Ибодатҳо, умуман, дар худсози, худшиноси ва эҳёи маънавии ин-
сон василаи муассире мебошанд. Масалан, руза ин танҳо як навъи гу-
руснанишини нест, балки ибодатест, ки рӯх,и маънавиёт бар он соя аф-
кандааст. Шахси рузадор ба монанди намозгузор дар ҳолати ибодат
аст, бо ин тафовут, ки дар ин ибодат сухан гуфтан, ҳаракат кардан ва
пешбурди корҳои зиндаги ҷоиз мебошад. Пас шахси рузадор бояд
рафтору гуфтор ва аъмоли худро дар зиндаги ба тавре анҷом диҳад,
ки ба мохияти ибодат созгор бошанд ва он ибодат мафхуми вокеии
худро пайдо намояд.
Руза бояд бештар бо зикру тиловат ва аъмоли нек ҳамроҳ бошад,
зеро некиҳо ва амалҳои хуби инсон дар ин моҳ арзиши бештаре дар
пешгохи Худованд пайдо мекунанд. Вакте руза сохиби худро дар ҷо-
даи некиҳо карор дод, нишонаи худсози ва таъсири руза дар рӯҳи ӯ
ошкор мегардад. Аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки: «Паёмбар (с)
ӯ бибор мекарб, беиппар мегашт. Ҷабра (ъ) бар моҳи Ралаон ҳар
Ш1«1б ба бибори ӯ меомаб ва Куръонро бю ӯ мубораса мекарб. Расу ли Хубо
(с), вакпе Ҷабра ба бибори ӯ меомаб, аз б٠о^1и вазон ҳам баспгбахайр-
пар буд».
Пас агар руза ба таври зинда, яъне бо рӯҳи имон ва бар пояи тақ-
во ба ҷой оварда шавад, дар ҷавҳари шахсияти рузадор ниҳоли сабру
бурдбори, устувори ва эҳсоси ҳузури Худовандро мекорад.
Рузаи мохи Рамазон дар ботини инсон пойгохи пуркуввате барои
арзишҳои волои инсони ба вуҷуд меоварад. Бинобар ин, шахси руза-
дор бояд аз шабҳои мохи Рамазон низ хуб истифода намояд ва онҳоро
бо зикру ибодат, тиловати Куръон, омузиши илм ва бо дуъо зинда до-
рад, то он нуре, ки рузона бо доштани руза дар замири ӯ фурузон гар-
дидааст, бо хобу хури бисёр дубора бефурӯғ ва хомуш нагардад.