Главная / Илм / Рушди соҳибкорӣ ҳамчун омили баланд бардоштани сатҳи зиндагони аҳолӣ

Рушди соҳибкорӣ ҳамчун омили баланд бардоштани сатҳи зиндагони аҳолӣ

Мо дар давраи тағйиротҳои ба ояндаи хеле дур равонакардашуда ва амиқи ҷаҳонбинии хеш, фалсафаи навини инкишоф, инчунин сиёсат, иқтисодиёт ва равандҳои навҷӯёна ҳаёт ба сар мебарем. Дар баробари рушди раванди ҷаҳонишавӣ ҳар чӣ бештар бо мушкилиҳои бартараф намудани камбизоатӣ, ки ҳар чи зиёдтар ба ҷараёни фаъолияти инсоният ба таври умумӣ таъсири хешро мерасонад, рӯ ба рӯ мегардад.

Масълаҳои камбизоатӣ барои ҷомеъаи байналхалқӣ чун бонги хатари глобалӣ ба шумор рафта, доираи васеъи мушкилиҳои роҳ ёфтан ба захираҳои иқтисодиро дар бар мегирад. Ин хусусан ба кишвари мо, ки дар марҳалаи гузариш қарор дорад, вобаста мебошад ва ҳалли мушкилии паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо ба ҳисоб гирифтани оқибати қарорҳои барои мӯҳлатҳои дур қабулшаванда муносибати фарогирро талаб мекунад.

782d8efbf208bf8be555ad596f4fc456

Боқӣ мондани сатҳи баланди камбизоатии аҳолӣ аз як тараф ба маҳдудсозии қобилияти пардохтсози талабот ва болоравии иқтисодиёт оварда расонад, аз тарафи дигар ба вайронсозии принсипҳои рушди иҷтимоӣ ва ризоияти ҷомеа оварда мерасонад. Бинобар ин, мушкилии аз байн бурдани бенавоӣ ва паст сохтани сатҳи камбизоатӣ бояд мавзӯъи ташвиши тамоми сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, табақаҳои ҷомеа, ҳизбҳо ва ҳаракатҳо гардад. Давлат дорои имкониятҳои паст кардани камбизоатӣ тавассути ташкил додани ҳавасмандгардонии афзоиши иқтисодиёт, мукаммалсозии кори сохторҳои бозорӣ ба нафъи бенавоён, барпо сохтани шароитҳо баҳри роҳ ёфтани онҳо ба захираҳо ва рушди соҳибкорӣ мебошад.

Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба вуҷуд овардани фазои самараноки соҳибкориро дар назар дорад, ки аз омилҳои зерин иборат аст:

  • рушди заминаи меъёрию ҳуқуқӣ нисбат ба сохторҳои соҳибкорӣ, ки ба таври самаранок истифода бурдани захираҳоро таъмин месозад;
  • пурзӯрсозии рақобат ба воситаи хусусигардонии корхонаҳои соҳаҳои иқтисодиёт;
  • рушди бозорҳои молиявӣ ва додани маблағҳои қарзӣ ба соҳаҳои соҳибкорӣ;
  • рушди низоми самараноки ба танзимдарорандаи бозори меҳнат ва институтҳое, ки муносибатҳои меҳнатиро ба танзим медароранд;
  • таъмини дастгирии давлатии соҳибкорӣ.

Таъмини рушди босуръати иқтисодӣ самти асосии стратегияи кам кардани камбизоатӣ дар Тоҷикистон мебошад. Қатьи назар аз ин, барои он ки сатҳи камбизоатӣ паст гардад, болоравии иқтисодиёт бояд чун манбае баҳри баланд бардоштани имкониятҳои бозории аҳолии деҳот, беҳтар намудани вазьи ин қисми аҳолӣ истифода бурда шавад.

Таҳлили масьалаҳои камбизоатӣ нишон дод, ки дар байни шуғл, соҳаи фаьолияти иқтисодӣ ва камбизоатӣ дар Тоҷикистон алоқамандии зич вуҷуд дорад. Бинобар ин, камбизоатӣ аз самаранок фаьолият намудани бозори меҳнат вобаста мебошад ва пеш аз ҳама, дар байни онҳое ҷойгир мегардад, ки дар хоҷагии қишлоқ ва дар бахши давлатӣ шуғл меварзанд. Якбора паст гардидани сатҳи маоши воқеьӣ дар кишвар дар давоми давраи гузариш дар байни меҳнаткашон хатари камбизоатгардиро баланд намуд. Ин аньана боз бо он далел реша давонд, ки дар сари вақт надодани музди меҳнат мушоҳида гардид. Хатари камбизоатӣ дар байни шуғлдоштагон нисбат дар миёни бекорон паст намебошад ва дар амал шуғлдоштагон қисми зиёди камбизоаттарини аҳолиро ташкил медиҳанд. Аз бисёр ҷиҳат ин аз сохтори бозори меҳнат ва низоми вуҷуддоштаи музди меҳнат вобаста аст.

Дар ташаккули бозори меҳнат дар кишвар нақши махсусро, пеш аз ҳама ду шарт мебозад:

Якум, раванди хусусигардонӣ ва ташаккул додани бахши хусусӣ бо ҳар эҳтимол ба фарқсозии калони музди меҳнат оварда расониданд. Ин равандҳо ва муносибатҳои нави иқтисодӣ тафриқаро дар миёни музди меҳнат дар бахши хусусӣ ва давлатӣ, дар шаҳр ва деҳот, инчунин дар миёни музди меҳнат дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт баланд бардоштанд. Зиёда аз ин, хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон ва реструктуризатсия метавонад ба баландшавии сатҳи бекории ошкоро ва ба дигар тағйиротҳо дар бозори меҳнат оварда расонад;

Дуюм, дар вақтҳои охир ба куллӣ васеъшаваии миқёси бахши ғайрирасмӣ ба амал омад, ки акнун намудҳои гуногуни фаъолиятро аз савдои бартерӣ то тиҷорати савдои муташаккил, аз хизматрасонӣ дар соҳаи хӯроки умумӣ то хизматрасонии нақлиёт дар бар мегирад. Бахши ғайрирасмӣ, бегуфтугӯ, баҳри заиф сохтани оқибатҳои манфии бӯҳрони иқтисодии «расмӣ» омили тавоно гардид. Ғайр аз ин, тағйиротҳои дар бозори меҳнат ба амаломада ба имконияти даромади табақаҳои камбизоати аҳолӣ таъсир мерасонанд, онҳо инчунин ҳангоми таҳлили мушкилиҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар Тоҷикистон масъалаи марказӣ маҳсуб меёбанд.

Тадқиқоти мушкилии камбизоатӣ нишон медиҳад, ки аксарияти қисми камбизоаттарини аҳолӣ ва қисми аз ҳад зиёди онҳо дар хоҷагии қишлоқ машғул мебошанд. Ба ин муносибат, нақши марказие, ки бахши хоҷагии қишлоқ дар баланд бардоштани имкониятҳои бозории камбизоатон бозида метавонад, инчунин ба сатҳи камбизоатӣ дар кишвар таъсири калон мерасонад.

Сатҳи дар давраи ҳозира ба дастовардашудаи рушди соҳибкорӣ баҳри фавран ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ нокифоя мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бисёр далелҳои манфӣ дар ташкил намудани фаъолияти соҳибкорӣ бо сабаби вуҷуд надоштани хазинаҳои махсуси қарздиҳанда баҳри барпо сохтани корхонаҳои хусусӣ ва барои муштариёни хеш дар гирифтани захираҳои қарзӣ кӯмакрасон мебошанд.

Рушди нокифояи институтҳои молиявию қарзӣ, ба сохторҳои соҳибкории хизматрасон дар кишвар инчунин ба пастшавии фаъолияти соҳибкорон ва дарёфт намудани роҳи ташкил додани фаъолияти соҳибкорӣ оварда мерасонад. Ғайр аз ин, баҳри тақвиятбахшии ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди соҳибкории хурд кор карда баромадани стратегияи ташаккулдиҳии инфрасохтори бозории соҳибкорӣ ва барпо сохтани низоми ҳавасмандгардонии рушди бахши хусусии иқтисодиёт ба миён меояд.

Рушди нокифояи соҳибкорӣ онро зараровар ва камҳосил мегардонад ва он ба хизматрасонии бозорӣ, ба табақаҳои сердаромади аҳолӣ нигаронида шудааст. Ин ба он оварда мерасонад, ки соҳибкорӣ ба кори пурарзиш мубаддал мегардад ва он ба барпо сохтани бозори ба пастсозии сатҳи камбизоатии аҳолӣ қодирбуда равона намебошад. Чунин ҳолати рушди соҳибкорӣ ба пастсозии манфиатдорӣ ба иқтисодиёти миллӣ, ба барпосозии ҷойҳои нави корӣ оварда мерасонад, ва суръати ташаккул додани шакли нави тафаккури иқтисодиро пешгирӣ менамояд.

Таҷрибаи барпосозӣ ва таҳлили фаъолияти рушди соҳибкорӣ ба таври боварибахш нишон медиҳад, ки чунин ҳолати соҳибкорӣ аввалан, бо вуҷуд надоштани низоми самараноки фаъолгардонӣ ва ҳавасмандсозии фаъолияти соҳибкорӣ ва дуюм, нисбатан суст будани асосҳои дониши соҳаи андозбандӣ, кори гумрук, кори бонк вобаста мебошад, ки соҳибкоронро баҳри ҷустуҷӯи роҳҳои дигари ташкили фаъолияти соҳибкорӣ маҷбур месозад.

Чӣ тавре ки, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, гузариш ба муносибатҳои бозорӣ боиси пастшавии сатҳи иқтисодиёт ва афзудани мушкилии масъалаҳои иҷтимоӣ мегардад. Аз ин рӯ, дар шароити 143

гузариш,мушкилиҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар мадди аввал ҷой дорад. Қобили тазаккур аст, ки яке аз роҳҳои баландбардоштани сатҳи зиндагонӣ дар мамлакат зиёд кардани шумораи ҷойҳои корӣ ва мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ ва, пеш аз ҳама, соҳибкории хурду миёна мебошад. Таъмини рушди корхонаҳои хурду миёна боиси афзудани ҷойҳои корӣ ва зиёд гардидани сафи синфи миёнаҳол табақаи миёна хоҳад гардид. Ташаккулёбии табақаи миёна дар навбати худ барои рушди босуръати аз нигоҳи иҷтимоӣ оқилонаи иқтисодӣ, ҳиссагузор мебошад ва имкониятҳои ҳавасмандгардонии соҳибкориро таъмин менамояд.

Дигаргунисозиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҳоло дар зинаи сифатан нав қарор доранд ва бо мақсади муҳайё сохтани шароит баҳри рушди босуръати аз нигоҳи иҷтимоӣ оқилонаи иқтисодӣ, ки ба афзоиши даромадҳои ҳақиқии аҳолӣ ва беҳтар намудани сифати зисти онҳо нигаронида шудааст, равона мебошанд.

Баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии сокинони мамлакат бештар аз рушди соҳаҳои гуногуни зерсохтор (инфраструктура)- энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва телекоммуникатсия вобаста мебошад. Хусусан, рушди ин соҳаҳо баъди ба имзо расидани ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ, миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Руссия, аз 17 октябри соли 2004-ум ба зинаи сифатан нав мебарояд. Ба анҷом расидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтуда-1» ва сохта ба истифода додани ду агрегати аввали Неругоҳи обию барқии «Роғун» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъминот бо неруи қувваи барқ пурра ҳал мегардад ва ҷумҳурӣ имконият пайдо менамояд, ки дар заминаи нерӯи барқи арзони истеҳсоли ватанӣ, корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад ва сатҳи некӯаҳволии халқ боз ҳам баланд гардад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар қатори дигар вазифаҳо бояд чунин мушкилиҳои стратегияи рушди соҳибкорӣ ҳалли худро ёбанд:

  1. Ба танзимдарории давлатии самараноки соҳибкорӣ бо роҳҳои зерин таъмин карда шаванд:
  2. протексионизми оқилонаи соҳибкории ҳозиразамон;
  3. истифодабарии принсипҳои батанзимдарории барномавию мақсаднок;
  4. таъмин намудани самти дорои сабаби муайян будаи дастгирии давлатӣ;
  5. ҷорӣ намудани усулҳои селективию ҳавасмандсозии инвеститсиони дар соҳибкории нисбатан самаранок;
  6. ташаккул додани системаи фармоишҳои давлатӣ ба маҳсулоти ба илм эҳтиёҷдошта ва ба рақобат тобовар;
  7. барпо сохтани зерсохтори самараноки ташкилӣ ва бозорӣ.

Ташаккул додани соҳибкории ҳозиразамонӣ дар фазои иқтисодии кишвар, дар тамоми соҳаҳо ва бахшҳои истеҳсолот, дар ҳар кадом корхона. Гузаштан ба шакли соҳибкории такрористеҳсолкунӣ дар сатҳҳои мезо – ва микроиқтисодиёт таъмин карда шавад. Дар натиҷа, соҳибкории ҳақиқӣ, он қувваи истеҳсолкунанда хоҳад гашт, ки он ба омили стратегии рушди иқтисодиёти миллӣ мубаддал мегардад.

Фаъолгардонии истифодабарии захираҳои соҳибкорӣ баҳри барпосозии шаклҳои фаъолияти навҷӯӣ ба тарзи ташкили воқеии минтақаҳои дорои хоҷагиҳои соҳибкорӣ, ки асосан нерӯи (потенсиали) стратегии навҷӯиро баҳри корхона барпо хоҳад сохт. Табдил додани соҳибкорӣ ба намуди махсуси фаъолият, ки бо мақсадҳои инноватсионӣ, воситаҳои навҷуӣ дар асоси ташаккул додани тартиби махсуси мӯътадил баҳри «ба воя расонидани» табақаи соҳибкорон ва зиндагардонии фаъолияти навҷӯӣ дар тамоми ҷузъҳои иқтисодиёт.

Барпо сохтани механизмҳои иқтисодие, ки фаъолияти сохторҳои соҳибкориро ҳавасманд месозанд ва сиёсати навҷӯёнаю сармоягузориро ба амал мебароранд. Баҳри баланд бардоштани манфиатдории иқтисодӣ ба сармоягузориҳои истеҳсолии дарозмӯҳлат ба бонкҳо, хазинаҳои сармоягузорӣ, ширкатҳо, инчунин ба дигар институтҳои молиявию қазрдиҳӣ, омилҳои иқтисодӣ муҳайё карда шавад.

Ташаккул додани бахши воқеии иқтисодиёт дар асоси кор карда баромадани низоми афзалиятҳои стратегияи инноватсионӣ, ки ба пуррагардонии бозори истеъмолӣ бо молҳои ба рақобат тобовар ва хизматрасониҳо, истифодабарии технологияҳои баланд, сарфа намудани захираҳои табиӣ ва кам кардани ифлоссозии муҳити атроф. Батанзимдарории давлатӣ ва механизми амалӣ сохтани селективии сармоягузорӣ, ташкил намудани озмоиш (экспертиза), ба таври озмун, хоста гирифтан ва дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ташаккул додан ва рушди инфрасохтори сармоягузорӣ, таъмини кадрӣ ва иттилоотии амалӣ сохтани стратегияи сармоягузорӣ.

Идорасозии таваккалкорӣ дар раванди соҳибкорӣ бо тариқи истифодабарии механизми қабул намудани қарорҳои таваккалӣ, ки онҳо ба паст намудани эҳтимолияти аз даст додани дастовардҳои инноватсионӣи корӣ ба рақобат тобовар ва муфлисшавӣ, кам гардонидани таъсиррасонии номусоид ба натиҷаҳои истеҳсолот ва фаъолияти соҳибкорӣ оварда мерасонанд. Ташаккул додани системаи самараноки суғуртасозии тамоми намудҳои таваккалкунӣ, ки имкони суғуртасозӣ вуҷуд дорад, ба воситаи ташкил намудани ҷамъиятҳои саҳҳомӣ.

Рушди соҳибкории хусусию давлатӣ, чун шакли дар олам нисбатан паҳнгардидаи соҳибкории омехта. Соҳибкории хусусию давлатӣ дар асоси ташкил намудани корхонаҳои омехта бо истифода бурда шудани захираҳои ватании сармоягузорҳои хусусӣ бо мақсадҳои амалӣ сохтани барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия, соҳа ва ё лоиҳаҳои сармоягузорӣ. Барпо сохтани шароитҳои ташкилию иқтисодии рушди гурӯҳҳои молиявию саноатӣ, ки ба он ҷо институтҳои сармоягузорӣ, хазинаҳои ғайридавлатии нафақавӣ ва хазинаҳои суғуртасозии дигар ташкилотҳо, инчунин сохторҳои дигари соҳибкорӣ дохил мегарданд.

Ҷоннок намудани фаъолияти берунии иқтисодӣ дар асоси ҷорӣ намудани тартибу реҷаи махсуси фаъолияти самаранокии соҳибкорӣ дар доираи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва рушди корхонаҳои муштарак. Рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар асоси барпо сохтани фазои рақобатноки бозорӣ баҳри корхонаҳои хурду миёна дар бозори дохилӣ, ки ин барпо сохтани механизми таъмини роҳёбии соҳибкоронро ба бозор ва ба таври самаранок пеш бурдани фаъолияти соҳибкориро талаб менамояд.

Ташкил намудани иттиҳодияҳои соҳибкорони хурд ва миёна, баҳри ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи ҳамдигарӣ, дарёфт намудан ва пурзӯр сохтани алоқаҳо дар миёни корхонаҳо. Иттиҳодияҳо вазифадоранд, ки низоми омӯзишро дар сатҳи ноҳия, вилоят дастгирӣ намоянд ва нерӯи бахши хусусиро ба таври самаранок истифода баранд.

Тезонидани рушди соҳибкории хурд ва миёна, ҳавасмандсозии рушди онҳо, кор карда баромадани Барномаи давлатии ҳавасмандсозии баргардонидани мутахассисони баландихтисос, коркунони муҳандисию техникӣ аз хориҷа ба кишвар. Инчунин истифодабарии васеъи бобарори рушди соҳибкорӣ, ки дар дигар кишварҳои тараққикардаистода ва кишварҳои ҳамсоя аз санҷиш гузаштаанд, бо ба ҳисоб гирифташудани шароитҳои маҳаллӣ ва амалӣ сохтани имкониятҳои дохилии бахши хусусӣ.

Тезонидани раванди рушди маблағгузории корхонаҳои хурд ва миёна. Азбаски ин корхонаҳо боназардошти мавҷудияти хавф фаъолият менамоянд, ин зарурияти барпо сохтани шароитҳоро баҳри ташаккул додани сарчашмаҳои сармояи таваккалӣ пурзӯр менамояд. То кунун корхонаҳои хурд ва миёна бо сабаби мавҷуд набудани чунин сарчашмаҳо, чун қоида, баҳри маблағгузории анъанавӣ бо ҷалб сохтани сармояи қарзӣ ниёз доранд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222