Главная / Илм / Нанак дар ҳузури Худованд

Нанак дар ҳузури Худованд

Гӯянд, ки рӯзе Нанак пас аз он ки дар рӯдхона ғусл карда, берун омад ва рӯ ба ҷангал ниҳод ва нопадид шуд. Дар онҷо ӯро мукошифа даст дода, дар пешгоҳи Худои таъоло ҳозир гашт. Худованд ӯро ҷоме аз шароби биҳиштӣ«тактор» ато намуд. Сипас ӯро гуфт:

-« МАН БО ТУ ҲАСТАМ, МАН туро ва ҳар касе номи туро қабул кунад саодатманд сохтаам, бархезу бирав номи муқадасси манро такрор кун ва дигаронро низ ба зикри исми муқадасси ман амр фармо, дар тарки дунё собитқадам бош, пайваста ба ёди ман машғул шавад ва иффати зайл (поёни тан) ва таҳорати ҷисму ибодати Парвардигор ва тафаккур дар оламро пешаи худ соз, ин ҷом шороби покро бинӯш, то нишони меҳри ман ба ту бошад. ..»[1]

guru-nanak

Пеш аз Нанак Гуру низ дар Ҳиндустон шахсони ислоҳталабмуслиҳ, ки аз тақсимоти каставӣ ва бутпарастии дини ҳиндуия интиқод мекарданд, буданд. Таълимоти Нанак дар заминаи таълимоти ҳамин гуна шахсони муслиҳ, чун Рамананда ва Кабир (1440-1518) ба вуҷуд омад.

Аз ҷумла Кабир, асосгузори фирқае бо номи «кабир пантис», гуфтааст, ки Худовани ҷалла шаънаҳу болотар аз он аст, ки дар пайкаре аз санг ё маъдани дигаре ҷой шавад ё аз бандагони худ ба анҷоми маросиму ибодатҳои зоҳирӣ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас, раҳбоният ва ғусл дар фалон рӯд ва ё тавофи фалон маъбад розӣ гардад. Балки он чи Ҳақ аз бандагон мехоҳад покии ният, ахлоқи нек ва ихлос дар ақида аст.

Асоси таълимоти Нанакро даъват ба тавҳид ташкил мекунад. Худо яке ва номи Ӯ «Ҳаққ» аст._Вай офаридгори олам, муназзаҳ аз хашму ғазаб ва мубарро аз биму ҳарос аст. Ӯ зиндаву ҷовид, бузург ва меҳрубон, аз азал буда, ҳаст ва хоҳад буд. Нанак, мувофиқи нақлҳо, пои пиёда ба Макка сафар карда, зиёрати «Байтуллоҳ» намудааст. Ормони ниҳонии Нанак, мисли ин ки ваҳдат ва бародарии ҳиндувон ва мусулмонон будааст. Нирвон мувофиқи ақидаи Нанак, фуру рафтан дар ёди Ҳақ аст. Роҳи раҳоӣ аз дулобӣ таносухи арвоҳ аз ёди Ҳаққ ғофил набудан аст.

Сикхҳо панҷ усул ё фаризаи мазҳабиро бе чуну чаро риоя мекунанд, ки ҳама бо ҳарфи «Ка» шуруъ мешавад иборатанд: Кес, яъне натарошидани муй ва риш. 2) Кангҳа-яъне шона. 3) Кочк-яъне шалвори кӯтоҳ. 4)Кара-яъне дастбанди оҳанӣ. 5) Кандо-яъне шамшер ё ханҷари пулодӣ.

Сикхҳо дар ҳоли ҳозир асосан дар ноҳияҳои шимолу ғарби Ҳиндустон (Панҷоб) ва дар аксари кишварҳои Осиёи Шарқи Дур ва Осиёи Хурд ва Африқову Аврупо зиндагӣ доранд. Шумори умумии сикҳҳо дар Ҳиндустон 10 миллион мебошад.

[1] Ҷон Б.Нос. Таърихи ҷомеи адён.-С.210.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222