Давлати Шӯрави аз вакти таъсис ( 1917) то пошхури (1991) дар асоси қонуни диолектики, ки ба инкишофи чамъият хос аст, арзи вучуд дошт. Барои пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯрави сабабҳои зиёди субъективи ва объективи буданд.
Пеш аз ҳама муносибати коргарон ба кор ниҳоят суст шуд. Ин ҳолат дар натичаи зарбаи рухи ба мардум ба амал омада буд. Дар натичаи сиёхкориҳо, ки тамоми ҳаёти чомеаро фаро гирифта буд, дар байни одамони поквичдон боиси руҳафтодаги гаштанд.
Бекурбшавии пул, паст гаштани даромади воқеии мардум ба он оварда расонд, ки ҳавасмандии модди ба мехнат гум шуд. Мехнат арзиши худро гум кард. Одамони рӯҳияи мехнатдӯстдошта низ аз қафои дастрас кардани манфиатҳои модди барои рузгузарони шуданд.
Вайрон шудани робитаҳои пештараи иктисоди боиси имконпазир гаштани ташкили мехнат оварда расонд. Паст шудани эхтиром нисбат ба ҳокимият ва давлат ба паст шудани тартибот дар чомеа омили асосии вайрон шудани давлат буд.
Дар солҳои бозсози қатъи назар аз шиорҳо прогрессии илми-техники дар амал суст шуда буд. Муассисаҳо асосан маблагро ба беҳтар кардани шароити моддии коргарон сарф намуда, барои прогрессии техники маблағ намерасид. Дар натича акибмонии техники аз давлатҳои мутаравди авч, гирифт. Техникаи фарсуда талаботи коргаронро қаноатманд карда наметавонист.
Дар баробари омилҳои дохили барои пош хӯрдани давлати Шӯрави омили беруни низ вучуд доштанд. Ҳанӯз аз зуҳури худ давлати Шӯрави ба идеология ва сиёсати чаҳони капиталисти мукобил меистод. Дар мархилаҳои гуногун шакл ва роху воситаҳои муборизаи зидди Шӯрави дигар шуда бошанд ҳам, мақсад якхел монда буд. Дар зарфи 74- соли мавчудияти давлати Шӯрави ин мубориза ба воситаи чанг (солхои 1918- 1920 интервенсияи ҳарби-хоричии 14
мамлакат, солҳои 1941-1945 чанги Бузурги Ватани), сиёсати чанги сард (солҳои 50-70-ум), чанги рухи (санги идеологи) аз ҷиҳати иктисоди ҳарби қашшоқ гардид.
Ҳанӯз соли 1910 Президенти он вақтаи ИМА Д.Тафт гуфта буд: «долларҳо назар ба снарядҳо пурсамартар амал карда метавонанд». (Ширин В. КГБ-ЦРУ. Секретные пружины перестройки.-М, 1997.-С. 65).
Дар ҳақиқат ИМА аз рӯи ин нишондод амал карда ба нияти ниҳоии худ расид. ИМА, пеш аз ҳама, мехост, ки бо ҳар роҳ иқтисодиёти давлати Шӯравиро хароб, маънавиёти шахрвандонро пасту захролуд гардонда сохти чамъиятиро ба нести барад. Ба ин мақсади ИМА бо тарафдорони худ дар Аврупо сиёсати пароканда намудани давлати Шӯравиро пеш бурда дар ин самт ягон чизро дареғ намедошт.
ИМА аз рӯи гуфтаи файласуфи Хитои Қадим Сунн-Цзи амал карда фаъолияти худро ба он равона намуд, ки барои дар байни халкдои Шӯрави низоъ андозад, ба фаъолияти хукумат халал расонад, ҳар гуна маълумотҳои заруриро дастрас намуда, чавононро ба игво бармехезонд.
Сиёсатмадорони ИМА на танҳо бо рохи вайронкори дар иктисодиёт, балки харида гирифтани мансабдорон, санъаткорон ва кормандони соҳаҳои гуногун, ки ба раванди чомеа дахолат карда метавонистанд, умеди калон баста аз онҳо истифода бурданд.
Яке аз омилҳои асосии беруни, ки ба пошхӯрии давлати Шӯрави мусоидат намуд, ин дар дохили кишвар тайёр кардани кадрҳо буд, ки онҳо нисбати сохти Шӯрави хисси бадбинона доштанд. Инчунин, аз ходимони давлатие, ки дурандешии сиёси хиради заковати сиёсию дипломатии надоштанд, мохирона истифода бурда тавонистанд.
Мисоли ин муттаҳидшавии Германия ва сиёсати беандешонаи Горбачев дар Аврупои Шарқи мебошад.
Сиёсати ба ҷанг тела додани давлати Шӯрави низ аз мақсадҳои стратегии ИМА мебошад. ИМА барои қасди ҷанги худ бар зидди Ветнам тавонистанд аз нуқтаи назари геополитики чунин шароит фароҳам овард, ки давлати Шӯрави артиши худро ба Афонистон ворид созад. Мақсад аз иқдом ин буд, ки давлати Шуравиро ҳамчун давлати ҷангҷӯй дар чашми ҷаҳониён бандом кунад, аз тарафи дигар иқтисодиёти давлати Шӯравиро дар ин ҷанг сусту хароб гардонад. Барои ин Амрико на танҳо кӯшиш намуд, ки ҷанг дар Афнистон кашол ёбад, балки рӯи рост ба муҷоҳидини афон ёри дода аз ҳисоби мамлакатҳои дигар коолицияи зидди Шӯравиро ташкил карда буд. Мақсади дигари ниҳони ИМА аз он иборат буд, ки таъсири ин ҷанг ба ҷумҳуриҳои Осиёи Маркази гузарад. Мисоли равшани он ҷанги бе маънии шаҳрванди дар Тоҷикистон буд.
Мақсади дигари стратегияи оид ба пароканда намудани Иттиҳоди Шӯрави бевосита дар дохили давлат ҷанг
андохтани халқҳои гуногун буд. Чанги Озорбойҷону
Арманистон дар атрофи масъалаи Карабоги кӯхи, Гурҷистону Абхазистон, Молдаваю ҷумҳурии назди Днестр, ҷанг дар Чеченистон далели ин гуфтаҳоянд.
Ҳамин тариқ иттиҳоди Шӯрави имконияти идора кардани ҷумҳуриҳои иттифоқиро аз даст дод. Ҷумҳуриҳо паси ҳам соҳибистиқлолии худро эълон намуда, роҳҳои мухталифи инкишофро пеш гирифтанд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …