Главная / Илм / Паёмбарон ҳам дуо мекарданд

Паёмбарон ҳам дуо мекарданд

Бетардид паёмбарони илоҳӣ (а) аз назари ақлу фаҳмиш ва ахлоқу муомила аз тамоми инсонҳо бартаранд. Ҷону дилҳои онҳо аз дигарон нуронитар ва огоҳии онҳо ба ҳақиқати ғайбӣ ва мушоҳидаҳо комилтарин огоҳӣ аст ва ҳақиқатро ончунон ки ҳаст, медонанд.
Бо вуҷуди ин, ҳама пайваста аз дилу ҷон дуо доштанду пайравони худро низ ташвиқ ба дуо мекарданд ва бо Худои худ роз мегуфтанд. Дуоро мояи рушди ҷон ва поккунандаи дил ва омили ҳалли ҳар мушкилӣ медонистанд ва яқин доштанд, ки ҳеҷ хоҳанда аз даргоҳи Парвардигор бенасиб барнамегардад ва дар истиҷобати дуо ҳеҷ шакку тардиде надоштанд.
«Сипос он Худойрост, ки ба ман – бо вуҷуди калонсолӣ – Исмоил ва Исҳоқро ато кард. Ҳамоно Парвардигори ман шунавандаи дуо аст».Ислам! С прошедшим днем рождения! Красивая открытка для Ислама! Открытка с шикарным букетом белых роз. Розы на блестящем фоне.
Дуо қудрате аст, ки ҳазрати Закариё (а) низ дар пирӣ аз Парвардигори меҳрубон дархости фарзанд кард ва Худои азиз дархости ӯро иҷобат намуда, ба ӯ ва ҳамсараш, ки дар синни нозоӣ қарор дошт.
«Ва Закарийёро (ёд кун), чун ба Парвардигори худ нидо кард: «Эй Парвардигори ман, маро танҳо магузор ва Ту беҳтарини ворисонӣ!». Пас дуои ӯро қабул курдем ва ба ӯ Яҳёро бахшидем ва зани ӯро барои ӯ некӯ сохтем. Ба дурустӣ ки ин пайғамбарон дар некиҳо шитоб мекарданд ва Моро ба умеду бим мехонданд ва барои Мо фурӯтан буданд. «Ва Зуннунро (ёд кун) чун хашмнок рафт; гумон кард, ки бар вай танг нагирем. Пас, дар торикиҳо бо он нидо кард, ки: «ғайри Ту ҳеҷ Худое (барҳақ) нест; Покӣ Турост, ба дурустӣ ки ман аз ситамгарон будам». Пас дуои ӯро қабул кардем ва ӯро аз ғам наҷот додем; ҳамчунин мӯъминонро наҷот медиҳем».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222