Главная / Илм / Психология дар асрҳои миёна

Психология дар асрҳои миёна

Таърихи инкишофи донишҳои

психологӣ                  дар асрҳои миёна

давраи дурударозеро дар бар
мегирад: аз асри V то асри XVI ва нимаи аввали асри
XVII. Ин давраро замони пайдоиши тараққиёт ва пастра-
вии сохти ҷамъиятии иқтисодӣ, феодалӣ меҳисобанд. Фе-
одализм дар давраҳои асримиёнагӣ дар Шарқ нисбат ба
Ғарб дида пештар зуҳур кард. Маданияти Хитой, Ҳинду-
араб, Эрон ва Осиёи Миёна нисбат ба ғарб дида, пештар
инкишоф ёфтааст. Мутаассифона, дар Шарқ шароитҳои
муайяне ба вуҷуд омадаанд, ки ин ба рафти тараққиёти
капитализм монеа шуданд ва дар натиҷа инкишоф
тадриҷан аз Шарқ ба Ғарб кӯчидан гирифт.

Ин давраро ҳар хел баҳодиҳӣ менамоянд. Гума-
нистҳо ин давраро замони «торикӣ» ва «ҷаҳолат» номи-
данд, вале мутафаккири бузург Ф.Энгелс онро зери
танқид гирифт. Дар асл, ин давра мутафаккирони зиёдеро
ба майдон овард, аз қабили Томас Мор ва Томазо Компа-
нелла, Р.Бэкон, Абӯалӣ Сино, Н.Коперник, Г.Галилей,
Умари Хайём, Низомӣ, Данте, Шекспир, Сервантес ва ғ.
Ҳамаи ин далолат аз он мекунад, дар ин давра шахси-
ятҳои маъруф ва варзида дар соҳаҳои гуногун илм, адаби-
ёт ва санъат ташаккул ёфтаанд. Се дин ( буддоӣ, ислом ва
насронӣ) таҳдоби устуворро ба вуҷуд оварданд ва ҷаҳон-
бинии асримиёнагӣ характери диниро гирифт. Масҷидҳо
институти асосии дин ба ҳисоб мерафтанд.

Донишҳои психологӣ дар давраи феодализми эвро-
поӣ низ инкишоф меёфтанд ва дар равияи номинализм
инъикоси худро пайдо менамуданд. Номинализм бо ра-
вияи дигари фалсафӣ – реализм мубориза мебурд. Ҳар ду
дар доираи схоластикӣ амал мекарданд. Баҳси онҳо дар
масъалаи муносибати ҷузъ ба кулл ба амал омада буд.
Яъне, оё кулл мустақил вуҷуд дорад, ё соҳиби ҳастии
алоҳида аст, ё дар ашёи алоҳида вуҷуд дорад, ва оё табиа-
ти ҷисмиро дорост ё не?

Яке аз намояндагони давраи асримиёнагӣ роҳиби
доминиканӣ Фомаи Аквинӣ (1226-1274) буд. Ӯ мураттиби
схоластикаи ортодоксалӣ дониста мешавад. Ба ақидаи
Фома, рӯҳ ягона дорои ҳастӣ аст ва аз ҷисм ҷудо мебошад.
Рӯҳ сарчашмаи ҳаракати ҷисм аст.

Фомаи Аквинӣ маърифати табиӣ ва фавқуттабииро
фарқ мекунад. Маърифати табиӣин донистагирии ҳақиқат
туфайли эҳсосҳо ва ақл мебошад. Дар ин раванд нақши
узвҳои ботинию берунӣ калон аст. Эҳсос амали узви бадан
аст – чашм, гӯш ва ғайра, ки инъикоси алоҳидаи ҳоди-
саҳоро таъмин менамояд. Ақл натиҷаи амали ягон узв
нест. Ақл маърифати одамро васеъ намуда, дараҷаи
ҳискуниро баланд мебардорад ва инъикоси ҷамъбастии
ҳодисаҳоро мекунад. Фома, умуман модарзодӣ будани
донишҳоро рад намуда, вале додашуда будани баъзеи
онҳоро эътироф мекард, аз қабили аксиомаҳои матема-
тикӣ, ки онҳоро ҷанинҳои дониш номида, аз ҷониби ҷудо
дода шуданашонро таъкид мекард. Фомаи Аквинӣ шуур-
ро яке аз механизмҳои маърифат меҳисобад. Ба қавли ӯ,
дар рӯҳи инсон як қуввае аст ва онро «интенсия» (сухани
ботинӣ) номид, ки он ба амали идроку маърифат равияи
хосро медиҳад.

Минбаъд ба туфайли тараққиёти саноат, савдо,
баҳрнавардӣ, кори ҳарбӣ, яъне ба шарофати тараққӣ ёф-
тани истеҳсолоти моддӣ-соҳаҳои техника, табиатшиносӣ,
математика ва механика инкишоф ёфт. Ҳамаи ин талаб
мекард, ки бояд хирад аз схоластика раҳо ёфта, ба дарки
илмии олам ва одам рӯ оварад. Ҳамин тавр, давраи эҳё ё
худ таҷаддуд ба вуҷуд омад.

Намояндаи аввалини ин давра Р.Бэкон (1214-1292)
буд, ки нақши таҷриба ва мушоҳидаро дар рафти маъри-
фат баланд бардоштааст. Ба ақидаи ӯ, таҷриба имконияти
маърифат намудани ҷисмро дорад, вале дар донистагирии
рӯҳ ин қудратро надорад. Барои маърифати рӯҳ чизи ди-
гаре зарур аст, чун илҳом, ки имконияти дониста ги-
рифтани онро диҳад.

Давраи эҳё ё худ таҷаддуд мафҳуми «гуманизм»-ро ба
майдони илм овард ва аз ин рӯ ин давраро «Кашфиёти
одам» номиданд. Гуманистҳо Николаи Кӯзанӣ (1401-
1464), А.Данте (1265-1321). Ф.Петрарка (1304-1374) идеяи
гуманизмро тарғиб ва қудрати маърифати инсонро таъкид
менамуданд. Ба андешаи Н.Кӯзанӣ, инсон бо воситаи
фаъолияти эҷодии мағзи сари худ ба худо як навъ шабоҳат
дорад.

Дар соҳаи механика ва математика, астрономия
кашфиётҳои гуногун (Н.Коперник, И.Кеплер, Ҷ.Бруно,
Г.Галилей) ба амал омаданд. Ба ақидаи онҳо, бояд
қонунҳо, ҳодисаҳои воқеӣ, протсессҳо таҳлил гарданд ва
моҳияти онҳо ошкор карда шаванд, чунки табиат маҳз ба
қонунҳо итоат мекунад. Ҳамин тавр, тафаккури илмӣ ин-
кишоф меёбад ва протсесси маърифт намудан туфайли
таҷрибаҳо сурад мегирад.

Схоластҳои немис Р. Гоклениус ва О.Кассман бори
аввал (1590) мафҳуми «психология»-ро истифода бурданд
ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар он давра ба
масъалаҳои психологӣ таваҷҷӯҳ ва шавқу ҳаваси хосае
зоҳир намудаанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222