Главная / Илм / Офтобпарастй дар Миср

Офтобпарастй дар Миср

Ин ҷо мо аввалин мазҳари офтобпарастиро мебинем. Ибодати Офтоб дар Мисри бостонӣ хее ривоҷ доштааст. Ҳорисро набояд ягона худои офтоб донист. Мардуми Миср ба хубӣ медонистанд, ки рушд ва нумӯи наботот ва фаровонии ғаллт то чӣ ҳад ба партави нури хуршеди ҷаҳонтоб вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, аз ибтидо мисриён ҳарорат ва нурро мепарастиданд.

oftobparastiМаъруфтарин худо дар Мисри бостоӣ Ра (ё Ре) худои Офтоб буд. Аммо рамзи Офтоб назди мисриён гуногун аст. Мисриён офтобро ба шакли парранда (масалан дар Ҳорис), ки дар қиёфаи бози баландпарвоз бо қанотҳои кушода ва низ ба шакли ҳашара-қунғуз ё гамбӯсаки ахлотхор тасаввур мекарданд, ки онро Сакараб гӯянд. Ва ин ҳашаротро дар тамоми Миср мӯҳтарам мешумориданд. Ин ҷо шояд раванди таҳаввули оини тотемистӣ ё худ зуҳури боқимондаҳои онро дармеёбем. Мисриёни кишоварз байни амали гамбусаки ахлотхор- Сакараб, яъне ҳамон ҳолати ахлотеро, ки дар он тухм мондааст ва ба сарбардошта дар мазраъа ин сӯ он сӯ чархидан ва гулӯлаи сохтаи ӯро бо ҳаракати қурси Офтоб шабоҳате медодаанд.

Аз ин рӯ, онҳо дар осмон низ чунин ҳашараи фалакӣ тасаввур мекарданд, ки Офтоб-гулӯлаи он ва он худ қувваи муҳаррики Офтоб аст. Ва он ҳашараи осмониро Хапрер ном дода ва эҳтироми қуддусӣ бар он қоил буданд. Дар ҳазораи 2600 – 2200 қ.м. парастиши Офтоб ҳамчун мазҳари қудрати шоҳон ва салотини рӯи замин шинохта мешавад. Фиръавни Миср ба лақаби «Фарзанди Ра» ё писари Офтоб маъруф шуд ва аҳромҳо (пирамидаҳо)ро барамзе аз шӯълаи Офтоб дар ҳар гӯшаи ин кишвар бино карданд.

Баъдтар худои Офтоб «Ра»-ро бо номи Амон (ё Амун) мураккаб кардаанд. Ҳамин тавр, худои Амон-Ра ба вуҷуд омад ва маъбаде барои ӯ дар ш. Карнок бино карданд. Аз Амон-Ра ду фарзанд: Мут ва Хунсу ба вуҷуд омаданд.

Асотир ва номҳои худоёни зиёди мисрӣ азбаски замони таҳаввули тӯлониро тай кардаанд, дар ин ё он давра тағир кардаанд. Чунон ки қаблан зикр шуд, аз лабони Ра худоён берун омадаанд. Дар тасаввурот ва андешаҳои асотирию динии мисриён мо аввалин намунаи пайдоиши анҷумани худоёнро мебинем, ки зиннае ба сӯи ташаккули худошиносии тавҳидӣ аст. Дар ин ҷо Амон Ра дорои фарзандон аст.

Нахуст писари ӯ Шу дар шакли инсоне, ки ба замин такя зада осмонро бо ду даст доштааст ва духтараш Тефтун -худои рӯди Нил ва рутубат. Шу ва Тефтун бо ҳам хонадор шудан ва ба худои Ра ду набера Ҷеб ва Нут-ро ба бор оварданд. Ҷеб худои замин ва Нут олиҳаи осмон гардид., вайро дар шакли шери зард тасвир мекарданд. Дар ибтидо онҳо аз ҳам ҷудо набуданд. Вале баъд чун Ҷеб бо хоҳараш, ки вай ҳар саҳар фарзандонашро мехӯрд, даъво мекарданд, Шу онҳоро аз ҳам ҷудо кард. Ҷеб дар ҳолати уфуқӣ хобида монд, Нут ба боло бардошта шуд. Ҷебро хобида бо тоҷ бар сар ва тани бо рустаниҳо пӯшида ва Нутро «зояндаи худоён», «модари бузурги ситораҳо» ситорапӯш тасвир мекарданд, ҳар рӯз ӯ фарзандони худро фурӯ мебарад ва боз мезояд. Танҳо ба чор нафар аз фарзандонаш имкони фирор аз ин тақдири мудҳиш муяссар мешавад. Онҳо ду бародарон- Осирус ва Сет ва ду хоҳар- Исидда ва Нефтида буданд.

Ҳамин тавр маҷмӯи худоёнинӯҳгона – эннеада ба вуҷуд омад.

Онҳо:

  1. – «Раъ» ё «Ра» – мазҳари хуршед.
  2. – «Шу ё Су» – мазҳари ҳаво
  3. – «Тефнут» – мазҳари хало ва нестӣ
  4. – «Ҷеб» – худои замин
  5. – «Нут» – олиҳаи осмон
  6. – «Осирис» – ё худ Азирис – Худои Нил
  7. – «Изис» – худои замини ҳосилхез
  8. – «Сит» – худои саҳро
  9. – «Нифтис» – худои замини нокорам

Тибқи тасаввуроти мисриён ҳамаи худоён ва аносири табиат аз даҳани «Ра» берун омадаанд. Аз ин рӯ «Ра» худои бузург буд.

Дар Миср коҳинон нақши зиёде дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии он доштанд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222