В.И.Ленин дар корҳои охиринаш рохдои аз чиҳати назарияви барпо намудани сотсиализмро нишон дода буд. Ленин қайд намуд, ки барои сохтмони сотсиализм ҳам шароити сиёсии мавчуд будани диктатураи пролетариат, хам шароити иқтисоди моликияти сосиалисти будани воситаҳои истеҳсоли ва иттифоки синфи коргар ва дехдонон зарур мебошанд.
Барои сохтмони сотсиализм чунин вазифаҳо гузошта шуданд: саноаткунонии мамлакат, коллективонии хочагии қишлоқ ва ба амал баровардани инкилоби мадани.
Саноат базаи бунёд кардани сотсиализм ва базаи модди- техники ба хисоб мерафт. Дар навбати аввал бояд индустрияи калон бунёд мешуд, чунки он тамоми соҳаҳои дигари хочагии халкро пеш бурда метавонад.
Масъалаи кооперативонии хочагии қишлоқ яке аз масъалаҳои душвортарин буд. Ин масъала бо роҳи охиста – охиста аз шакли оддии ба шаклҳои мураккабтарин гузаштан ҳал карда мешуд. Яъне дехдонон аввал як кисми воситаҳои худ ва баъд ҳамаи воситаҳои асосии истеҳсолотро муттахид мекарданд. Ин муттахидшави бояд дар асоси ихтиёри гузаронида шавад.
Ба амал баровардани инкилоби мадани кисми дигари таркибии накшаи сохтмони сотсиализм буд. Инкилоби мадани се вазифаи асосиро ичро мекард. Маҳви бесаводи дар байни аҳолии калонсоли мамлакат ба таълим фаро гирифтани кӯдакони синни мактаби, ташкил намудани муассисаҳои фарҳанги-мадани ва ба хизмати халқ гузоштани онҳо. Ин барнома дар таърихи давлати Шӯрави бо накшаи ленинии сохтмони сотсиализм маълум мебошад.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …