Ҳар ду ид – Фитр ва Азҳо (Рамазон ва Қурбон) хондани намози махсуси ид бар онҳое, ки намози ҷумъа бар эшон воҷиб аст, воҷиб мебошад. Таърихи аввали моҳи шавволро иди Фитр ва таърихи даҳуми моҳи зулҳиҷаро иди Азҳо (Қурбон) меноманд. Ин ду рӯз дар ислом рӯзи
иду хуши аст ва ба унвони шукрона ду ракъат намоз дар ин ду рӯз воҷиб мебошад. Тамоми он шарту шароите, ки барои сиҳҳат (дурусти) ва вуҷуди намози ҷумъа баён гардид, барои намози идайн низ зарури мебошанд. Ғайр аз хутба, ки дар намози ҷумъа хондани он фарз ва шарт аст ва пеш аз намоз хонда мешавад, вале дар намози идайн хутба шарт нест, балки суннат аст ва баъд аз намоз хонда мешавад. Аммо гӯш кардани ин хутба мисли хутбаи ҷумъа воҷиб аст ва корҳои хилофи он ҷоиз нест.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …