Главная / Илм / Пайравии Имом аз суннати Паёмбар (р) ва мухолифат кардан бо бидъат

Пайравии Имом аз суннати Паёмбар (р) ва мухолифат кардан бо бидъат

Аз Имом Молик (р) ривоят шудааст, ки ў дар пайравӣ аз суннати Паёмбар (с) ва зиндагии саҳоба ҳирси зиёд дошта, бо бидъат мухолифат ва кароҳияти шадид нишон медод ва бештари авқот ин шеърро мехондаанд:
«Ва хайру умурид-дини мо кона суннатан,
Ва шаррул-умирил-муҳдасотул-бадоиъу».
Имом Шотибӣ дар китоби «Эътисом» аз Ибни Моҷишун нақл мекунад, ки Имом Молик мегўяд: «Касе, ки дар Ислом бидъате ба вуҷуд оварад ва он бидъатро некў бипиндорад, (бидъати ҳасана) ин шахс муътақид шуда, ки Паёмбар (с) дар адои рисолат хиёнат кардааст, дар ҳоле ки Худованд мефармояд:
«Ал-явма акмалту лакум динакум ва атмамту ъалайкум неъматӣ ва разиту лакумул-Ислома динан».
Ибни Абдулбар дар китоби «Ал-Интиқоъ» дар бораи аҳли ҳавову ҳавас аз Имом Молик нақл мекунад, ки гуфтанд: «Ҳеҷ ояте дар Қуръон сахттар ва шадидтар бар аҳли ҳавову ҳавас аз ин оят намебошад:
«Явма табяззу вуҷуҳун ва тасвадду вуҷуҳун»». «Фааммалазина-сваддат вуҷуҳуҳум акфартум баъда имоникум фазуқул-азоба бимо кунтум такфурун».
Имом Молик гуфтанд: «Пас чӣ сухане возеҳтар аз ин оят аст ва мисдоқи ин оятро бар аҳли ҳавову ҳавас мебинам».
Ин воқеа низ аз Имом Молик машҳур шудааст, ки шахсе аз ў дар бораи ояти «Ар-Раҳмону ъалал-аршиставо» суол кард, ки «истиво» чӣ гуна мебошад? Имом пас аз муддате сукут ҷавоб доданд: «Истиво маълум аст, аммо кайфият ва чигунагии он маҷҳул ва номаълум, суол кардан дар бораи истиво бидъат ва имон овардан ба он воҷиб аст».
Ибнул–Арабӣ аз Зубайр ибни Баккор нақл мекунад, ки шахсе аз Имом Молик суол кард: Аз куҷо эҳром бибандам? Гуфтанд: Аз Зулҳулайфа, ҷое, ки Расулуллоҳ (с) эҳром бастаанд. Он шахс бо исрор мегуфт, ки мехоҳам аз масҷиди Паёмбар (с) эҳром бибандам. Имом Молик гуфтанд: Ман нисбати ту аз фитна метарсам. Он шахс гуфт: Оё агар чандин мил зиёдтар эҳром бибандам, дар он фитнае ҳаст? Имом гуфтанд: Чӣ фитнае бадтар аз ин аст, ки мепиндорӣ? Мехоҳӣ фазилатеро анҷом диҳӣ, ки Расулуллоҳ (с) онро анҷом надодааст. Худованд мефармояд:
«Фаляҳзариллазина юхолифуна ъан амриҳи ан тусибаҳум фитнатун ав юсибаҳум азобун алим».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222