Главная / Илм / Носири Хисрав

Носири Хисрав

1004-1088) мутафаккири бузурги
тоҷик буда, дар шаҳри Қабодиён, ки дар _ҷанубии Тоҷики-
стон мавқеъ дорад, ба дунё омадааст. Ӯ дар солҳои 30-
юми асри XI ба сифати шоир ва олими забардасти замон
ном баровард. Носири Хисрав таҳти таъсири пайравони
исмоилия ба ин мазҳаб майл пайдо карда буд. Исмоилиён
як шохаи машҳуру маъмули шииён дар асрҳои Х1-Х11 бу-
данд. Ӯ ба исмоилиён аз он рӯ эътиқод дошт, ки онҳо ба
ривоҷи илму дониш диққат медоданд ва тарафдори озод-
фикрӣ буданд. Ҳамин тавр, Носири Хисрав унвони
«Ҳуҷҷат»-ро гирифт ва пешбарандаю тарғибкунандаи
мафкураи ин ҷараён гашт.

Мероси адабии Носири Хисравро чанд намгӯи
асарҳои ахлоқию фалсафӣ, девони ашъор ва китоби
насрии «Сафарнома» дар бар мегирад. Асарҳои ахлоқию
фалсафии ӯ «Зод-ул-мусофирин», «Ваҷҳи дин», «Саодат-
нома» ва «Рӯшноинома»-анд.Мувофиқи мазмун ва мунда-
риҷаи осори Н. Хисрав, ӯ масъалаи асосии фалсафаро аз
мавқеи идеализм ҳал намудааст. Яъне, рӯҳ пеш аз ҳама
вуҷуд дорад ва сипас материя. Ӯ вобастагии субстансияи
ҷисмро аз худо таъкид менамуд. Дар ин қисмат ҷонибдори
Афлотун буд. Дар назариёти Носири Хисрав инчунин
унсурҳои материализми соддалавҳонаро низ мушоҳида
кардан мумкин аст. Олами воқеӣ қонунҳои худро дорад ва
инсон бошад қувваи дигаргунсози он аст. Носири Хисрав
масъалаи муносибати рӯҳ ва ҷисмро бисёр хуб ҳал наму-
дааст. Ӯ ҷонибдори таълимоти Арасту ва Ибни Сино дар
мавриди ин масъала буд ва аз ин рӯ, мавҷудияти рӯҳро
дар мавҷудияти ҷисм медид. Ба андешаи Носири Хисрав,
рӯҳ се шакли зуҳуротро дорад: минералӣ, растанӣ, ҳай-
вонӣ ва одамӣ. Фарқияти онҳоро дар қувваи ҳаётӣ ва
қобилияташон мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ба-
робари чунин андешаҳои пешқадам, ӯ дар ниҳоят дар
«Зод-ул-мусофирин» ба чунин хулоса меояд: он чизе, ки
мувофиқи табиаташ вуҷуд дорад, намемирад ва нест
намешавад. Пас, рӯҳ баъди нест шудани ҷисм боқӣ мемо-
над ва вуҷуд дорад. Ин фаҳмиши идеалистии психикаро
ифода менамуд.

Носири Хисрав психикаи инсонро як навъи махсуси
рӯҳи ҳайвон медонист. Он чизе, ки дар ҳайвон аст, дар ин-
сон низ ҳаст, вале дар инсон боз чизе ҳаст, ки дар ҳайвон
нест ва ин нутқу ақл аст. Мувофиқи ақидаи ӯ, инсон ҳар
гуна олотеро барои ба даст овардани ғизо меофарад ва
баҳри ин донишҳои худашро истифода мебарад.

Назарияи маърифат дар осори Носири Хисрав
қисмати муҳими андешаҳои психологии ӯ аст. Ӯ ҳамчун
пайрави Ибни Сино, масъалаи протсессҳои маърифатиро
ба таври материалистӣ ҳал намудааст. Носири Хисрав
қайд мекунад, ки сарчашмаи дониш на ақлу хирад, балки
эҳсос аст, ки он туфайли узвҳои ҳиссӣ ба амал меояд. Му-
тафаккир дар китоби худ «Зод-ул-мусофирин» таъкид ме-
намояд, ки «эҳсос-ин нақш, образи аниқи чизҳои берунӣ
буда, аммо худи чизҳо намебошанд». Носири Хисрав
нақши ҳисро дар маърифати ҳақиқати воқеӣ махсус қайд
менамуд. Ҳар як узви ҳис, ба андешаи ӯ, вазифаи муайяни
маърифатиро адо менамояд. Узви ҳисси шунавоӣ ва биноӣ
бояд чунин хосиятҳои ашёро дониста гиранд: садо, шакл,
андоза, ранг ва ғайра. Идрок, аз назари Носири Хисрав,
ин инъикоси таъсироти олами беруна буда, тавассути он
образи ашё дар шакли яклухт дарк карда мешавад.

Носири Хисрав дар «Девони ашъор»-аш ба таҳқиқи
масъалаи тасаввурот, хаёл ва хотир таваҷҷӯҳ зоҳир наму-
да, қайд менамояд, ки тасаввурот – ин образи ашёи воқеӣ
буда, худи он дар айни замон дар назди инсон вуҷуд надо-
рад. Хаёл бошад яке аз қобилиятҳои рӯҳи инсон аст. Та-
вассути хотир маълумотҳои зарурӣ нигоҳ дошта ва гуза-
ронида мешавад. Носири Хисрав чор шарти бахотирги-
риро ҷудо намудааст: а) мавҷудияти мақсадгузории муа-
йян барои бахотиргирӣ; б) маводи дидаву шунидаро бояд
бо диққат ва бо ҳиссиёти баланд аз худ намуд; в) маводро

 

гоҳ-гоҳ бояд худ ба худ такрор кард; г) агар инсон мавод-
ро ба таври ҷиддӣ аз худ намояд, он гоҳ онро тез фаромӯш
намекунад. Андешаҳои зикршудаи Носири Хисрав доир
ба хотир ба принсипҳои ҳозираи бахотиргирӣ мувофиқат
мекунанд. Ӯ назариёти пешгузаштагони худро (Рӯдакӣ,
Фирдавсӣ, Ибни Сино ва дигарон) давом дода, ба қоби-
лиятҳои ақли инсон боварӣ зоҳир менамояд. Аз ин рӯ,
нақши муҳимро дар рафти маърифат ба ақлу хирад нисбат
медиҳад.

Носири Хисрав тафаккурро воситаи муҳими дониста
гирифтани ҳодисаҳое медонад, ки ҳудуд надоранд. Ӯ яго-
нагии тафаккурро бо нутқ қайд менамояд. Бинобар ин
навиштааст, ки дониста гирифтани ашё, фаҳмидани он,
дастрас намудани он ба эҳсос ва ақл танҳо туфайли нутқ
ҳосил мешавад.

Мутафаккир дар чунин ақида аст, ки донишҳои мо-
дарзодӣ вуҷуд надоранд. Онҳо дар асоси таҷрибаи ҳаётӣ
ба даст оварда мешаванд. Аз ин рӯ, илму донишро бояд
дӯст дошт ва омӯхт. Шахсе, ки хоҳиши аз худ кардани
илмро дорад, бояд дар ин пайраҳа устувору заҳматкаш ва
мақсаду мароми олиро дошта бошад. Илм ва дониш, ба
қавли Носири Хисрав, бартарафкунандаи ҳар гуна муш-
килоту муаммо аст. Ӯ мегӯяд:

Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,

Камоли одамӣ дар илм бошад.

Мулоҳизаҳои аҳамиятбахши Носири Хисрав дар
асарҳои ахлоқии ӯ «Рушноинома» ва «Саодатнома» ҷой
дода шудаанд, ки дар ташаккули психологияи инсон саҳм-
гир шуда метавонанд. Ӯ зери тарбияи шахс ташаккули чу-
нин сифатҳои мусбатро дар кӯдакон мефаҳмид: хоксорӣ,
меҳрубонӣ, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, ягонагии фикру амал,
боварӣ ба қувваю иродаи худ ва ғайра. Мутафаккир
ҳамаи ин сифатҳоро дар рафти ташаккули шахс на ҷудо-
гона, балки дар шакли тому ягона дида мебарояд. Шахс
ин сифатҳоро тадриҷан соҳиб мешавад – аввал бо роҳи
168

 

тарбияи оилавӣ, сипас дар синни балоғат, дар рафти
фаъолияти ҳаётӣ ва ё туфайли худтарбиякунӣ. Дар ин бо-
бат боз махсус ишора мекунад, ки дар тарбияи кӯдак ҳам
нақши падар ва ҳам модар, обрӯю эътибори онҳо бузург
аст. Дар китоби худ «Рушноинома» меоварад: «Кӯдаконро
на табиат, балки тарзи ҳаёти онҳо, муҳит бадахлоқ меку-
над», ё худ мефармояд:

Бипарҳез, эй бародар, аз лаимон,
Бино кун хона дар кӯи ҳакимон.
Зи некон нек бошӣ в-аз хасон хас,
Зи дунон дун шавию аз касон кас.
Бувад бо зиракон зиндон гулистон,
Чу зиндон аст бо ноақл бӯстон.

Тарбияи меҳнатӣ аз масъалаҳои асосии ашъори Но-
сири Хисрав ба ҳисоб меравад. Ӯ меҳнатро сарчашмаи
қадру қимати инсон, маънавиёт, хушбахтӣ ва омили
муҳими ташаккули шахс донистааст. Аз ин рӯ, меҳнати
пурфайз мояи ҳаёт ва шахси меҳнаткаш ифтихори баша-
рият хоҳад буд. Ба ин маънӣ мегӯяд:

Калиди ризқу қисмат сахт дар мушт,
Чароғи дилафрӯзӣ дар даҳ ангушт.

Хулоса, Носири Хисрав ҳамчун олими равшанфикр
ва мутафаккири ҳақиқатнигор инсонро ба худогоҳӣ та-
швиқ мекунад. Андешаҳои психологии Носири Хисрав
дар ташаккули ҳамаҷонибаи шахсияти инсон ва умуман,
инкишофи психики насли наврас аҳамиятбахшанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222