Психика мафҳуми марказии психология мебошад. Аз қадимулайём мутафаккирон дар
атрофии мазмуну моҳият ва табиати ин мафҳум баҳсу мунозира менамоянд. Мубоҳи-
сони ин масъала асосан аз ду мавқеъ, мавқеи идеалистӣ ва мавқеи материалистӣ баромад мекунанд. Идеалистон аз замони Афлотун ва қабл аз он то имрӯз даъво доранд, ки
идея, рӯҳ, психика аз азал вуҷуд дошт ва он олами материалиро офарид. Психологияи идеалистӣ бо организм ва шароитҳои ҳаёт вобаста будани психикаро инкор мекунад. Материалистон бошанд аз Демокрит ва Арасту то ин замон исрор мекунанд, ки ашё, материя аввалин буда, рӯҳ, психика маҳсули он мебошад. Афкори идеалистӣ ва материалистӣ то замони мо тақрибан баробар инкишоф ёфтаанд, вале аз асри XIX сар карда, дар асоси кашфи як қатор қонунҳои табиат бартарии материализм мушоҳида мешуд. Дараҷаи олии тараққиёти материализм, материализми диалектикӣ мебошад, ки дар асоси ақидаҳои таҳаввулотии
Ч.Дарвин аз ҷониби файласуфони немис К.Маркс ва Ф. Энгелс кор карда баромада шудааст. Материализми диалектикӣ дар замони муосир ҳамчун асоси фалсафии ҳама илмҳо, аз ҷумла психология дониста мешавад. Мувофиқи таълимоти материализми диалектикӣ, ашё, материя аввалин буда, психика ва шуур маҳсули он мебошанд. Ҳамин тавр психика хосияти ашё аст, аммо он на ба ҳама ашё, балки танҳо ба ашёи дар дараҷаи олии тараққиёт қарордошта, яъне мағзи сар хос аст. Файласуфи рус В.И.Ленин қайд кардааст, ки: «тамоми ашё хосияти инъикосро соҳибанд», вале ҳамзамон қайд кардан лозим аст, ки чӣ ва чӣ тавр инъикос намудан аз дараҷаи тараққиёти системаи инъикоскунанда вобаста мебошад. Дар робита бо ин се намуди асосии инъикос фарқ карда мешавад: физикӣ, физиологӣ ва психикӣ.
Инъикоси физикӣ хоси тамоми ашё, аз ҷумла табиати ғайризинда аст. Ба он мисол шуда метавонад инъикоси равшанӣ, садо ва ғайра. Инъикоси физиологӣ танҳо ба мавҷудоти зинда хос аст, масалан рӯ ба офтоб ҳаракат кардани гули офтобпараст, аз таъсири ангеза ба ҳаяҷон
омадани ҳуҷайраи асабӣ ва ғайра. Инъикоси психологӣ бошад танҳо ба он мавҷудоти зинда хос аст, ки дорои узви инъикоскунанда- мағзи сар мебошанд. Мисоли ин намуди инъикос образи ашё, ҳодиса, ҳиссиёт ва монанди инҳо мебошад, ки дар тасаввуроти мо вуҷуд доранд. Инъикоси психикӣ табиати инфиродиро дошта, таркиб ва мазмуни он дар одам аз синну сол, таҷрибаи ҳаётӣ ва тарбияи ӯ вобаста аст. Ҳамин тавр материализми диалектикӣ собит намуд,
ки маҳз инъикоси психикӣ ё психика бояд мавзӯи баҳси психология бошад. Дуруст аст, ки мафҳуми психология дар замони муосир низ дар фаҳмиши умумӣ чун «илм дар бораи психика (рӯҳ)» дониста мешавад, Вале акнун худи мафҳуми «психика» мазмуну моҳияти худро комилан дигар намудааст.Он айни замон чун инъикоси субъективии олами объективӣ ё образи идеалии ҳақиқати реалӣ баҳо дода мешавад. Психика акнун на «сояи беҷисм», на субстансияи алоҳида, балки хосияти ашёи ба дараҷаи олӣ ташаккулёфта, яъне хосияти мағзи сар аст. Ҳамин тавр, психика функсияи магзи сар аст, ки дар инъикос намудани
олами иҳотакарда ифода меёбад. Худи психика мафҳуми муҷаррад буда, ба аърифати
ҳиссӣ дастнорас аст. Аммо он дар рафтор ва фаъолияти субъект дар се шакли ҳодисаҳои психикӣ зоҳир мешавад. Шаклҳои зуҳуроти психика- ин протсессҳои маърифатӣ, ҳолатҳои рӯҳӣ ва хусусиятҳои фардӣ-психологӣ мебошанд. Дар зери протсессҳои маърифатӣ як қатор унсурҳои психика фаҳмида мешаванд, ки субъект тавассути онҳо олами атроф, ашёву ҳодисот, ҷамъият, қонунҳои табиат, ҷамъият ва инчунин худро дониста мегирад, яъне маъри-
фат мекунад. Ин унсурҳо диққат, эҳсос, идрок, хотир, тафаккур, хаёл ва ғайра мебошанд.
Ҳолатҳои рӯҳӣ зуҳуроти психикиеро ифода мекунанд, ки заминаи эмотсионалии муносибати субъектро бо ашё ва ҳодисоти олами иҳотакарда тавсиф медиҳанд. Ба онҳо эмотсияҳо, ҳиссиёт ва ғайра мансубанд. Хусусиятҳои фардӣ-психологӣ бошанд, он гурӯҳи зуҳуроти психикиро муттаҳид мекунанд, ки тафовути инфиродии рафтору фаъолияти субъектро дар вазъиятҳои гуногун ифода мекунанд. Ин се шакли зоҳиршавии психика онро ба омӯзиши объективӣ дастрас мегардонанд. Аммо омӯзиши объективӣ набояд бо шарҳи ҳодиса маҳдуд
шавад, он бояд қонуният ва механизмҳои зуҳуроти ҳодисаро низ ошкор созад. Ҳамин тавр, предмети илми психологияро конуниятҳои пайдоиш, тараккиёт ва зуҳуроти
психика ташкил медиҳад. Вобаста ба он, ки ба зуҳуроти психикӣ омилҳои гуногун, аз қабили ашё, ҳодисот ва вазъиятҳо таъсир расонида метавонанд, психология барои ба даст овардани далелу бурҳони илмӣ доир ба предмети тадқиқотиаш тамоми ин омилҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Аз ин рӯ, объекти илми психология – ин маҷмӯи зуҳуроти омӯхташавандаи ҳакикати атроф мебошад, ки бо психика
алокаи мутакобила доранд. Дар байни ин зуҳурот рафтор ва фаъолият мафҳумҳои асосианд, вале ин ду мафҳум аз ҷониби илмҳои дигар, ба монанди физиология,
ҷомеъашиносӣ, илми ахлоқ ва ғайра низ мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ, қайд кардан лозим аст, ки ҳар яки ин илмҳо ҷанбаи алоҳидаву муайяни рафторро мутобиқ ба предмети тадқиқоти худ дарёфт ва тадқиқ мекунанд. Агар физиология функсияи узвҳои организмро ҳангоми иҷрои амалу рафтор ва фаъолият, механизмҳои иҷрои амал, ҷомеъашиносӣ ва илми ахлоқ аҳамияти иҷроиши рафтору фаъолиятро омӯзанд, пас психология фаъолият ва рафторро ҳамчун механизмҳои зоҳиршавии психика баҳо дода, унсурҳои психикӣ ва аҳамияташонро дар тараққиёти минбаъдаи психикӣ ҷустуҷӯ мекунад, механизмҳои танзими психикии онҳоро ошкор менамояд ва ғайра. Рафтори субъекти дорои психикаи солим доимо аз таъсири олами иҳотакарда асос ёфтааст. Олами берунаро
инъикос намудаистода, одам ҳамзамон ба таъсироти мухталифи он аксуламал зоҳир менамояд ва тавассути назорати шуурона рафтори худро ба шароитҳои мунтазам
тағйирёбандаи муҳит мутобиқ месозад. Дар баробари ин одам дар раванди инкоси олами иҳотакарда на танҳо қонунҳои табиату ҷамъиятро маърифат мекунад, балки онҳоро барои қаноатманд намудани талаботи моддию маънавии худ истифода мебарад. Дар фаъолияти одам зуҳуроти психикӣ парешон ва аз ҳамдигар ҷудо ба амал намеоянд. Онҳо байни ҳам дар робитаи зич қарор доранд. Дар раванди ташаккули одам ҳамчун аъзои ҷамъият, ҳам-
чун шахсият, зуҳуроти мухталифи психикии байниҳам робитаи мутақобиладошта тадриҷан ба сохтори психикии устуворе табдил меёбанд, ки одам онро ба ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими пешоянда равона мекунад. Психикаи инсон моҳиятан аз психикаи ҳайвони оли-
тарин ҳам бо он фарқ мекунад, ки унсури олии назораткунанда, яъне шуурро дорост. Шуур шакли олии инъикоси психикии олами объективӣ аст, ки дар кобилияти худназоратии субъект ифода меёбад. Шуур маҷмӯи донишҳои моро дар бораи воқеият ифода карда соҳаи даркшавандаи психика ба шумор меравад. Психологи рус А.В.Петровский чаҳор тавсифдиҳандаи психологии шуурро баён кардааст. Аввалан ӯ
шуурро чун маҷмӯи донишҳо дида баромада, муҳимтарин протсессҳои психикиро, ки дар ҷамъоварӣ ва ҳифзи ин донишҳо иштирок мекунанд ба сохтори он шомил медонад. Тавсифдиҳандаи дуюми шуур, ба ақидаи олим, аз ҷониби он тафриқагузорӣ шудани субъект ва объект аст. Одам маҳз тавассути шуур фаҳмида метавонад, ки чӣ ба «ман»-и вай тааллуқ дорад ва чӣ не. Тавсифдиҳандаи сеюм дар он ифода меёбад, ки шуур таъминкунандаи
мақсаднокии рафтори одам аст. Тавсифдиҳандаи чаҳорум дар он ифода меёбад, ки шуур барқароркунанда ва муайянкунандаи муносибати одам бо воқеият аст. «Муносибати ман бо муҳити атрофи ман – ин аст шуури ман»навишта буд К.Маркс Шарти ҳатмии ташаккул ва зоҳиршавии тамоми хусусиятҳои дар боло зикргардидаи шуур – забон мебошад. Донишҳо танҳо ҳангоми фаъолияти нутқӣ ҳосил мешаванд. Одам «ман»-и худро мешиносад ва дар асоси донишҳои ҳосилшуда ва ҷудо намудани худ аз олами атроф муносибати одам бо олами воқеӣ ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа одам оламро маърифат мекунад ва рафтори мақсаднок содир менамояд. Ҳанӯз аз давраи Лейбнитс мавҷудияти соҳаи бешуурӣ низ аён гашта буд. Минбаъд таълимотро дар бораи бешуурӣ З.Фрейд ва пайравони ӯ инкишоф доданд.
Айни замон дар асоси таносуби шуур-бешуурӣ назарияи фрейдизм якчанд дараҷаи психикаро фарқ мекунад: Бешуурӣ- муҳтавои принсипан ба шуур дастнораси психика мебошад, ки мақсадгузориҳои арзишноки ниҳонӣ, мавқеъгириҳо, маромҳо ва таркиботи ядрои энергетикии шахсро муттаҳид мекунад. Зершуур- хотироти фишорхӯрдаи эмотсионалиест, ки метавонанд бо ёрии техникаи психоанализ ба шуур дастрас гарданд.
Тошуурӣ- таркиботест, ки дар ҳолати зарурат метавонад ба осонӣ ба соҳаи шуур ворид шавад.
Шуур- мӯҳтавои фаҳмидашавандаи психика мебошад, ки ба танзими иродавӣ тобеъ аст.