Главная / Илм / Пайравӣ аз ҳадис ва мухолифат бо мазҳаби аҳли калом

Пайравӣ аз ҳадис ва мухолифат бо мазҳаби аҳли калом

Ибни Касир мегўяд, Имом Шофеъӣ мегўянд: «Агар бандае бо ҳар навъ гуноҳ ҷуз ширк ба даргоҳи Худованд биёяд, беҳтар аз ин аст, ки бо илми калом ба даргоҳи Худованд биёяд».
Ҳамчунин мегўяд: «Агар мардум медонистанд дар илми калом чӣ қадар афкори ботилу нодуруст ва ҳавову ҳавас вуҷуд дорад, ҳамон тавре ки аз шери даранда фирор мекунанд, аз илми калом ҳам фирор мекарданд».
Боз мегўяд: «Ҳукми ман дар бораи аҳли калом ин аст, ки шаллоқ зада шаванд ва онҳоро дар миёни қабоил бигардонанд ва эълон кунанд: «Ин ҷазои касе аст, ки Қуръон ва суннати Расулуллоҳ (с)-ро тарк карда, ба илми калом рўй овардааст»».
Бувайтӣ аз Имом Шофеъӣ нақл мекунад, ки мегуфт: «Бо аҳли ҳадис бошед, зеро роҳи инҳо аз ҳамаи роҳҳо саҳеҳтар аст».
Шофеъӣ мегўяд: «Ҳангоме ки яке аз аҳли ҳадисро мебинам, гўё яке аз асҳоби Расулуллоҳро дидаам. Худованд эшонро ҷазои хайр диҳад, ки асл ва пояи динро барои мо ҳифз карда, бар мо миннат ниҳодаанд». Дар ин маврид ин шеърро сурудааст:
Куллул-ъулуми сивал-Қуръони машғалатун,
Ал илму мо кона фиҳи қола ҳаддасано.
Иллал-ҳадиса ва иллал-фиқҳа фид-динӣ,
Ва мо сиво зока васвосуш-шаётинӣ.
Ибни Касир мегўяд: «Рабиъ ва бисёре аз шогирдони мумтози Имом мегўянд: «Имом Шофеъӣ дар баробари оёт ва аҳодисе, ки сифоти Худовандро баён мефармоянд, роҳу равиши салафро интихоб карда буданд. Яъне бидуни ташбеҳ кардани Худованд ба касе аз бандагонаш ва на мушаххас кардани чигунагии он сифат ва на нафй кардани он сифат аз Худованд ва на таъбир кардан ба маъоние, ки мухолиф бо асли оёт ва аҳодис мебошад».
Ибни Ҳаҷар дар китоби «Таволит-таъсис» дар боби «Зикри он чи ки дар пайравӣ аз салаф дар эътиқодот ва эҳтиром гузоштан ба аҳодиси Паёмбар (с) нақл шудааст» аз Имом Шофеъӣ нақл мекунад, ки мегўяд: «Ҳар кас, ки бар асоси Қуръон ва суннат сухан бигўяд, пас ў барҳақ аст ва ҳар кас, ки аз ғайри Қуръон ва суннат сухан мегўяд, пас ў ҳазаён мегўяд».
Имом Нававӣ мегўяд: «Аз он ҷумла, ба кор бурдани саъйу кўшиш дар ёрӣ кардани ҳадиси Расулуллоҳ (с) ва пайравӣ аз он, ҷамъоварии аҳодиси мутафовит дар мавриди як масъалаи хос ва бартараф кардани ихтилофот байни ин аҳодис ва ё ҷамъ кардан байни ин аҳодис бо маҳорати хоссе мебошад, то он ҷое, ки вақте ба Ироқ омаданд, ўро «Носирул-ҳадис» (ёридиҳандаи ҳадис) ном ниҳоданд. Уламо ва фуқаҳои Хуросон ба пайровони Имом Шофеъӣ лақаби «Асҳобул-ҳадис»-ро ниҳодаанд. Бо ин ҳол Имом Шофеъӣ ба хотири ин ки ҳеҷ башаре иҳотаи комил бар улум надорад, ҷанбаи эҳтиётро риоят карда, ҳамеша ба амал кардан ба ҳадиси саҳеҳ ва тарк кардани қавли вай тавсия мекунад, дар сурате, ки ин қавл ба ҳадиси саҳеҳ ва собит таноқузе дошта бошад. Пайравонӣ Имом Шофеъӣ дар баробари фатвоҳое, ки ба ҳадис мухолифанд, ба ин васият амал карда, ҳадисро бар қавли Имом Шофеъӣ муқаддам кардаанд».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222