Қисми аввал: Дар баёни дуоҳои қуръонӣ.
«Раббано отино фи-д-дунё ҳасанатан ва фи-л-охирати ҳасанатан ва қино азоба-н-нор».
«Эй Парвардигори мо, ба мо дар дунё неъмат ва дар охират неъмат бидеҳ ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор!».
Ин дуои қуръонӣ тамоми мақсадҳои инсонро дар дунё ва охират дар бар мегирад ва Паёмбари ислом (с) ба хондани он таъкид кардааст.