Яке аз ибодатҳои муҳим ва боарзиш дар дини мубини Ислом дуо аст, ки ба воситаи он банда битавонад бо Парвардигори худ робитае барқарор намуда, шукронаи неъматҳои бешумори Ӯро ба ҷо биорад.
Рисолае, ки барои хонандагон пешниҳод мешавад, масъалаҳои муҳимро доир ба мафҳуми дуо, аҳаммияти дуо дар Қуръон, дуо дар суннати набавӣ, шартҳо ва одоби дуо ва дигар мавзӯъҳои марбут ба дуоро дар бар гирифтааст.
Рисолаи Муҳаммадфаррухи Абдуллоҳзода фарогири мавзӯъҳои хеле арзишманд буда, аз сарчашмаҳои мӯътабар истифода шудааст ва он метавонад ба хонандагон тасаввуроти хеле амиқу равшан бидиҳад. Хонандаи ин рисола метавонад ба масъалаҳои муҳимми дуо ошно шавад.
Имрӯз, ки бисёри хонандагон барои дастрас намудани маълумоти фарогир бо ҳуруфи сирилӣ, оид ба масалаҳои гуногуни дини мубини Ислом ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, ба чоп расидани чунин рисола хеле зарур ва мавриди ситоиш мебошад.
Бинобар ин, чопи рисолаи мазкур ба фоидаи хонандаи азиз шуда метавонад.