Ғайр аз дастуру тартиботи
иҷтимоӣ ба психология ва
рафтори одамон муноси-
бати байниҳамдигарии онҳо таъсири калон мерасонад. Ин
муносибатҳо хело мураккабу гуногун буда, ба намудҳои
зерин ҷудо мешаванд: шахсӣ ва корӣ, расмӣ ва ғайрирас-
мӣ, баробар ва нобаробар, ратсионалӣ (оқилона) ва эмот-
сионалӣ.
Муносибати шахсӣ гуфта муносибатеро меноманд,
ки байни одамон новобаста аз фаъолият ва ӯҳдадориҳои
бар дӯш доштаи онҳо ба вуҷуд меояд. Муносибатҳои шах-
сӣ таваҷҷӯҳи дутарафа ё якҷониба, ҳисси нафрату
бадбинӣ, ҳурмату эҳтиром, беҳурматӣ, дилбастагӣ ё бего-
нагӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Ин гуна муносибатҳо
байни ҳамагуна одамони бо ҳам шинос ба вуҷуд омада
метавонанд.
Муносибатҳои корӣ байни одамон вобаста ба ва-
зифаҳои ба дӯш доштаи онҳо ба вуқӯъ мепайванданд. Дар
ҷараёни муносибатҳои корӣ, ҳангоми иҷрои ин ё он кори
муайян, одамон байни ҳамдигар на ҳамчун шахсият, бал-
ки ҳамчун шахсони масъулиятнок ва ӯҳдадории муайяни
корию касбиро ба дӯш дошта баромад мекунанд. Миёни
одамони дар муносибати байниҳамдигарии шахсӣ қарор
дошта, мавҷуд будани муносибатҳои корӣ ҳатмӣ нест ва
баръакс, барои шахсони бо якдигар муносибатҳои корӣ
оғознамуда, ба муносибатҳои байниҳамдигарии кории
муайян муттаҳид гаштан, низ ҳатмӣ нест.
Муносибатҳои расмӣ – ин муносибатҳои «қонунӣ»,
яъне бо ягон ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, қонунҳо, қарорҳо, низомно-
маҳо, дастурҳо, фармонҳо ва ғ. ба расмият дароварда
шудааст. Муносибати ғайрирасмӣ – ин муносибате мебо-
шад, ки асоси ҳуқуқӣ надорад, яъне бо ягон хел ҳуҷҷати
ҳуқуқӣ танзим намегардад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳам
муносибатҳои шахсӣ ва ҳам муносибатҳои кории одамон,
ҳамчун муносибатҳои расмӣ ё ғайрирасмии байни онҳо
шуда метавонанд. Масалан, муносибатҳои шахсии байни
зану шавҳар, ки бо ҳуҷҷатҳои расмии идораи қайди ни-
коҳи шаҳрвандон қонунӣ гардонида шудаанд, муноси-
батҳои расмии байниҳамдигарии онҳо ба ҳисоб мераванд.
Муносибатҳои зану шавҳарии шахсоне, ки аз қайди идо-
раи ақди никоҳ нагузаштаанд, муноситбатҳои байниҳам-
дигарии ғайрирасмӣ ҳисоб мешаванд. Агар одамон дар
муносибатҳои кории байниҳамдигариашон дар асоси
фармон ё қароре бо дарназардошти мақоми онҳо дар ро-
бита шаванд, он гоҳ муносибати байниҳамдигарии онҳо
муносибати кории расмӣ ва дар сурати коргари ягон
намуд ташкилот набуданашон, муносибати байниҳам-
дигарии онҳо ғайрирасмӣ номида мешавад.
Муносибатҳои кории баробарӣ дар байни одамоне
ба амал меоянд, ки дар ҷараёни фаъолияташон тобеъ ё
вобастаи якдигар нестанд. Масалан, муносибати бай-
ниҳамдигарии коргарони қатории корхона ё муносибати
байниҳамдигарии донишҷӯён. Онҳо дар ҷараёни фаъоли-
яти якҷоя ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд ё ба ҳамдигар
пайравӣ менамоянд. Муносибати кории нобаробарӣ – ин
муносибатҳои байниҳамдигарии одамоне мебошад, ки
мақоми гуногун дошта, дар тобеияти якдигар қарор до-
ранд. Масалан, муносибати байниҳамдигарии роҳбари
корхона бо ҷонишини ӯ.
Муносибати ратсионалӣ (оқилона) – ин муносибати
дурандешона ва эҳтиёткоронаи одамон мебошад. Дар ин
ҷо ҳар як фаъолият фикр карда шуда, мақсади муайян ва
тарзи расидан ба он муайян карда мешавад. Муносибати
эмотсионалӣ ба ҳиссиёт такя менамояд. Онҳо одатан пе-
шакӣ фикр карда нашудаанд ва мақсади муаяйн надоранд
ва аз нуқтаи назари имкониятҳо ба гурӯҳҳои фоидаовар ё
зараровар ҷудо карда намешаванд.
Дар муносибатҳои байнишахсӣ муносибатҳои ни-
зоӣ ё низоъӣ бо гуногунамудии хосашон мақоми муайян
доранд. Одамон дар ҷараёни ин гуна муносибатҳо тоқати
ба ҳамдигар наздик шудан, ҳамкорӣ ва зиндагӣ кардан
надоранд, аз ҳамдигар дурӣ меҷӯянд ва эҳсоси бадбинӣ
мекунанд. Дар ҳолати якҷоя кор ва муошират намудан,
байни ин гуна шахсон нофаҳмиҳои мушкилҳал ба миён
меоянд ва онҳо рафта-рафта мураккабтар шудан меги-
ранд.
Муносибатҳои низоӣ ё низоъиро аз муносибатҳои
ихтилофӣ фарқ кардан лозим аст. Дар муносибатҳои
ихтилофӣ одамон аз ҳамдигар дурӣ намеҷӯянд, муноси-
батҳои шахсии худро намекананд, балки кӯшиш менамо-
янд, ки бо ягон роҳу восита нофаҳмиҳои ба миён омадаро
ҳаллу фасл намуда, вазъиятро мураккаб нагардонанд.
Нофаҳмӣ ва низоъҳои байниҳамдигарии одамонро
бо мавҷуд будани сабабҳои зиёди объективию субъективӣ
пурра бартараф кардан ғайриимкон аст. Сабабҳои объек-
тивии нофаҳмӣ ва низоъҳо вазъиятҳое шуда метавонанд,
ки дар онҳо одамон барои ба даст овардани мақсадҳо ба
ҳамдигар монеъ мешаванд. Дар бисёр маврид кӯшиши
нафаре, ки барои ба даст овардани мақсаде равона гар-
дидааст, ғайриихтиёр ба хоҳишу талаботи муқобили
нафари дигар монеа шуда метавонад. Масалан, агар аз ду
нафари дар як ҳуҷра қарор дошта, яке хоҳиши истироҳати
бофароғат кардан дошта бошаду дигаре хоҳиши дилхушӣ
намудан, хоҳу нохоҳ амали барои ба мақсадрасӣ равона
кардаи онҳо боиси ба миён омадани низои байниҳам-
дигарӣ мешавад.
Сабабҳои низоъ байни одамон объективӣ ва субъ-
ективӣ мешаванд. Сабабҳои объективии низоъҳо на аз
одамон, балки аз вазъият вобаста буда, сабабҳои субъек-
тивии низоъҳо бошад, ба худи одамон вобаста аст. Са-
бабҳои субъективии низоъҳо фарқияти арзишҳо,
мақсадҳо, талаботҳо ва хусусиятҳои характери одамон
шуда метавонанд, яъне фарқияти хусусиятҳои психологии
инфиродии одамон, ки боиси номувофиқии онҳо мегар-
дад. Номувофиқии психологии дар муқоиса бо дигар
омилҳои низоангез, худ ба худ хело кам боиси ба миён
омадани низоъҳо мегардад. Шумораи зиёди ҳодисаҳое
маълум аст, ки дар онҳо одамони аз нигоҳи психологӣ
номувофиқ, бо ҳам на танҳо ҳамкорию ҳамдигарфаҳмӣ,
балки дӯстию бародарӣ менамоянд. Маълум аст, ки дар
олам ду нафари аз ҷиҳати психологӣ ба ҳамдигар монанд
вуҷуд надорад. Пас маълум мешавад, ки номувофиқии
психологии байни одамон сабаби асосии бавуҷудоии ни-
зоъ шуда наметавонад. Сабаби асосии субъективии ни-
зоъҳо, муносибати ношоиста ва носозии шахсии байни
одамон мебошад.
Ба саволи, чаро ду нафари дар ҳолати низоӣ қарор
дошта низоъ мекунанду бо ҳамдигар муносибати бад ме-
намоянд, на ҳама вақт ҷавоби аниқ, якмаъно ва дуруст
додан мумкин аст. Агар ба шахсони дар ҳолати низоӣ
қарор дошта чунин савол дода шавад, пас аз каме андеша
кардан онҳо ба таври худ ҷавоб мегӯянд. Мушоҳидаҳо
нишон медиҳанд, ки дар бисёр маврид ин ҷавобҳо на са-
баби ба миён омадани низоъ, балки натиҷаи онҳоро дар
бар мегиранд. Масалан, агар аз якеи онҳо пурсанд, ки ба-
рои чӣ нисбати шахси дуюм ҳисси бадбинӣ дорад, дар би-
сёр ҳолат ӯ ҷавоб медиҳад, ки зеро шахси дигар худаш
нисбати ӯ ҳисси бадбинӣ дорад.
Ин тарзи иқроршавӣ ва муайяннамоии сабабҳои асо-
сии низоъ дучанд ғайриқаноатбахш аст. аввалан, муноси-
бати бади яке аз одамон ҳеҷ вақт ба низоъ оварда намера-
сонад, чунки низоъ фақат метавонад дар ҳолати бадбинии
дутарафа ба вуҷуд ояд. Дуюм, дар чунин ҳолат ба саволи
асосии «чаро яке ба дигаре ҳисси бадбинӣ дорад?», ҷавоб
дода нашудааст. Шахсони дар ҳолати низоъ қарор дошта,
ба омилҳои асосии низоовар хело кам сарфаҳм мераванд
ва сабабҳои асосии пайдоиши низоро таҳлил карда наме-
тавонанд. Ин бошад, яке аз сабабҳои асосии мавҷудият ва
мушкилҳалли бисёр низоъҳои байнишахсӣ ба ҳисоб мера-
вад.
Психологҳо дар ҷараёни омӯхтани муноситбатҳои
байниҳамдигарии одамон, на танҳо ба муносибати низоии
онҳо, балки ба муносибати хело наздик, аз ҷумла ба муно-
сибати комилан мусоиди меҳру муҳаббатоомез ва ё ин ки
маҳрамонаи одамон низ аҳамият медиҳанд. Натиҷаи му-
шоҳидаҳо гувоҳи онанд, ки шахсони дар муносибатҳои
маҳрамона қарор дошта, бо ҳамдигар хело наздик ва ба-
рои якдигар дастрас мебошанд. Муносибатҳои низоӣ ва
муносибатҳои маҳрамонаи одамон ду қутби ба ҳам
муқобили мусбӣ ва манфии муносибатҳои инсониро ни-
шон медиҳад. Дар байни ин ду қутб муносибатҳои бай-
ниҳамдигарии дигаре маҳфузанд, ки дар онҳо назар ба
муносибатҳои зикршуда, ҳиссиёти одамон на он қадар ай-
ён инъикос ёфтааст. Ингуна муносибат ё рафторҳои ода-
мон мутаноситбан диққати муттахасисонро хело кам ҷалб
намудааст.
Мухтасаран ба он муносибатҳое назар меандозем,
ки муносибатҳои дӯстона номида мешаванд. Чунин муно-
сибатҳоро дар заминаи сазовори боварии ҳамдигар
гаштан, ба якдигар содиқ будан, дар вазъиятҳои гуногун
ба якдигар дасти ёрӣ дароз кардан, дар мақсадрасиҳои
якдигар кӯмак намудан ва ғ. мушоҳида кардан мумкин
аст. Муносибатҳои дӯстонаро муносибатҳои расмӣ, ҳам-
корӣ ё оқилона номидан мумкин нест. Онҳо ҳамеша ғай-
рирасмӣ, шахсӣ ва эмотсиналӣ мешаванд. Чунин муноси-
батҳо бетамаъ ҳастанд, яъне шахсоне, ки байни якдигар
дӯстии ҳақиқӣ доранд, аз муносибатҳои байниҳамдигарӣ
ягон хел фойидаҷӯй намекунанд. Одамон дар чунин наму-
ди муносибат аз дидори ҳамдигар ва хурсанд намудани
якдигар қаноатманд мегарданд.
Дар муносибатҳои байниҳамдигарии дӯстона ҳам-
дигарфаҳмии самимона мавқеи асосиро ишғол менамояд.
Зеро шахсони бо ҳамдигар робитаи дӯстидошта ҳам-
дигарро қариб бе ибрози сухане ҳам фаҳмида метавонанд.
Барои ҳамдигарро дарк кардани онҳо дар аксар маврид як
нигоҳ ё нимовоз, ишора ё ҳаракати ночизе кифоя аст.
Дӯстон ҳамавақт якдигарро бо ҳама каму бешӣ,
ҳамон тавре ки ҳастанд, қабул мекунанд,. Онҳо ҳамчун
қоида кӯшиши якдигарро ислоҳ кардан надоранд ва агар
ягон амали дӯсташон писанди онҳо наояд, кӯшиш меку-
нанд онро тарзе фаҳмонанд, ки дӯсташонро наранҷад.
Дӯстони дерин ҳамдигарро то дараҷае хуб мешиносанд,
ки аксуламалҳои якдигарро бо аниқият пешгӯӣ карда ме-
тавонанд.
Меъёр ва қоидаҳое, ки одамон дар муносибатҳои
дӯстонаи худ дастур менамоянд – ин баробарҳуқуқӣ ва
эҳтироми якдигар, боварӣ ва ба ёрии якдигар тайёр будан
мебошад. Риоя накардани яке аз ин қоидаҳо боиси канда
шудани риштаи дӯстии онҳо шуда метавонад. Дӯстон дар
муносибатҳои байниҳамдигариашон кӯшиш мекунанд, ки
якдигарро наранҷонанд.
Муносибати дӯстона барои дуруст тараққӣ кардан
ва ҳамчун шахсият вуҷуд дошта тавонистани одам зарур
мебошад. Шахсони бо доираи дӯстон фаро гирифта
нашуда, дар ҷараёни ҳаёти худ мушкилиҳои зиёди психо-
логиро аз сар мегузаронанд. Ин ҳолат асосан ба давраи
кӯдакӣ хос аст. Ин давра(тақрибан аз 12-13 то 15-16 со-
лагӣ) даврае мебошад, ки дар он барқарор намудани ро-
битаҳои дӯстона дар ташаккулёбии дурусту мувофиқи
кӯдак нақши муҳим мебозад. Маҳз дар ҳамин давра
наврасон, ҷавонон ва духтарон ба бисёр масъалаҳои муш-
киле дучор меоянд, ки дуруст баррасӣ намудану ҳал-
намоии онҳо барои ташаккули муносиби психологии онҳо
зарур аст. Ин гуна масъалаҳо дар бисёр маврид маҳз бо
кӯмаки дӯстон ҳаллу фасл карда мешавад. Дар давраҳои
ояндаи синнусолӣ чунин зарурурият дигар эҳсос карда
намешавад. Вале агар инсон дар тӯли ҳаёти худ доираи
дӯстони худро васеъ гардонад ё ақаллан нигоҳ дорад, он
гоҳ барои бартараф кардани мушкилиҳои маънавию пси-
хологӣ ва моддию маишии пешоянда ҳеҷ гуна душворӣ
намекашад.
Масъалаи дигари ба муносибати байниҳамдигарии
одамон алоқаманд, ки диққати олимонро ба худ ҷалб кар-
дааст, эҳсоси танҳоӣ ба ҳисоб меравад. Натиҷаҳои дар
асоси пурсишҳои дар доираи бешумори одамон анҷом до-
дашудаи зерин гувоҳи оламшумул будани ин намуди му-
носибат мебошад. На бештар 1-2 %-и пурсидашудагон
иқрор шуданд, ки дар тӯли ҳаёти худ маротибае ҳам
танҳоиро ҳис накардаанд, ҳол он ки тақрибан 10-30 %-и
онҳо иқрор шуданд, ки дар тӯли ҳаёт чунин ҳиссиётро
ақаллан маротибае аз сар гузаронидаанд. Диққати олимо-
нро бештар заминаҳои ба миён омадани танҳоӣ ва оқи-
батҳои он, таъсири ҳиссиёти танҳоӣ ба психология ва
рафтори одамон ба худ ҷалб намудааст. Дар асоси
тадқиқотҳои мувофиқ натиҷаҳои зерин ба даст омаданд.
Танҳоӣ – чунин ҳолати психологиест, ки на ҳама
вақт оиди ба таври объективӣ худро танҳо ҳис кардани
одам шаҳодат медиҳад. Масалан, як шахс метавонад аз
таъсири одамони дигар ба пуррагӣ ҳифз карда шуда, бо
одамони гирду атроф дар робита набошад, вале бо вуҷуди
ҳамаи ин худро танҳо ҳис накунад. Шахси дигар бошад,
мунтазам дар доираи таваҷҷӯҳи атрофиён қарор дошта,
бо онҳо дар робита мебошад, вале бо вуҷуди ин худро
танҳо ҳис менамояд.
Муқаррар гардидааст, ки шахс худро фақат дар
мавриде танҳо (аз ҷиҳати психологӣ) ҳис менамоянд, ки
агар норасогӣ ва номукамалии муносибати шахсони ба-
рои ӯ азизу наздикро дарк намояд (на ҳамаро, балки шах-
сони барои ӯ азизу наздикро). Инҳо шахсонеанд, ки ӯ ме-
хоҳад бо онҳо муошират дошта бошад.
Танҳоӣ – ин ҳолати вазнини психикии бо табъи
нохуш, ғаму андӯҳи зиёд ва депрессия пайгиришаванда
мебошад. Одамони танҳо одатан хело бадбахтанд, шахсо-
ни наздик – дӯст надоранд, алоқаҳои инсонии қаноат-
мандкунандаашон хело кам аст, робитаи онҳо бо муҳити
беруна маҳдуд ё умуман аз он маҳруманд. Ҳолати танҳоии
ҳақиқӣ дар сурати дуру дароз давом кардан, одатан боиси
вайроншавии психикӣ мегардад, ки дар шакли асабоният,
бехудӣ ва бегонагии бо ҳиссиёти негативии баръало
зоҳиршаванда мушоҳида мешавад. Воқеан, ҳолати танҳоӣ
ба ҳар шахс бо тарзҳои гуногун таъсир мерасонад: баъзе
одамони танҳо онро дар шакли ғамгинӣ, дуюмиҳо дар
шакли тарсу ваҳм ва сеюмиҳо дар шакли қаҳру ғазаб аз
сар мегузаронанд.
Номгӯи ҳолати эмотсионалии шахсони танҳо ҳам
ҳолатҳои мутаассиркунанда мебошанд. Ноумедӣ, ғам, бе-
тоқатӣ, бечорагӣ, тарс, ваҳм, дилтангӣ, руҳафтодагӣ,
зиққӣ, маъюсӣ, талхкомӣ, афсурдахотирӣ, аз даст додани
орзую умедҳо, эҳсоси ба касе лозим набудан, асабоният,
бепаноҳӣ ва ғ. рӯйхати нопурраи ҳолатҳои аз саргузаро-
нидаи одамони пурсидашуда вобаста ба таҳлили ҷавобҳои
онҳо мебошад.
Муддати вақте ки шахс худро танҳо эҳсос мекунад,
ба синну соли ӯ алоқаманд нест; ҳам кӯдак, ҳам шахси
миёнасол ва ҳам солхӯрда худро танҳо ҳис карда метаво-
нанд. Ин ҳолат аз хусусиятҳои инфиродии одамон низ
хело кам вобастагӣ дорад. Масалан, одамонро ба
гурӯҳҳои аз ҳолати танҳоӣ зиёд ё кам мутаассиршаванда
ҷудо кардан ғайриимкон аст. Одамони ҳолати танҳоиро
азсаргузаронанда метавонанд қобилиятнок ё ноқобил,
боҷуръат ё беҷуръат, яъне хусусиятҳои гуногун дошта
бошанд. Баъзан барои пайдоиш ва вусъатёбии ҳисси
танҳоӣ, мавҷудияти ифроти (аксентуатсия) характери
одам замина шуда метавонад. Агар гурӯҳбандии хусуси-
ятҳои ифротии К. Леонгардро ба инобат гирем, пас
маълум мешавад, ки шахсони дорои хусусиятҳои: дисти-
микӣ, изтиробнок ва пурваҷд бештар гирифтори чунин
ҳиссиёт мешаванд.
Ба мутаассиршавии одамони ҳолати танҳоиро аз
сар гузаронанда, муносибати воқеӣии онҳо бо одамони
атроф ва чӣ гунагии ин муносибатҳо як хел таъсир мера-
сонад. Одамони барои муошират талаботи зиёд дошта,
дар сурати бо ду ва ё се нафар муоширати мунтазам до-
штанашон ҳам, худро танҳо ҳис менамоянд; одамони ба
муошират талаботи кам дошта, дар сурати ақаллан бо як
нафар имконияти муоширати мунтазам доштанашон, худ-
ро танҳо ҳис намекунанд.
Танҳоӣ ба шахсият ва рафтори одамон таъсири
манфӣ мерасонад. Одами ҳолати танҳоиро азсаргузаро-
нанда худро ба мисли дигарон ҳис намекунад, ӯ худро
диққатҷалбкунанда, дилкаш, шавқовар, хушсурат
намеҳисобад, фикр мекунад, ки бо ӯ муошират намудан
шавқангез нест, бинобар ин аз одамон дурӣ меҷӯяд. Ба ӯ
чунин менамояд, ки ӯро ҳеҷ кас дӯст намедорад ва ҳурмат
намекунад. Бо чунин андешаҳо ӯ аз муошират намудан бо
одамон канораҷӯӣ мекунад.
Одамони ҳолати танҳоиро азсаргузаронанда назар
ба одамоне, ки ҳиссиёти танҳоӣ надоранд, ноумеду маъюс
менамоянд. Бо гузашти айём дар онҳо ҳиссиёти зиёди
раҳму шафқат ба шахсияти худ, худбинӣ ва худпарастӣ
пайдо мешавад. Дар чунин вазъият қарор дошта, онҳо аз
атрофиён фақат нохушӣ ва аз оянда ягон чизи бадро инти-
зор мешаванд. Дар бисёр маврид зиндагии худ ва дигаро-
нро бемаъно ҳисоб менамоянд. Камсухан, ором буда,
кӯшиш мекунанд, ки назарногир бошанд. Дар бисёр
маврид симояшон мондашуда ва хоболуд ба назар мера-
сад.
Ҳисси ҳолати танҳоӣ вобаста ба табиати психоло-
гии худ зуҳуроти ягона нест. Ҳисси ҳолати танҳоӣ дар
намудҳои гуногуни зерин падид меояд: кӯҳнашуда, вазъи-
ятӣ ва гузаранда. Ҳисси ҳолати танҳоии кӯҳнашуда – ин
ҳисси мунтазаму тағйирнаёбандаи танҳоиест, ки одамро
доимо фаро мегирад. Вай ҳангоме падид меояд, ки одам
дар муддати тӯлонӣ бо сабабе ба шахси наздики худ, ки бо
ӯ муошират кардан мехоҳад, робита барқарор карда
наметавонад ва фикр мекунад, ки ин амал барои ӯ дигар
муяссар намегардад. Ҳисси ҳолати танҳоии вазъиятӣ ҳо-
латест, ки одам онро фақат дар вазъиятҳои ҷудогонаи
махсус аз сар мегузаронад. Масалан, як гурӯҳ одамон худ-
ро фақат дар байни одамони бегона танҳо ҳис намуда, дар
байни одамони худӣ ин ҳиссиётро аз сар намегузаронанд.
Ҳисси ҳолати танҳоии гузаранда бошад, чунин ҳолати
танҳоиест, ки дар фосилаҳои муайяни вақт, дар ҳамон як
ҳолати монанд пайдо ва нобуд мешавад (баъзе вақт чунин
ҳолатро хуруҷи танҳоӣ ном мебаранд). Ҳисси ҳолатҳои
ҳам вазъиятӣ ва ҳам гузаранда, ҳамчун қоида, ба психика
ва рафтори инсон таъсири манфии муайян намерасонанд.
Ба тафовути байни муносибтҳои воқеӣ ва инти-
зории ба ҳисси ҳолати танҳоӣ хос буда, одамон ба таври
гуногун аҳамият медиҳанд. Ба ин нигоҳ накарда, дар
гурӯҳи калони одамон аксуламалҳои ҳисси ҳолати танҳоӣ
– ҳисси нотавонӣ ва тарсу ваҳм мушоҳида мешавад. Аксу-
ламалҳои фардии одамон нисбати азсаргузаронии ҳисси
ҳолати танҳоӣ дар шакли зерин сурат мегирад. Онҳое, ки
дар танҳо монданашон худашонро гунаҳгор медонанд,
бештар пуризтироб мешаванд. Онҳое, ки дар танҳо мон-
данашон атрофиёнро гунаҳгор медонанд, ҳиссиёти талхи
қаҳру ғазабро, ки боиси падид омадани ҳисси нафрат ва
бадбинии онҳо нисбат атрофиён мегардад, аз сар мегуза-
ронанд. Агар шахс дар танҳо монданаш бо боварӣ ху-
дашро гунаҳгор ҳисоб кунад, он гоҳ ӯро ҳиссиёти ғамгинӣ
фаро гирифта, бештар худро сазо мегӯяд. Агар шахс бо-
варӣ дошта бошад, ки барои танҳо монданаш дигарон гу-
наҳгоранд, пас ин гуна одамон зудранҷ шуда, аз худ
рафторҳои хушунатомез ё ин ки душманона зоҳир меку-
над.
Одамони ҳолати танҳоиро азсаргузаронанда дар
доираи муносибатҳои байнишахсиашон ба мушкилиҳои
барои онҳо хос дучор меоянд. Масалан, бисёре аз одамо-
ни танҳоӣ умр ба сар баранда ба одамони дар доираи
наздикону атрофиён умр ба сар баранда, бо як ҳисси
рашку ҳасад назар мекунанд, онҳо чунин одамонро дӯст
намедоранд. Ин гуна муносибати онҳо барои барқарор
намудани муносибати хуб бо муҳити онҳоро иҳотакарда
халал мерасонад. Ин гурӯҳи одамон зудранҷ буда, дар
ҳузури дигарон рафтори ношоиста мекунанд. Масалан,
вақте ки ба одам ва муносибати хуби ӯ бо муҳити атроф
ҳасад баранд, дар ҳузури дигарон ӯро дашном дода,
ранҷонида метавонанд. Бо чунин рафторашон дар аксар
маврид мехоҳанд нисбати атрофиён нописандии худро
намоиш диҳанд, ё кӯшиш менамоянд, ки ба атрофиён пи-
санд оянд. Дар аксар маврид кӯшиши дар назар оддии
барқарор намудани муносибати маҳрамона бо атрофиён-
ро кардан, барои онҳо мушкилиҳои сангинеро пеш меорад
ва боиси баланд шудани ҳисси изтиробнокии онҳо мегар-
дад.
Нисбат ба он савол ки чаро баъзе одамон худро
танҳо ҳис мекунанду баъзеи дигар не, як қатор ақидаҳо
баён шудаанд. Ба андешаи баъзе аз муҳаққиқон ҳисси ҳо-
лати танҳоӣ бо худбаҳодии шахс алоқаманд аст. Муво-
фиқи он худбаҳодиҳии паст барои падидоӣ ва вусъатёбии
ҳисси ҳолати танҳоӣ мусоидат менамояд. Дар навбати
худ, алоқаи мавҷудбуда байни ҳисси ҳолати танҳоӣ ва
худбаҳодиии паст бо ду тарз фаҳмида мешавад: аввалан,
худбаҳодии паст одамро нисбат ба худаш бегона мекунад
(ӯ ба худаш нафрат пайдо карда, нисбати худ эҳтиромаш-
ро гум мекунад), сониян, худбаҳодии паст бо системаи
тартибот ва тамоюлҳои рафтори одам таъсири манфӣ ра-
сонида, бо атрофиён муошират намудани онҳоро мушкил
мегардонад.
Тахминҳои дигар низ мавҷуданд, ки ҳисси ҳолати
танҳоиро ба омилҳои шахсиятӣ равона мекунанд. Яке аз
онҳо номувофиқии байни се намуди образҳои «Ман»-
одам: «Ман»-и замонавӣ (образе, ки одам дар айни замон
худро тассавур мекунад), «Ман»-и идеалӣ (образе, ки одам
худро ҳамон тавр дидан мехоҳад) ва «Ман»-и инъикос-
шуда (андешае, ки атрофиён дар бораи ӯ доранд).
Мувофиқи натиҷаи тадқиқотҳо тасдиқ гардидааст,
ки дар ҳис намудани ҳолати танҳоии одамон сабабҳои
субъективӣ назар ба сабабҳои объективӣ таъсири бештар
доранд. Масалан, маълум гардид, ки бисёре аз одамон ба-
рои дуруст арзёбӣ намудани муносибати атрофиён нисба-
ти онҳо, қодир нестанд, зеро худдарккунии онҳо бо дарк-
шавии худи онҳо аз ҷониби ҷомеа на он қадар мувофиқ
аст. Шахсоне ки нисбати худ баҳодиҳии паст доранд, аз
дигарон низ ҳаминро интизор мешаванд. Онҳо наме-
фаҳманд, ки одамони дигар онҳоро «назар ба он тавре ки
ҳастанд», чӣ гуна беҳтар қабул карда метавонанд, барои
ҳамин ҳам таърифу тавсифҳоро нисбат худ ҳамчун тамас-
хур ё дурӯягӣ қабул мекунанд. Одамони худбаҳодиҳии
паст дошта, дар муқоиса бо онҳое, ки нисбати худ
баҳодиҳии мувофиқ ва баланд доранд, ба пешниҳод ё рад
намудани робитаи шахсӣ бо онҳо хело бо эҳсос муносибат
мекунанд (дар бисёр ҳолатҳо шахсони танҳо кӯшиши ба
одамон наздикшавӣ мекунанд ва дар баробари ин, тарси
аз ҷониби атрофиён рад шудан онҳоро ором намегузорад).
Чунин одамон нисбати танқид хеле ҳассос ҳастанд ва би-
сёр вақт инро ҳамчун тасдиқи нокомилии худ қабул мена-
моянд. Ба ғайр аз ин, чуноне ки қайд гардид, ба таърифу
тавсифи самимӣ ё носамимӣ низ баҳои дуруст дода наме-
тавонанд.
Яке аз омилҳои ба падидоии ҳолати танҳоӣ мусои-
даткунанда – ин майли муоширати байнишахсиро надо-
штани одам, аз тарси ҷавоби рад гирифтан дар барқарор-
намоии муносибати барои ӯ арзишманд мебошад. Дар
натиҷаи пурзӯр шудани тарсу ваҳми эҳтимолияти аз ӯ руй
гардонидани атрофиён, ба шахси бекасукӯй, азсаргузаро-
нии ҳисси ҳолати танҳоӣ боз ҳам мушкилтар мегардад.
Дар натиҷа, ӯ худро бо доираи мустаҳкаме, ки пора кар-
дани он хеле мушкил аст, паноҳ мегирад: тарси аз ӯ рӯй-
гардонии атрофиён, барои наздикшавии ӯ ба одамон
монеа мешавад ва боиси вусъатёбии ҳисси ҳолати танҳоӣ
мегардад. Дар навбати худ, ин сабаби ташаккули мароми
мувофиқи рафтор дар шахси додашуда мегардад.
Дар бисёр маврид падидаи танҳоӣ ба сабабҳои ба
одам вобаста набуда зуҳур мекунад. Пас, аз ҳамзистии
тӯлонӣ пароканда шудани оила, аз даст додани шахсони
наздик, аз як мамлакат ба мамлакати дигар кӯчидан, ба
фарҳанг, урфу одати бегона, ки мутобиқшавӣ ба онҳо
хело мушкил аст, ворид шудан (аз рӯи дуруст надонистани
одамон, урфу одат, анъана ё забон ва ғ.) аз ҷумлаи са-
бабҳои ба одам вобаста набудаи падидоии ҳолати танҳоӣ
мебошад, ки бо мурури замон қисман бартараф карда ме-
шавад.