Тасаввуротҳои аввалин доир ба рӯҳ
дар давраҳои қадим пайдо шуданд.
Онҳо пеш аз ҳама дар ақидаҳои динӣ,
асотир, эҷодиёти бадеии халқ – назм, афсона ва ғайра
инъикос ёфтаанд. Ин тасаввуротҳои тоилмӣ аз маҷмӯи
донишҳое, ки туфайли илм ба даст оварда мешаванд, ко-
милан фарқ мекунанд. Рӯҳ дар ибтидо ҳамчун зуҳуроти
фавқуттабиӣ, ҳамчун ҷонвараке дар ботини ҳайвон ва ё
худ ҳамчун «одамчае дар ботини одам» дониста мешуд.
Ҳамин тавр, фаъолияти ҳайвонот ва одам аз рӯи мавҷуди-
яти рӯҳ дар онҳо баҳо дода шуда, оромии онҳо ҳангоми
хоб ва марг аз набудани рӯҳ далолат мекард. Хоб ғойибии
муваққатӣ ва марг ғойибии доимиро ифода менамуд. Та-
саввуротҳои аввалини илмӣ доир ба рӯҳ ба шарҳ ва рав-
шан намудани вазифаҳои он равона шуда буданд. Ин та-
саввуротҳо дар фалсафаи қадим пайдо шуда, таълимотро
доир ба рӯҳ ба вуҷуд оварданд. Таълимот доир ба рӯҳ ша-
кли ибтидоии донишҳо буда, дар рафти он тасаввуротҳои
илмии психологӣ ташаккул меёфтанд. Ин андешаро Л. С.
Виготский таъкид намуда мегӯяд, ки «.. психология бояд
аз идеяи рӯҳ ибтидо гирад» (Виготский Л. С. Собр. соч.
Т.1-М., 1982.-С.429).
Қонунияти асосӣ ва умумии тараққиёти донишҳои
илмии психологиро муборизаи фикрию ақидавӣ байни
ҷараёнҳои идеализм ва материализм ташкил медиҳад.
Фаҳмиши идиалистии психика дар он зоҳир мешавад, ки
психика ва шуур аз протсессҳои олами моддӣ ҷудо гар-
дида, ба як субстансияи махсуси рӯҳ табдил дода мешу-
данд. Муносибати материалистӣ шарҳи сабабии зуҳуроти
ҳодисаҳои психикиро ифода мекунад. Дар заминаи он дар
давраҳои муайяни таърихӣ фаъолияти психикӣ бо
фаъолияти мағзи сар алоқаманд карда шуд. Дар таърихи
психология ду давраи калонро ҷудо мекунанд: якум, вақте
ки донишҳои психологӣ дар заминаи илми фалсафа ва ди-
гар илмҳо, пеш аз ҳама табиатшиносӣ инкишоф дода
мешуд; дуюм вақте ки психология ҳамчун илми мустақил
тараққӣ мекард. Давраи якум аз асри VI то мелод то ни-
маи асри XIX давом мекунад. Давраи дуюмро зиёда аз 150
сол (аз нимаи дуюми асри XIX то замони ҳозира) ташкил
медиҳад. Барои он ки омӯзиши донишҳои психологиро
дар мамлакатҳои гуногун бароҳ монему дониста гирем,
лозим меояд, ки таърихи инкишофи афкори психологиро
ба даврачаҳои хурду калон аз рӯи принсипи хронологӣ,
фазоиву тереториявӣ ва табдили нуқтаи назарҳо тасниф
кунем. Чунин даврабандии донишҳои психологӣ дар
таърихи психология қабул шудааст.
Таълимоти материалстӣ доир ба рӯҳ ҳамчун қисми
таркибии фалсафаи материалистӣ дар асри VI то мелод ба
вуҷуд омада, таърихан шакли аввалини фалсафаи Юнони
қадим маҳсуб меёбад. Қуллаи баланди материализи ан-
тиқа материализим атомӣ буд, ки асосгузорони он Демо-
крит ва устодаш Левкипп (асри V то мелод) ба шумор ме-
рафтанд. Демокрит дар даврони инкишофёбии сохти
ғуломдорӣ ҳаёт ба сар бурдааст ва шоҳиди рушду нумуи
илм, санъат (меъморӣ, ҳайкалтарошӣ) ва адабиёт дар ин
аср гаштааст.
Атомистҳо оламро воҳиди томи аз зарраҳои бешу-
мори хурдтарине иборат медонистанд, ки дар ҷойи холӣ
(«ба ҳар тараф шитоб мекунанд», «ба ҳар самт майл мена-
мояд») ҳаракат