– Лекин як мушкилӣ ҳаст. Охир, Герасими гунг ошиқи шайдоят аст. Ин хирсро чӣ гуна мубтало кардӣ? Оқибат ин хирс туро мекушад.
– Мекушад, Гаврила Андреич, бемуҳобот мекушад.
– Мекушад?… Инро мо мебинем, чӣ хел мекуштааст, магар ӯ барои туро куштан ҳақ дорад, як фикр кун?
– Намедонам, Гаврила Андреич, ҳақ дорад ё не.
– Аҷиб, шояд ту ба вай ваъда додаӣ?
– Мебахшед, чӣ хел ваъда?
Хоҷагидор ба андеша фурӯ рафт.
– Дар ҳимояи худ ин қадар ноуҳдабароӣ, майлаш ту бирав, Таняҷон, боз гапзанон хоҳем кард, бинем, ки ту дар ҳақиқат итоаткорӣ?! Татяна номаълум ба болодарӣ қафо баргашт.
Мумкин хӯҷаин пагоҳ нағмаю сури тӯйро фаромӯш кунад, – фикр кард хоҷагидор, ман бошам беҳуда ғам хӯрда гаштаам. Ин гарданшахро бошад мебандем, зӯр ояд, ба дасти политсия месупо- рем…
– Устиния Фёдоровна, – бо овози баланд занашро ҷеғ зад, – ҷонакам, як чой монед.
Татяна ҳамон рӯз аз хо- наи ҷомашӯйӣ берун на- баромад. Аввал ӯ гирист, баъд ашкашро пок карда, чун одат аз пайи кор шуд. Капитон то бевақтии шаб дар устохона бо як ра- фиқаш, ки чеҳраи ғамгин дошт, монда ба вай қисса мекард, ки дар Петербург дар ҳавлии як ашрофзода чи хел мезисту соҳибаш чӣ инсони шарифе буд, ба тартибу низом таваҷҷӯҳ дошт, вале як камбудии ҷиддӣ дошт, маст ки мешуд, ба ҷинси латиф рағбаташ зиёд мегашт. Ошнои рӯҳафтодааш танҳо офаринаш мегуфт. Аммо вақте Капитон хабар дод, ки ӯ пагоҳ бо як сабабе худро қатл хоҳад кард, рафиқаш пай бурд, ки дигар вақти хоб шудааст. Онҳо ноилоҷ ва хомӯш аз якдигар ҷудо шуданд.
Аслан тахмини хоҷагидор нодуруст баромад. Масъалаи тӯйи Капито- ну духтарак таваҷҷуҳи хӯҷаинро сахт ба худ кашид, ки ҳатто вай шабона бо яке аз маҳрамони худ, ашрофзани қашшоқшудае, ки дар ҳавлӣ рӯз мегузаронд, танҳо дар ҳамин бора сӯҳбат дошт. Ин ҳаммаслакаш дар хонадони ашрофзан танҳо ба хотири гузарондани шабҳои бехобӣ ни- гоҳ дошта мешуд ва мисли фойтунчии шабкор рӯзона дам мегирифт. Вақте Гаврила баъди наҳорӣ ба назди хӯҷаин барои арз даромад, са- воли нахустини ӯ чунин буд: тайёриҳои тӯй чӣ тавр? Ӯ, албатта, ҷавоб дод, ки тайёриҳо ба беҳтарин ваҷҳ аст ва Капитон имрӯз наздатон ба арзи хидмат мерасад. Вале саломатии хӯҷаин хуб набуд; дергоҳ ба кор машғул нашуд. Хоҷагидор ба манзили худ баргашта, коргаронро барои маслиҳат даъват кард. Ин кор, дар ҳақиқат, омодагии махсусро талаб дошт. Татяна, албатта, зиддият нишон намедод, лекин Капитон ба ҳама эълон кард, ки вай на ду-се ҷон, балки танҳо як ҷон дорад.
Герасим ба ҳозирон хашмгинона нигоҳ мекард ва аз остонаи хонаи духтарон дур намешуд. Ҳис карда буд, ки ҳодисаи нохуше ба амал ме- ояд. Гирдомадагон (дар миёни онҳо буфетчии пире низ буд бо лақаби амаки Дум ва аз ӯ ҳама маслиҳат мепурсиданду эҳтиромаш мекарданд, ҳарчанд ки аз вай танҳо як ҷавоб мешуниданд: ана чӣ тавр, ҳа, ҳа, ҳа) пеш аз ҳама барои эҳтиёт Капитонро дар хоначаи дастгоҳи полоиши об маҳкам карда, бо ҷиддият дар фикри чора шуданд.
Ба ҳар ҳол Герасимро бо зӯрӣ ором намудан кори осон буд, аммо Худо накарда, ҷанҷоле бархезаду хӯҷаин нороҳат шавад, он гоҳ ин фоҷиа аст. Чӣ бояд кард? Хеле фикр карда, оқибат ба як қарор омаданд.
Борҳо мушоҳида шуда буд, ки Герасим майхораҳоро чашми дидан надорад. Агар ӯ дар паси дарвозаи қади кӯча ягон масти калавандаи лапари кулоҳаш ба баногӯш афтодаро бинад, рӯяшро мегардонд. Ба Татяна фармуданд, ки худро ба мастӣ зада, аз назди Герасим калави- да-калавида гузарад. Духтараки бечора аввал ба ин пешниҳод розӣ нашуд, лекин ӯро маҷбур карданд, беш аз ин худаш ҳам эҳсос кард, ки аз парастандааш бидуни ин кор раҳо намешавад. Ӯ рафт. Капитон- ро аз хонача берун карданд, ба ҳар ҳол ҳама моҷаро ба ӯ дахл дошт. Герасим дар курсии таги дарвоза нишаста белро ба замин мехалонд. Аз ҳар кунҷу канор, аз паси пардаҳои тиреза ӯро мушоҳида доштанд.
Ин ҳила натиҷаи аъло дод. Ӯ Татянаро дида, чун ҳамеша, аз рӯйи одаташ овози пурмеҳри гунгона баровард ва каллаашро ҷунбонд. Баъд хуб нигоҳ карду белро аз дасташ афтонда аз ҷой хесту назди вай омад, рӯяшро ба рӯйи ӯ хеле наздик бурд. Духтарак аз тарс бештар калавид ва чашмонашро пӯшид.
Герасим дасти ӯро қапида гирдогирди ҳавлӣ давонду ҳамроҳи Татяна ба хонае дохил шуд, ки он ҷо машварат мекарданд. Духтарро рост сӯйи Капитон тела дод, Татяна шах шуд. Герасим каме истоду ба духтар нигоҳ кард, баъд даст афшонду бо заҳрханд баромада бо қадамҳои сангин ба кулбааш ворид шуд. Як шабонарӯзи тамом аз он ҷо берун нашуд. Сипас, фойтунчӣ Антипка ҳикоят кард, ки ӯ аз сурохии дар чӣ гуна рӯйи кат дасташро ба манаҳаш гузошта хомӯш нишастани Герасимро дидааст. Ӯ гоҳо бо садои орому гунгона суруд мехонд, боизтироб чашмонашро пӯшида каллаашро меҷунбонд, мисли бурлакҳову[1] фойтунчиҳо та- ронаи ғамангезашро каш дода месароид. Антипка ба ваҳм афтода аз назди дар дур шудааст. Рӯзи дигар ҳангоме ки Герасим аз хоначаи худ баромад, гӯё дар симои вай дигаргуние ҳис намешуд. Ӯ танҳо каме зиёдтар туршрӯй метофт. Ба Татянаву Капитон, умуман, эътибор наме- дод. Он бегоҳӣ онҳо якҷоя, қозҳо таги каш, назди ашрофзан рафтанд ва баъди як ҳафта зану шавҳар шуданд. Рӯзи тӯй Герасим рафторашро дигар накард, танҳо аз дарё беоб бозгашт ва дар роҳ бушкаро шикаст. Шабона дар саисхона ӯ бо изтироб аспашро шуста қашав (қарчағун) мекарду асп аз зӯри бозуи оҳанини вай мисли бед, ки аз шамол хаму рост мешавад, калавида аз як пой ба пойи дигараш бор меандохт.
Тамоми ин ҳаводис дар фасли баҳор рух дод. Боз як сол сипарӣ шуду дар миён Капитон тамоман радди маърака шуд ва ӯро ба ҳайси одами корношоям ҳамроҳи занаш бо корвони аробаҳо ба деҳаи дуре фиристоданд. Дар рӯзи видоъ ӯ худро сипоҳ гирифта, таъкид мекард, ки ӯро ба кадом тарафе равон накунанд, беҳуда нахоҳад буд, аммо якбора ҳавсалааш гирифту ба танқид шурӯъ кард, ки ӯро пеши ода- мони бесавод мефиристанд ва дар ниҳоят чунон аз худ рафт, ки дигар тавони пӯшидани кулоҳашро аз даст дод. Марди хайрхоҳе кулоҳашро пӯшонда, лапарашро рост кард ва аз болояш бо меҳр бо дасташ зад. Ҳангоме ки васоили сафар омода шуд, аробакаш ҳам лаҷоми аспро ба даст гирифт. Акнун ҳама мунтазири шунидани дуои «дар паноҳи Худо» буданд, ки Герасим аз хоначааш баромада рост назди Татяна омад ва рӯймоли чити сурхро, ки як сол пештар барои вай харида буд, чун ёдгор туҳфа кард. Татяна, ки то ин лаҳза ба гардишҳои ҳаёташ бо сабр рафтор мекард, таҳаммулро аз даст дода, гиря кард ва ҳангоми ба ароба нишастан бо Герасим аз рӯйи расму ойини насронӣ се маротиба бӯсобӯс карданд.
Герасим вайро то дарвозаи шаҳр гуселондан хоста, аввал аз канори аробаи вай қадам зад, баъд назди гузаргоҳи Қрим нохост бозистода даст афшонду аз канори дарё ҷониби ҳавлӣ равон шуд.
Бегоҳӣ буд ва Герасим оҳиста-оҳиста қадам мемонду аз оби наҳр чашм намеканд. Нохост мушоҳида кард, ки чизе дар торикӣ, дар ка- нори дарё меҷунбад. Ӯ хам шуда сагчаи алоеро дид, ки ҳар қадар та- лош кунад ҳам аз об баромада наметавонист, пайкари лоғару тараш меларзид. Герасим ба сагчаи бечора хуб нигоҳ карду баъд онро бо як даст бардошта ба бағал андохт ва бардам-бардам қадам зада ҷониби хоначааш рафт. Ба хона даромада, дарҳол сагчаи наҷотёфтаро рӯйи кат хобонда, болояшро бо ҷомаи сангини худ пӯшонд. Сипас, аввал барои коҳ ба саисхона рафт, баъд аз ошхона дар табақча шир овард. Оҳиста ҷомаро як тараф намуда, коҳро паҳн карду ширро болои кат монд. Сагчаи бадбахт ҳамагӣ серӯза буд ва рахи чашмонаш тоза боз мешуд, ҳатто яке аз дигараш каме калонтар метофт, вай ҳанӯз аз табақ- ча шир хӯрда наметавонист ва ларзон чашмонашро зуд-зуд кушода боз мепӯшид. Герасим бо ду ангушташ аз гарданаш дошта, фукашро ба табақча расонд. Сагча нохост ларзону нафасгардон ва ҳаросон ба ширхӯрӣ шурӯъ кард. Герасим хеле зеҳн монду якбора чунон хандид, ки… Вай тамоми шаб бо сагча банд шуд, гоҳ мехобонд, гоҳ навозиш мекард ва ниҳоят дар паҳлӯяш орому осуда хобаш бурд. Ҳеч модаре фарзандашро мисле ки Герасим парвардаашро парасторӣ мекард, нигоҳубин карда наметавонист. Сагча модина буд. Рӯзҳои аввал бе- мадору наҳиф ва безеб буд, лекин тадриҷан гӯшт мегирифт ва баъди ҳашт моҳ бар асари нигоҳубини наҷотбахши худ ба як сагчаи зебои испонии гӯшдароз ва мешчашми зебо табдил шуд. Вай ба Герасим сахт дил баст ва акнун лаҳзае аз бараш дур намерафт, балки мудом аз паси ӯ дум ҷунбонда мегашт. Герасим ба сагча ном гузошт. Гунгҳо медонанд, ки садоҳои гунгонаи онҳо таваҷҷуҳи дигаронро ба худ мекашад, аз ин рӯ вайро Муму номид. Тамоми сокинони ҳавлӣ сагчаро Муму ном бурда, дӯст доштанд. Сагча ғалатӣ ва боақл буд. Ба ҳама унс гирифта, бозӣ мекард, аммо танҳо Герасимро дӯст медошт. Худи Герасим низ сагчаро бисёр дӯст медошт, вақте онро дигарон навозиш мекарданд, безобита мешуд, метарсид ё рашк дошт, Худо медонад.
Саг саҳариҳо аз шалвори Герасим кашида, аз хоб бедораш мекард ва аспи пири обкаширо, ки бо вай хеле дӯстона мезист, аз лаҷомаш газида пеши соҳибаш меовард ва бо ғурур барои об овардан ҳамроҳи вай ба лаби дарё мерафт, ҷорӯбу белашро посбонӣ мекард, нафареро ба хоначаи соҳибаш наздик омадан намемонд. Герасим барои сагча аз дари худ сӯрохе боз кард ва сагча ҳам гӯё медонист, ки танҳо вай дар кулбаи Герасим соҳибхона аст ва ҳамин ки ба кулбача ворид шуд, хушҳолона болои кат ҷаста мебаромад. Шабона вай тамоман наме- хобид, лекин мисли сагҳои аҳмақи безоти хонабон, ки рӯйи ду пой ба қафо нишаста, чашмонро пӯшидаву фукро ба осмон бардошта гоҳо беҳуда аз зиқӣ меҷаканд ва гоҳо ба сӯйи ситораҳо ва ҳар бор пайи ҳам се маротиба набуд! Садои нозуки Муму ҳеч гоҳ беҳуда баланд намешуд, агар одами бегонае ба ҳавлӣ наздик ояд ё аз ягон ҷо шӯру мағал ё дигар садое барояд, овоз мебаровард.
Оре, ба ғайр аз Муму дар ҳавлӣ саги пири маллае низ буд, ки холҳои сиёҳ дошт ва номаш Гургак буд. Ӯро ҳатто шабҳо аз занҷир раҳо на- мекарданд ва худаш ҳам гӯё фаҳмида дар пирӣ ба озодӣ баромаданро намехост, дар лонаи худ ҳалқа зада мехобид ва гоҳ-гоҳе овози хиррии паст мебаровард ва беҳуда будани овозашро худаш ҳис карда, ҳамон лаҳза хомӯш мешуд. Муму ҳеч гоҳ ба хонаи хӯҷаин намедаромад, вақ- те ки Герасим ба он ҷо ҳезум мебурд, доим дар таги дар меистод ва гӯшҳояшро сих карда каллаи худро ба рост ва бо садои андаке якбора ба чап тофта, мунтазири баргаштани соҳибаш мешуд.
Ҳамин тавр, аз миён як сол гузашт. Герасим вазифаи дарбонии худро давом дода, аз тақдири худ розӣ буд.
Аммо яке ҳодисаи ғайричашмдоште рух дод. Дар як рӯзи хуши то- бистон ашрофзан бо маҳрамонаш сайругашт мекард. Вай хурсанд буду ҳазлу шӯхӣ дошт, маҳрамонаш ҳам дунболи димоғчоқии вай буданд, аммо онҳо ҳеч сабаби шодии хӯҷаинро намефаҳмиданд. Дар ин ҳав- лӣ хурсандии бойзанро хуш надоштанд, зеро вай, пеш аз ҳама тақозо мекард, ки дигарон чун вай хурсанд бошанд, агар ногоҳ дар симои нафаре андуҳро бинад, дар ғазаб мешуду хушҳолияш якбора қатъ ва чеҳрааш туршу манфур мегардид. Ҳамон рӯз вай ба чи далеле аз хоб хушҳол бедор шуд, дар қартаи ӯ чор валет баромад, ки ин гӯё таҷассуми орзуҳояш буд. Ӯ ҳар пагоҳӣ фол медид. Чой низ ба мазоқаш расид, ки ба ивазаш хидматгорро таъриф карду даҳ тин мукофот дод. Дар лабони парсингбастааш табассум пайдо буд, ӯ аз меҳмонхона раҳравон назди тиреза омад. Дар паси тиреза боғча ҷойгир буду дар миёнаи гулҳо, зери буттаи сурх Муму хоби- да, башавқ устухонеро мехоид. Яке нигоҳи ашрофзан ба саг афтод.
– Худоё, – якбора фарёд кашид вай, – ин чӣ сагест?
Яке аз хидматгоро- наш, ки хӯҷаин ӯро пурсид, бесаранҷом шуда, ба таҳлука афтод. Хидматгорон мақсади хӯҷаини худро дарк накарда, ба чунин вазъ афтодаанд.
– Н..н..а намедо- нам,- ғур-ғур кард вай, – шояд саги Герасим бошад.
– Худоё, – гапи хи- дматгорашро бурид ашрофзан, охир, вай саги бисёр аҷоиб. Кай овардааст ин сагро? Чӣ тавр ман ӯро то имрӯз надидаам? Фармоед, биёранд.
Хидматгор ҳамон дам аз пайи фармон шуд:
– Ҳой, кӣ ҳаст? Мумуро даррав ин ҷо биёред, вай дар боғча.
– Номи саг Муму? – пурсид ашрофзан, – номи бисёр ғалатӣ.
– Бале, дуруст, – тасдиқ кард хидматгор, – зудтар биёр Степан. Степан марди қоқина, ки хидматгор буд, барои дастгир карда овардани Муму ҷониби боғча давид. Лекин Муму ҳушёрӣ карда аз зери дасти ӯ халос ёфту думашро ликонда бо тамоми қувваташ ба тарафи Герасим гурехт. Ин дам Герасим дар ошхона бушкаро метаконд, ки дар панҷаи ӯ мисли нақорачаи кӯдакон гирд мегашт. Степан аз қафои саг давида, хост ӯро аз зери пойи соҳибаш дорад, аммо саги доноро дастгир кардан ба одами ношинос мушкил буд. Саг меҷасту фирор мекард. Герасим ба ин ҳангома бо изтеҳзо нигоҳ мекард. Ночор Степан бо алам қоматашро рост карда шитобкорона бо имову ишорат ба Герасим фаҳмонд, ки ашрофзан сагатро дидан мехоҳад. Герасим чанде мутаҳайир монда, Мумуро нидо кард, сипас онро аз замин бардошта ба дасти Степан супурд. Степан сагро ба меҳмонхона оварда болои фарши нарм монд. Ашрофзан сагро бо меҳр ҷониби худ имо кард. Муму, ки то ҳол боре ҳам чунин ҷойи бодабдабаро надида буд, тарсида ба тарафи дар гу- рехт, аммо Степани омодаи хидмат сагро қафо гардонд. Саг ваҳмида ба девор часпид.
– Муму, Муму, биё пеши ман, назди хӯҷаин биё, – мегуфт ашрофзан, – биё содаяк, натарс.
– Бирав, бирав, Муму, назди хӯҷаин бирав, – сухани бойзанро қувват доданд ҳамроҳонаш.
Аммо Муму ғамгинона ба атроф нигоҳ мекарду аз ҷояш намеҷунбид.
– Барои ӯ хӯрок биёред, афзуд ашрофзан, чӣ хел саги нодон, пеши хӯҷаин намеояд, аз чӣ метарсида бошад?
– Вай ҳоло одат накардааст, – бо садои рамида ва нарму маҳин гуфт яке аз ҳамроҳонаш. Степан косачаи шир оварда назди Муму монд, аммо саг ширро ҳатто набӯид ва нигоҳи ҳаросонашро аз атроф на- меканд.
– Эҳ, ту чӣ хел нодонӣ, – гуфта ашрофзан ба саг наздик шуду ӯро навозиш кардан хост, аммо Муму нохост каллаашро гардонда, дан- донҳояшро гиз кард. Ашрофзан якбора дасташро пас кашид. Як дам хомӯшӣ рӯй дод. Муму гӯё бо шикояту узр минг-минги заифе кард. Ашрофзан дуртар рафта қошу қавоқ андохт. Рафтори ғайричашмдошти саг ӯро тарсонд.
– Оҳ, нидо сар доданд ҳама якбора, хайрият, ки шуморо нагазид, Худо нигоҳ дорад, (Муму дар умраш касеро нагазида буд), хайрияте, хайрият.
– Сагро аз ин ҷо дафъ кунед, – хашмгинона фармон дод бойзан. – Саги бадзот, чӣ гуна бадхашм будааст.
– Ашрофзан рӯяшро гардонда оҳиста ҷониби утоқи кор рафт. Назди- конаш ба ҳамдигар нигоҳ карда, ғайриихтиёр аз паси ӯ равон шуданд. Аммо хӯҷаин боз истоду ҷониби онҳо сард нигариста ғур-ғур кард: – Чаро аз қафои ман меоед? Охир шуморо даъват накардаам, – ва рафт.
– Наздиконаш бо ҳасрат ҷониби Степан даст афшонданд, ӯ Мумуро гирифту рост ҷониби дар рафта, пеши пойи Герасим партофт. Пас аз ним соат дар хона хомӯшии ҳавлангез рух дод ва бойзани фартут бо- лои роҳаткурсӣ бо чеҳраи тиратар аз абри тӯфонӣ менишаст. Аҷабо, баъзан чизҳои тамоман беарзиш димоғи касро месӯзонад!
Ашрофзан то бегоҳ табъи хира дошту бо касе ҳамгап нашуд, қартабо- зӣ низ накард ва шабро дилгир гузаронд. Гумон кард, ки на он атреро, ки маъмулан барояш медоданд, ин бор овардаанд ва аз болишташ бӯйи собун меояд.
Вай хизматгорро маҷбур кард, ки ҳамаи ҷилди болиштҳоро яксара бибӯяд, зеро бисёр ба ташвишу таҳлука афтода буд. Пагоҳии дигар амр кард, ки Гавриларо як соат пеш аз вақти ҳаррӯза даъват кунанд.
– Марҳамат карда бигӯ, – ба сухан оғоз кард ашрофзан, вақте ки Гав- рила дар остонаи дар бо ҳаросу бим пайдо шуд, – имшаб дар ҳавлии мо кадом саг ин қадар нӯла кашид? Маро хоб кардан намонд!
– Саг… чӣ гуна… шояд саги гунг бошад, – бо нобоварӣ изҳор кард ӯ.
– Намедонам, аз гунг аст ё каси дигар, ки хоби маро ҳаром кард. Ман ҳайронам, ки ин хел саги дайду ба кӣ лозим! Гап зан. Охир, мо саги дарбон дорем-ку?
– Оре ҳаст, Гургак.
– Хайр, саги дигар чӣ лозим? Ба ҷуз бетартибӣ фоидаи дигар нест. Ин ҳавлӣ соҳиб надорад, ана гап дар куҷост. Ба гунг саг чӣ лозим? Кӣ ба ӯ иҷозат дод, ки дар ҳавлии ман саг нигоҳ дорад? Дирӯз ман назди тиреза рафта бинам, саг кадом як ифлосиро ба боғча кашида оварда- асту хоида истодааст, ман он ҷо садбарг шинондаам…
Ашрофзан каме хомӯш монд.
- Аз ҳамин рӯз эътиборан дигар ин ҷо набошад… мешунавӣ?
- Хуб шудааст.
- Худи ҳамин рӯз. Акнун бирав, барои гузориш баъд даъват мекунам.
Гаврила берун шуд. Вай дар меҳмонхона ба хотири тартибот ҷойи зангӯларо иваз карда ноаён бинии мурғобимонандашро афшонда ба пешайвон баромад. Дар пешайвон рӯйи нимкат Степан монанди сарбози кушташудаи тасвири манзараи набард пойҳои урёнашро аз зери ҷомае, ки ба ҷойи кӯрпа истифода мешуд, бароварда мехобид.
Хоҷагидор вайро кашола карда нимшунаво кадом як фармонеро ба ӯ таъкид кард, ки Степан бо хамёзаву лабханд ҷавоб дод. Баъди рафтани Гаврила, Степан аз ҷояш ҷаста, либосҳояшро пӯшиду берун баромад ва дар даромад- гоҳ истод. Панҷ дақиқа ҳам нагузашта буд, ки Ге- расим бо пуштораи ҳезум ҳамроҳи саги вафодораш Муму пайдо шуд. Ашроф- зан ҷойи хобу утоқашро дар тобистон низ гарм мекард. Герасим назди дар истода, бо китфаш онро кушод ва борашро ба хона даровард. Муму аз рӯйи савқи табиӣ дар берун соҳибашро мунта- зир шуд. Степан вақтро ғанимат шуморида, но- хост ба мисли бошае, ки ба чӯҷа дармеафтад, ху- дро болои саг партофта таги бағалаш кард ва ҳат- то кулоҳашро напӯшида рост ҷониби кӯча тохту ба нахустин фойтуни пешомада нишаста ба сагбозор рафт. Он ҷо ӯ даррав харидор ёфта, сагро ба ним сӯм фурӯхт ва шарт монд, ки вай сагро камаш як ҳафта баста монад, баъд зуд ба роҳаш баргашт. Лекин андак дуртар аз хона аз фойтун фаромад ва ҳавлиро даврзанон аз девори хамгашти қафо ҷаҳида, дохили ҳавлӣ шуд, чун бим дошт, ки аз дарвоза даромада нохост бо Герасим дучор мешавад.
Аммо ташвиши ӯ беҳуда буд, Герасим ҳоло дар ҳавлӣ набуд. Вай кайҳо аз хона берун шуда, Мумуро меҷуст. Герасим то имрӯз асло дар хотир надошт, ки боре Муму ӯро мунтазир нашуда бошад. Ба ҳар ҷониб тохта сагашро меҷуст, ба таври худ фарёд кашида, ӯро мехонд. Баъд ба кулбааш даромад, коҳдонро дид, ба кӯча давид ва чор тарафро ҷустуҷӯ кард. Муму гум шуда буд. Герасим аз роҳгузарҳо бо имову ишораҳои ғарибона дасташро аз замин каме боло бардошта, суроби Мумуро мекашиду суроғ мекард. Баъзеҳо намедонистанд, ки Муму куҷо гум шудааст ва каллаҷунбон афсӯс мехӯрданд. Нафарони дигар огоҳӣ доштанд ва ба пурсиши ӯ бо истеҳзо механдиданд, хоҷагидор ҳам симояшро ҷиддӣ гирифта ба хидматгорон амр медод. Ноилоҷ Герасим аз ҳавлӣ дур шуд.
Ҳангоми ба ҳавлӣ баргаштани вай, атроф торик буд. Аз нигоҳи хиҷилу қадамҳои ноустувор, либоси чиркинаш маълум мешуд, ки вай нисфи Маскавро кофтааст. Ӯ назди тирезаи ашрофзан истода, ба пешайвон, ки он ҷо беш аз ҳафт нафар хизматгорон гирд омада буданд, нигоҳ карду қафо гашта боз, – Муму – гуфта фарёд кашид.
Лекин аз Муму дарак набуд. Вай баромада рафт. Ҳама аз қафои ӯ нигоҳ мекарданд, аммо касе нахандид, гап ҳам назад. Вале Антипкаи ҳамадони фойтунчӣ, рӯзи дигар дар ошхона ҳикоят кард, ки гунг та- моми шаб оҳи бадард кашид.
Рӯзи дигар Герасим тамоман намудор нашуд. Аз ин рӯ саис Потап маҷбур шуд, ки ба ҷойи вай об кашонад ва аз ин вазъ хеле норозӣ буд. Ашрофзан аз Гаврила пурсид, ки оё амри вай иҷро шуд. Гаврила ҷавоб дод, ки иҷро шуд. Саҳари дигар Герасим аз хоначааш баромада машғули кор шуд ва танҳо нисфирӯзӣ барои хӯрокхӯрӣ омад, баъд бо нафаре салому алейк накарда баромада рафт. Симои ӯ, ки мисли ҳамаи гунгҳо карахту бетафовут аст, акнун тамоман берӯҳ менамуд.
Баъди наҳорӣ ӯ боз аз ҳавлӣ берун шуд, лекин даррав баргашт ва ба маҳалли ғарами коҳ рафт.
Шаби моҳтобӣ буд. Герасим нафасгир шуда, аз паҳлӯ ба паҳлӯи дигар мегашт, нохост пай бурд, ки гӯё касе аз доманаш мекашад, баданаш ларзида бошад ҳам, каллаашро набардошт ва чашмонашро пӯшид, вале боз ӯро аз доманаш сахттар кашиданд ва Герасим аз ҷояш ҷаста хест. Назди ӯ дар гардан ресмони канда ҳамоил Муму беқарорӣ дошт. Аз қалби хомӯши Герасим нидои фараҳангезе берун шуд. Ӯ Мумуро бомеҳр ба оғӯш кашид, саг бинию чашму ришу мӯйлаби соҳибашро мелесид.
Герасим андешамандона аз миёнаи коҳ хеста, ба атроф чашм дӯхт, бовар ҳосил кард, ки касе ӯро намебинад, номаълум ба хоначааш да- ромад. Ӯ кайҳо эҳсос карда буд, ки саг худ ба худ гум нашудааст. Яқин вайро бо фармони ашрофзан ба ягон ҷой бурда партофтаанд.
Охир, одамон бо имою ишорат огоҳонда буданд, ки саг чӣ гуна ба хӯҷаин таҳдид кард ва ӯ оқибат илоҷашро ёфт. Герасим аввал сагро нон дода хуб сер карду баъд бомеҳр хобонд. Сипас, шаби дароз ан- деша кард, ки сагро чӣ гуна хубтар пинҳон кунад. Охир азм кард, ки Мумуро рӯзона дар хона нигоҳ дошта, ҳар вақт омада хабар гирад ва танҳо шабона ба берун барорад. Сӯрохи дарро, ки саг аз он бемалол мегузашт, бо ҷомаи кӯҳнааш маҳкам кард. Баъд, субҳ надамида, рӯйи ҳавлӣ пайдо шуд ва гӯё ҳеҷ ҳодисае рух надода бошад, ҳатто мисли пештар гирифтагии чеҳраашро ҳифз кард (Чӣ ҳилаи содалавҳонае!).
Гунги сода ҳатто ба гӯшаи хотир намеовард, ки саг бо нӯла худро фош мекунад. Андак пас сокинони ҳавлӣ хабардор шуданд, ки саги Герасим баргаштаасту дар кулбааш пинҳон аст. Гурӯҳе раҳми саг ва соҳибашро хӯрданд, гурӯҳи дигар аз бими Герасим сир бой намедоданд, ки аз асрори вай огоҳанд. Танҳо хоҷагидор паси гарданашро хори- да, даст афшонд, – хайр, паноҳаш ба Худо,- шояд ки хабар то хӯҷаин нарасад. Аммо гунг сертараддуд шуд ва ҳамон рӯз аз ҳама зиёдтар заҳмат кашид. Тамоми рӯйи ҳавлиро тоза рӯбучин карда, алафҳояшро канда партофт, дар боғча алафҳои бегонаро канда, сутунҳои деворро як-як бо даст санҷид ва панҷараҳои алоҳидаро мехкӯб кард. Умуман хеле боҳавсала кор кард, ки ҳатто ашрофзан мутаваҷҷеҳаш шуд. Тӯли рӯз Герасим ду маротиба «асир»-и худро хабар гирифт ва шабонгаҳ бо сагаш на дар миёнаи коҳ якҷо, балки болои кат хоб кард ва танҳо соатҳои дуи шаб берун, ба сайругашт баромад. Дар рӯйи ҳавлӣ хеле гаштугузор карда, акнун бозгаштанӣ буданд, ки нохост аз паси девори кӯча садои хишир-хишир баланд шуд. Муму гӯшҳояшро чӯр карда ғуррос зад, ҷониби девор тохта бӯ кашид ва якбора баланд аккос зад. Кадом масте шабона ҷойи хоб меҷустааст. Дар ҳамин соат, ашроф- занро баъди ҳаяҷони сахти дилу асаб акнун хоб мебурд. Аслан вай ҳар дафъа баъди хӯроки вазнини шом ба чунин ҳол гирифтор мешуд. Овози бемаҳали саг вайро бедор карду дилаш ба тапидан даромад ва ҷонсарак, «духтарҳо», «духтарҳо», – гуфта фарёд кашид.
– Духтарҳо!
Духтарҳо ҳаросон шуда, якбора ҷониби хонаи хоби ашрофзан тох- танд.
– Оҳ, мемурам, оҳ мемурам, – дастонашро паҳн карда афзуд вай. Боз ҳамон саг. – Вой, духтур даъват кунед. Онҳо маро куштанианд? Саг, боз ҳамон саг! Оҳ!
Вай гарданашро қафо андохт, ки гӯё беҳуш шуда бошад. Аз пайи ҷеғ задани табиби хонавода Харитон шитофтанд. Ҳама ҳунари ин табиб аз он иборат буд, ки кафши нармпошна пӯшида, хеле боназокат на- бзро месанҷид. Вай чордаҳ соат хобида боқии рӯз оҳи сабук кашида ашрофзанро пайваста бо қатраҳои шарбати дарахти ғору олуча таъ- мин мекард. Духтур ба зудӣ пари мурғро дуд доду ашрофзан чашми худро кушод.
Табиб ҳамоно дар лаъличаи нуқрагӣ қадаҳи доруи дилхоҳашро овард. Вай доруро нӯшиду бо ашки чашм дар бораи саг, Гаврила ва қисмати талхи худ бо шикоят гуфт, ки ҳама кампири бечораро ба ҳоли худ гузошта, раҳмашро намехӯранду танҳо маргашро мехоҳанд. Ин дам Мумуи бадбахт ба ҷакидан давом медоду Герасим наметавонист сагашро аз назди девор ба сӯйи худ бихонад.
– Ана, Ана,.. боз – нолиш кард ашрофзан ва рӯяшро ба дигар тараф гардонд. Духтур ба духтарак имо карду вай ҷониби даҳлез шитофта, Степанро бедор кард. Степан барои бедор кардани Гаврила давид. Гаврила якбора асабӣ шуда, ҳамаи бошандагони ҳавлиро ба шӯр овард. Герасим ба қафо назар афканда, лапиши чароғҳо ва дар паси тиреза суроби одамонро пай бурда, пешомади бадеро ҳис карду Мумуро зери
бағал карда ба хоначааш рафту дарро аз дохил баст.
Баъди чанд лаҳза панҷ нафар дарашро кӯфтанд, аммо занҷири маҳками дар монеъ шуду бозистоданд. Гаврила бо хашму ғазаб дар- расиду фармон дод, ки онҳо то пагоҳӣ ҳамин ҷо посбонӣ кунанд. Худ ба назди духтарон омада аз шарикаш Любов Любимовна, ки дар дуз- дии чою шакар ва ширавориҳои дигар ҳамроҳӣ дошт, хоҳиш кард ба ашрофзан бирасонад, ки аз куҷое саг боз пайдо шудааст, аммо ҳат- ман пагоҳ нест хоҳад шуд. Бигузор хӯҷаин хотирҷамъ бошад. Лекин ашрофзан ҳеч орому осуда шуда наметавонист, танҳо ларзиши дасти духтури саросема сабаб шуд, ки ба ҷойи 12 қатра 40 қатра шарбати таскинбахш ба қадаҳи ашрофзан чаконду ӯро ором кард. Баъди чанд соат бойзанро хоби сахт бурд. Вале Герасим ҳамоно беҳису озурда мехобид ва ҳар замон даҳони Мумуро сахт медошт. Пагоҳӣ ашрофзан дертар бедор шуд.
Гаврила мунтазири аз хоб хестани ашрофзан буд, то фармони ҳуҷуми қатъӣ ба хоначаи Герасимро бидиҳад ва худаш низ барои таҳаммули сели таънаю мазаммат омода буд. Аммо ҷанҷол нашуд. Ашрофзан аз ҷойгаҳаш истода, роҳбари маҳрамонашро даъват кард.
– Любов Любимовна, – бо садои пасту оҳиста садо кард ӯ. Ба бойзан бисёр вақт худро ҳақиру бечора вонамуд кардан писанд буд. Ҳоҷати гуфтан ҳам нест, чеҳраи маломатзадаи ашрофзан барои одамони ҳавлӣ низ нороҳаткунанда буд.
– Любов Любимовна, бинед, ман ба чӣ ҳол афтодаам, азизам, назди Гаврила Андреич рафта ба вай фаҳмонед; наход ки илоҷи як сагчаро наёбанд, охир осоиши ман чӣ мешавад? Оё роҳи дигар нест, боварам намеояд, – бо ҳаяҷони ботинӣ афзуд вай, – дӯстам, тезтар назди Гав- рила Андреич бирав.
Любов Любимовна ба хонаи Гаврила рафт ва онҳо дар кадом мавзӯъ сӯҳбат доштанд, маълум нашуд, лекин баъди андаке гурӯҳи одамони зиёд ҷониби хоначаи Герасим раҳсипор шуданд. Пешгом Гаврила буд, шамол набошад ҳам, кулоҳашро ба даст зер карда тез қадам мезад, аз паси вай хидматгорону ошпазҳо қадам мемонданд, амаки Дум аз тиреза нигариста амр медод ва ҳар гуна ишораҳо мекард. Охирон кӯдакон, ки нисфашон бачаҳои ношинос буданд, бо ҳазлу шӯхӣ даву пар доштанд. Дар поғундаи нимае, ки ба хоначаи Герасим мерасид, посбон меистод, назди дари кулба низ ду посбони калтакдори дигар меистоданд. Онҳо дар як тарафи зинапоя ҷойгир шуданду Гаврила ба дар наздик омада онро сахт кӯбиду дод зад: Дарро кушо!
Дар ҷавоб аккоси хастаи саг шунида шуду халос.
– Кушо мегӯям! – такрор кард ӯ.
– Гаврила Андреич, – афзуд аз поён Степан, – охир вай кар аст, на- мешунавад. Ҳама хандиданд.
– Чӣ бояд кард? – пурсид аз боло Гаврила.
– Дари ӯ сӯрох дорад, – гуфт Степан, – шумо аз он ҷо чӯбро даро- варда ҷунбонед. Гаврила хам шуда нигоҳ кард.
– Акнун ҷомаро ба дарун тела диҳед.
Ин дам боз овози гирифтаи саг баромад.
– Дидӣ, дидӣ, худаш ба гап даромад, – тӯда нидо карда хандиданд. Гаврила пушти гӯш хорид.
– Не, додар, – ноилоҷ гуфт ӯ, – агар хоҳӣ, ҷомаро худат дарун тела деҳ. – Ҳеч гап не, марҳамат.
Степан даррав боло баромаду чӯбро ба даст гирифта, ҷомаи куҳна- ро ба дарун тела дода, «баро, баро» мегуфт. Ӯ боз чӯбро мехалонд, ки нохост дари хона якбора кушода шуду ҳамаи одамон бесаранҷом шуда аз поғундаҳо худро ба поён андохтанд. Пеш аз ҳама Гаврила. Амаки Дум тирезаро пӯшид.
-Хайр, хайр мебинем, – дод зад Гаврила аз ҳавлӣ, – ҳушёр бош, ки… Герасими таҳамтан дар остона меистод. Издиҳом дар поён гирд омада буд. Герасим дасташро сабук ба миёнаш монда, аз боло ба он одамакҳои либоси олмонипӯш нигоҳ мекард. Ӯ дар либоси сурхи деҳқо- ниаш дар назди онҳо ба сурати паҳлавони азимҷусса менамуд. Гаврила қадаме пеш гузошт.
- Нигоҳ кун, бародар, – нидо кард вай, – бо ман ҳазл накун. Ва ӯ бо имою ишора ба Герасим фаҳмонд, ки хӯҷаин қатъиян сагро талаб дорад, – илтиҷо дорам, худи ҳоло онро бидеҳ, набошад рӯзат сиёҳ мешавад.
Герасим ба ӯ нигоҳ карда, сагро нишон доду баъд бо дасташ гулӯяшро дошта имое кард, ки гӯё ҳалқаи ресмонро мекашида бошад ва саво- ломез ҷониби хоҷагидор назар кард.
- Оре, оре, бо каллаҷунбонӣ тасдиқ кард Гаврила. Герасим ба замин чашм дӯхта, баъд якбора ба ҳаяҷон омаду боз ба Муму ишора кард, ки вай ҳанӯз ҳам пеши пойи ӯ ноумедона дум ҷунбонда гӯшҳояшро чур мекард. Герасим боз гарданашро дошта, таҳдор ба сандуқи дилаш кӯфт, гӯё фаҳмонд, ки худаш Мумуро нест хоҳад кард.
- Не, ту дурӯғ мегӯйӣ, – даст афшонд Гаврила.
Герасим ба вай бо истеҳзо назар карда, хандид ва боз ба кундаи синааш кӯфта дарро пӯшид.
Ҳозирон хомӯш ба якдигар нигоҳ карданд.
- Ин чӣ нағма аст, – гуфт Гаврила, – ӯ боз дарро пӯшида рафт.
- Ӯро ба ҳоли худаш монед, – Гаврила Андреич, – пич-пич кард Сте- пан, – вай ки ваъда дод, ҳатман иҷро мекунад. Ӯ ҳамин хел одам. Ваъда дод-ку. Вай дар аҳду паймон мисли мо нест, ин ҳақиқат аст.
- Дуруст, – сар ҷунбонда тасдиқ карданд ҳозирон, – гапи ҳақ. Амаки Дум ҳам тирезаро кушода, – ҳамин хел, – гуфт.
- Майлаш, мебинем, – розӣ шуд Гаврила, – вале ба ҳар ҳол нозир истад.
- Ҳой, Ерошка, – ба яке аз хидматгорони лоғар, ки вазифаи боғбо- ниро низ ба зимма гирифта буду камзули зард дар тан дошт, муроҷиат кард. – Ту чӣ кор дорӣ, калтакро гиру ҳамин ҷо шин, мабодо ягон воқеа
рух диҳад, даррав давида пеши ман биё.
Ерошка бо чӯбдастааш дар пояи охири пойғунда нишаст. Анбӯҳи одамон ба ғайр аз бачаҳои шӯх пароканда шуданд. Гаврила баъди ба хонааш баргаштан аз Любов Любимовна хоҳиш кард, ки ба хӯҷаин хабари иҷрои амрашро расонад, сипас аз рӯйи эҳтиёт фойтунчиро барои пулис равон кард.
Ашрофзан гӯшаи рӯймолчаашро гиреҳ баста, ба атр тар карда, бӯй кашида, ба чакаҳояш молид, сипас чой нӯшид ва чун ҳанӯз зери таъ- сири дору буд, боз хобаш бурд.
Баъд аз як соати изтиробу ташвиш ногоҳ дари хоначаи Герасим ку- шода шуду худаш намудор гардид. Вай камзӯли идона дар тан дошту сари гарданбанди Мумуро ба даст гирифта буд. Ерошка нимхез шуда ба онҳо роҳ дод. Герасим ҷониби дарвоза қадам зад. Кӯдакону дигар сокинони ҳавлӣ ӯро бо нигоҳи хомӯш гусел карданд. Вай ҳатто боре ба қафо нигоҳ накард ва кулоҳашро низ дар кӯча пӯшид. Гаврила боз ҳам Ерошкаро ба ҳайси назоратчӣ аз қафои вай равон кард. Ерошка аз дур мушоҳида кард, ки Герасим ҳамроҳи сагаш ба ошхонае даро- маданд ва мунтазири баромадани онҳо шуд. Дар ошхона Герасимро мешинохтанд ва имову ишораташро мефаҳмиданд. Вай шӯрбо фармуда баъд ба оринҷҳо рӯйи миз такякунон ором нишаст. Муму дар паҳлӯяш оромона ба соҳибаш нигоҳ дошт. Мӯйи баданаш медурахшид, маълум, ки ба наздикӣ шона задаанд.
Барои Герасим шӯрбо оварданд. Вай нону гӯштро реза карда, та- бақчаро рӯйи фарш монд. Муму бо рафтори боодобонаи доимияш ба хӯрокхӯрӣ шурӯъ кард, фукаш саҳле ба табақча мерасид. Герасим маъюсона ба саг нигоҳ карду ду қатраи вазнини ашк аз дидааш чакид, қатрае ба пешонии сагу дигаре ба даруни шӯрбо. Ӯ рӯяшро бо дасто- наш панаҳ кард. Муму нисфи шӯрбои табақчаро хӯрд ва лабонашро лесида дуртар рафта нишаст. Герасим аз ҷояш хеста пули шӯрборо дод. Пешхизмат бо нигоҳи ҳайрату тааҷҷуб ӯро гуселонд. Ерошка Герасимро дида, худро пинҳон кард ва ба маҳзи гузаштани онҳо пайгириашро давом дод.
Герасим хеле ором қадам мезад ва Мумуро аз банд раҳо намекард. Дар саргаҳи кӯча якбора бозистоду андешамандона роҳашро дигар кард ва ҷониби гузаргоҳи дарё қадам зад. Дар роҳ ба ҳавлие даромад, ки он ҷо кори сохтмон доштанд ва ду хиштро зери бағал карда берун шуд. Сипас аз гузаргоҳи дарё ҷониби соҳил фаромада, ба ҷое омад, ки ду заврақро бо белҳояш баста мондаанд (ин заврақҳоро пештар таги чашм карда буд) ва ҳамроҳи Муму ба яке аз заврақҳо нишаст. Пира- марде лангон-лангон аз пас берун шуда фарёд кард, лекин Герасим калла ҷунбонда зуд-зуд бел заду агарчи хилофи маҷро мерафт, дар як дам беш аз сад метр дур шуд. Пирамард каме истоду тахтапушташро бо дасти чап ва росташ хорида, боз лангон-лангон баргашт.
Герасим ҳай бел мезаду бел мезад. Маскав низ паси сар монд. Аз соҳил марғзорону заминҳои кишт ва саҳроҳои беканор, хонаҳо баръало метофтанд. Бӯйи деҳа ба машомаш мерасид. Вай белҳоро як сӯ монда сарашро ҷониби Муму, ки дар пешаш рӯйи тахтаи хушк менишаст, хам кард. Таги заврақ пури об шуда буд. Дастони пурзӯрашро ба тахтапушти саг ниҳода, карахту беҳис менишаст. Ин дам мавҷҳо заврақро қафо тела медоданд. Ниҳоят Герасим қоматашро рост кард, бошитоб ва чеҳраи тира аз навъе хашми дарднок саросема хиштҳои овардаашро ба ре- смон баста, нӯгашро ҳалқа карду ба гардани саг андохт, онро баланд бардошта бори вопасин нигоҳаш кард. Саг бо эътимод, бе биму ҳарос ба соҳибаш нигариста мулоим думашро ҷунбонд. Герасим рӯяшро бар- гардонда, чашмонашро сахт пӯшиду дастонашро боз кард… Ӯ дигар ҳеч чизро намешунид, на нӯлаи бадарди Мумуи ба дарё сарозер рафтаю на мавҷи обро; барои вай рӯзи аз ҳама пурғавғо сокиту бесадо буд, он гуна, ки хамӯштарин шаб барои мо бесадо нест. Даме, ки Герасим чашмонашро боз кард, мисли пештар мавҷҳои тез гӯё ба таъқиби якдигар рӯйи дарё шитоб доштанд ва мисли пештар ба танаи заврақ сар мезаданд ва танҳо дар дурдасти наздики соҳил амвоҷи бузург бо ҳалқаҳои васеъ паҳн мешуданд.
Ерошка ҳамин ки Герасимро аз мадди назараш гум кард, даррав ба ҳавлӣ баргашта он чиро ки дида буд, гуфт.
– Ҳо, бале – таъкид кард Степан, – вай сагро ғарқ мекунад. Акнун хотирҷамъ гаштан мумкин аст. Ӯ ваъда дод-ку?
Тамоми рӯз Герасимро дигар касе надид. Вай дар хона хӯрок нахӯрд. Дар хӯроки шом низ ҷояш холӣ монд.
– Ин Герасим инсони аҷибе будааст, – фиш-фиш кард табақшӯйи ғафс, – магар барои саг одам ҳамин қадар сарсон мешудааст!… Ба ростӣ!
– Герасим ҳамин ҷо буд, – нохост фарёд кард Степан, ки бо қошуқ ба сӯйи худ шавла мекашид.
– Чӣ тавр? Кай?
– Ҳамин ду соат пештар. Ана ҳамин хел. Ману вай назди дарвоза рӯ ба рӯ шудем, ӯ аз ҳавлӣ баромада мерафт. Ман дар бораи тақдири саг пурсиданӣ шудам, вале димоғаш сӯхтаву ғамгин буд. Вай ҳатто маро тела дода аз роҳаш дур андохт, яъне ба ман кордор нашав.
– Падарсаг, ғули биёбонӣ чунон афшонд, ки рагҳои баданам беҷо шуданд, воҳ, воҳ. – Степан ғайричашмдошт пӯзханда карда, пушти сарашро молид. – Ҳа, дастонаш кироӣ, ҷойи гап не.
Ҳозирон ба ҳоли Степан хандиданд ва пас аз анҷоми хӯрокхӯрӣ пароканда шуданд.
Ин дам дар шоҳроҳи Т.марди қавипайкаре халта дар пушт ва асои дарозе дар мушт бошасту шитоб қадам мезад. Вай Герасим буд. Ӯ ба қа- фояш нигоҳ накарда, ҷониби кулбааш, ба деҳа, ба зодгоҳаш шитоб дошт. Мумуи бечораро ғарқ карда, ба хоначааш омаду зуд баъзе чизҳояшро ҷамъ кард, бӯғча басту ба пушташ партофта рафт. Роҳро вай барвақт, ҳангоми ба Маскав оварданаш, хуб дар ёдаш гирифта буд. Деҳае, ки ашрофзан аз он ҷо вайро овардааст, аз роҳи калон ҳамагӣ бисту панҷ чақрим дарунтар ҷойгир мебошад. Ӯ аз ин роҳ бо шуҷоати бешикаст, матонату бовар ва азми қавию як навъ шодмонӣ қадам мезад.
Ӯ роҳ мепаймуд; қафаси синааш васеъ боз мешуд ва дидагонаш бо иштиёқу матонат ба пеш дӯхта мешуданд. Вай шитоб дошт, гӯё ки мо- дари пираш дар зодгоҳ роҳи ӯро мепояд ва пас аз сарсонию саёҳати тӯлонӣ дар мулки бегона аз ҳалқаи одамони ношинос ӯро ба сӯйи худ хондааст.
Тоза шаби сокиту гарми тобистон фаро расида, аз як канори уфуқ, он ҷо ки Хуршед ғуруб карда, гӯшаи осмон ҳанӯз сапедӣ дошт ва аз охирин дурахши рӯзи рафта аранге арғувонӣ буд, – аз канори дигар ҳам акнун ранги тира медамид. Шаб аз он ҷо меомад. Садҳо бедона бонг мезаданд, мурғони дигар бо онҳо ҷӯр мешуданд… Герасим овози ҳеҷ кадоми онҳоро намешунид, ҳамчунин хиш-хиши дилангези шабонаи дарахтонро, ки пойҳои нерӯмандаш ӯро аз канорашон гузар медод, намешунид, вале бӯйи шиноси ҷави расидаро, ки бар даштҳои тира мавҷ мезад, эҳсос мекард; боде, ки аз диёраш ба истиқболи ӯ ба парвоз меомад, дӯстона бар рухсори ӯ даст мекашид, бо ришу мӯйҳояш бозӣ мекард; дар пеши рӯйи худ роҳи сапеди барроқро – роҳи хонаро, роҳи чун тир ростро дид; дар осмон ситорагони бешуморро дид, ки роҳи ӯро рӯшан мекунанд ва чун шер неруманду қавидил пеш мерафт, он гуна, ки чун офтоби толеъ бо анвори сурхи обдоре, ки тоза аз пайкари ҷавонаш медамиданд, дунёро рушан кард, байни Маскав ва Герасим сиву панҷ чақрим фосила афтода буд.
Баъд аз ду рӯз вай дигар дар хонаи худаш буд, ки ин ташрифи ӯ ба- рои зани сарбози дар кулбааш ҷойгирифта сахт шигифтангез буд. Вай аввал ба тимсоли Исои Масеҳ таъзим намуда, баъд назди калонтари деҳа рафт. Калонтар нахуст мушаввашхотир шуд, аммо ба хотири он ки мавсими дарав оғоз шуда буд, зуд ба дасти Герасим чун заҳматкаши намуна дос доданд ва ӯ рафт ба дарав, то чун пешин он гуна бидара- вад, ки мардон аз доскашӣ ва тали баланди даравидаҳои ӯ ҳангу манг шаванд.
Дар Маскав рӯзи дигар баъди фирори Герасим дар ҷустуҷӯйи ӯ шу- данд. Ба хоначааш даромада ҳама ҷоро зерурӯ карданд ва сипас ба Гаврила иттилоъ доданд. Хоҷагидор омада диду бо ҳайрат китф дарҳам кашид, андешид, ки Герасим ё фирор кардааст ё ҳамроҳи саги ношу- даш худро низ ғарқ кардааст. Ба пӯлис ва ашрофзан маълумот доданд. Ашрофзан сахт хашмин шуда гиря кард ва фармон дод, ки бо ҳар роҳе бошад, Герасимро пайдо кунанд. Вай изҳор кард, ки ҳеч фармони нобу- дии сагро надодааст ва дар ниҳоят Гавриларо чунон сарзаниш кард, ки вай тамоми рӯз каллаашро ҷунбонда, хайр, хайр мегуфт. То вақте ки амаки Дум, «хайр»-гӯён масхарааш накард, ором нагирифт. Аз деҳаи Герасим хабар расид, ки вай он ҷо будааст. Ашрофзан андак ором шуда, аввал фармон дод, ки ҳатман Герасимро баргардонда ба Маскав фири- станд. Лекин пасон фаҳмонд, ки ба вай ин гуна шахси носипос даркор нест. Чанде баъд худи ашрофзан аз дунё гузашт. Вале ворисонаш зуд Герасимро фаромӯш карданд ва хидматгорони боқимондаро низ ба баҳонаи андоз озод карданд.
Герасим акнун дар хоначаи худаш танҳо зиндагӣ мекард ва монанди пештара бақуввату баҳодур буда, кори чаҳор нафарро ба анҷом мера- сонаду ҳанӯз таҳамтану сарбаланд аст. Лекин ҳамсояҳо пай бурданд, ки баъди аз Маскав бозгаштанаш ӯ дигар ба занҳо тамоман аҳамият надода, ҳатто ба онҳо нигоҳ намекунад, саг ҳам намегирад. Бигузор – мегуфтанд мардҳо, – ин саодати вай аст, ки пойбанди занҳо нест. Саг ба ӯ чӣ лозим? Охир ба ҳавлии ӯ дуздро бо гарданбанд ҳам кашида бурда намешавад! Ана ҳамин гуна овозаҳост дар бораи нерӯи паҳлавони лол.
[1] Бурлак – мардикороне, ки дар бандар киштихои пурборро бо расан ба сохил мекашанд.
Муаллиф: Нависандаи Рус –Иван Сергеевич Тургенев