Имом Абўҳанифа (р) равиши наве дар бархўрд бо масоили иҷтиҳодӣ пеш гирифтанд ва он аз тариқи ба баҳсу муноқиша гузоштани масъалае дар ҳалқаи дарс буд ва шогирдонаш ҳар як райъи худро баён карда, Имом Абўҳанифа ба тасҳеҳи раъйи онҳо мепардохт ва гоҳо муноқишаи масъалае чандин рўз идома меёфт. Ин баҳси илмии озоде буд, ки дар он ба андешаҳои афрод эҳтиром гузошта мешуд ва аз ҳар гуна таассуб дур буд. Имом Абўҳанифа бо ин ки райъи худро баён мекард, аммо шогирдонашро маҷбур ба пайравӣ аз он намекард. Раҳмати Худованд бар ў бод ва ҷойи ў дар биҳишт бод.
Tags Абӯ Ҳанифа Дин
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …