Главная / Илм / САДАҚАИ ФИТР

САДАҚАИ ФИТР

Садақаи Фитр закоти саронае мебошад, ки шахси мусалмон пас аз хотимаи моҳи Рамазон барои ҷуброни норасоиҳо ва кӯтоҳиҳои худ дар аснои рӯзаи ин моҳ, ва ҳамчунин барои
дасгири ва кӯмаки бенавоён дар рӯзи ид онро пардохт менамояд. Садақаи Фитр идомаи барномаи такофули иҷтимоӣ дар Ислом мебошад, ки ба сурати барҷаста ва бо шукӯҳи хосе дар рузи иди Рамазон амалӣ мегардад. Дар он рӯз мусалмонон бори дигар дар хотимаи
моҳи Рамазон ихлосу садоқат ба арзишҳои дини Ислом, сатҳи баланди худсозӣ, маърифати динӣ ва таассуроти инсонии худро дар зарфи як моҳӣ руза ва ҳамин тавр намунае аз ҳамбастагию такофули иҷтимоии хешро ба намоиш мегузоранд ва ба ниёзмандони ҷомеа бо номи садақаи Фитр дасти навозиш дароз мекунанд. Садақаи Фитр сабаби погизагии нафси инсон аз баъзе беҳудагиҳо ва фирефтагиҳое мебошад, ки имкон дорад гоҳо рузадорон дар моҳи Рамазон ба он олуда шуда бошанд. Ҳамчунин, камбағалон ва қишри ниёзманди ҷомеа лоакал дар рӯзҳои ид аз хурок ва эҳтиёҷоти муносибе баҳраманд мегарданд. Ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки «Расули Худо (с) закоти Фитрро барои пок гардидани рӯзадор аз беҳудагӣ ва бадсуханӣ ва ҳамчунин барои фароҳам гардидани ғизои муносибе барои ниёзмандон фарз гардонидааст. Касе онро пеш аз намозӣ ид адо намояд, он закот пазируфта мешавад вале баъд аз намоз адо нанамояд. Ислом дар зимни барномаҳои ибодатии худ усули иқтисодӣ ва тарҳи кафолатҳои иҷтимоиро ба сурати зебо ва бо пешбиниҳои дақиқе дарҷ намудааст, ки дар он ҳам арзишҳои инсонӣ, аз қабили бародарӣ, ҳамбастагӣ ва таъмини зиндагонии обрумандона барои тамоми қишрҳои ҷомеа таҳаққуқ меёбанд ва ҳам бо ҳисси камоли бандагӣ ва анҷоми вазифаи шаръӣ аз сӯи дорандагон пардохт мешаванд.
Пардохти садақаи Фитр бар шахси дорои шароит воҷиб буда, соли дуюми ҳиҷрӣ ҳамзамон бо фарз гардидани рузаи моҳи Рамазон собит шудааст. Онро дар истилоҳи шаръ ҳам садақаи Фитр ва ҳам закоти Фитр мегуянд. Аз чандин нафар пешвоёни Ислом, аз ҷумла Икрима ривоят шудааст, ки манзур аз покизагӣ дар ояти карима «Дар воқеъ, растагор
гардидааст касе, ки (худро) пок сохта ва номи Парвардигорашро ба ёд меорад . 235 Сунани Абудовуд, 1609. Сунани Ибни Моча, 1827.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222