Главная / Илм / Принсипҳои шарҳдиҳандаи тадқиқоти психологӣ

Принсипҳои шарҳдиҳандаи тадқиқоти психологӣ

«Принсипҳои шарҳдиҳанда – ин

мавқеи асосӣ, замина ё наза-

рияҳое мебошанд, ки татбиқи

онҳо имконияти тавсифи хусуси-
ятҳои тахминии объекти тадқиқот ва дар асоси методи
умумиилмӣ ташкили тартиби дастраснамоии маводи
таҷрибавӣ, инчунин ҷамъбастнамоӣ ва шарҳи онро фа-
роҳам меоварад»- омадааст дар адабиёти илмӣ. Прин-
сипҳои шарҳдиҳанда яке аз меъёрҳои методологӣ нисбати
соҳаи илм мебошанд, ки мавқеи онро нисбати объекти
тадқиқот аз нуқтаи назари асоснокӣ баҳо медиҳанд.
Нуқтаи назар ба принсипҳои психология гуногун буда, бо
иваз шудани предмети тадқиқот ва шаклгирии парадиг-
маҳои нав кунҷи назар ба он тағйир меёбад. Ҳанӯз дар
солҳои 30- юми асри XX принсипҳои асосии психологияи
шуравӣ кор карда баромада шуда буданд: принсипи де-
терминизм, принсипи ягонагии шуур ва фаъолият, прин-
сипи инкишофи психика дар фаъолият. Соҳаи психоло-
гияи доираи илмии ИДМ, ки меросбари психологияи шу-
равӣ буда, ҳамзамон дар зери таъсири мактабҳои муосири
психологӣ инкишоф меёбад, принсипҳои зеринро эътироф
мекунад:

  1. Принсипи ҳамкорӣ ва инкишоф. Ин принсип

аз таълимоти таҳаввулотӣ бармеояд ва ҳамкорию инки-
шоф чун ду ҷанбаи ҷудонопазири таъсири байниҳамии
объектҳо дар раванди таҳаввулот равшан ифода ёфтааст.
Ҳамкорӣ ва инкишоф як навъ шарти мавҷудияти систе-
маҳои мухталифи табиию иҷтимоӣ мебошанд ва муракка-
бшавии сохтори онҳоро тавсиф медиҳанд. Барои психо-
логия ҳам худи раванди ҳамкорӣ ва инкишоф ва ҳам
маҳсули ин раванд- сохтори системаҳо, ки дар худ тако-
мули ҳамкории онҳоро таҷассум мекунад, муҳим мебо-
шанд.

Принсипи ҳамкорӣ ва инкишоф чунин маъно дорад,
ки психика ва зуҳуроти мухталифи он натиҷаи инкишофи
системаҳои муайян аст, ки аз ҳамкории онҳо асос мегирад.

Аз нуқтаи назари психология хусусиятҳои яклухтӣ,
сохтори мухталифи системаҳои ҳаммонанд, самараи ин-
кишоф, шаклгирии ташкилаи нав дар асоси ин принсип
шарҳ дода мешаванд.

  1. Принсипи детерминизм (аз лот. детерминар-

муайян кардан). Ин принсип, ки ҳамчун присипи сабаб-
нокӣ низ маъмул аст, баромади сабабу натиҷагии зуҳуро-
ти психикиро ифода карда, аз принсипи ҳамкорӣ ва ин-
кишоф бармеояд.

Мувофиқи ин принсип ҳар гуна зуҳуроти психикӣ
дар асоси сабаби муайян ба вуҷуд меояд ва ба сифати са-
баби асосӣ тарзи ҳаётгузаронӣ, шароитҳои ҳаёт ва таъси-
ри муҳит баромад мекунанд. Ба ибораи олими рус
А.В.Петровский «психика аз рӯи тарзи ҳаётгузаронӣ муа-
йян карда мешавад ва бо ивазшавии тарзи ҳаётгузаронӣ
тағйир меёбад».

Дар асоси принсипи детерминизм пайдоиш ва инки-
шофи таърихии зухуроти психикӣ шарҳ дода мешавад.

  1. Принсипи яклухтӣ. Яклухтӣ – ин ҳамкории

устувори қисмҳои як система мебошад, ки онро ҳамчун як
ташкилаи ягона ва том муаррифӣ мекунад. Яъне, яклухтӣ
маҷмӯи қисматҳои таркибӣ набуда, балки аз ҳамкории ин
қисматҳо бармеояд, чӣ тавре мегӯянд: «кулл бо ҷамъи
ҷузъҳои худ баробар нест». Дар мавриди додашуда сухан
дар бораи чунин ҳамкории устувори сохторҳои таркибии
як система меравад, ки новобаста аз мухторияти инкишоф
ва вариантнокии зуҳурот айнияти системаро нигоҳ медо-
рад.

Принсипи яклухтӣ барои шарҳ додани чунин ху-
сусиятҳо, аз қабили ҳифз шудани тавсифдиҳандаҳои асо-
сии объектҳо новобаста аз вариантнокии қисматҳои тар-
кибӣ (масалан, ҳифз шудани хусусиятҳои муҳими шахсият
дар тамоми тӯли инкишоф); ҳосилшавии хусусиятҳои си-
фатан нав дар раванди ҳамкории системаҳо (масалан,
пайдоиши психика дар раванди таҳаввулоти организми
зинда) ва ғайра истифода бурда мешавад.

  1. Принсипи фаъолӣ. «Фаъолиро чун самараи ҳам-
    кориҳои захирашаванда баҳо додан мумкин аст»- қайд
    кардааст олими рус Пономарев Я.А. Аз ин нуқтаи назар,
    фаъолӣ яке аз хосиятҳои олами зинда мебошад, зеро маҳз
    системаҳои зинда таҷрибаҳои гузаштаро «захира» намуда,
    барои мутобиқшавӣ ба шароитҳои зист истифода меба-
    рад. Яке аз имкониятҳои муҳими захираи таҷриба – ин си-
    стемаи асаб ва психика мебошад. Аз ин рӯ организми
    зиндаи дорои психика ҳамзамон дорои имкониятҳои за-
    минавии фаъолӣ низ мебошад. Дараҷаи фаъолии орга-
    низм аз сатҳи тараққиёти психика вобастагӣ дошта, бо
    таҳаввулоти он имкониятҳои бештари фаъолии организм
    ба вуҷуд меояд.

Тавассути принсипи фаъолӣ хусусияти инъикоску-
нандагӣ доштани психика ва вобаста ба таъсироти муҳит
фаъолу тағйирёбанда будани он шарҳ дода мешавад.

  1. Принсипи субъектнокӣ. Дар дараҷаи баланди
    тараққиёти организми зинда имкониятҳои фаъолӣ ба он
    сатҳи инкишоф мерасад, ки имконияти ба воқеият аз
    нуқтаи назари манфиатҳои худ баҳо додан ва ҳамзамон аз
    ин нуқтаи назар ба он таъсир расониданро фароҳам
    меоварад. Системаи зиндаи дорои чунин имкониятҳои
    фаъолӣ субъект мебошад. Дар омӯзишҳои психологӣ дои-
    мо ва ҳатман мавқеи субъект ба эътибор гирифта меша-
    вад.

Ин принсип хусусияти инфиродӣ доштани ҷараёни
дарку маърифати оламро шарҳ медиҳад.

  1. Принсипи таҷдид. Яке аз масъалаҳои муҳими
    тадқиқоти психологӣ ба омӯзиши бевосита дастрас набу-
    дани ҳодисаҳои психикӣ аст. Маҳз ин масъала ташаккули
    психологияи илмиро тӯли асрҳои зиёд ба таъхир мегу-
    зошт. Мактабҳои гуногуни психологӣ ин масъаларо бо
    роҳҳои гуногун ҳал карданӣ мешуданд: ҷонибдорони ин-
    троспексия пешниҳод карданд, ки роҳи ягонаи омӯзиши
    ин ҳодисаҳо худмушоҳида аст, бихевиористон бошад чу-
    нин ҳодисаҳоро умуман сарфи назар карда, ба мушоҳидаи
    зуҳуроти берунии он – рафтор қаноат мекарданд ва ғайра.
    Дар асри XX нуқтаи назар ба ин масъала тағйир ёфт.
    Пешниҳод гардид, ки дар байни хусусиятҳои мушоҳида-
    шавандаи рафтор ва фаъолият аз як ҷониб ва хусусиятҳои
    ҳодисаҳои ниҳонии психикӣ аз ҷониби дигар, як қатор
    монандиҳо вуҷуд доранд. Маҳз дар асоси ин гипотеза
    солҳои 30- юми асри XX олими рус С.Л.Рубинштейн
    принсипи маъмули ягонагии шуур ва фаъолиятро кор
    карда баромад. Мавқеи психологияи муосир ба ин
    масъала бо нуқтаи назари Рубинштейн умумият дошта
    дар принсипи таҷдид ифода меёбад.

Моҳияти ин принсип дар он ифода меёбад, ки агар
дар ҳолати ошкор гардидани ҳамоҳангӣ ва ҳамкории
занҷиравии сохторҳои таркибии як система яке аз
унсурҳои он ба омӯзиши бевосита дастрас набошад, пас
он дар асоси хусусиятҳои ҳамкории унсурҳои дигари ба
омӯзиши бевосита дастрас таҷдид карда мешавад.

Методҳои Методҳои тадқиқоти психологӣ систе-
тадқиқоти маи амалиёти аз нуқтаи назари методо-
психологӣ логӣ асоснокшудае мебошанд, ки ба да-
рёфт ва коркарди далелу бурҳони илмӣ
доир ба предмети психология равона шудаанд. Дар ба-
робари ин, методҳои тадқиқоти психологӣ шаклҳои ба
омӯзиши психологӣ махсусгардонидашудаи методҳои
умумиилмии тадқиқотӣ мебошанд. Чуноне, ки маълум аст
тамоми методҳои илми муосирро ба намудҳои назариявӣ,
эмпирикӣ ва шарҳдиҳанда ҷудо мекунанд.

Методҳои назариявӣ чунин методҳое мебошанд, ки
ҳангоми онҳо тадқиқотчӣ на бо воқеияти омӯхташаванда,
балки бо образҳо, формулаҳо, схемаҳо, системаи ало-
матҳои забонӣ ва дигар унсурҳои фаъолияти фикрӣ кор
мебарад. Ба таври дигар гӯем, тадқиқоти назариявӣ – ин
амалиёти фикрӣ бо объекти омӯзиш аст. Натиҷаи татбиқи
методҳои назариявӣ маҷмӯи донишҳои хулосавӣ – ман-
тиқӣ мебошанд. Дар тадқиқоти психологӣ чунин ме-
тодҳои назариявӣ истифода бурда мешаванд: а) методи
дедуктивӣ, яъне хулосабарории мантиқӣ дар шакли гуза-
риш аз муҳокимаҳои умумӣ (кулл) ба муҳокимаҳои қисмӣ
(ҷузъ). Натиҷаи ин метод дар шакли назария, қонунҳо ва
ғайра ифода меёбад; б) методи индуктивӣ, яъне хулосаба-
рорӣ дар шакли гузариш аз ҷузъ ба кулл. Натиҷа – гипоте-
заи индуктивӣ, қонуният, таснифот, басистемадарории
зуҳурот ва ғ.; в) Тамсиласозӣ (моделсозӣ), яъне хулосаба-
рорӣ дар шакли «гузариш аз ҷузъ ба ҷузъ», ин методро
методи аналогӣ низ ном мебаранд, зеро ҳангоми он ба ҷои
объекти мураккаб объекти аналогии нисбатан дастрас
(тамсила) мавриди тадқиқ қарор мегирад. Натиҷа – тамси-
лаи (модели) объект, раванд ва ё ҳолат. И.А.Зимняя ҳам-
чунин методҳои зерини назариявиро фарқ мекунад: ап-
проксиматсия – ифодаи тақрибии ягон бузургӣ тавассути
бузургии дигари нисбатан содда; аксиоматизатсия – исти-
фодаи аксиоматикии нуктаҳои заминавии ягон назария
(аксиома – ин мавқеи ибтидоӣ ва асосии назария аст, ки
асоси далелҳои дигар нуктаҳои ин назарияро ташкил до-
да, дар доираи он бе талаби исбот истифода бурда меша-
вад); экстраполятсия – паҳннамоии хулосаҳои аз му-
шоҳидаи як қисмати зуҳурот бадастомада дар қисмати ди-
гари он; праксиметрия – баррасии амал ё маҷмӯи амалҳои
гуногун аз нуқтаи назари муқаррарнамоии натиҷабахшии
онҳо.

Тадқиқоти эмпирикӣ (аз юн. эмпирия-таҷриба) барои
тафтиши дурустии тахминҳои назариявӣ баргузор мегар-
дад ва ҳангоми он тадқиқотчӣ на бо рамзҳо, балки бо ху-
ди объекти тадқиқот системаи амалиётро ба анҷом мера-
сонад. Натиҷаи татбиқи методҳои эмпирикӣ – ин маълу-
моти объективии ифодакунандаи ҳолати объект дар асоси
нишондиҳандаҳои воситаҳои махсус мебошад. Муҳимта-
рин методҳои эмпирикии умумиилмӣ: а) мушоҳида; б) оз-
моиш; в) методҳои андозагирӣ ба шумор мераванд. Дар
тадқиқоти психологӣ шаклҳои махсусгардонидашудаи ин
методҳо васеъ истифода бурда мешаванд.

Методҳои шарҳдиҳӣ чун методҳои назариявӣ ифода-
кунандаи кор бо тасвири аломатию рамзии объект (гра-
фикҳо, ҷадвалҳо, схемаҳо ва ғ.) мебошад, вале дар фарқи-
ят аз он амалиёти фикрӣ набуда, аз тадқиқотчӣ фаъолии
«берунӣ»- ро талаб мекунад. Бо ёрии ин методҳо муқоиса
ва таҳлили натиҷаҳои аз тадқиқоти эмпирикӣ бадастома-
да амалӣ гардонда мешавад.

Методҳои тадқиқоти эмпирикӣ дар байни се гурӯҳи
зикршудаи методҳо нақши асосиро иҷро мекунанд, зеро
агар қисмати таҷрибавии тадқиқотро сарфи назар намо-
ем, пас методҳои назариявӣ ва шарҳдиҳанда аҳамият ва
асоси илмӣ – объективии худро аз даст медиҳанд. Асосно-
кии методҳои тадқиқоти эмпирикӣ тавассути се меъёри
асосӣ назорат карда мешавад. Ҳар як методи тадқиқотӣ
бояд: 1) объективӣ; 2) валиднок ва 3) эътимоднок бошад.

Объективӣ будани методи тадқиқоти илмӣ чунин
шарҳ дода мешавад: он бояд аз ирода ва шуури инсон во-
баста набуда ба қонунҳои олами воқеӣ тобеъ бошад.

Валиднок будани методи илмӣ дар он ифода меёбад,
ки он бояд ба қадри кифоя барои тадқиқ ва баҳодиҳии
предмети тадқиқот мувофиқ бошад.

Эътимоднок будани метод ифодакунандаи он аст, ки
бояд ҳангоми истифодаи такрорӣ ва бисёркарата ҳамон як
натиҷаҳо ба даст оварда шаванд, яъне механизми
натиҷагирӣ тасодуфӣ набуда, бояд устувор бошад.

Дар илми психология чунин методҳои тадқиқоти эм-
пирикӣ истифода бурда мешаванд: мушоҳида, экспери-
мент, сӯҳбат, мусоҳиба, пурсиш, анкета, тестҳои психо-
логӣ, методи таҳлили маҳсули фаъолият. (Нақшаи 1.)

Ҳар яки ин методҳоро ба таври муфассал дида меба-
роем:

Мушоҳидаи психологӣ. Дар зери мафҳуми мушоҳида
идроки мақсадноки объектҳоро мефаҳманд. Мушоҳидаро
модари илм шуморидан мумкин аст, зеро ҳамагуна до-
нишҳои илмӣ аз мушоҳидаи зинда ибтидо гирифтаанд.
Мушоҳида дар миёни методҳои тадқиқотии психология
низ аз ҳама қадимтар ва дар айни замон содда ва даст-
растарин ба шумор меравад. Ин метод ҳамчун методи ил-
мии эмпирикӣ ҳанӯз аз чаҳоряки аввали асри XIX дар
тадқиқоти психологӣ васеъ истифода бурда мешуд. Авва-
лин истифодабарандагони мушоҳидаи илмии психологӣ
духтур – психиатрҳо буданд, ки дар клиникаҳо рафтори
беморони худро ба таври систематикӣ мушоҳида намуда,
натиҷаҳои онро қайд ва таҳлил менамуданд. Ин метод ай-
ни замон дар соҳаҳои психологияи клиникӣ, иҷтимоӣ, пе-
дагогӣ ва синнусолӣ, психологияи меҳнат ва дигар
соҳаҳое, ки дар онҳо бақайдгирии рафтори табиии одам
дар шароитҳои барои ӯ одатӣ аҳамияти муҳим дорад ва
таъсири озмоишгар раванди ҳамкории одамро бо муҳит
вайрон месозад, истифода бурда мешавад.

Методи мушоҳида бо як қатор хусусиятҳои худ аз
мушоҳидаи ҳаётӣ фарқ мекунад, аз ҷумла:

  • он аз рӯи нақшаи пешакӣ ва тартиби муқарраргар-
    дида амалӣ гардонида мешавад;
  • он раванди мақсаднок аст ва мақсади асосии он ба
    даст овардани маълумоти объективӣ дар бораи объекти
    мушоҳидашаванда мебошад;
  • он шаклҳои махсуси бақайдгирии натиҷаҳои му-
    шоҳидаро истифода мебарад, ки минимизатияи таъсири
    омили субъективиро пешбинӣ менамоянд.

Вобаста ба ин ва дигар меъёрҳо, мушоҳидаи илмӣ аз
мушоҳидакунанда донишҳои махсуси назариявӣ, мала-
каҳои касбӣ ва тайёрии махсусро талаб мекунад.

Мушоҳидаи психологӣ аз намудҳои дигари му-
шоҳидаи илмӣ (биологӣ, физикӣ, астрономӣ ва ғ.) низ
куллан тафовут дорад. Ин тафовут пеш аз ҳама дар ху-
сусиятҳои предмет ва объекти мушоҳидаи психологӣ аён
мегардад. Объекти мушоҳидаи психологӣ мураккабтарин
ва пурасрортарин мавҷуди рӯи олам – одам ва ҳамкории
он бо одамони дигар, яъне гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад.
Қайд кардан лозим аст, ки мушоҳидаи психологӣ баъзан
олами ҳайвонотро низ фаро мегирад, вале мақсади он бо
роҳи муқоиса ошкор сохтани қонуниятҳои инкишофи фи-
логенетикии психикаи инсон мебошад. Предмети му-
шоҳидаи психологиро рафтору кирдори одамон ва меха-
низмҳои психологии амалигардии онҳо ташкил медиҳанд.
Тадқиқотчӣ метавонад хусусиятҳои мухталифи рафтори
ҳаракатӣ ва шифоҳиро мушоҳида намояд, ба монанди 1)
амалиёти шифоҳӣ (мазмун, паиҳамӣ, зудӣ, давомнокӣ,
шиддат ва ғ.); 2) ҳаракатҳои ғайришифоҳии нутқӣ (имо ва
ишораҳо, ифодаи қиёфаи рӯй, ҳаракатҳои чашм, бадан ва
ғ.); 3) ҷойивазкунӣ дар фазо (ҳаракат ё ҳолатҳои беҳара-
катии одамон, масофаи байни онҳо, суръат ва самти ҳара-
кат ва ғ.); 5) амалиёти ҷисмонӣ (даст расонидан, бардо-
штан, гузоштан, зарба задан ва монанди инҳо).

Дар илми психология намудҳои гуногуни методи
мушоҳидаро фарқ мекунанд, аз ҷумла: мушоҳидаи мунта-
зам ва ғайримунтазам, мушоҳидаи «куллӣ» ва интихобӣ,
мушоҳидаи ошкоро ва махфӣ, мушоҳидаи бавосита ва бе-
восита, мушоҳидаи воридшуда, мушоҳидаи лонгитюдӣ
(дарозмуддат) ва инчунин худмушоҳида.

Мушоҳида агар аз рӯи нақшаи пешакӣ муайянкар-
дашуда ҷараён гирифта, ҳангоми он хусусиятҳои
бақайдгирифташавандаи рафтор муайян ва шароитҳои
муҳити иҳотакарда гурӯҳбандӣ шаванд, бақайдгирии ху-
сусиятҳои предмети тадқиқот дар давраҳо ва ё шароитҳои
гуногун ба нақша гирифта шавад, пас онро мушоҳидаи
мунтазам
меноманд.

Ҳангоми мушоҳидаи гайримунтазам бақайдгирии во-
бастагиҳои сабабӣ ва тавсифи пурраи зуҳурот муҳим
набуда, тадқиқот бо тасвири як қатор нишондиҳандаҳои
ҷамъбастшудаи рафтори фард ё гурӯҳ дар шароитҳои му-
айян қаноатманд мегардад. Ин намуди мушоҳида дар эт-
нопсихология, психологияи иҷтимоӣ ва дар психологияи
синнусолӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Дар мавриди мушоҳидаи куллӣ тадқиқотчӣ ё гурӯҳи
тадқиқотчиён тамоми хусусиятҳои мушоҳидашавандаи
рафтори объектро ба қайд мегиранд. Ҳангоми мушоҳидаи
интихобӣ
бошад, танҳо ба ҷанбаҳои муайяни рафтор
диққат дода мешавад. Масалан, танҳо такроршавандагии
бадхашмӣ ё ин ки муддати амалиёти якҷояи модару кӯдак
дар давоми рӯз ба қайд гирифта мешавад.

Чунин шакли баргузории мушоҳидаи психологӣ, ки
ҳангоми он мушоҳидашаванда аз раванди мушоҳида огоҳ
аст, мушоҳидаи ошкоро меноманд. Ҳангоми мушоҳидаи
ошкоро хусусиятҳои шахсияти психолог ва давомнокии
раванди мушоҳида аҳамияти муҳим доранд, чунки барои
бартараф намудани таъсири «назорат» ба ӯ лозим меояд
дар муддати муайян ва бо рафтори мувофиқ «худӣ» буда-
ни худро нишон диҳад, то мушоҳидашавандагон бо ӯ унс
гиранд. Аксар вақт воқиф будани мушоҳидашаванда ба
ҷараёни табиии мушоҳида таъсири манфӣ мерасонад, зеро
«назорати» берунӣ боиси тағйирёбии рафтори вай мегар-
дад. Дар чунин ҳолат мушоҳидаи махфӣ бештар натиҷа
медиҳад, ки ҳангоми он объекти мушоҳида аз раванди он
огоҳ нест.

Мушоҳидаи психологӣ метавонад ба таври бевосита
ва ё тавассути воситаҳои техникӣ амалӣ гардонида шавад.
Дар ҳолате, ки он тариқи «мушоҳидаи зинда» ҷараён ги-
рифта, ба сифати воситаҳои бақайдгирӣ танҳо имкони-
ятҳои табиии одам ва қаламу қоғаз баромад мекунанд, су-
хан дар бораи мушоҳидаи бевосита меравад. Ҳангоми му-
шоҳидаи бавосита
ду намуди воситаҳо истифода бурда
мешаванд: а) воситаҳои ёрирасон (дурбин, девори аз як
ҷониб шаффоф – девори Гезелл, дастгоҳҳои банаворгирии
махфӣ ва ғ.); б) воситаҳои бақайдгирандаи раванди му-
шоҳида (дастгоҳи суратгирӣ, видеобанаворгиранда, даст-
гоҳи сабти садо ва ғ.). Ҳангоми мушоҳидаи бевосита хо-
тири мушоҳид нақши муҳимро иҷро мекунад, зеро дар чу-
нин ҳолат то пайдо шудани фурсат ва мавқеи қайди
натиҷаҳо муддати муайян мегузарад, ки он на танҳо эҳти-
молияти фаромӯш шудани далелҳо, балки инчунин дар
раванди қайди он роҳ ёфтани таассуроти субъективиро
низ ба вуҷуд меоварад. Ин ҳолат хусусан ҳангоми
татбиқнамоии мушоҳидаи воридшуда равшан аён мегар-
дад. Баъзан, унсурҳои тадқиқшаванда дар муҳити маҳдуд
ё махфӣ ба амал меоянд ва ё бо камтарин тағйироти муҳит
дигаргун мешаванд. Мушоҳида «аз як ҷониб», дар чунин
маврид ва як қатор ҳолатҳои дигар натиҷа намедиҳад ва
зарурати ба «олами» фард ё гурӯҳи мушоҳидашаванда во-
рид шудан ба вуҷуд меояд. Чунин мушоҳидаро мушоҳидаи
воридшуда
меноманд. Мушоҳидаи воридшуда ҳангоми
тадқиқи гурӯҳҳои ҷинояткор, гурӯҳи наврасони вайрон-
кор ва коллективҳои ҳарбӣ истифода бурда шуда, аз му-
шоҳид талаб мекунад, то худ аъзои ин гурӯҳҳо бошад.
Ҳангоми тадқиқоти инфиродӣ бошад, ин шакли методи
мушоҳида дар мавриде истифода мешавад, ки мақсади
мушоҳида зарурати робитаи доимии табиӣ доштанро бо
мушоҳидашаванда ба вуҷуд оварад, масалан ҳангоми му-
шоҳидаи рафтори кӯдаки хурдсол.

Ҳангоми мушоҳидаи воридшуда низ метавон аз му-
шоҳидаи ошкоро (масалан, ҳангоми омӯзиши хусусиятҳои
рафтори кӯҳнавардон ё экипажи киштии зериобӣ) ва ё
мушоҳидаи махфӣ (масалан, ҳангоми мушоҳидаи рафто-
ри гурӯҳи кӯдакон ва ё маҳбусони як камераи ҳабсхона
тавассути воситаҳои ёрирасон) истифода намуд.

Мушоҳидаи воридшуда вобаста ба хусусиятҳои худ
аз мушоҳид донишу маҳорат, малакаҳои касбӣ ва омо-
дагии махсусро талаб мекунад.

Гоҳо хусусиятҳои предмети мушоҳида омӯзиши мун-
тазам ва тулонимуддатро тақозо мекунад, масалан дар ҳо-
лати омӯзиши раванди ташаккулёбии қобилиятҳои эҷодии
шахс. Дар чунин ҳолат мушоҳидаи лонгитюдӣ ба нақша
гирифта мешавад, ки маънояш мушоҳидаи дарозмуддат ё
кашолёфта мебошад.

Шакли махсуси методи мушоҳида, ки танҳо дар пси-
хология истифода бурда мешавад – худмушоҳида мебошад.
Ин метод ҳанӯз дар асри XVII ҳамчун «ягона» имконияти
омӯзиши олами ботинии инсон шакли илмимонандро касб
карда бошад ҳам, бо кашф шудани методҳои нисбатан
объективии омӯзиши психика он то андозае сарфи назар
карда шуд. Аммо аҳамияти илмии худмушоҳидаро нодида
гирифтан нашояд, аввалин тасаввурот дар бораи олами
ботин маҳз тавассути мушоҳидаи фикрҳо, ҳиссиёт ва та-
ассуроти худ ба вуҷуд меоянд. Имрӯз низ худмушоҳида
барои психолог – тадқиқотчӣ аҳамияти муҳим дорад. Ӯ
дар фаъолияти касбии худ бо рафтори гуногуни одамон
вохӯрда, кӯшиш менамояд, ки механизмҳои психологии
онҳоро ошкор созад. Дар аксари чунин ҳолатҳо психолог
ба таҷрибаи шахсӣ, аз он ҷумла ба таҳлили фаъолияти
психикии худ рӯ меоварад. Бо вуҷуди чунин бартарият, ба
даст овардани маълумоти асосноки илмӣ бо ёрии худму-
шоҳида ниҳоят душвор аст, ки ин дар мавҷудияти як қа-
тор камбудиҳо ифода меёбад. Аввалан, мушоҳида наму-
дани фикрҳо, таассурот, тасаввурот ва ҳиссиёти худ ниҳо-
ят мушкил аст, зеро онҳо дар зери таъсири мушоҳида ё
тағйир меёбанд ва ё қатъ мегарданд. Дуюм, ҳангоми худ-
мушоҳида хоҳу нохоҳ назари субъективӣ таъсири худро
мерасонад ва саввум, ҳангоми натиҷагирӣ аз худму-
шоҳида баъзе тобишҳои таассуроти хешро ифода кардан
ғайриимкон аст. Вобаста ба ин норасоиҳо, тадқиқотчие,
ки ба худмушоҳида рӯ меоварад, бояд натиҷаҳои онро
танҳо дар сатҳи фарзиявии тадқиқот истифода намуда, бо
ёрии методҳои имконпазири объективӣ тафтиш кунад,
ҳангоми натиҷагирӣ таъсири мушоҳида ва субъективизм-
ро ба эътибор гирад, қаблан малакаи баҳои объективӣ до-
дан ба таассуроти худро андӯзад.

Ташкил ва баргузории мушоҳидаи психологии
тадқиқотӣ як қатор талаботи худро дорад. Мушоҳида бо-
яд:

  • дар шароитҳои барои объект муқаррарӣ баргузор
    гардад. Дар шароити ғайримуқаррарӣ рафтори одатии
    объект тағйир меёбад;
  • тасодуфӣ набошад ва аз рӯи барномаи пешакӣ
    тарҳрезикардашуда ҷараён гирад, зеро нақшаи пешакӣ
    имконият медиҳад, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳ да-
    лелҳои зарурӣ ба даст оварда шаванд;
  • мақсади муайян дошта бошад. Тадқиқотчӣ бояд
    аниқ донад, ки чиро мушоҳида кардан лозим аст, вагарна
    мушоҳида танҳо ба гирд овардани далелҳои алоҳида таб-
    дил меёбаду халос;
  • на ба таври фрагментарӣ, балки мунтазам баргузор
    гардад, зеро бақайдгирии саҳнаҳои алоҳидаи рафтори
    объект метавонад ба хулосабарориҳои нодуруст мусоидат
    намояд;
  • ба қадри имкон муддати зиёдтарро фаро гирад. Чӣ
    қадаре, ки давомнокии мушоҳида зиёд бошад, ҳамон ан-
    доза далелҳои бештар ба даст меоянд ва эҳтимолияти
    баҳои тасодуфӣ додан бартараф мегардад;
  • бо тавсифи зуҳуроти берунии ҳодиса маҳдуд
    нашуда, табиати психологӣ ва асоси илмии онро ошкор
    намояд;
  • яке аз талаботи муҳим ҳагоми мушоҳидаи махфӣ –
    ин пинҳон нигоҳ доштани раванди он аз мушоҳидашаван-
    да мебошад, зеро таъсири назорати беруна доимо
    тағйирёбии рафторро ба вуҷуд меоварад.

Мушоҳидаи тадқиқотӣ аз рӯи тартиби муқарраргар-
дида гузаронида мешавад ва он аз чунин давраҳо иборат
аст: 1) муайян кардани предмети мушоҳида (рафтори
тадқиқшаванда), объекти мушоҳида (фард ё гурӯҳи
алоҳида) ва вазъияте, ки мушоҳида бояд дар он сурат ги-
рад; 2) интихоби усули (намуди) мушоҳида ва тарзи
бақайдгирии он; 3) тартиб додани барнома ё нақшаи му-
шоҳида (вазъият, объект, вақт); 4) интихоби методи кор-
карди натиҷаҳо; 5) коркардабароӣ ва шарҳи маълумоти
бадастовардашуда.

Чунин роҳҳои бақайдгирии далелҳои мушоҳида
мавҷуданд: 1) рӯзномаи мушоҳида; 2) протоколи пай дар
пай; 3) протоколи стандартӣ ё хронометраж. Дар замони
муосир аз воситаҳои техникии қайди маълумоти му-
шоҳида (видеонавор, суратгирӣ ва сабти садо) низ исти-
фода бурдан мумкин аст.

Афзалияти методи мушоҳида
дар он ифода меёбад, ки он нисба-
тан содда ва дастрас буда, мавод ва
таҷҳизоти зиёдро талаб намекунад.
Аммо он аз камбудиҳо низ холӣ
набуда, як қатор норасоиҳо дорад,
аз ҷумла:

  • вақти зиёдро талаб мекунад,
    чунки зуҳуроти рафтори му-
    шоҳидашавандаро интизор шудан
    лозим меояд;
  • ба таъсироти субъективӣ
    бештар дастрас аст, зеро аз идроки
    мушоҳид вобастагии зиёд дорад;
  • дар баъзе маврид, хусусан
    ҳангоми мушоҳидаи          махфӣ

масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқиро ба
миён меоварад, чунки бе огоҳнамоӣ
ва иҷозати мушоҳидашаванда
амалӣ мешавад.

Расми 2. Намунаи авва-
лин таҷҳизоти экспери-
менти психологӣ: а – эсте-
зиометри Спирман; б –
тахистоскопи Ҷ.М. Кет-
тел; в – хроноскопи Гипп

Экспериманти психологӣ. Экс-
перимент ё озмоиши психологӣ ме-
тоди асосии тадқиқоти психологӣ
ба шумор меравад. Донишҳои объ-
ективӣ ва назарияҳои илмии психо-
логӣ маҳз бар асоси натиҷаҳои ин
метод устуворанд. Асосгузори экс-
перименти психологӣ олим – таби-
атшиноси немис Г.Т. Фехнер (1801-
1887) шуморида мешавад, ки ду
даҳсола қаблтар аз таъсисёбии оз-
моишгоҳи Вундт як қатор методҳои
эксперименталии психологиро кор
карда баромада буд, аммо аз
таърих маълум аст, ки озмоиши психологӣ аз ҷониби му-
тафаккирони замони пешин, аз ҷумла Абуалӣ ибни Сино
низ истифода бурда шудааст.

Психологи рус В.Н.Дружинин эксперименти психо-
логиро таъриф дода, чунин қайд кардааст: «ин фаъолияти
якҷояи озмудашаванда ва озмоишгар аст, ки аз ҷониби
озмоишгар ташкил дода шуда, ба тадқиқи хусусиятҳои
психикаи озмудашаванда равона мегардад».

Моҳияти методи озмоишро ба таври сунъӣ ба вуҷуд
овардани вазъияти барои зоҳиршавӣ, омӯзиш ва
баҳодиҳии хусусияти додашуда мувофиқ ташкил медиҳад,
яъне ҳангоми он тадқиқотчӣ бар хилофи методи му-
шоҳида зуҳуроти рафторро интизор нашуда, вазъияти ба-
рои зоҳиршавии он заруриро ба вуҷуд меоварад. Аз ин
нуқтаи назар, озмоиш дар муқоиса бо мушоҳида методи
фаъол аст. «Мушоҳида он чизеро ҷамъ меоварад, ки таби-
ат ба ӯ пешкаш кардааст, таҷриба бошад чизи заруриро
худаш аз табиат мегирад», навишта буд физиологи рус
И.П.Павлов. (Павлов И. П. Полн. собр. соч., т. II, кн. 2.
М., 1951, с. 274).

Тадқиқотчӣ худаш вазъияти барои тадқиқот зарури-
ро ба вуҷуд оварда, як қатор имкониятҳоро соҳиб меша-
вад. Аввалан, вақт сарфа карда мешавад, баъдан, омӯзиш
ва идораи таъсири шароит имконпазир мегардад. Сониян,
вобаста ба имконияти ивазнамоии шароит (масалан,
тағйир додани супориш ё шарти вазифаи дар назди озму-
дашаванда гузошташуда) имконияти ошкор сохтани воба-
стагиҳои сабабу натиҷавии ҳодисаҳои психикӣ ба вуҷуд
меояд. Инчунин дар тадқиқоти эксперименталӣ такрор ба
такрор гузаронидани таҷриба имконпазир аст, ки усту-
ворӣ ва асоснокии маълумоти бадастоварашударо собит ё
инкор карда метавонад. Баъдан озмоишро метавон дар як
вақт бо миқдори зиёди озмудашавандагон баргузор
намуд.

Вобаста ба тартиби ташкил ва баргузории экспери-
мент ду намуди асосии онро фарқ мекунанд: эксперименти
лабораторӣ ва эксперименти табиӣ.

Тадқиқот ҳангоми эксперименти лабораторӣ дар оз-
моишгоҳи психологӣ, бо ёрии дастгоҳҳои махсус баргузор
мегардад. Озмудашаванда огоҳ аст, ки бо ӯ озмоиш гуза-
ронида мешавад ва аз рӯи дастури пешниҳодшаванда амал
мекунад (баъзан мақсади аслии озмоиш ба озмудаша-
вандагон ошкор карда намешавад). Озмоиши лабораторӣ
дар омӯзиши унсурҳои мухталифи фаъолияти психикӣ, аз
ҷумла дар тадқиқи протсессҳои сенсорӣ (эҳсос), персеп-
тивӣ (идрок), мнемикӣ (хотир), интелектуалӣ (тафаккур,
ақл), моторӣ (ҳаракат, аксуламалҳо), иродавӣ ва характе-
рологӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Дар мавриди эксперименти табиӣ шароити
бавуҷудовардашуда ба муҳити муқаррарии ҳаёти озмуда-
шавандагон монанд буда, мазмуни табиии фаъолияти
онҳоро нигоҳ медорад ва бо ин хусусияти худ имконият
медиҳад, ки таъсири шароити нав ба психикаи озмудаша-
ванда бартараф карда шавад. Эксперименти табиӣ бори
аввал соли 1910 аз ҷониби А.Ф.Лазурский (1874-1917) ба-
рои омӯзиши шахсияти мактаббачагон кор карда барома-
да шудааст. Ин шакли озмоиши психологиро ба намудҳои
гуногуни фаъолияти одам: бозӣ, таълим, меҳнат татбиқ
намуда, унсурҳои психикаро дар шакли табиӣ ва дар ра-
ванди тараққиёташон омӯхтан мумкин аст, зеро чӣ тавре,
ки маълум аст, психика дар ҷараёни фаъолият зоҳир ме-
шавад ва инкишоф меёбад.

Ҳамчунин эксперименти констативӣ (муқаррарку-
нанда) ва ташаккулдиҳандаро фарқ мекунанд. Экспери-
менти констатавӣ
ба муқарраркунии алоқаҳои дар ра-
ванди инкишофи психикӣ шаклгирифта равона гардида-
аст, яъне ҳангоми он хусусияти алоҳидаи психикӣ муайян
ва сатҳи инкишофи он муқаррар карда мешавад. Экспери-
менти ташаккулдиҳанда
бошад имконият медиҳад, ки ху-
сусиятҳои чунин потсессҳои психикӣ, ба монанди идрок,
хотир, тафаккур ва ғайра мақсаднок ташаккул дода ша-
ванд. Таълимот дар бораи эксперименти психологӣ – педа-
гогии ташаккулдиҳанда ба олими рус В.В.Давидов таал-
луқ дорад.

Ҳангоми гузаронидани эксперимент дуруст
банақшагирии он аҳамияти муҳим дорад. Банақшагирии
анъанавӣ ва омилии экспериментро фарқ мекунанд. Дар
ҳолати банақшагирии анъанавӣ зуҳуроти психикӣ дар зе-
ри таъсироти ягона омӯхта мешавад ва ҳангоми банақша-
гирии омилӣ бошад, омилҳои таъсиррасонанда ва шаро-
итҳои таъсир тағйирпазир ва ивазшавандаанд. Бартарии
банақшагирии омилӣ дар он ифода меёбад, ки ҳангоми он
имконияти баҳо додан ба таъсироти байниҳамии омилҳо
ва зуҳуроти омӯхташаванда имонпазир аст.

Раванди ташкил ва гузаронидани эксперименти пси-
хологӣ тартиби муайян дошта, аз чунин давраҳо иборат
аст: 1) омодагӣ. Экспериментатор ҷои баргузории озмоиш
ва таҷҳизоти заруриро омода менамояд. Агар дастури ба
озмудашаванда пешниҳодшаванда мураккаб бошад, пас
якчанд озмоиши санҷишӣ газаронида мешаванд. Нишон-
доди озмоиш тартиб дода мешавад, ки он бояд аз ҷум-
лаҳои соддаи ҳар кадоме дорои на зиёдтар аз 11 калима
иборат бошад. Қисматҳои муҳими нишондод бояд бо сар-
хат ҷудо карда шаванд. Фаҳмидашавандагӣ ва соддагии
нишондоди тартибдодашударо бо роҳи санҷиши пешакӣ
дар 5-10 озмудашаванда тафтиш кардан лозим аст; 2)
пешниҳоди нишондод ва маромноксозии озмудаша-
вандаҳо. Нишондод ба озмудашавандаҳо пешниҳод карда
мешавад ва он бояд унсури маромноккунанда дошта
бошад. Бо ин мақсад пешниҳоди пардохти маблағи муа-
йян, ахборот дар бораи қобилиятҳо ва хусусиятҳои шахсӣ,
ёрӣ дар ҳалли мушкилоти шахсии психологӣ ва монанди
инҳоро истифода бурдан мумкин аст; 3) баргузории экс-
перимент. Пеш аз ҳама ба мукаллафӣ, ҳолати саломатӣ ва
хоҳишмандии озмудашаванда ба иштирок дар озмоиш
боварӣ ҳосил намудан лозим аст. Амалиёти худи экспери-

ментатор низ аз рӯи барнома сурат мегирад ва ӯ бояд бо
дастуре, ки паиҳамии амалиёти ӯро муайян мекунанд,
таъмин бошад. Дар раванди озмоиш иштироки ёвар низ
зарур аст, ӯ иҷрои корҳои фаръӣ (ёрирасон)- ро ба зима
мегирад. Вазифаҳои асосии ёвар одатан аз пур кардани
протоколи озмоиш, аз ҷумла бақайдгирии ҷавобҳои озму-
дашаванда, мушоҳидаи рафтор ва ҳолати озмудашаванда,
назорати ҳар гуна тамоюлҳо аз тартиби стандартии озмо-
иш, ҳамчунин назорат аз болои кори таҷҳизоти истифо-
дашаванда иборат аст; 4) Мусоҳибаи пасазозмоишӣ. Пас
аз анҷоми озмоиш бо озмудашаванда сӯҳбат гузаронида,
дар бораи таассуроти ӯ пурсидан зарур аст. Бо ин мақсад,
одатан анкетаҳои муайян истифода бурда мешаванд. Дар
охир барои иштирок дар раванди эксперимент ба озмуда-
шавандагон ташаккур гуфтан лозим аст.

Чуноне, ки қайд гардид, бартарии методи экспери-
менти психологӣ асосан дар сарфаи вақт ва идораша-
вандагии ваъият ифода меёбад, ки ин албатта афзалияти
бузург аст, вале методи эксперимент низ аз камбудиҳо
холӣ нест, аз ҷумла:

  • озмудашаванда аз раванди озмоиш огоҳ аст ва ин
    хоҳ – нохоҳ ба рафтори ӯ таъсир мерасонад;
  • экспериментатор бевосита дар раванди озмоиш
    иштирок мекунад ва мақсадгузориву интизориҳои ӯ аз оз-
    моиш хоҳ – нохоҳ дар амалу рафтор ва нутқи ӯ ифода ёф-
    та, ба ин восита ба озмудашаванда таъсир мерасонанд;
  • озмоиш заминаи муайяни моддӣ ва техникиро талаб
    мекунад ва вобаста ба ин баъзе мушкилотро пеш меова-
    рад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222