Олами воқеӣ, ки аз ашёву ҳодисаҳо, набототу ҳайвонот, одамон ва муносибатҳои байнионҳо иборат аст, барои ҳамаи мо ошно ва ҳамчунин умумию ягона мебошад, зеро он ҳақиқат аст, ҳақиқате, ки моро иҳота намудааст Дар баробари ин, олами дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки он низ барои ҳар яки мо шинос аст, валебарои ҳама ягона нест, ҳарчанд аз қонунҳо ва меха-
низмҳои умумӣ иборат мебошад. Ин олам – олами рӯҳииинсон аст, ки иборат аст аз фикрҳо, ҳиссиёт, таассурот ва дигар ҳодисаҳои рӯҳию равонӣ. Ҳодисаҳои рӯҳӣ дар ҳама одамон як хел зоҳир мешаванд, вале таркибу муҳтавои онҳо дар ҳар як фард гуногун аст. Ҳодисаҳои рӯҳӣ чун ҳодисаҳои махсус аз қадимулайём аз намуди дигари ҳодисаҳои воқеият фарқ карда
мешуданд ва ҳисси кунҷкобию талабот ба худшиносии одамон доимо онҳоро пайгирӣ мекард, вале мураккабӣ дар самти дарёфти роҳу усулҳои тадқиқот омӯзиши онҳоро ғайриимкон гардонида буд. Танҳо иваз намудани нуқтаи назар ба ин масъала дар замони нав онро ба омӯзиши объективӣ дастрас гардонид. Олами рӯҳии инсон моҳиятан образи олами воқеӣ буда, ба инътиқоси оина монанд аст, вале дар фарқият аз он ниҳоятдараҷа мураккабу фаъол мебошад. Чӣ тавре ки ҳодисаҳои олами воқеӣ дар асоси қонунҳои табиат ба амал меоянд, ҳодисаҳои олами рӯҳӣ низ қонуниятҳои худро доранд. Қонунҳои табиатро илмҳои табиатшиносӣ меомӯзанд ва қонунҳои олами рӯҳиро бошад психология. Психология илм дар бораи конуниятҳои пайдоиш, тараққиёт ва зуҳуроти психика мебошад. Истилоҳи «психология» (аз психе-рӯҳ, ҷон, равон ва логос-илм, таълимот) дар асри XVI ба илм ворид
карда шудааст (Рудолф Гоклениус соли 1590). Айни замон ин мафҳум асосан дар ду маврид истифода бурда мешавад. Дар мавриди аввал, он ифодакунандаи ҳодисаҳои олами
рӯҳист, дар мавриди дигар бошад, ифодакунандаи илмест, ки ҳодисаҳои олами рӯҳиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Меҳвари умумии ҳарду ҳолат ҳодисаҳои олами рӯҳӣ мебошанд, яъне дар ҳарду маврид ин мафҳум бо ҳодисаҳои олами рӯҳӣ алоқамандӣ дорад. Ҳамин тавр, мафҳуми «психология» маҷмӯи донишгоҳоеро муттаҳид менамояд, ки тавсифдҳандаи олами рӯҳии мо ҳастанд. Донишҳои психологияиро ба ҳаётӣ (ғайриилмӣ) ва илмӣ ҷудо менамоянд. Донишгоҳои ҳаётии психологӣ ҷаҳонбинии психологии одамонро берун аз доираи психологияи касбӣ муттаҳид мекунанд. Чунин донишҳо дар асоси таҷрибаи
шахсӣ ё ҷамъиятӣ ташаккул меёбанд ва аз ин рӯ баъзан «психологияи муқаррарӣ» номида мешаванд. Донишҳои ғайриилмии психологиро вобаста ба мазмуну моҳияташон ба манфӣ ва мусбӣ ҷудо намудан мумкин аст. Донишҳои манфӣ дар заминаи нодуруст шарҳ додани зуҳуроти мухталифи психикӣ, ба ашёҳо ва одамон нисбат додани хусусиятҳои фавқулодда, ақидаҳои хурофотӣ, афкори стереотипӣ ва ғайра ташаккул меёбанд. Манфӣ ва зарарнок будани ин донишгоҳ дар он ифода меёбад, ки онҳо на танҳо боиси каҷфаҳмиҳо ва нодуруст
маърифат намудани воқеият мешаванд, балки инчунин ба баъзе шахсон имконият медиҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд. Баъзан бо ин мақсад донишҳои асоснокшудаи психологӣ низ истифода мешаванд, ки ба таври ғаразнок таҳриф дода шудаанд. Яке аз шаклҳои донишҳои ғайриилмии психологӣ парапсихология мебошад, ки гуё имкониятҳои фавқулоддаи одам, аз қабили телепатия (дарки фикри каси дигар бе зоҳиршавии нишонаҳои он), ғайбдонӣ (дастраснамоии маълумот дар бораи ашё ва ҳодисаҳо бе иштироки узвҳои
ҳис), проскопия (пешгӯии фикри дигарон ё ҳодисаҳои оянда), психокинез (қобилияти таъсир расонидан ба ашё ва ҳодисаҳо тавассути қувваи фикрӣ) ва ғайраҳоро меомӯзад. Намунаи донишҳои ғайриилмӣ, вале мусбиии психологӣ «психологияи оммавӣ» мебошад. Психологияи оммавӣ донишҳои илмии психологиро дар шакли соддаву фаҳмо ба оммаи васеи хонандагон пешниҳод намуда, аз истифодаи мафҳумҳои касбӣ ва илмии психологӣ даст мекашад. Нақши мусбии психологияи оммавӣ дар он ифода меёбад, ки он ҷаҳонбинии психологии одамонро васеъ намуда, боиси ба вуҷуд омадани шавқу ҳавас ба психоло-
гияи илмӣ мегардад. Донишҳои ғайриилмии психологӣ сатҳӣ буда, ба система дароварда нашудаанд ва аксаран дар таҷрибаҳо собит нагардидаанд ва аз ин рӯ ҳодисаҳои психикиро
асоснок карда наметавонанд.
Tags Психология
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …