Главная / Илм / РӮЗА КОМИЛТАРИН БАРНОМАИ БЕҲДОШТИ АСТ

РӮЗА КОМИЛТАРИН БАРНОМАИ БЕҲДОШТИ АСТ

Рӯза илова бар тазкияи нафс, парвариши рӯҳиёти нек ва дигар фоидаҳои амики маънавие, ки дар бинои шахсият ва пурбор намудани раванди худсозии инсон дорад ва илова
бар аҷру савобе, ки барои банда аз он ҳосил мешавад, ҳамчунин беҳтарин барномаи беҳдошти ва нусхаи (ретсепти) саломатии шахс низ ба шумор меравад. Зеро дар натиҷаи пурхӯри ва пайвастахӯри дар ҷисми инсон пасмондаҳои ғизои ва русуботи ҳазмногаштае боқи мемонанд, ки ҷисм ва дастгоҳҳои полоишии бадан аз коркард, ҳазм ва ифроз (берун кардан)-и онҳо аз бадан аксаран оҷиз меоянд. Ин пасмондаҳои ғизои ва русуботи ҳазмногашта пас аз муддатҳо ба сурати чарбиҳо, холестерин, намакҳо, қандҳо ва дигар заҳрҳо дар таркиби хун ва дигар мавзеъҳои бадан зиёд гашта аз меъёри зарури боло мераванд. Дар натиҷа ҷисм корношоям ва қобилияти фаъолиятро то андозае аз даст медиҳад. Вақте қобилияти кории ҷисм поён рафт, рӯҳ низ то андозае боландагии худро гум мекунад. Ҳамин тавр ҷисм андак пас аз муддатҳо муқовимат ва аз даст додани тавоноиҳои кории худ ба бемориҳои гуногуне гирифтор мегардад. Илми тиб имрӯз исбот намудааст, ки аксари бемориҳо дар натиҷаи пурхӯрии доими ва камтаҳаррукии ҷисмонй ба вуҷуд меоянд ва
гуруснаги ва ҳаракати бештари ҷисмонй муваффақтарин роҳи дармони онҳо мебошад. Имрӯзҳо на танҳо барои бемориҳои рӯҳи гуруснаги ва ё навъҳои парҳезро пешбини менамоянд, балки барои бемориҳои ҷисми низ, ба монанди баланд шудани сатҳаи холестерини хун, қанд, чарбҳо ва ғайра ин дармонро муассиртарин равиши (методи) табоба-
ти медонанд. Ин ҷост, ки фоидаи рӯза ҳамчун барномаи комили беҳдошти ва нусхаи пешгирикунанда аз бемориҳои зиёде собит мегардад. Зеро вақте одам рӯза медорад ва муддате аз хӯрдану нӯшидан худдори менамояд, ба ҷисми худ имконият ва фурсат медиҳад, ки ба коркард, ҳазм ва ифрози он пасмондаҳои иой ва русуботи зиёдати дар бадан пардозад ва баданро то андозае аз онҳо пок ва тасфия намояд. Дар китоби «Рӯҳи дини исломи» дар бораи фоидаҳои беҳдоштии рӯза омадааст, ки ба василаи рӯза метавон бемориҳои зеринро муолиҷа ва ҳамчунин аз гирифтор шудан ба онҳо пешгири намуд:
1. Рӯза дар муолиҷаи ташаннуҷот ва нороҳатии меъда ва рӯдаҳо,
ки ҳамроҳ бо туршшавии тарашшӯҳоти зери меъда бошад, бисёр му-
фид аст.
2. Руза аз фарбеҳии зиёд ва афзоиши вазн ҷилавгири мекунад.
3. Руза аз фишори хун, ки дар натиҷаи изтироботи рӯҳи ва пур-
хурии зиёд ба вуҷуд омада бошад, пешгири менамояд. Рузаи моҳи Ра-
мазон барои ба эътидол даровардани фишори хун неъмат ва баракати
бузурге аст, ба хусус вақте инсон аз ҳад зиёд фарбеҳ шуда бошад.
4. Руза аз боло рафтани қанднокии таркиби хун ва пешоб низ ҷи-
лавгири менамояд. Зеро вақте чарбиҳои бадан кам шаванд, қанди он
ҳам поён меояд. Руза ҳатто баъд аз кашфи инсулин ҳам яке аз беҳта-
рин равишҳои муолиҷаи бемории қанд мебошад.                                              5. Руза нороҳатиҳои тунд ва барҷомонда (музмин)-и гурдаҳоро, ки
бо варам ва тарашшӯҳ  ҳамроҳ бошанд, муолиҷа менамояд.
6. Руза барои бемориҳои дил, ки бо варам ҳамроҳ бошанд, бисёр
фоида дорад.
7. Рӯза нороҳати ва дарди барҷомондаи пайвандҳоро аз байн ме-
барад, ба хусус вақте ин дард дар натиҷаи фарбеҳи ва зиёд шудани
чарбҳои бадан ба вуҷуд омада бошад. Аксари занон пас аз синни
чилсолагӣ ва зиёд гаштани чарбии баданашон ба дарди пайвандҳо ги-
рифтор мешаванд.
Бар ҳамин асос, дини Ислом дуст медорад, ки пайравонаш дар
ғайри моҳи Рамазон низ чанд рузеро аз ҳар моҳ ва ё ба муносибатҳое
руза бидоранд ва ҷисман ва рӯхан аз баҳраҳои нек ва баракоти ин
барномаи худсози ва бевдошти истифода намоянд. Шахси рузадор,
воқеан ҳам, худро пас аз поёни моҳи Рамазон то муддате сабук, солим
ва болида ҳис мекунад. Вақте чанд рузеро аз ҳар моҳ рӯза медорад, бо-
ри дигар чунин фурсатҳои муносиб ва имкониятро барои ҷисму рӯҳаш
фароҳам месозад, яъне ба парвариш ва беҳдошти худ мепардозад.
Дар зарфи як моҳе, ки бар асоси барномаи моҳи Рамазон зиндаги
мекунад ва хурду хурок ва фаъолиятҳои ҷисмии худро ба танзим мео-
варад, кори тамоми бадан, дастгоҳи гувориш (меъда), дил ҷигар ва…
дигар мешавад. Ҳаҷми дастгоҳи гувориш то андозае ба меъёри табиии
худ бармегардад. Бинобар ин, пас аз поёни моҳи Рамазон бояд меъёри
муайянеро дар хурду хуроки худ риоя намояд. Зеро истифодаи аз ан-
доза зиёди маводи иой дар ин ҳолат ба дастгоҳи гувориш осебҳои
сахте ворид менамояд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222