Таҳаввулоти бисёрасраи афкори мухталифи фалсафию иҷтимоӣ ва табиатшиносӣ дар охири асри XIX имконият фароҳам овард, ошкор гардад. Ҳақиқати психикӣ чун предмети тадқиқоти илмӣ мувофиқи ақидаи психолог ва таърихнигори рус М.Г.Ярошевский бар пояи панҷ самти инкишофи донишҳои илмӣ устувор аст.Самти аввал бо номи табиатшиносони немис Г.Ф.Гелмголтс, Э.Г.Вебер, Г.Т.Фехнер ва олими голландӣ Ф.Дондерс алоқаманд аст. Онҳо аввалин шуда дар тадқиқи эҳсос, ҳассосӣ ва аксуламали организм усулҳои таҳлили эксперименталӣ ва математикиро истифода намуданд. Маҳз дастовардҳои ин олимон ба В.Вундт имконият доданд, ки аввалин озмоишгоҳи психологиро бунёд кунад. Самти дувум аз таълимоти таҳаввулотии табиатшиноси англис Ч.Дарвин сарчашма мегирад, ки бо ошкор намудани қонуниятҳои умумии инкишофи ҳаёт, аз ҷумла дар фаҳмиши инкишофи таърихии психика навигариҳои куллиро ҷорӣ намуд. Самти сеюмро олими дигари англис Ф.Галтон асос гузошт. Ӯ соли 1884 аввалин лабораторияи антропометриро таъсис дод, ки яке аз мақсадҳои он ҷамъоварии маълумоти оморӣ дар бораи қобилиятҳои одамон буд. Бо ин мақсад, олим бо 10 000 нафар одам таҷриба гузаронид. Ҳамин тавр Галтон ба психология усулҳои коркарди омориро ворид сохт, ки минбаъд дар омӯзиши масъалаи тафовути инфиродии байни дамон васеъ истифода бурда шуд. Самти чаҳорум аз омӯзиши психоневрозҳо ва гипнотизм оғоз ёфтааст. Дар ин самт Ҷ.Бред ва дигарон асосгузор буданд. Самти панҷум аз ҷониби физиологи рус И.М.Сеченов (1829-1905) асос гузошта шудааст, ки ба ақидаҳои рефлекторӣ такя карда,системаи нави афкори психологиро ба миён овард. Дар асоси таҳлили дастовардҳои илми психологияи
муосир, илова ба самтҳои муайяннамудаиМ.Г.Ярошевский, самти дигари инкишофи донишҳои ил-
мии психологиро пешниҳод кардан мумкин аст, ки он ҳам бошад омӯзиши бешуурӣ ва роҳу усулҳои таҳлили он аст.Ин самтро бо корҳои психиатр ва психологи австриягӣ З.Фрейд (1856-1939) ва пайравони ӯ алоқаманд донистан мумкин аст. Яке аз самтҳои асосии инкишофи психологияи илмӣ донистани таълимоти З.Фрейд комилан одилонааст, зеро саҳми олим дар инкишофи психология бе-
гуфтугӯ бузург буда, таълимоти ӯ доир ба бешуурӣ ва майлҳои бешуурона ба ҳалли доираи васеи масъалаҳои психологӣ мусоидат намуданд. Ин шаш самти инкишофи донишҳои илмӣ имконият
доданд, ки ҳақиқати психикӣ дар замони муосир ба предмети маърифати илмӣ табдил ёбад. Дар заминаи ин психология аз маҷмӯи донишҳои назариявӣ-фалсафӣ ба илми амалӣ-эксперименталӣ мубаддал гашт, ки предмети мушаххаси тадқиқотӣ, методҳо ва методологияи асосноки худро дорад. Пайдоиши психологияи илмиро бо таъсисёбӣ ва фаъолияти озмоишгоҳи аввалини психологӣ алоқаманд медонанд, ки соли 1879 дар шаҳри Лейбсиги Олмон бо ибтикори файласуф ва психологи немис Вилгелм Вундт (1832-1920) бунёд ёфтааст. Аммо сохтани асосҳои илмӣ ва коркарди масъалаҳои асосии худ психология дар асри XXшурӯъ намудааст. Ҳамин тавр чуноне, ки психологи немис Г.Эббингауз (1850-1909) қайд мекунад «психология гузаштаи бой, вале таърихи ниҳоят кӯтоҳ дорад». Бо вуҷуди илми ҷавон будан психология зуд инкишоф меёбад. Тараққиёти босуръати он дар давоми зиёда аз сад соли охир имконият дод, ки ин илм мавқеи худро дар системаиилмҳо мустаҳкам намуда, предмет ва вазифаҳои худро муайян ва аниқ кунад. Методҳои гуногуни тадқиқотиро кор карда барояд. Айни замон психология дар байни се гурӯҳи илмҳо:
фалсафӣ, табиатшиносӣ ва илмҳои иҷтимоӣ мавқеи мобайниро ишғол менамояд. Вазифаҳои муҳими психология дар системаи донишҳои илмӣ аз он иборат аст, ки вай дар як дараҷаи муайян дастовардҳои як қатор соҳаҳои илмро таҳлил намуда, бо ибораи психологи рус Б.Ф.Ломов (1927-1989) «интегратор», яъне якҷоякунандаи тамоми он соҳаҳои илмӣ мебошад, ки объекти омӯзишашонро одам ташкил медиҳад.Робитаи психология бо улуми фалсафӣ решаҳои қадимӣ дорад. Аввалин донишҳои психологиро дар осорифайласуфон пайдо намудан мумкин аст. Худи психология то замони нав дар ҳайати фалсафа арзи ҳастӣ намудааст. Масъалаҳои муҳими психологияи муосир низ аз масъалагузориҳои фалсфа сарчашма мегиранд.Алоқаи психология бо гурӯҳи илмҳои табиатшиносӣ низ хеле наздик ва зич аст. Маҳз ин алоқа ба психология имконият фароҳам овард, ки ҳамчун илми таҷрибавӣ инкишоф ёбад. Истифодаи методи озмоиш, ки аз замони Г.Фехнер то имрӯз яке аз усулҳои асосии тадқиқоти психологӣ ҳисобида мешавад, натиҷаи ин иттиҳод мебошад. Ҳамчунин қайд кардан лозим аст, ки ақидаҳои таҳаввулотии Ч.Дарвин, назарияи рефлектории И.М.Сеченов ва таълимоти И.П.Павлов, ки дар доираи илмҳои табиатшиносӣ инкишоф ёфтаанд, дар ташаккули илми психология саҳми бузург гузоштаанд. Робитаи психология бо илмҳои иҷтимоӣ аҳамияти амалии онро ифода мекунад. Ҳаминро қайд кардан кифоя аст, ки психологияи муосир тақрибан дар тамоми соҳаҳои
ҳаёти иҷтимоӣ ба сифати илми амалӣ истифода бурда мешавад.
Tags Психология
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …