Куръони карим бо баёни расо ва ибораҳои зебое фалсафа, ҳадафи
фарз гардидан, мухимтарин ахком ва чанбаҳои гуногуни рузаи мохи
Рамазонро бозгу намудааст. Пеш аз ҳама, собикаи деринаи таърихи
доштани ин фаризаи илохи дар миёни миллатҳои гузашта ва ҳадафи
фарз гардидани онро бар миллатҳо дар тули таърихи башарият баён
менамояд.
Руза, чй тавре аз ҷониби Худованд бар мусалмонон фарз гардо-
нида шудааст, бар умматони пешин низ фарз ва мукаррар шуда буд,
то мусалмонон ба баракоти он ба тадриҷ роҳи тако ва худсозиро дар
пеш гиранд. Ба вуҷуд омадан ва устувор гардидани пойгоҳи тако ва
ирода дар шахсияти инсон муҳимтарин ҳадафи ин фаризаи илоҳй ме-
бошад. «Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза, хамон гуна ки бар уммато-
ни пеш аз шумо фарз гардонида шуда буд, бар шумо низ фарз гардонида
шуд, то шумо (аз ин рох.) тақво намоед».
Чй тавре дар ин оят мушоҳида мешавад, манзури Ислом аз бар-
номаи рузаи моҳи Рамазон, ки аз худдорй аз хурдану нушидан ва ди-
гар аъмоли хилофи мукаррароти руза иборат мебошад, ба гуруснаги-
ву ташнагй ва дар зарфи як моҳ ба заъфу нотавонии ҷисмй кашидани
мардум намебошад, балки Куръони карим муҳимтарин ҳадафи ин
барномаро тако ва худсозии инсон эълом намудааст. Ба ин маъно, ки
шахси рузадор бори дигар тавоноиҳои рӯҳй, неруи ирода ва зарфият-
ҳои инсонии худро дар зарфи як моҳ таҷдид намояд ва бо рӯхиёти то-
за ва неруи нав ба эъмори зиндагй бипардозад.
Ин оят ҳамчунин ваҳдати динҳои илоҳй ва ягонагии башариятро
дар усули эътикодй ва барномаҳои ибодатй аз дергоҳи таърих эълон
менамояд, ба ин маъно, ки дини Худо, асли яктопарастй ва низоми ибо-
датҳо ҳамзамон бо офариниши насли инсон собиқаи таърихй дошта, ба-
шарият аз ҳамон оози пайдоиш бо усули эътикодоти тавҳидй ва барно-
маи ибодатҳо фаро гирифта шудааст ва дар ин замина тамоми қавмҳо
ва халкиятҳои гуногунро як асл – дини Худо бо ҳам мепайвандад.
Куръони карим дар чандин маврид эълон менамояд, ки асли тав-
ҳид ва чаҳор рукни амалии бинои Ислом: намоз, закот, руза ва ҳаҷ, ки
барномаи ибодатҳоро ташкил медиҳанд, гузаштаи таърихй дошта,
бар умматони дигаре, ки пеш аз зуҳури дини Ислом ба сар бурдаанд,
низ фарз гардида буданд.
Руза дар чанд рузи башумор, ки ҳамон айёми моҳи мубораки Ра-
мазон мебошанд, фарз мебошад. Агар касе аз мусалмонони дорои ша-
роити гирифтани руза дар ин моҳ бемор шавад ва ё ба сафар барояд
ва натавонад ба рузаи худ идома диҳад, пас шаръан барои ӯ иҷозат
аст, ки рузаашро бихурад ва вакте тандуруст ва муқим гардид, бар вай
воҷиб аст, ки ба андозаи рӯзҳои хурдааш ба таври казо руза бигирад.
«Он чанд рӯзи башуморе мебошад. Он гох, касе аз шумо (дар аснои
мохи Рамазон) бемор ва ё дар сафар бошад, (рӯзаашро бихӯрад ва пас
аз солим ва муким гаштан) ба хамон андоза аз рӯзхои дигар (рӯзаи
казоашро бигирад)».
Албатта, дар ин ҷо беморие дар назар аст, ки гирифтани руза он-
ро сахттар ва ё шифоашро ба таъхир меандозад ва манзур аз сафар
низ сафари шаръй мебошад. Ин яке аз сабукиҳое мебошад, ки барои
мусалмонон дар гирифтани рузаи мохи Рамазон аз ҷониби шаръ дар
назар гирифта шудааст.
Одамоне, ки дар натиҷаи пирй ва нотавонии ҷисмй бо захмат ва
сахтй руза мегиранд, яъне гирифтани руза барояшон бисёр пурма-
шаққат ва тоқатфарсо аст, шаръан метавонанд рузаи мохи Рамазонро
ифтор намоянд ва ба ҷои ҳар рузи он ба андозаи таоми як мискин
фидя (пардохти молие) диҳанд, яъне як бенаворо таом диҳанд. «Ва бар
касоне, ки онро бо захмат ва сахти медоранд, фидя аст (ба андозаи)
таоми як мискин».
Вале агар онҳо бо рағбати худ бештар хайр намоянд, ин бароя-
шон бехтар мебошад. Яъне агар барои ҳар мискин аз андозаи муқар-
раршуда бештар таом диҳанд ва ё ба ҷои як мискин ба ду мискин таом
диҳанд, боз барояшон савоби зиёдтар дорад. «Ва хар касе бо рағбати
худ (ва татаввӯан) аз он бештар хайре намояд, он барояш бехтар аст».
Бо ҳамин рузаи мохи Рамазон аз онҳо соқит мегардад ва қазое
ҳам бар онҳо воҷиб намебошад. Ин сабукии дуюме мебошад, ки Ху-
дованд барои мусалмонон дар мохи Рамазон дар назар гирифтааст.
Вале бо вучуди ин дар тамоми суратҳои зикршуда Худованд гириф-
тани рузаро барои онҳо, агар фазилат ва савоби онро бидонанд,
бехтар гуфтааст. «Ва рӯза доштан (дар суратхои зикршуда), агар (савоб
ва мохияти онро) бидонед, бароятон бехтар аст».
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …