Главная / Илм / Сӯҳбати психологӣ

Сӯҳбати психологӣ

Гуфтугӯ дар байни ду шахс, ки
дар рафти он яке хусусиятҳои психологии дигареро ошкор
месозад, сӯҳбати психологӣ мебошад. Сӯҳбати психологӣ
чунин метод аст, ки дастраснамоии бавосита ва ё бевоси-
таи маълумотро бо роҳи муоширати шифоҳӣ пешбинӣ ме-
кунад. Он методи барои психология хоси тадқиқи рафто-
ри одам аст, зеро дар дигар илмҳои табиатшиносӣ роби-
таи бевосита дар байни субъект ва объекти тадқиқот им-
коннопазир аст. Ин метод асосан бо мақсади ошкорсозии
хусусиятиҳои фардии шахс (соҳаи маромҳо ва эмотсио-
налӣ, донишҳо, эътиқод, мақсадгузориҳо, системаи муно-
сибатҳо ва ғ.) ташкил карда мешавад. Ҳангоми сӯҳбат
маълумотро дар бораи хусусиятҳои шахс ҳам бевосита аз
суханони ҳамсӯҳбат ва ҳам тавассути мушоҳидаи рафтори
ӯ, хусусан тарзи суханронӣ, нигоҳ, мимика, имову ишо-
раҳо, далел ва мисоловарӣ ва монанди инҳо ба даст овар-
дан мумкин аст.

Методи сӯҳбат асосан дар шакли сӯҳбати клиникӣ
истифода бурда мешавад, вале ин маънои онро надорад,
ки он танҳо бо беморони клиника гузаронида мешуда
бошад. Сӯҳбати клиникӣ гуфтугӯи тадқиқотчӣ бо озму-
дашаванда бо мақсади ба даст овардани маълумоти
бештар дар бораи хусусиятҳои фардию шахсӣ, ҳаёти гу-
зашта, муҳтавои шууру зершуури ӯ ва монанди инҳо ме-
бошад. Ин метод одатан дар биноҳои махсус ҷиҳозони-
дашуда гузаронида шуда, аксар вақт ҳамчун қисмати тар-
кибии машварати психологӣ ва ё тренинги психологӣ ба-
ромад мекунад.

Яке аз шаклҳои сӯҳбати клиникӣ усули «ассосиат-
сияҳои озод» мебошад. Тадқиқотчӣ ҳангоми он барои
гуфтугӯ фазои мусоид фароҳам оварда, раванди сӯҳбатро
фаъол, вале мавзӯи онро озод нигоҳ медорад. Дар натиҷа
озмудашаванда мавзӯи сӯҳбатро тадриҷан ва беихтиёр ба
самти мушкилиҳои худ мекашад.

Омодагӣ ба гузаронидани сӯҳбати психологӣ аввалан
аз муайянкунии ҳадафи тадқиқот ва баъдан аз интихоби
саволҳои мақсаднок ва нигаҳдорандае оғоз меёбад, ки
тадқиқотчӣ ба озмудашаванда пешниҳод кардан мехоҳад.
Саволҳои мақсаднок ба иҷрои вазифаи дар назди
тадқиқот гузошташуда равона гардидаанд. Саволҳои
нигаҳдоранда бошанд, барои дар доираи зарурӣ ва фазои
мувофиқ нигоҳ доштани сӯҳбат лозиманд. Саволҳои ба-
рои раванди сӯҳбат пешбинишуда бо паиҳамии тақрибӣ
дар шакли рӯихат сабт карда мешаванд, ки онро саволно-
маи сӯҳбат меноманд.

Ҳангоми истифодаи методи сӯҳбат таҷрибаи касбии
тадқиқотчӣ, дараҷаи донишҳои назариявии ӯ ва маҳорати
ташкили сӯҳбат, инчунин як қатор хусусиятҳои шахсии
вай аҳамияти муҳим пайдо мекунанд.

Ҳамин тавр тадқиқотчӣ бояд барои истифодаи мето-
ди сӯҳбат таҷрибаи кофӣ дошта бошад, то саҳви имконпа-
зирро ба дараҷаи камтарин расонад, зеро ба раванди
сӯҳбат ва натиҷаи он омилҳои зиёд, аз қабили ҳолати
ҷисмӣ ва рӯҳии озмудашаванда, муносибати ӯ ба
тадқиқотчӣ ва ба раванди сӯҳбат, инчунин омили вазъият
ва вақт таъсир мерасонанд.

Маълумоти дар раванди сӯҳбати психологӣ бадасто-
мадаро худи эксперименатор ё ёвари ӯ сабт мекунад. Агар
сабти маълумот дар ҷараёти сӯҳбат сурат гирад, метаво-
над фазои бовариро аз байн барад. Истифодаи дастгоҳҳои
махфии сабткунанда (аудио- ва видеосабткунандаҳо)
бошанд метавонанд масъалаҳои ахлоқию ҳуқуқиро ба
миён оваранд. Аз ин сабаб сабти маълумотро пас аз
сӯҳбат аз рӯи маълумоти дар хотир ҳифзшуда анҷом до-
дан лозим аст. Инро низ ба эътибор гирифтан лозим аст,
ки дар ин ҳолат қисмати маълумот фаромӯш мешавад.
Агар сабти маълумот ба таври дастӣ сурат гирад, пас он-
ро ҳатман кодгузорӣ намудан лозим аст.

Натиҷаҳои аз методи сӯҳбат бадастомада ба кор-
карди оморӣ мувофиқ нестанд. Аз рӯи онҳо доир ба ху-
сусияти тадқиқшаванда танҳо хулосаҳои умумӣ баровар-
дан мумкин аст. Аз ин рӯ натиҷаҳои сӯҳбат асосан харак-
тери омӯзиши пешакиро доранд ва ҳатман бояд бо
натиҷаҳои методҳои дигар муқоиса карда шаванд. Воба-
ста ба ин, сӯҳбат аз ҷониби баъзе муаллифон на ҳамчун
методи мустақил, балки қисмати таркибии методи му-
шоҳида, эксперимент ё анкетагузаронӣ баҳо дода меша-
вад.

Мусоҳибаи психологӣ. Мусоҳиба ё интервю чунин
методи тадқиқоти иҷтимоӣ – психологӣ мебошад, ки бада-
стоварии маълумотро дар шакли пурсиши афкори одамон
доир ба масъалаи тадқиқшаванда ва таҳлили муқоисавии
ҷавобҳо пешбинӣ мекунад. Методи мусоҳиба асосан хоси
тадқиқоти иҷтимоӣ мебошад. Дар психология бошад он
дар соҳаҳои психологияи иҷтимоӣ, психологияи шахс ва
психологияи меҳнат истифода бурда мешавад.

Мусоҳибаро «псевдосӯҳбат» (аз юн. псевдос-
дуруғин) меноманд, зеро он дар шакли сӯҳбати кӯтоҳ ҷа-
раён мегирад ва ҳангоми он озодии мавзӯъ низ маҳдуд аст.
Интервюер (тадқиқотчии истифодабарандаи интервю) бо-
яд мақсади тадқиқотро аз мадди назар дур намонда, саво-
лу ҷавобро дар доираи он анҷом диҳад. Ҳангоми му-
соҳибаи психологӣ низ чун сӯҳбат мавҷудияти фазои бо-
варӣ муҳим аст. Ҳангоми интервюгузаронӣ мавқеи
нейтралӣ (бетарафонаро) нигоҳ доштан лозим аст ва
кӯшиш намудан зарур аст, то ки нуқтаи назар ва муноси-
бати хешро ба масъалаи тадқиқшаванда, ҳамсӯҳбат,
муҳтавои савол ва ҷавобҳо ошкор насозем.

Мусоҳибаи стандартӣ ва ғайристандартиро фарқ
мекунанд. Ҳангоми мусоҳибаи гайристандартӣ тағйир-
диҳии паиҳамӣ, шакл ва миқдори саволҳои пешниҳодша-
ванда имконпазир аст ва ин афзалияти онро дар самти
татбиқи универсалӣ ифода мекунад. Мусоҳибаи стан-
дартӣ
бошад имконияти баланди муқоисаи маълумоти
бадстовардашуда ва ҷамъбастнамоии фаврии онро
таъмин намуда дар самти коркарди натиҷаҳо бартарӣ до-
рад. Тартиби соддаи истифодаи мусоҳибаи стандартӣ им-
кон медиҳад, ки ба баргузории он шахсони ғайримутахас-
сис низ ҷалб карда шавад.

Бартарии асосии методи мусоҳиба дар он ифода ме-
ёбад, ки аввалан тавассути он дар муддати нисбатан кӯтоҳ
бо миқдори зиёди озмудашавандаҳо тадқиқот гузарони-
дан мумкин аст ва дуввум маълумоти аз он бадастомада
ба коркарди васеи оморӣ дастрасанд. Камбудии мусоҳиба
аз он иборат аст, ки ба хусусиятҳои психологӣ на дар асо-
си таҳлили амиқ, балки танҳо аз рӯи суханони худи озму-
дашавандаҳо ва муқоисаи онҳо баҳо дода мешавад.

Пурсиши психологӣ. Пурсиш дар тадқиқоти психо-
логӣ чунин методи бадастоварии маълумот аст, ки ҳанго-
ми он дар асоси ҷавобҳои озмудашавандагон ба як қатор
саволҳои бо таври шифоҳӣ пешниҳодгардида доир ба ху-
сусиятҳои психикаи онҳо хулосаҳо бароварда мешаванд.

Методи пурсиш дар тадқиқоти психологӣ аксар
вақт аҳамияти ёрирасон дошта, гоҳо дар якҷоягӣ бо му-
шоҳида ва ё озмоиши психологӣ ва баъзан ҳамчун қисми
таркибии ин методҳо истифода бурда мешавад. Онро дар
ҳолатҳое истифода мебаранд, ки бадастоварии маълумоти
зарурӣ бо воситаи методҳои дигар душвор ва ё имконно-
пазир аст. Аз ҷумла дар ҳолате, ки зуҳуроти омӯхташа-
ванда ба назорати беруна дастрас нест; дар ҳолате, ки
омӯзиши масъала бо ёрии мушоҳида ва эксперимент им-
конпазир аст, вале тадқиқи тулонӣ ва мураккабро талаб
мекунад; дар ҳолате, ки аз методҳои дигар маълумоти му-
каммал ба даст намеояд ва ё дар ҳолате, ки ҳангоми пеш-
ниҳоди савол тағйирёбии рафтор ва ҳолати озмудашаван-
даро мушоҳида кардан лозим аст.

Пурсиши озод ва стандартиро фарқ мекунанд. Пур-
сиши озод
чунин шаклҳои пурсиш аст, ки ҳангоми он са-
волҳои пешниҳодшаванда ва ҷавобҳои имконпазир ба он
пешакӣ дар доираи меъёри муайян маҳдуд карда нашуда-
аст. Ин шакли пурсиш имконият медиҳад, ки тактикаи
тадқиқот ва мазмуни саволҳоро вобаста ба вазъият тағйир
дода, ҷавобҳои нодиру ғайристандартӣ ба даст оварда
шаванд. Пурсиши стандартӣ, ки ҳангоми он саволҳо ва
ҷавобҳои имконпазир ба онҳо пешакӣ муайян ва одатан
дар чорчӯбаи танг маҳдуд карда шудаанд, нисбат ба пур-
сиши озод аз нигоҳи сарфаи вақт ва мавод бартарӣ дорад.

Барои бомуваффақият гузаронидани пурсиш иҷрои
як қатор қоидаҳо зарур аст: саволҳо бояд ба озмудаша-
вандагон фаҳмо бошанд; саволҳо набояд характери
талқинкунанда дошта бошанд, яъне онҳо набояд ҷавоберо
ба озмудашаванда талқин намоянд; пурсидашаванда бояд
ба мақсаднокии пурсиш боварӣ дошта бошад ва аз оқиба-
ти манфии ҷавобҳо наҳаросад. Одатан пеш аз пурсиш бо
озмудашаванда сӯҳбат гузаронида мешавад ва он бояд фа-
зои боварӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ба вуҷуд оварад.

Анкетаи психологӣ. Анкета ин варақаи саволнома
барои дастраснамоии ҷавоб ба маҷмӯи саволҳои пешакӣ
муқарраркардашуда мебошад. Анкетаҳои психологӣ ода-
тан дар шакли саволномаҳои бастандартдаровардашудае
сохта мешаванд, ки аз рӯихати мулоҳизаҳо иборат буда,
озмудашавандагон метавонанд бо мазмуни онҳо розӣ ша-
ванд ва ё розӣ нашаванд.

Анкета одатан аз се қисм таркиб ёфтааст: қисмати
муқаддимавӣ, асосӣ ва биографикӣ. Қисми муқаддима аз
муроҷиат ба озмудашаванда иборат аст, ки дар он мақса-
ди анкетагузаронӣ, шартҳои махфияти ҷавобҳо, самти ис-
тифодаи натиҷаҳо ва тартиби пур кардни анкета шарҳ до-
да мешавад. Қисмати асосӣ аз саволҳо дар бораи далелҳо,
рафтор, маҳсули фаъолият, маромҳо, баҳогузорӣ ва аф-
кори озмудашавандагон иборат аст. Дар қисмати сеюми
анкета одатан саволҳо доири маълумоти иҷтимоӣ – демо-
графӣ ва биографикӣ оид ба озмудашаванда оварда ме-
шаванд.

Аксар вақт истифодаи шакли махфии анкета, яъне
анкетае, ки дар он ба озмудашаванда иҷозат дода меша-
вад, то ки ному насаби худро қайд накунад, дастрас-
намоии маълумоти дақиқ ва мукаммалро таъмин мекунад.

Анкета моҳиятан шакли хаттии методи пурсиш аст,
ва аз ин рӯ тамоми меъёру талабот ва қоидаҳои пеш-
ниҳодшаванда барои ин ду метод умумианд.

Эътимоднокӣ ва саҳеҳии маълумоти аз анкетаҳои
психологӣ бадастомада ба дараҷаи муайян аз тартиб ва
таркиби саволҳои он вобастагӣ дорад. Вобаста ба ин,
нисбати саволҳои анкетаи психологӣ талаботи муайян
мавҷуданд. Ҳамин тавр, ҳангоми омода намудани савол-
нома чунин қоидаҳои таҳияи саволҳоро ба эътибор ги-
рифтан лозим аст:

  • саволҳо бояд ба мақсад ва вазифаҳои тадқиқот
    мувофиқат кунанд;
  • мазмуни савол бояд барои тамоми омудашаванда-
    гон фаҳмо бошад, ва аз ин рӯ аз истифодаи истилоҳоти
    каммаъмул даст кашидан лозим аст;
  • саволҳо набояд аз ҷумлаҳои дароз ё матни ка-
    лонҳаҷм сохта шуда бошанд;
  • саволҳоро тавре тартиб додан лозим аст, ки озму-
    дашавндагонро фаъол гардонанд, диқкати онҳоро ба
    масъалаи тадқиқшаванда ҷалб созанд;
  • саволҳо бояд мазмуни нейтралӣ (бетараф) дошта
    бошанд ва ягон ҷавобро ба озмудашаванда талқин наку-
    нанд;
  • дар саволнома бояд мувозинати ҷавобҳои имкон-
    пазири мусбӣ ва манфӣ риоя карда шавад, вагарна он ме-
    тавонад ба озмудашавандагон самти муайянро талқин
    намояд;
  • доираи ҷавобҳои имконпазир бояд тамоми ҷан-
    баҳои саволро фаро гирад, аз ҷумла вариантҳои ҷавоби
    мусбӣ ва манфӣ, инчунин ҷавобҳои намуди «намедонам»,
    «дар ҷавоб душворӣ мекашам» ва монанди инҳо.

Саволҳои анкетаҳо аз рӯи як қатор аломатҳои
муҳими онҳо тасниф карда мешаванд, аз ҷумла: аз рӯи
таркиб, вазифа, сахтор ва шакл.

Аз рӯи таркиб тамоми саволҳоро ба ду гурӯҳи ка-
лон ҷудо мекунанд: саволҳо дар бораи далелҳо, ҳодисаҳо
ва саволҳо дар бораи баҳои озмудашаванда ба ин ҳоди-
саҳо.

Аз рӯи вазифаашон чор намуди саволҳоро фарқ ме-
кунанд: асосӣ, полоишӣ (филтркунанда), назоратӣ ва ро-
битавӣ. Агар саволҳои асосӣ барои дастраснамоии
маълумоти зарурӣ равона гардида бошанд, пас вазифаи
саволҳои полоишӣ ҷудо намудани озмудашавандагони
бесалоҳият аст. Саволҳои назоратӣ барои аниқ намудани
дурустии ҷавобҳо ба саволҳои асосӣ истифода бурда ме-
шаванд. Чунин саволҳо одатан мазмуни саволҳои асосиро
такрор мекунанд, вале дар шакли дигар. Саволҳои роби-
тавӣ имконият медиҳанд, ки дар байни тадқиқотчӣ ва ре-
спондент (пурсидашаванда) робитаи боварибахш ба вуҷуд
ояд.

Вобаста ба сохтори саволҳо онҳоро ба намудҳои
кушода ва пӯшида ҷудо мекунанд. Агар саволҳо тавре
сохта шуда бошанд, ки озмудашаванда ҷавобро му-
стақилона омода намояд, яъне ҷавоб бо вариантҳо маҳдуд
карда нашуда бошад, пас онро саволи кушода меноманд.
Агар саволи пешниҳодшаванда бо вариантҳои ҷавоби им-
конпазир маҳдуд карда шуда бошад, яъне агар озмудаша-
ванда танҳо имконияти интихоби яке аз ҷавобҳои пешби-
нишударо дошта бошад, пас сухан дар бораи саволи
пӯшида меравад. Се намуди саволҳои пӯшида фарқ карда
мешаванд: а) саволҳои анъанавии типи «ҳа – не»; б) са-
волҳои дорои ҷавоби алтернативӣ, ки аз рӯихати
ҷавобҳои имконпазир интихоб намудани яке аз вариантро
пешниҳод мекунад; в) саволҳои типи «меню», ки ба озму-
дашаванда имконияти якбора интихоб намудани якчанд
варианти ҷавобҳоро фароҳам меоварад.

Аз рӯи шакл саволҳоро ба бевосита ва бавосита ё
лоиҳвӣ ҷудо мекунанд. Агар саволи бевосита пурсиши
рӯирости фикри озмудашаванда бошад, пас ҳангоми саво-
ли лоиҳавӣ фикри ӯ тавассути вазъияти фарзкардашуда
ошкор карда мешавад. Саволи зерин намунаи саволи бе-
восита аст: «оё фикри каси дигарро, ки бо ақидаи Шумо
мухолиф аст, ба инобат мегиред?» Ҳамин саволро дар
намуди саволи бавосита бо чунин тарз пешниҳод кардан
мумкин аст: «баъзе одамон мегӯянд: «онҳоеро, ки бо
ақидаи ман мухолифанд, гӯш кардан намехоҳам». Шумо
дар ин бора чӣ фикр доред?» Бартарии саволҳои бавосита
дар он ифода меёбад, ки вазъияти мушаххасро баён наму-
да, ба зудии фаҳмиши савол ва баёни ҷавоб мусоидат кар-
да, имконияти бавуҷудоии вазъиятҳои муваққатии ихти-
лофиро аз байн мебаранд.

Бартарии методи анкета дар он ифода меёбад, ки
имконият медиҳад, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ миқдо-
ри зиёди озмудашавандаҳо ба тадқиқот фаро гирифта ша-
ванд, ва тавассути он маводи ниҳоят зиёдро ба даст овар-
дан мумкин аст, ки саҳеҳии онро «қонуни рақамҳои бу-
зург» таъмин мекунад.

Методи анкета низ аз норасоиҳо холӣ нест ва кам-
будиҳои асосии ин метод чунинанд:

  • ҳангоми он самимӣ будани озмудашавандагонро
    назорат кардан душвор аст, зеро тавассути анкета на му-
    носибати воқеӣ, балки танҳо фикри онҳо дар бораи ин ё
    он объект ошкор карда мешавад;
  • аксар вақт аксуламали озмудашавандаро ба са-
    волҳои пешниҳодшаванда мушоҳида кардан ва мазмуни
    саволҳоро вобаста ба вазъият дигаргун кардан ғайриим-
    кон аст;
  • натиҷаҳои анкетаро таҳлили сифатӣ намудан ва
    бо рафтору фаъолияти озмудашавандагон муқоиса кардан
    душвор аст.

Натиҷаҳои пурсиш ва анкетаҳои психологиро ода-
тан бо усулҳои оморӣ коркард менамоянд.

Тестҳои психологӣ. Тести психологӣ – ин маҷмӯи
супоришҳои бастандартдаровардашудаи кӯтоҳмуддатест,
ки баҳои миқдорӣ ва сифатии натиҷаи иҷроиши онҳо
мавҷудият ва ё дараҷаи инкишофи функсияҳои муайяни
психикиро ошкор месозад.

Аввалин мураттиби тестҳои психологӣ олими фа-
ронсавӣ Алфред Бине (1857 – 1911) шуморида мешавад, ки
соли 1905 барои ташхиси қобилиятҳои ақлонии кӯдакон
аввалин тести саҷиши ақлро тартиб додааст. Тестҳои пси-
хологӣ барои андозагирии стандартии тафовути инфи-
родӣ истифода бурда мешавад. Бо ёрии тестҳо мавҷудият
ва ё мавҷуд набудани қобилиятҳо, малака, маҳоратҳои
муайян, баъзе сифатҳои шахсӣ, дараҷаи коршоямии шахс
дар ин ё он намуди фаъолиятро ба таври дақиқ тавсиф до-
дан имконпазир аст.

Соҳаҳои асосии истифодаи методи тест инҳоянд: 1)
маориф ва маълумот; 2) тайёрии касбӣ ва интихоби касб;
3) машварати психологӣ; 4) фаъолияти амалии клиникӣ.

Тест – ин тартиби бастандартдаровардашудаи андо-
загирии психологӣ мебошад, ки бо истифодаи он дар муд-
дати кӯтоҳ доир ба зуҳуроти омӯхташаванда маълумоти
дақиқи миқдорӣ ё сифатӣ ба даст овардан мумкин аст. Он
одатан аз супориш ё санҷишҳои кӯтоҳ дар намуди таҳлили
муҳокима, ҳалли масъала, расмкашӣ, нақл аз рӯи расм ва
монанди инҳо иборат аст. Тестҳо аз дигар методҳои
тадқиқотӣ бо тартиби аниқмуайяншуда ва бастандартда-
ровардашудаи ҷамъоварӣ, коркард ва шарҳи маълумот
фарқ мекунанд, ки ин имконият медиҳад то психологияи
одамони комилан гуногун муқоиса карда шаванд. Тест
маҳз бо ин хусусиятҳои худ серистеъмолтарин методи
психологӣ ба шумор меравад.

Тартиби ташкили тестгузаронӣ аз се давра иборат
аст:    1) интихоби тест; 2) тестгузаронӣ; 3) коркарди

натиҷаҳои тест. Дар ҳамаи ин давраҳо иштироки психоло-
ги мутахассис ё одами махсусомодакардашуда лозим аст.

Тестҳои психологиро аз рӯи якчанд меъёр тасниф
мекунанд: 1) аз рӯи хусусиятҳои истифодаи супоришҳои
тестӣ (шифоҳӣ, амалӣ); 2) аз рӯи шакли баргузорнамоӣ
(гурӯҳӣ, фардӣ); 3) аз рӯи самти ташхис (тестҳои ташхиси
қобилият, ташхиси шахсият, ташхиси функсияҳои
алоҳидаи психикӣ); 4) аз рӯи маҳдудияти вақти иҷрои су-
пориш (тестҳои суръатсанҷ ва натиҷасанҷ); 5) аз рӯи
мақсади истифода (тестҳои интихоби касб, ташхиси кли-
никӣ, ошкорнамоии шавқу ҳавасҳо ва ғ.); 6) аз рӯи маводи
истифодашаванда (тестҳои бланкавӣ, предметӣ ва даст-
гоҳӣ); 7) аз рӯи сохтори таркибӣ (гемогеннӣ ё яктаркиба
ва гетерогеннӣ ё бисёртаркиба).

Таснифоти бештар маъмулгардида се варианти
тестҳои психологиро пешниҳод мекунад: тест – пурсишно-
ма, тест – супориш ва тестҳои проективӣ. Тест – пурсиш-
нома
аз системаи муҳокима ё саволҳои пешакӣ фикркар-
дашуда, бодиққат коркардашуда ва аз нигоҳи эътимодно-
кию валиднокӣ санҷидашудаест, ки аз рӯи ҷавоб ба онҳо
доир ба хусусиятҳои психологии озмудашаванда хулосаҳо
баровардан мумкин аст.

Тест – супориш баҳогузорӣ ба хусусиятҳои психо-
логӣ ва рафтори одамро дар асоси кори иҷрокардаи ӯ
пешниҳод мекунад. Ҳангоми чунин тестҳо ба озмудаша-
ванда маҷмӯи супоришҳои махсус пешниҳод карда меша-
вад, ки аз рӯи натиҷаҳои иҷроиши он доир ба мавҷуд бу-
дан ё набудан ва ё дараҷаи инкишофи ин ё он хусусияти ӯ
хулоса бароварда мешавад.

Тест – пурсишнома ва тест – супориш барои одамони
синну сол, маданият, дараҷаҳои маълумотнокӣ, касбу кор
ва таҷрибаи ҳаётиашон гуногун мувофиқ аст, ки ин бар-
тарияти онҳоро ифода ме-
кунад.

Тестҳои проективӣ
гурӯҳи методикаҳое мебо-
шанд, ки ба воситаи онҳо
ташхиси хусусиятҳои шахс
дар асоси таҳлили рафтори
ӯ дар вазъиятҳои номуайян
ва сермаъно сурат мегирад.
Психолог бо ёрии тестҳои
проективӣ озмудашаванда-
ро ба вазъияти хаёлии пе-
шакиомодакардашудаи до-
рои сюжети номайян меба-

аст. Ба сифати чунин вазъият метавонад расмҳое баромад

рад ва аз ӯ шарҳи вазъияти
додашударо хоҳиш меку-
над. Шарҳи вазъият озод
буда, ба дарку фаҳмиши
озмудашаванда           вобаста
кунанд, ки дар онҳо одамони номаълум ба амалҳои ному-
айян машғуланд ва аз озмудашаванда хоҳиш карда меша-
вад, ки ба саволҳои «ин одамон кистанд?», «онҳо ба чӣ
кор машғуланд?» ва монанди инҳо ҷавоб гуфта, ба расм
маъно бахшад. Расми 4. Дар асоси таҳлили ҷавобҳои оз-
мудашавандагон ҳатто дар бораи он хусусиятҳои шахсии
ӯ хулосаҳо баровардан мумкин аст, ки асоси бешуурона
доранд. Асоси чунин тестҳоро механизми проексия таш-
кил медиҳад, ки мувофиқи он хусусиятҳои аз ҷониби худи
ӯ даркнашаванда, хусусан камбудиҳояшро одам майли ба
дигарон мансуб донистан дорад. Чунин тестҳоро истифо-
да бурда истода, доир ба психологияи озмудашаванда дар
асоси он хулосаҳо мебароранд, ки ӯ чӣ тавр вазъият, ху-
сусиятҳои психологӣ ва рафтори одамони дигарро дарк
мекунад ва баҳо медиҳад, кадом хусусиятҳои шахсӣ, ма-
ромҳои табиати мусбӣ ё манфидоштаро ба онҳо мансуб
медонад. Тестҳои проективӣ вобаста ба як қатор хусуси-
ятҳои худ аз ҷониби психолог дониши назариявӣ ва
таҷрибаи баланди касбиро талаб мекунад.

Тестҳо ба сифати асбоби андозагирӣ истифода ме-
шаванд, ва аз ин рӯ онҳо бояд ба талаботи ҷиддӣ ҷавобгӯ
бошанд. Маҷмӯи супоришҳои тасодуфиро тест номидан
нашояд. Сифати тестҳои психологӣ аз рӯи эътимоднокӣ
(устувории натиҷаҳои тестгузаронии такрорӣ), валиднокӣ
(мувофиқати тест ба мақсади ташхис) ва қиммати таф-
риқавии супоришҳо (хосияти тест, ки қобилияти вобаста
ба дараҷаи ифодаёбии хусусияти тадқиқшаванда ба зер-
гурӯҳҳо ҷудо кардани озмудашавандагонро ифода меку-
над) баҳо дода мешавад.

Истифодаи тест танҳо дар доираи ҳамон масъалае
имконпазир аст, ки барои он сохта шудааст ва дар муно-
сибат бо он санҷида шудааст. Тестҳоро наметавон ҳамчун
воситаи универсалии ташхис баҳо дод.

Бояд қайд намуд, ки тестҳо дар тадқиқоти психо-
логӣ чандон нақши муҳим намебозанд, вале дар ташхиси
психологӣ методи аз ҳама муҳимтар ба шумор мераванд.

Методи таҳлили маҳсули фаъолият. Ин метод
моҳиятан ба тестҳои проективӣ монанд аст, вале на
натиҷаҳои супориши махсуспешниҳодгардида, балки
маҳсули фаъолияти дар шароити табиӣ иҷронамудаи шах-
сро таҳлил менамояд.

Таҳлили маҳсули фаъолият чунин методи
тадқиқоти психологӣ аст, ки тавассути он тадқиқотчӣ ба
хусусиятҳои психологии озмудашаванда на дар асоси му-
шоҳида ё андозагирии рафтори фаъол, балки зимни
натиҷаи рафтору фаъолияти қаблан иҷрокардаи ӯ баҳо
медиҳад. Одам дар ҳамагуна амалу рафтор ва фаъолияти
иҷрокардааш аз худ «изи» муайян мегузорад, ки аз
тарзҳои барои ӯ хоси иҷронамоии онҳо бармеоянд. Мето-
ди таҳлили маҳсули фаъолият чунин «из»- ҳоро дар
натиҷаҳои фаъолияти эҷодӣ, асарҳои бадеӣ, осори санъат,
фаъолияти ҷисмонӣ ва таҳлили фикрҳои мушоҳидон
ҷустуҷӯ мекунад. Ҳамин тавр дар таҳлили маҳсули
фаъолият иштироки худи озмудашаванда шарт нест. Ин
хусусият фарқият ва афзалияти асосии ин методро аз ме-
тодҳои дигари психологӣ ифода мекунад.

Омӯзиши маҳсули фаъолият имконият медиҳад, ки
дар бораи дараҷаи азхудкардашудаи фаъолият ва маҳора-
ту малакаҳои бо он алоқаманд, дар бораи кӯшишу ғайрат
ва поквиҷдонӣ ҳангоми бадастоварии мақсад, дар бораи
ташаббускорӣ ва эҷодкорӣ, оид ба пешравиҳо дар
фаъолияти амалию эҷодӣ ва инкишофи шахсият маълумот
ба даст оварда шавад.

Вобаста ба он, ки муваффақиятҳои алоҳида дар
маҳсули фаъолият метавонанд тасодуфӣ бошанд, барои
маълумоти дақиқ ба даст овардан бояд маҳсули фаъоли-
ятҳои гуногуни ҳамон як озмудашавандаро таҳлил наму-
да, натиҷаҳои онҳоро муқоиса кардан лозим аст.

Методи таҳлили маҳсули фаъолият хусусан дар
психологияи таърихӣ, психологияи санъат ва эҷодиёт,
психологияи клиникӣ, инчунин криминалистикаи психо-
логӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Дар тадқиқоти психологӣ инчунин як қатор ме-
тодҳои махсус низ истифода бурда мешаванд, ки аз
аҳамияти бузурги илмию амалӣ холӣ нестанд, вале соҳаи
татбиқашон ниҳоят маҳдуд аст. Муҳимтарин методҳои
махсуси психологӣ сотсиометрия, методи тамсиласозӣ
(моделсозӣ), методи баҳои экспертӣ ё методи ҷамъбастна-
моии тавсифдиҳандаҳои мустақил, методи дугоникҳо ва
методи лоиҳавӣ мебошанд.

Сотсиометрия. Ин метод аз ҷониби олими руминта-
бори амрикоӣ Ҷекоб Леви Морено барои омӯзиши муно-
сибатҳои байнишахсӣ кор карда баромада шудааст. Сот-
сиометрия маъмултарин методи тадқиқоти иҷтимоӣ – пси-
хологии омӯзиши гурӯҳҳои хурди одамон ва мавқеи шахс
дар гурӯҳ буда, моҳиятан аз омезиши методҳои озмоиш ва
пурсиши психологӣ таркиб ёфтааст.

Методи тамсиласозӣ. Тамсила – ин шакли ба таври
сунъӣ сохташуда ва нисбатан соддакардашудаи зуҳуроти
омӯхташаванда мебошад, ки унсурҳои барои тадқиқот за-
рурии сохтори он нигоҳ дошта шуда ё ҳатто пурзӯр гар-
донида шуда, унсурҳои дигар метавонанд бартараф карда
шаванд. Тамсиласозӣ ё моделсозӣ ҳамчун метод дар он
ҳолате истифода бурда мешавад, ки агар зуҳуроти
омӯхташаванда мураккаб ва дастнорас бошад. Дар чунин
маврид тамсилаи сунъии зуҳуроти омӯхташаванда сохта
мешавад ва бо он тадқиқот гузаронида мешавад.

Тамсилаҳо метавонанд техникӣ, мантиқӣ, матема-
тикӣ ва ё кибернетикӣ бошанд.

Методи баҳои экспертӣ. Баҳои экспертӣ – методи
баҳо додан ба хусусиятҳои шахс бо роҳи дарёфти миёнаи
арифметикии фикри мутахассисони алоҳида мебошад.
Моҳияти ин метод аз он иборат аст, ки маълумот дар бо-
раи хусусиятҳои шахс аз мутахассисоне, ки ӯро дар
фаъолиятҳои гуногун мушоҳида кардаанд, дастрас ва
ҷамъбаст карда мешавад. Барои ҷамъбастнамоии фикри
мутахассисон ва дарёфти миёнаи арифметикии он асосан
усули баҳогузорӣ аз рӯи «холҳои канорӣ»- ро истифода
мебаранд, аммо баъзан усулҳои фаъолияти коллективии
экспертӣ низ дар намуди машварат, мубоҳиса, «ҳуҷуми
зеҳнӣ» истифода бурда мешаванд.

Методи мазкур як навъ омезиши методҳои му-
шоҳида ва сӯҳбат буда, барои омӯзиши хусусиятҳои шахс
ва динамикаи инкишофи психикӣ пешбинӣ гардидааст.

Методи дугоникҳо. Ин метод соли 1875 аз ҷониби
олими англис Френсис Галтон (1822 – 1911) барои ошкор
намудани нақши генотип ва муҳит дар инкишофи шахс,
кор карда баромада шудааст. Мақсади асосии ин метод
дар асоси таҳлили муқоисавии дугоникҳои яктухма ва
ҷудотухма нақши омили биогенетикӣ ва сотсиогенетикиро
дар детерминатсияи зуҳуроти омӯхташавандаи психикӣ
муайян кардан аст. Айни замон вариантҳои гуногуни ин
метод кор карда баромада шудаанд, аз ҷумла методи
азҳамҷудосозии дугоникҳои яктухма, «дугоники назорат-
шаванда», «ҷуфти дугоникҳо» ва ғайра.

Методи лоиҳавӣ. Мо яке аз шаклҳои методҳои
лоиҳавиро дар намуди тестҳои лоиҳавӣ дида баромадем,
аммо ин намуди методи тадқиқоти психологӣ дар доираи
супоришҳои тестӣ маҳдуд нашуда, фаҳмиши васеътарро
дорад ва аз рӯи мавқеи худ дар байни тестҳо ва таҳлили
маҳсули фаъолият қарор гирифтааст. Методи мазкур ху-
сусан дар ташхиси ҳолатҳои амиқи рӯҳии кӯдакон ва
ҳодисаҳои дар сатҳи бешуурӣ ҷараёнгиранда фаъол аст.

1.3. Асосҳои табиию илмии психика

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222