Дар асоси амали лоиҳавӣ ба фаъолияти сармоягузорӣ ва инноватсионӣи корхона принсипи воридшавии пулӣ мавҷуд аст. Барои ҳамин самаранокии тиҷоратӣ дар асоси тавсияҳои методологии баҳои самаранокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва интихоби онҳо барои маблағгузорӣ муайян карда мешавад.
Ба сифати нишондиҳандаҳои асосии лоиҳаҳои инноватсионӣ тавсияҳои таълимоти муқарар карда мешавад:
- самаранокии молиявӣ (тиҷоратӣ), ки натиҷаҳои молиявиро барои иштирокчиёни лоиҳа ба ҳисоб мегирад;
- самаранокии буҷетӣ, ки натиҷаҳои молиявиро барои буҷети ҳамаи дараҷаҳои идоракунӣ (корхона, соҳа, минтақа, давлат) ба ҳисоб мегирад;
- самаранокии иқтисодии умумихалқӣ, ки хароҷот ва натиҷаҳои берун аз манфиатҳои иштирокчиёни лоиҳаро низ ба ҳисоб мегирад.
Қайд кардан зарур аст, ки баробари нишондиҳандаҳои зикршуда хусусиятҳои арзишӣ дошта, инчунин аҳамияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва экологии лоиҳаи инноватсионӣро ба ҳисоб гирифтан зарур аст.
Хусусияти таҳлили инноватсионӣ пеш аз ҳама дар васеъшавии доираи масъалаҳои ташкил, баҳодиҳӣ, интихоб ва маблағгузории он ифода меёбад, ки дар навбати худ кори таҳлилгаронро мушкил мегардонад. Дар таҳлили лоиҳаҳои инноватсионӣ масъалаҳои зиёд пайдо мешаванд. Якум, миқдори объектҳои таҳлишаванда меафзояд.
Зиёдшавии объектҳои таҳлилшаванда асосан бо навигарии маҳсулот, номуайянии вазъи бозор, хусусияти интихоби мақсадноки дастгоҳи истеҳсолӣ ва технологӣ, тайёрӣ ба бозомӯзии кадрҳо, инчунин бо таваккали техникӣ, технологӣ ва тиҷоратӣ алоқамандӣ дорад.
Ғайр аз инҳо ҳангоми коркарди навоварӣ ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ низ бояд диққат дода шавад.
Дуюм, баҳодиҳии навовариҳо водор месозад, ки усулҳои сифатӣ ва ояндабинӣ истифода шаванд. Барои баҳодиҳии сифатии зарурӣ ҳам усулҳои сандартиирегрессионӣ, корелятсионӣ, таҳлили молиявӣ ва ҳам усулҳои тарҳрезии вазъиятӣ, эҳтимолӣ ва интерактивӣ истифода карда мешавад.
Сеюм, ҳангоми баҳодиҳии навовариҳо ду «ҷои маҳдуд» вуҷуд дорад, ки ташхису ояндабинии натиҷаҳои Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ва баҳодиҳии амалишавандагии лоиҳа мебошанд. Ҷараёни баҳодиҳии амалишавандагии лоиҳа аз менеҷер на танҳо ихтисоси баланд, балки фаросати комилро талаб менамояд. Аз ин сабаб агар ҳангоми таҳлили лоиҳаҳои сармоягузорӣ истифодаи усулҳои стандартӣ имконпазиранд, таҳлили навовариҳо бошад мутобиқсозии усулҳои сифатӣ ва миқдории гузаронидани таҳлили қиёсии моделҳои омилиро талаб менамояд.
Умуман барои баҳодиҳии арзишии навоварӣ на танҳо як усул, балки маҷмӯи усулҳои аз рӯи зарурият пайдарпай истифодашавандаро муайян кардан лозим аст.
Таҳлили иқтисодӣ ба истифодабарии усули «хароҷот-самаранокӣ» асос меёбад. Нишондиҳандаҳои сифатии инноватсионӣ ва ҷолибияти сармоягузории он дар асоси баҳодиҳии назоратӣ (экспертӣ), ташкили ақидаҳои пешниҳодшуда, усули санҷишӣ ва дарёфти хатоҳо, дарахти мақсадҳо ва усули намоиши ҳисоб карда шуда, баҳо дода мешавад.
Дар таҳлили низомии инноватсионӣ ба усули «хароҷот- самаранокӣ» мавқеи назаррас дода мешавад. Ин усул дар муайянкунии хароҷоти умумӣ, яъне хароҷотҳои молиявӣ, моддӣ, меҳнатӣ ва дигар захираҳои дар ҷараёни инноватсионӣ сарфшаванда, нақши махсусро иҷро мекунад. Марҳилаи банақшагирӣ ва баҳисобгирии хароҷотҳо яке аз марҳилаҳои муҳими татбиқи инноватсияҳо ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин марҳила маълумот оиди баҳодиҳӣ ва амалишавандагии лоиҳаи инноватсионӣ ташаккул меёбад.
Агар хароҷотҳои инноватсионӣро тавсиф диҳем, пас онҳо метавонанд дар тамоми давраҳои ҳаётии инноватсионӣ ҷой дошта бошанд, ба монанди: хароҷот барои Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, барои истеҳсол ва истифодашавии инноватсияҳо. Дар навбати худ хароҷоти Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ чунин хуроҷотҳоро дар бар мегирад: хароҷоти коркарди назарияи инноватсияҳо, тадқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ, хароҷоти тадқиқотҳои лабораторӣ, банақшагирии техникӣ, ташкили ҳуҷҷатгузории инноватсионӣ, хароҷоти намунаи таҷрибавӣ, санҷиши он, хароҷоти назорати сифат ва музди меҳнати кормандони ба Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ҷалбшуда.