Главная / Илм / Рушди донишҳои психологӣ дар асри XIX

Рушди донишҳои психологӣ дар асри XIX

Дар нимаи дуюми асри XIX барои
ташаккулу инкишофи донишҳои
психологӣ    шароитҳои мусоиди

воқеӣ ба амал омаданд. Доир ба
Н.Я.Грот менависад, ки зуҳуроти

ҳамарӯза, яъне баромадани осори нав доир ба масъалаҳои
психологӣ ба он фикр моро мебарад, ки илми психология
қобилияти инкишофёбиро дорад ва ӯ ин воситаҳоро соҳиб
аст. Доир ба ин маъала психологи рус Г. И. Челпанов дар
Съезда 1-уми Умумироссиягии психоневрологҳо (1923)
доир ба мавзӯи « Оид ба заминаҳои психологияи эмпири-
кии муосир баромад кард ва дар он ҷудошавии психоло-
гияро аз илми фалсафа таъкид намуд. Ҷудошавии психо-
логия ба илми мустақил солҳои 60-уми асри XIX вуқӯъ
пайваст. Бо пайдоиши барномаҳои аввалини илмӣ (В.
Вундт ва И. М. Сеченов), таъсиси муассисаҳои махсуси
илмӣ-тадқиқотӣ-лабораторияҳои психологӣ, институтҳо,
кафедраҳо дар мактаби олӣ имкониятҳои мустақилшавӣ
меафзуд.

Анатом, физиолог ва патафизиологи англис Чарлз
Белл (1774-1842) ба таври эксперименталӣ муайян намуд,
ки дар байни решаҳои пеш ва ақиба ҳароммағз аз рӯи
функсияҳояшон фарқият вуҷуд дорад: решаҳои пеш аз
асабҳои таҳрикдиҳанда иборат буда, вазифаи ҳаракат-
диҳиро дорад, аммо решаҳои ақиб бошад, хусусияти ҳасо-
сиро соҳибанд. Ин кашфиёт (1807) асоси анатомии ҳалқаи
рефлекториро ташкил дод. Муайян гардид, ки ҳароммағз
аз рӯи ҳалқаи рефлекторӣ фаъолият мекунад. Баробари Ч.
Белл физиологи франсуз Маҷандӣ (1822) ин масъаларо
низ ҳамин тавр ҳал намуд ва ба ҳамин хотир ин кашфиёт
муаллифи дуномаро гирифт: қонуни Белл-Маҷандӣ.

Иоганес Мюллер (1801-1858) яке аз физиологҳои
машҳур ба ҳисоб рафта, ӯро ҳамчун асосгузори физиоло-
гияи навин эътироф намудаанд. Дар китоби худ «Дастури
физиологияи одам» табиати рефлекторӣ доштани
ҳароммағзро таъкид менамояд. Ӯ пешниҳод намуд, ки ҳар
як узви ҳиссӣ дорои энергияи хос мебошад. Ин таълимот
аз 10 қонун иборат аст. Панҷ узви ҳиссӣ туфайли ин энер-
гия амал мекунад. Яъне, таъсироти берунӣ энергияи
узвҳои ҳиссиро озод менамояд, ки он дар узвҳои ҳиссӣ хо-
бидаасту таконро интизор аст. Ин мавқеи илмӣ дар он
давра мухолифини худро пайдо намуд.

Вебер Э. Х. (1795-1878)-анатом ва физиологи До-
нишгоҳи Лейпсиг дар инкишофи физиологияи узвҳои ҳис-
сӣ саҳми калонро дорад. Ӯ доир ба ломиса тадқиқотҳо
бурдааст ва асареро ба номи «Дар бораи ломиса»
навиштааст. Ӯ дар эҳсоси пӯстӣ се навъи ҳисро ҷудо наму-
дааст: а) фишор ёхуд расиш; б) ҳароратӣ; в) локализатсия
(маҳдудшавӣ). Барои омӯзиши локализатсия асбоби мах-
сусеро сохт ва онро эстезиометр номид, ки ҳангоми таъси-
ри ду ангеза ба пӯст, агар аз якдигар дар масофае бошанд,
гуногун ҳис мешаванд. Ин фарқияти ҳискунӣ дар мин-
тақаҳои гуногуни пӯст ҳар хел сурат мегирад. Ҳамин тавр,
қонуни фарқияти ҳассосӣ дар эҳсос ба вуҷуд омад.

Г. Гелмголтс дар физиология ва махсусан дар соҳаи
эҳсосу идрок саҳми бузургро гузоштааст. Ӯ дар мақолаи
«Ченкунии суръати ҳаяҷони асабӣ» (1850) қайд намудааст,
ки суръати паҳншавии ҳаяҷон дар асабҳо тахминан 120
м/сонияро ташкил медиҳад. Гелмголтс Г. соли 1851 асбо-
беро сохт, ки туфайли он «қаъри чашм» таҳқиқ мегардад
ва онро офталмоскоп номид. У бо таҳқиқи эҳсоси биноӣ
машғул шуда, чунин силсилакорҳоро нашр кард. «Опти-
каи физиологӣ», «Таълимот дар бораи эҳсоси шунавоӣ»
(1863). Дар онҳо тавсифи физикии садо, анатомия ва фи-
зиологияи шунавоӣ, назарияи резонансии шунавоӣ дар
алоқамандӣ бо масъалаҳои психологӣ таҳлили илмӣ карда
мешаванд.

Дар охири асри Х1Х омӯзиши анатомия ва физиоло-
гияи мағзи сар боз ҳам равнақ ёфт. Духтури австриягӣ
Ф.А.Галл ба тадқиқи морфологияи мағзи сар пардохт. У
бори аввал нишон дод, ки моддаи хокистарранги қишр ва
зерқишри мағзи сарро аз моддаи сафеди мағзи сар бояд
фарқ кард. Уро тадқиқотҳои дигараш машҳур гардонд ва
махсусан френология. Дар соҳаи психология ба назарияи
қобилиятҳо такя намуда, пешниҳод кард, ки дар мағзи сар
узвҳои ин қобилиятҳо мавҷуданд ва миқдоранд 27-то ме-
бошанд. Ин минтақаҳои қобилият косахонаи сабзида, ко-
сахонаи сарро ба шакли дунгию барҷастагиҳо меоваранд,
ки аз рӯи онҳо қобилияти инсонро муайян кардан мумкин
аст. Френалогияи Ф.Галл ҳарчанд равияи бардурӯғ бошад
ҳам, вале шавқу ҳаваси зиёди оламонро ба худ кашида
буд.

Минбаъд идеяи локализатсионизм мухолифони худ-
ро пайдо кард. Физиологи франсуз, асосгузори физиоло-
гияи эксперименталии мағзи сар Пйер Флуранс (1794-
1867) зимни тадқиқотҳо муайян намуд. ки баъди чанди гу-
зариши вақт, пас аз нобуд сохтани нимкӯраҳои парран-
даҳо рафтори онҳо боз ҳам барқарор мегардад ва ин но-
вобаста аз он аст, ки кадом қисми мағзи сар нобуд карда
шудааст. Соли 1861 аз ҷониби анатоми франсуз Брок мар-
кази ҳаракатии образҳои калимаҳо кашф шуд ва ҳамон
сол психиатри немис Вернике маркази образҳои сенсории
калимаҳоро муайян намуд.

Бояд зикр кард, ки дар баробари методи экспери-
менталӣ назарияи эволютсионӣ низ ба инкишофи до-
нишҳои психологӣ таъсири худро расонд. Мувофиқи гуф-
ти психологи машҳури рус С.Л. Рубинштейн, ин принсип
ба психология аз рӯи ду таъсирбахшӣ ворид гашт: фалса-
фаи Шеллинг Ф. ва Г. Гегел, ки идеяи инкишоф ва таби-
атшиносии эволютсиониро пешниҳод намуданд. Сипас,
Чарлз Дарвин дар соҳаи биология омӯзишҳоеро ба анҷом
расонд. ки онҳо дар заминаи қонунҳои эволютсионӣ
баҳодиҳӣ карда мешаванд. У соли 1859 асареро навишт бо
номи «Пайдоиши намудҳо бо роҳи интихоби табиӣ» ва
дар он хулоса мебарорад, ки тағйирёбии намудҳо зери
қонунҳои эволютсионӣ дар шароити муборизаи моддаҳои
органикӣ барои вуҷудияташон ба амал меояд. Ин шарҳи
материалистии масъаларо дошт, ки мувофиқи он
тадриҷан мутобиқшавии организмро ба табиат ифода ме-
намуд. Қонуни эволютсия дар психология масъалаи муа-
йян кардани қувваҳои ҳаракатдиҳандаи инкишофи психи-
каро пеш гузашт. Зимни он равияҳои нави тадқиқ дар
психология зуҳур карданд, чун омӯзиши психологияи ҳай-
вонот, психологияи кӯдакон, психологияи халқиятҳо ва ғ.

Нақши муҳимро дар инкишофи донишҳои психо-
логӣ психологияи физиологии В.Вундт (1832-1920) низ
бозидааст. У тадқиқотҳои худро дар соҳаи идрок оғоз
намуд ва зимни онҳо китоберо навишт бо номи
«Очеркҳои назарияи идрок». В.Вундт соли 1879 дар уни-
верситети Лейпсиг аввалин лабораторияи психологиро
бунёд кард ва ду сол пас (1881) дар заминаи он Институти
психологияи эксперименталиро таъсис дод, ки он ба мар-
кази умумиҷаҳонии тайёр кардани психологҳои ҷаҳонӣ
табдил ёфт. В.Вундт психологияро ҳамчун илм дар бораи
таҷриба баҳо медиҳад ва объекташро шуур медонад. У
экспериментро методи асосии тадқиқоти психологӣ
мешуморад. В. Вундт қайд мекунад, ки на ҳамаи ҳоди-
саҳои психикӣ ба эксперимент дода мешаванд. Экспери-
мент дар доираи пратсессҳои оддитарини психикӣ-эҳсос,
идрок, тасаввурот, вақти реаксия, ассотсиатсияҳои оддӣ
ва ҳискунӣ мақбул аст. Функсияҳои олии психикӣ ва ин-
кишофи психикӣ дигар методҳоро талаб мекунад ва яке аз
онҳо таҳлили маҳсули рӯҳияи инсон ба шумор меравад, ки
он дар натиҷаи муоширати одамони зиёд_ба амал меояд.
Ин қисматро психологияи халқҳо номид. У ба таъсиси ав-
валин маҷаллаи махсуси «Тадқиқотҳои психологӣ» асос
гузошт.

Дар баробари В.Вундт дар Русия бо барномаи илмии
худ физиолог И.М.Сеченов (1829-1905) баромад кард. У ба
масъалаи психика ва вазифаҳои асосии психология бо та-
саввуротҳои нав наздик шуд. Асарҳои машҳури психоло-
гии И.М.Сеченов инҳоанд: «Рефлексҳои майнаи сар»
(1863); «Психологияро чӣ тавр бояд коркард намуд»
(1873); «Таассурот ва воқеият» (1880); «Афкори предметӣ
ва воқеият» (1883). И.М.Сеченов дар китоби худ «Ре-
флексҳои майнаи сар» қайд мекунад, ки донишҳои физио-
логӣ дар ҳалли масъалаҳои психологӣ нақши муҳим мебо-
занд. У назарияи рефлекториро дар шарҳи ҳодисаҳои пси-
хикӣ тавсия намуд. Мувофиқи ақидаи И.М.Сеченов,
қобилияти идроккунӣ дар асоси рефлексҳо туфайли чунин
зинаҳо ба амал меояд: таъсири берунӣ – гузариш ба
фаъолияти марказӣ – амали ҷавобӣ (ҳаракат,
рафтор,нутқ).Ҳамин тавр ба хулоса меояд, ки сабаби ав-
валини ҳаргуна рафтор аз ҳаяҷони берунии ҳиссӣ вобаста
аст.

И.М.Сеченов дар бобати предмети психология қайд
мекунад, ки ин таълимот доир ба пайдоиши фаъолиятҳои
психикӣ мебошад. У ба бемаҳсулии методи интроспексия
эътибор дода, идеяи муносибати генетикиро дар психоло-
гия тарғиб менамояд. Мушоҳида намудани кӯдак аз овони
тавлид, муносибати ӯ дар давраҳои гуногуни синнусолӣ
бо муҳити беруна – асоси инкишофи психикии ӯ ба шумор
меравад. И.М.Сеченов ва таълимоти ӯ таъсири мусбатро
дар инкишофи психологияи ҷаҳонӣ низ гузоштааст.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222