Главная / Илм / Нишондиҳандаҳои фаъолияти инноватсионӣи ташкилот

Нишондиҳандаҳои фаъолияти инноватсионӣи ташкилот

Дар солҳои 80-90-уми асри XX бо назардошти тағйиротҳои бозори, омори инноватсионӣ оғоз меёбад. Низоми нишондиҳандаҳои омори, ки фаъолияти инноватсионӣи ташкилотҳои саноатиро нишон медиҳад аз 10 қисм иборат мебошад. Омори инноватсионӣ, ки ба талаботҳои ягонаи байналхалқӣ асос ёфтааст аз соли 1989 шурӯъ мешавад.

a3266af10257a572ae429a1f4998ba50

Коршиносони Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд як зумра дастурамалҳои методологиро омода кардаанд, ки онҳо иборат аз тавсияномаҳо оиди санҷиш ва тафсири маълумотҳои мувозинаи пардохтҳо барои технологияҳо (соли 1990); дастурамал барои ҷамъоварии маълумотҳо дар бораи инноватсияҳои технологи ё ин ки Дастури Осло (соли 1992); дастур оиди истифодаи маълумотҳои потенти ба сифати нишондиҳандаҳои илм ва техника (соли 1994); дастурамал барои муайян кардани захираҳои кадрии илм ва техника (соли 1994); дастурамал оиди муайян кардани захираҳои кадрии илм ва техника, ё ин ки дастурамали Канбера якҷоя бо Евростат (соли 1995).

Нишондиҳандаҳои фаъолияти инноватсионӣро аз нуқтаи назари ба таври васеъ истифодашавандагии онҳо ва баҳодиҳии фаъолияти инноватсионӣи ташкилот, рақобатпазирии инноватсионӣи онро баҳодиҳанда ба гурӯҳҳои зерин тақсим намудан лозим аст:

  • хароҷотӣ,
  • баъзе вақт,
  • азнавсозӣ,
  • сохторӣ.

Нишондиҳандаҳои хароҷотӣ метавонанд мутлақ ва нисбӣ бошанд:

  • хароҷоти нисбӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ- нақшакашӣ дар ҳаҷми фурӯши зарфияти илмии маҳсули фирмаро нишон медиҳад;
  • хароҷоти нисбӣ барои гирифтани иҷозатномаҳо, потентҳо, харидани ноу-хау;
  • хароҷот барои ба даст овардани (харидани) фирмаҳои инноватсионӣ;
  • ҳаҷми содироти маҳсулоти инноватсионӣ;
  • зарфияти хизматрасони пешниҳодшаванда.

Ба нишондиҳандаҳои сохторӣ инҳо таалуқ доранд:

  • ҳайат ва шумораи сохторҳои тадқиқоткунанда, истеҳсолкунанда ва дигар қисмҳои сохторҳои илмӣ-техникӣ (аз ҷумла таҷрибавӣ ва озмоишӣ);
  • ҳайат ва шумораи корхонаҳои муштарак, ки машғули истифодаи технологияи нав ва ба вуҷуд овардани маҳсулоти нав мебошанд;
  • шумора ва сохтори кормандони ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-лоиҳакашӣ машғулбуда;
  • ҳайат ва шумораи бригадаҳо ва гурӯҳҳои ташаббускору эҷодкор.

Аксар вақт дар фаъолияти инноватсионӣи ташкилот нишондиҳандаҳое истифода мешаванд, ки хароҷоти нисбии онро ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-лоиҳакаширо дар ҳаҷми фурӯши он ва шумораи қисмҳои илмӣ-техникӣ ва коргаронро ифода менамоянд.

Ташкилотҳо ва корхонаҳое, ки фаъолияти инноватсионӣро ташаккул медиҳанд одатан дар таркибашон сохторҳои пуриқтидори илмӣ-тадқиқотӣ, конструкторӣ, технологӣ, таҷрибавию озмоишӣ ва истеҳсолӣ доранд. Аз ин рӯ дар фаъолияти инноватсионӣи ташкилоту корхонаҳо баҳодиҳии фаъолияти инноватсионӣ аз ду самт иборат аст:

  • баҳодиҳии вазъи нерӯи инноватсионӣ;
  • баҳодиҳии вазъи муҳити инноватсионӣ.

Баҳодиҳии мумайизии(эспертии) вазъи нерӯи инноватсионӣи корхона аз санҷидани блоки истеҳсолӣ (маҳсулотӣ), блоки функсионалӣ, блоки захиравӣ, блоки ташкилӣ ва блоки идоравӣ иборат мебошад.

Баҳодиҳии мумайизии вазъи муҳити инноватсионӣ дар асоси санҷидани дараҷаи инноватсионӣи макромуҳит ва баҳодиҳии инноватсионӣи микромуҳит, ё ин ки таҳлили минтақаҳои стратегии корхона сурат мегирад.

Дар фирмаҳои инноватсионӣи пешқадами ҷаҳон нишондиҳандаи дараҷаи инноватсионӣ «ТАТ» хеле васеъ истифода карда мешавад. Ин нишондиҳанда аз тарафи мутахассисони японӣ пешниҳод шудааст ва аз мафҳумҳои америкоӣ «(игп-агоипсНете» (дар вақташ гардонидан). Дар зери ин мафҳум вақт аз лаҳзаи дарккунии талабот ё пешниҳод ба маҳсулоти нав то лаҳзаи ба бозор баровардан, ё ин ки истеъмоли он дар ҳаҷми калонро фаҳмидан зарур аст.

Масалан дар фирмаи Ма18и8Ы1а барои телевизиони ранга аҳамияти рекордии нишондиҳандаи «ТАТ», ки ба 4,7 моҳ баробар буд, хеле назаррас мебошад. Ин нишондиҳанда афзалиятнокӣ ва рақобатнокии фирмаро дар фаъолияти инноватсионӣ нишон медиҳад. Аз ин рӯ фирмаҳои пешқадами ҷаҳонро бо дараҷаи баланди илмғунҷоиши маҳсулоташон, ки бо ҳиссаи зиёди хароҷот ба корҳои илмҷ ва таҷрибави-конструктори дар арзиши маҳсулоти фурӯхташуда муайян мекунанд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222