Яке аз соҳаҳои асосии ташаккул ва зуҳуроти хусуси-
ятҳои психикии шахс
муошират ба шумор мера-
вад. Муошират шарти муҳими иҷтимоишавии одам, тала-
боти ҳамешагию зарурии ӯст. Дар муносибатҳои гуно-
гунранги одам бо олам муносибати ӯ бо атрофиён ва
ҷомеа нисбатан муҳимтар дониста мешавад. Ин муноси-
батҳо дар раванди муошират амалӣ мегардад, ки дар
рафти он мубодилаи ахбор, танзими иҷтимоии фаъолияти
одамон сурат гирифта, муносибатҳои мувофиқи байни-
шахсӣ ташаккул меёбад.
Муошират – раванди мураккабу гуногунҷабҳаи
барқароркунӣ ва вусъатдиҳии робитаи байниҳамдигарии
одамон буда, дар асоси хоҳиши фаъолияти якҷоя намуда-
ни онҳо ба вуҷуд омадаасту мубодилаи афкор, ҳамкорӣ ва
дарки ҳамдигарро дар бар мегирад.
Чуноне ки Экзюпери менависад: «Одам гиреҳи роби-
таҳост». Муошират фаъолияти иҷтимоии одамро пару бол
мебахшад. Дар муоширати иҷтимоӣ инкишофи психикӣ
ва худифоданамоии фард сурат мегирад. Муоширати са-
марабахшу муфид бо малакаю маҳорат ва маданияти
муоширатнамоии ҳамсӯҳбатон алоқаи ногусастанӣ дорад.
Муошират бо одамон ин илм ва санъат аст, ин ҷо ҳам
истеъдоди табиӣ ва ҳам маълумот нақши муҳим мебозад.
Аз ин нуқтаи назар, ҳар нафаре, ки дар ҳаёт ва фаъолият
муваффақияту музаффарият ба даст овардан мехоҳад, бо-
яд нозукиҳои ин санъат ва ин илмро омӯзад.
Барои дарк кардани муошират сохти онро донистан
зарур аст. Сохти муоширатро ба воситаи се функсияи ба
ҳам алоқаманди он шарҳ медиҳанд: коммуникативӣ, ин-
терактивӣ ва персептивӣ.
Моҳияти функсияи коммуникативиро мубодилаи ах-
бор, ба ҳамдигар радду бадал намудани маълумот
(маҷмӯи тасаввурот, ақида, шавқу ҳавас, ҳолати рӯҳӣ, ҳис-
сиёт ва мақсадгузориҳои муошираткунандагон) ташкил
медиҳад. Функсияи интерактивии муоширатро ташкили
ҳамкории байниҳамдигарии муошираткунандагон дар
бар мегирад. Яъне, дар ҷараёни муошират на танҳо доду
гирифти донишҳо, ақидаҳо, балки доду гирифти амалҳо
низ ба вуҷуд меояд. Тарафи персептивӣ маънои идроки
байниҳамдигарии
муошираткунандагон ва ё худ ҳамдигарфаҳмиро до-
рад.
Идрок ё худ дарк кардани ҳамсӯҳбат дар асоси
муқоиса намудани худ бо ҳамсӯҳбат ба амал омада, бо се
ҷиҳат тавсиф дода мешавад: идентификатсия – дар асоси
хусусиятҳои худ дарк кардани ҳамсӯҳбат; эмпатия – қоби-
лияти дарки эмотсионалии ҳамсӯҳбат дар шакли ҳам-
дардӣ; рефлексия – дар оинаи дарки ҳамсӯҳбат чӣ тавр
инъикос шудани худро ифода мекунад.
Механизми дигари идроки байниҳамдигариро ат-
траксия меноманд. Як шакли маърифаткунии ҳамсӯҳбат
буда, дар заминаи ҳиссиётҳои мусбати пештар ташакку-
лёфта ба вуҷуд меояд. Дар ин замина ҳар қадаре, ки ниса-
бати мавқеи ҳамсӯҳбат назари мусбат дошта бошем,
ҳамон қадар имконияти дуруст дарк кардани ӯ пайдо ме-
шавад.
Механизми навбатии ҳамдигарфаҳмӣ атрибутсияи
каузалӣ мебошад, ки дар асоси он рафтор ва ҳиссиёти
шахси дигар шарҳу эзоҳ ва баҳо дода мешавад.
Дар радифи функсияҳои муошират мазмун, вазифа ва
воситаҳои онро низ фарқ мекунанд. Мазмуни муоширатро
додугирифти афкор, ахбор, дониш, маҳорат, малака,
таҷриба, ва ғайра ташкил медиҳад. Чунин усулҳои
таъсиррасонӣ ба ҳамсӯҳбат мавҷуданд: сирояткунӣ, мута-
асирнамоӣ, боваркунонӣ, талқин.
Сирояткунӣ – ин ба таври беихтиёр ба ҳолати муа-
йяни психикӣ гирифтор намудани одам мебошад. Мисол,
кафкӯбиҳои бардавоми мухлисон боиси масрурӣ ва фа-
раҳмандии рӯҳии сароянда мегардад.
Мутаасирнамоӣ – ин таъсиррасонии мақсадноки як
шахс ба шахси дигар мебошад. Дар ҷараёни он нотиқ та-
вассути таъсиррасониҳои ҳиссиётӣ ва иродавӣ дар шу-
навандаи худ ҳисси ҳамдардиро ба вуҷуд оварда, масъа-
ларо ба фоидаи худ ҳал менамояд. Тадқиқотҳо нишон до-
даанд, ки кӯдакон ва пиронсолон, шахсони организман
заифу хасташуда бештар ба ин ҳолат гирифтор мешаванд.
Ҳар қадаре, ки дараҷаи шуурнокии шахс баланд бошад, ӯ
ҳамон қадар камтар ба ин ҳолат гирифтор мегардад. Му-
таасиршавии одамон аз баландмартабагии шахсияти
таъсиррасон низ вобаста аст. Нотиқ ҳар қадаре, ки бузур-
гу варзида бошад, таъсирнокии сухани ӯ ҳамон қадар зиёд
аст.
Боваркунонӣ – бо ёрии асосноккуниҳои мантиқӣ ба
даст овардани ризоияти шунаванда доир ба ин ё он
масъала мебошад.
Талқин – ба воситаи далелҳои аз ҷониби аксарият
қабулшуда барои иҷрои амале ё коре равона кардани шу-
наванда мебошад. Вазифаҳои муошират инҳоянд:
- иттилоотӣ – робитавӣ (қабул ва интиқоли иттило-
от); - танзимӣ – робитавӣ (ташкили таъсири дутарафаи
одамон дар фаъолияти муштараки онҳо); - таъсир бахшидан ба соҳаи эмотсияҳои ҳамсӯҳбат;
худифодакунии ҳолати эмотсионалии одам.