удованд мефармояд:
«Вокеан хам, он мӯъминоне растагор ва муваффак гардидаанд, ки
дар намозашон хошеъ ва фурӯтан бошанд».
Хушуъ ва фурутанй яке аз шартҳои кабули ибодат, ба хусус намоз
ва омили растагорй ва комёбии шахси намозгузор мебошад. Намоз
ҳам, ки мухимтарин василаи илохй дар сохтани шахсияти инсон ва му-
ассиртарин равиши полоиши нафс ва тазкияи рӯх,и ӯ мебошад, вакте
натиҷаҳои матлуби худро медиҳад, ки хушуъ ҷавҳари онро ба вучуд
оварда бошад. Хушуъ бояд ҳам дар ҷавориҳ ва аъзои бадани шахси
намозгузор таҳаққуқ ёбад ва ҳам ботин ва қалбашро фаро гирад. Ху-
шӯъ дар аъзо вакте ҳосил мегардад, ки оромиши нисбие дар анҷоми
рукнҳои намоз риоя гардад, яъне намоз бояд на бо тезй ва суръати аз
ҳад зиёд, балки бо охистагй ва эътидол ба ҷой оварда шавад.
Хушуи ботинй дар намоз ба маънои баёд овардани азамату бу-
зургии Худованд ва эҳсос намудани ҳузури у дар калби худ мебошад.
Намозгузор бояд эҳсос намояд, ки вай дар пешгохи Худованд қарор
гирифтааст ва бо ӯ роз мегуяд ва аз ӯ баровардани ниёзҳои худро ме-
хоҳад. Ин маъно вакте барои намозгузор ҳосил мегардад, ки оятҳои
Қуръонро бо диккату тааммул дар намоз тиловат намояд. Пас шахси
намозгузор бояд барои ҳосил намудан ва нигох, доштани ҳузури калб
ва мақоми олии намоз кӯшиш намояд.
Вакте моҳи Рамазон фаро мерасад, фурсатҳои нотакроре дар их-
тиёри бандаи муъмин карор мегиранд, моҳе, ки ибодат ва аъмоли нек
дар он аз ҳар вакти дигар бехтар ва боарзиштар аст. Бояд шахси на-
мозгузор ҳузури қалб ва ҳолати оромишро дар намозҳояш дар ин фур-
сатҳои гуворо ба сурати зебое таҳаққуқ бахшад ва баракоти он айём-
ро барои худаш дучандон гардонад.
Афсус, ки имруз намозгузори мусалмон намози таровехро бо сур-
ъат ва тезие ба ҷой меоварад, ки дар он на ҳузури қалб ҳосил мегардад
ва на оромиши нисбие дар анҷоми рукнҳои намоз риоя мешавад, бал-
ки ҳамчун бори сангине дар чанд дақиқа мехоҳад аз он халос гардад.
Агар бандаи муъмин барпо доштани шабҳои мохи Рамазон ва исти-
фода аз баракоти он мохро дар ҳамин гуна намоз хондан бинад, пас
бидонад, ки Парвардигор ба чунин намозгузоре «вой» гуфтааст, он ҷо
ки мефармояд:
«Пас вой бар он намозгузороне, ки аз намози худ ғофил ва бехаба-
ранд…».
Дар ҳадиси шариф низ омадааст, ки «Чунин намозе торику сиёҳ ба
؛ҳамон тавре ки маро з зайя анӣ» (Худо туро з
؛؛ки бо хушуъ ва ба таври комия барузор мегарда,
нуронӣ ба ва ба соҳибаш мегуяд: «Хафизакаоху камо
х،014٠я^؛т1а1н٠1я (Худо туро ҳифз намю٠яс>, ١1ӣ тавре маро ҳифз намудй!).
Бандае, ки мавриди иноёти Худованд карор гирифта, ифтихори
бандагии ӯро ба даст овардааст, набояд бо намози беруш худро ба
азобу сарзаниши Худованд рӯ ба рӯ созад, балки бояд кӯшиш намояд,
то намози борӯҳу маъное ба пешгохи Худованд арза дорад ва вучу-
дашро бо нури он зинда созад.