Пирамард дар деҳа танҳо мезист. Як одами нимҷон буд, аммо сабад мебофт, наматмӯза медӯхт, боғи колхозро посбонӣ мекард, ки бачаҳо надароянд… Ҳамин хел рӯз мегузаронд.
Вай ба деҳа хеле барвақт ва аз ҷойи дур омада буд, аҳли деҳа ҳам барвақт пай бурда буд, ки пирамард ранҷу озори зиёд кашидааст, чунки сахт мелангид ва аз синнаш зиёдтар пир менамуд. Аз бари рӯ то кунҷи лабонаш як захми чуқур ҳам ба назар мерасид, аз ин сабаб чеҳрааш, ҳатто вақти табассум кардан ғамгину ҷиддӣ менамуд.
Як рӯз Ивашко Кудряшкин ба боғ даромад, ки себ чида ишкам пур кунад. Ногоҳ шалвораш ба мехи сари тавора дармонду дарид ва худаш ба рӯйи буттаи пурхори бектошӣ афтид, чанд ҷои баданаш харош хӯрд, вою додаш баромад ва, албатта, ба дасти посбон афтид.
Пирамард метавонист як даста алафи газна ё бадтар аз онро ги- рифта, адаби ӯро диҳад, ё метавонист ба мактабашон бурда, шарманда кунад. Аммо ду дасти пурхароши Ивашко, пораи шалвори дар пушти ӯ чун думи гӯсфанд овезон ва рухсораҳои аз гиря сурхгаштаю оби дидаи шашқаторашро дида, дилаш сӯхт.
Пирамард писараки тарсхӯрдаро аз даричаи боғ бароварда, ба хо- наашон гусел кард, як шатта ҳам назад, ҳатто аз пушташ ягон гап нагуфт.
Аз шарму алам Ивашко чӣ кор карданашро надонист ва рост ба ҷангал рафт. Он ҷо вай раҳгум зад ва ба ботлоқ даромада, сахт хаста шуду ба як санги ушназадаи кабуд нишаст, аммо ҳамон замон фиғон кашида боло ҷаст: ба назараш тавре намуд, ки рӯи санг занбӯре ни- шаста буд ва он аз ҷойи даридаи шалвораш неш зад.
Вале он ҷо ягон занбӯр нанамуд. Санг тафсон будааст, мисли ан- гишти сӯзон. Аммо Ивашко дар рӯйи ҳамвору сӯфтаи санг, зери гили сахтшуда тарҳи чанд ҳарф мушоҳида намуд.
Ивашко дарҳол дарк кард, ки санг сеҳрнок аст. Вай саросема каф- шашро кашид ва пошнаи онро ба санг кӯфта, гили рӯйи навиштаҷотро тоза кард, то бифаҳмад, ки аз ин санг чӣ ҳикмате барои худ гирифта метавонад.
Дар санг чунин навиштаҷот буд:
ҲАР КАС ИН САНГРО БА КӮҲ БУБАРАД ВА ЗАДА ШИКАНАД, ҶАВО- НИИ ХУДРО БОЗГАРДОНАД ВА ЗИНДАГӢ АЗ САР ГИРАД.
Дар зери ин ҷумла мӯҳр зада шуда буд, аммо мӯҳри одӣ не, мудав- вар, чунонки дар идораҳо ба ҳуҷҷатҳо мезананд ва секунҷа ҳам не, чунонки дар чиптаи ошхонаҳо ба назар мерасад, балки аҷибтар: ду салибак дошту се думча, як доирачаю хатча ва чаҳор вергул.
Инро хондаю дида димоғи Ивашко Кудряшкин сӯхт. Охир, вай ҳа- магӣ ҳашт сол дорад, нав ба нӯҳ қадам мегузорад. Кадом зиндагиашро дубора сар кунад? Магар аз синфаш афтаду дубора дар синфи якум хонад? Не, намешавад.
Баръакс мешуд, гапи дигар буд: масалан, дарс нахонда аз синфи якум якбора ба синфи сеюм мегузашт!
Афсӯс, ки санги сеҳрноктарини олам ҳам аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонад, инро ҳама медонад, ин гуна нахоҳад шуд.
Ивашкои ғамгин ба деҳа баргашт. Вақте аз канори боғ гузар кард, чашмаш боз ба пирамарди посбон афтид. Пирамард дар як даст сатили оҳак, дар дасти дигар пӯпакҷорӯби оҳакмолӣ сулфида-сулфида куҷое мерафт ва гоҳо бозистода нафас рост мекард.
Ивашко табиатан бачаи ҳалиму сипосгузор буд, аз ин сабаб ба худ гуфт: «Ин одам баҳазур як бандча газна гирифта маро бояд мезад ё ба мактаб бурда ба дасти омӯзгор месупурд. Лекин дилаш сӯхт. Чӣ шавад ман ҳам ба ӯ некӣ кунам, як бор дили ман ҳам ба ҳоли ӯ сӯзад: ба бобо ҷавониашро баргардонам чӣ?! То кай сулфида, лангида, нафастанг шуда мегардад?»
Ивашкои олиҳиммат ҳамин хел андеша карда, ба пирамард наздик шуд ва буду шуди воқеаро нақл кард. Пирамард аз сидқи дил ташаккур гуфт – хабари хуш, албатта, лекин баъд изҳор намуд, ки боғро бесоҳиб монда, ба ботлоқ рафта наметавонад, зеро вақте пирамард ба бардо- штану берун овардани санги даруни ботлоқ машғул мешавад, баъзе одамон ба боғ даромада ҳосилро чида мебаранд, он гоҳ посбон, хоҳ ҷавон асту хоҳ пир, гап мешунавад, шарманда хоҳад шуд…
Пирамард ба Ивашко маслиҳат дод, ки ӯ худ сангро бардошта ба тори кӯҳ бубарад. «Ман, – гуфт пирамард, – баъдтар сари қадам омада, ягон чиз гирифта ба санги тафсони ту туқ-туқ мезанам…»
Аз ин гап табъи Ивашко хира шуд.
Аммо маслиҳати пирамардро рад карда, ӯро ранҷонидан нахост. Субҳи рӯзи дигар вай як халтаи бадошт ва барои он ки дасташ насӯзад, дастпӯшаки ғафс гирифта ба ботлоқзор рафт.
Санг ба чирку гил ғӯтида буд. Ивашка онро базӯр бардошта то поини кӯҳ бурд. Ҷонаш ба ҳалқаш расид, забонаш аз даҳонаш берун шуд. Вай рӯйи алафи хушк нишаст, ки нафас рост кунад.
«Ана, – гуфт вай ба худ, – ҳамин замон санг дар сари кӯҳ мешавад, пирамарди ланг меояд, сангро зада мешиканад, ҷавон шуда мераваду зиндагӣ аз сар мегирад. Ҳама мегӯянд, ки бисёр азоб кашидааст, ғаму алам дидааст. Пири фартут аст, танҳост, коркӯфта, маҷрӯҳ, ҳаргиз рӯзи хуш надидааст. Ҳама рӯзи хуш дидаанд, вай надидааст». Мана, худи Ивашка бача аст, аммо се бор хушбахту хурсанд буд: як бор, вақте ки ба дарс дер мемонд ва як ронандаи ношинос ӯро ба сабукрави нап- па-нав савор карда, аз назди саисхона то мактаб бурд, бори дигар, вақте ки бе шасту тӯр як шӯртанмоҳии калон қапид, бори сеюм, вақте ки амаки Митрофан ӯро ба шаҳр бурд ва ҳамроҳ иди Якуми майро ҷашн гирифтанд.
«Бигзор пирамарди бечора ҳам рӯзи хуш бинад!» – олиҳиммат шуд Ивашка.
Вай инро гуфту аз ҷо бархест ва сангро ба тарафи кӯҳ кашид.
Қариби шом, вақте ки лашкари абр дар уфуқи дури болои дандони
кӯҳҳо ғун шуд ва хуршед нурҳои зарҳалини худро аз қабати абрпораҳо ба замини аз ташвишҳои рӯзона хасташуда, ҳанӯз равона мекард, пи- рамард ногаҳон пайдо шуд. Ин лаҳза Ивашкои хастаҳол дар тори кӯҳ аз хунукӣ ларзида либоси чиркину тари худро дар гармии санги тафсон хушк мекард.
– Бобо, – фиғон кашид Ивашко, – чаро болға, табар ё мисрон нао- вардӣ? Сангро чӣ хел мешиканӣ? Мушт зада? Лагад зада?
– Не, Ивашко, – ҷавоб дод пирамард, – на мушт мезанам, на лагад. Ман ин сангро умуман намешиканам, чунки аз нав ҷавон шуда, аз сар зиндагӣ гирифтан намехоҳам.
Пирамард инро гуфта, ба Ивашко наздик шуд ва сари ӯро сила кард. Ивашко ҳис кард, ки дасти вазнини ӯ меларзад.
– Ба гумони ту ман пиракии лангу бадафту бадбахтам, – гуфт пира- мард. – Дар асл одами бисёр хушбахтам, хушбахттарин одами дунё! Ба поям як ғӯлачӯб афтида маъюб карда буд. Хеле шуд, он замон мо алорағми шоҳ шӯрида, дар кӯчаҳо сангар месохтем. Ту фақат сурати шоҳро дидаӣ… Баъдтар дандонҳоямро зада шикастанд, яъне вақте моро ба зиндон афканданд, рӯҳафтода нашуда суруд хондем. Бари рӯямро дами шамшер буридааст. Ин замоне шуд, ки лашкари навтаъ- сиси мо лашкари душманро зада торумор мекард. Вақте мубталои домана шудам, дар як бинои назарногир рӯйи коҳ хобидам. Он шабу рӯз аз дард хабарҳои нохуш вазнинтар буданд.
Ҳар замони ба гӯша- мон мерасид, ки ватан дар иҳотаи лашкари душман асту ҳамин замон асир хоҳем шуд. Аммо як субҳидам, баробари нахустин нурҳои офтоб хабари хуш расид: душман дубора саркӯб шуд ва лашкари мо боз ба ҳуҷум гузашт. Он лаҳза аз чашмонам ба рухсораҳои зардгаштаам ашки шодӣ равон шуд. Як ҳамроҳи ҳамяроқи мисли худам ярадору бемор доштам. Як бурида нони қоқу моҳии намакин буд. Ҳамонро бо ҳам дидем.
Вай ҳам хурсанд шуда, тӯшаашро ду тақсим кард. Мо аз кат ба кат дастони қоқамонро дароз карда фишурдем, қасам хӯрдем, орзу кардем, гуфтем, ки ҳатто баъди сари мо ҳам кишварамон ободу озоду нерӯманд шавад, розӣ ҳастем. Ҳозир маҳз чунин аст! Умри дубораю ҷавонии дигар чӣ даркор? Умрам пуразоб гузашт, лекин ҳалолу пок зистам! Чи даркор умри дубора, вақте шоҳиди гапу коре будам, ки ба ҳар кас насиб нахоҳад шуд – як рӯз чил қадам дуртар аз сафи аскарони
мо Ленини бузург салом дода гузашта рафт! Дар бараш нимтана, дар сараш кулоҳи омиёна буд…
Пирамард хомӯш монд, чубуқ гирифту тамоку кашид.
– Дуруст, бобо, – розӣ шуд Ивашко. – Ин хел бошад, беҳуда азоб кашида сангро ба сари кӯҳ баровардам. Дар ҳамон ботлоқи худаш баҳазур хобиданаш беҳтар набуд.
– Беҳтар ки дар ҷойи намоён бошад, – гуфт пирамард. – Акнун бу- бин, ки чӣ гапу кор мешавад, Ивашко.
Аз он замон солҳо гузаштааст, аммо санг ҳанӯз дар сари кӯҳ асту ношикаста.
Аз канори санг одами зиёд мегузарад. Меоянду мебинанду сар ҷунбонда роҳашонро давом медиҳанд.
Ман ҳам боре дар тори ин кӯҳ шудам. Рости гап, аз баъзе гапу кори зиндагии худ чандон розӣ набудам, табам хира буд. «Хайр, чӣ, – гуфтам ба худ, – чӣ шавад сангро зада шиканаму зиндагӣ аз сар гирам?!»
Хеле истодам ва хайрият, ки чунин накардам, аз раъям гаштам. Ҳам- сояҳоро пеши назар оварда ба худ гуфтам: «Э, – мегӯянд онҳо, – ана, аблаҳи гузаро меояд! Як бор дуруст зиста хушбахт шуда натавонист, акнун ҳамаашро дубора такрор карданист.»
«Не, – андеша кардам он лаҳза, – ман дар умрам хушбахт ҳам бу- дам!»
Коғаз гирифта, тамоку печидам. Барои он ки гӯгирд беҳуда сарф нашавад, сигорамро дар санги сӯзон оташ гиронда, ба роҳи худ раф- там. 1941
Тарҷумаи Азизи Азиз