Главная / Илм / Сармояи зеҳнӣ ва хусусиятҳои он

Сармояи зеҳнӣ ва хусусиятҳои он

Пеш аз ҳама зеҳният ҳамчун арзиши бунёдкорона ва ахлоқӣ арзёбӣ карда мешавад. Дар вобастагӣ бо иқтисодиёт «маънавиёти иқтисодӣ»ҳамчун низоми бунёдкорона ва ахлоқие, ки ба таври инсондӯстона ба самти қобилиятҳои омӯзишӣ, фикрӣ ва эҷодии дар сатҳи иқтисодиёт истифодашаванда равона мебошад ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, маънавиёти иқтисодиро ҳамчун пайванди мурватҳои рафтори зарурии иқтисодиёт маънидод метавон кард, ки тавассути он шахс худро ҳамчун мавҷудоти бошуур, мустақил ва озод ҳувайдо мекунад. Дараҷаи баланди маънавиёти иқтисодиӣ ҳамчун низоми нишондодҳо, баҳодиҳиҳои ахлоқ ва арзишҳо, ки тавассути муносибатҳои иқтисодӣ дар зерматни дараҷаи «дороӣ» ва бартарияти «муҳим» бар «мавҷуд» ба низом дароварда мешаванд, муайян мегардад.

Сармояи зехни

Барои дар ниҳояти кор тафовути «умумӣ» ва «махсус»-ро аниқ кардан, бояд дар сари низоми назарияи умуми сармоя муфассалтар таваққуф намуд, ки айнан ба сармояи зеҳнӣ дахл дорад. Дар инҷо шояд ба низомҳои зерин рӯ овардан лозим меояд. Аввалан, сифатнок муайян намудани ҳамагуна манфиатҳои сармоявӣ таҳти таъсироти ташаккули арзиши навин хулоса карда мешавад. Ҳамагуна нафъеро, ки хусусияти ташаккул додани арзиши навро дорад, ҳамчун сармоя ҳисобидан мумкин нест. Дар баробари ин, аз нуқтаи назари пайдоиши шаклҳои гуногуни сармоя танҳо сармояи молӣ, сармояи истеҳсолӣ маҳсуб мегардад.

Сармояи инсонӣ ва табиӣ бошад, намуди «худкифоя»-и ирси сармоя ҳисобида мешавад, ки дорои хусусияти ташаккул додани манфиатҳо, бидуни иштироки дигар намудҳои сармоя мебошад. Дар баробари ин «ҳосилнокӣ»-и сармояи табиӣ бештар нисбат ба «ҳосилнокӣ»-и сармояи инсонӣ муайян карда мешавад.

Сониян, ҳамагуна сармоя дар худ нишонаи амалкунандагиро дорад, ки бо таъмини даромаднокӣ алоқаманд аст. Ҷудо шудани фазои иқтисодӣ ба сифати соҳаи мустақили фаъолият имкон медиҳад, ки дар бораи шаклҳои ғайрипулии ин даромаднокӣ сухан карда шавад. Дар низоми саҳмгузории мутавозеи бозорӣқабл аз ҳама даромади пулӣташаккул меёбад ва аз шаклгирифтаистодани бозор ин даромад метавонад мусбӣ ва ё манфӣ бошад. Аз ин лиҳоз, ҳама гуна сармоя дар худ хусусияти мавҷудӣ ба сифати таъсири арзиши навинро дошта, нишони амалкунандагиро дар шакли таъсироти даромаднокӣ дорост.

Дорандаи намудҳои шаклёфтаистодаи даромад соҳиби сармоя буда, ҳуқуқ дорад даромадро ҳамчун воситаи ҳокимияти иқтисодӣ истифода барад. Аз ин рӯ, сармоя (аз нуқтаи назари умумииқтисодӣ)- ин манфиати хосаи дорои хусусияти ташаккулдиҳандаи арзишҳои навин мебошад, ки ба соҳиби вай даромаднокии муайянро таъмин мекунад. Акнун зарур аст, ки мафҳуми «умумӣ»-ро дар тафсири сармоя ба «махсус» табдил дод, яъне моҳияти сармояи зеҳниро бояд муайян намуд.Ҳангоми иҷрои «фатҳ кардан» дар муайян намудани моҳияти сармояи зеҳнӣҳолатҳои зеринро дар назар доштан лозим аст:

  1. Сармояи инсонӣ аз рӯи дараҷаи шартнокиаш қобили қабул аст, ки ба гурӯҳҳои ҷисмонӣ ва ақлонӣҷудо карда шавад. Ин тақсимотро бо он асоснок кардан мумкин аст, ки «сарҳад»-и ҷавобгӯи онҳо аз рӯи хусусиятҳои ҷисмонӣ ва ақлонӣ муайян мегардад. Дар ҳолати аввалӣ инсон ба ашёи табиӣ на танҳо бо истифода аз энергияи худ таъсир мерасонад, балки энергияи табиӣ ва мошинаҳои сохтаи худро низ истифода мебарад. Дар ҳолати дуюм воситаи фаъолияти инсон ахбор аст, ки дар ду намуд зуҳур меёбад:     1) ҳамчун ахбори ашёвикунонидашуда, ба ҷисми материалӣ табдилдодашуда барои нафъи муайян; 2) ҳамчунин ахбори идеалӣ (тафаккурӣ), ки дар шуури ӯст.

Ҳар ду намуди ахбор масолеҳи «сохтмоние» барои истеҳсоли донишҳои навмебошад. Аз ин рӯ, сармояи зеҳниро ҳамчун як қисми сармояи инсонӣҳисобидан мумкин аст, ки дар таркиби худ инчунин сармояи меҳнатиро низ дорад. Албатта, сармояи зеҳнӣ метавонад ба сармояи меҳнатӣ бетаъсир ё аз он ҷудо бошад, аммо сармояи зеҳнӣҳамчунин бо хусусиятҳои мушаххаси худ низ метавонад ифода гардад.

  1. Азбаски зеҳният на ба ҳама навъи фаъолияти ақлонӣ, балки танҳо бо таркиби рӯҳию тафаккури он пайваст мебошад, пас сармояи зеҳнӣ низ бояд ҳамчун шакли олии намуди воломақоми сармояи ақлонӣ ба назар гирифта шавад. Ин маънои онро дорад, ки қобилиятҳои ақлии инсон на ҳамеша метавонад пайванди ташаккулдиҳандаи «ҷузъи ниҳоӣ»-и қувва ва имкониятҳои зеҳнии ӯро дода тавонанд. Барои ин як пайвастагии хулқӣ-созандагии қобилиятҳои ақлии ӯ зурур аст.

Дар хислатномаи овардашаванда қувва ва имкониятҳои зеҳнӣ роҳи ошкор кардани моҳияти сармояи зеҳнӣ аниқ мегардад. Агар донишҳои зеҳнии ёдшуда барои ҳалли ягон вазифаи эҷодӣ мақсаднок равона шавад, пас сармоягузории арзишноки мусоиди ин донишҳои зеҳнӣ рух медиҳад. Қувваҳои зеҳнӣ бошад, шакли сармояи зеҳниро мегиранд.

Бо ҳамин тариқ сармояи зеҳнӣ ин низоми сармоякунонидашудаи донишҳои зеҳнӣ мебошад, ки истифодаи самараноки он истеҳсоли маҳсулотҳои нерӯҳои навини зеҳниро меафзояд ва ҳамчунин роҳи ба даст овардани даромади мувофиқ мебошад. Донишҳои зеҳнӣ-ин донишҳоеанд, ки болоравии боигариро дар асоси омилҳои маҳсулнокии истеҳсолот таъмин мекунанд. Дидан душвор нест, ки сармояи зеҳнӣ аз рӯи маъно нисбат ба сармояи ақлӣ «амиқтар» аст, ки дар худ низоми васеътари донишҳои ақлии нафақат инсондӯстона ва «ноосферӣ»-ро таҷассум менамояд. Агар ба сармояи инсонӣ сармояи зеҳниро аз рӯи низоми «пурра» ва «қисман» муқоиса намоем, бо сармояи ақлӣ ин таносуб бо ибораҳои «умумӣ» ва «махсус» ифода мегардад, ки дар ин маврид ба сифати «махсус» сармояи зеҳнӣ баромад мекунад.

Дар зерматни гуфтаҳои боло баъзе аниқиҳо даровардан муҳим аст, ки бо пайдоиши шуур ва сармояи зеҳнӣ алоқаманд аст. Қабл аз ҳама, шуур ва сармояи зеҳнӣҳамчун арзишҳои бунёдгаро қариб баробари пайдоиши инсон пайдо шудаанд. Дар бораи ҳолати «ҷанин»-и он ҳарф задан мумкин, «ҷузъӣ» будани онро таъкид кардан имкон дорад, аммо онро инкор кардан ғайриимкон аст, ки дар саргаҳи тараққиёти инсоният ҳамчун шахсиятҳои соҳиби маданияти баланд ва бунёдкор зиндагӣ ва эҷод мекарданд, ки ба фаъолияти инсонворона дар шароити хосгардонии манфиатҳои иқтисодӣ ва таносуби ахлоқӣ даъват мекарданд. Сармояи зеҳнӣ барои ҳамагуна низоми иқтисодӣ, хос буд. Бо назардошти гуфтаҳои боло ҷои шуур ва сармояи зеҳниро дар сохтори сармояи инсонӣ ба таври зерин муайян кардан мумкин аст.

Қувваи инсонӣҳамчун қобилияти умумии инсон дар фаъолияти эҷодию меҳнатӣ дар шакли қувваи меҳнатӣ (қувваи коргарӣ), қувваи фикрӣ (қувваи эҷодӣ) ва қувваи зеҳнӣ (қувваҳои эҷодӣ, маънавӣ, созанда) арзёбӣ мешавад. Дар навбати худ қувваи меҳнатӣ шакли сармояи меҳнатӣҳамчун объекти бевоситаи таъсиррасон ба ашёи табиат, қувваи фикрӣ шакли сармояи фикрӣҳамчун объекти таъсиррасонанда ба ҳамаи ахбори мавҷуда ва сармояи зеҳнӣ (қувваи эҷодӣ, маънавӣ, созанда) ҳамчун арзиши маънавӣ-созанда, тафаккури капиталикунонидашуда ё объекти таъсиррасонанда ба ахбори ноосферӣ, инсондӯстию созандаро мегиранд. Сармояи меҳнатӣ, сармояи фикрӣ ва сармояи зеҳнӣ дар якҷоягӣ сармояи инсониро ҳамчун қувваи муҳими инсонӣ (меҳнатӣ, фикрӣ, зеҳнӣ) ташкил дода, дар раванди зеҳникунонии иқтисодиёт сармояи инсонӣ бештар ба сифати сармояи зеҳнӣ баромад мекунад.

Муштаракии сармояи ақлӣ ва зеҳнӣ дар он зуҳур меёбад, ки ашёи таъсиррасонанда ба он ахбор аст, аммо истифодаи бунёдкоронаи сармояи зеҳнӣ бевосита ба истифодаи ахбори созандаи ахлоқӣ алоқаманд аст. Муҳим будан ва минбаъд капиталикунонидани он ба васеъшавии некӯаҳволӣ дар асоси аз нав коркард ва ҳатто ихтисор шудани ҳаҷми ашёҳои табиат оварда мерасонад. Сармояи зеҳнӣҳамчун омили истеҳсолот дар худ чунин хусуситҳои хосро мепарварад.

  1. Хусусияти сармояи зеҳнӣ мисли сармояи инсонӣ дар он аст, ки барангезандаи он низ худи инсон аст. Аз дараҷаи маданиятнокии ӯ ва маълумоташ,қарор ва амали ӯ на танҳо муҳиммияти донишҳои зеҳнӣ, балки нақши он ба арзишҳои сармоявӣ ва худи раванди он вобастагӣ дорад. Инсон дониши худ ва тамоми дигар намудҳои сармояи «ғайризинда»-и худро ба «ҳаракат» медарорад, раванди созандагиро ташкил ва идора мекунад, самти ба он мувофиқро аниқ карда, ба мӯҳтавои муайян таъмин мекунад. Ин ҳолат хусусияти ниҳоии сармояи зеҳниро зоҳир менамояд, ки он дар низоми сармояи ягонаи созандаи базисӣ мебошад.
  2. Таҳкурсии сармояи инсонӣ ва дар пайвастагӣ бо он сармояи зеҳниро чунин маънидод кардан мумкин аст, ки он асоси ташкил кардан ва ривоҷ додани дигар намудҳои сармоя мебошад. Ин ҳолат моро ба он хулоса меорад, ки дар шароити маънавикунонии амалиёти хоҷагӣ сарчашмаи асосии тараққиёт ва навсозии босифати сармояи табиӣин амволи сармояи зеҳнӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки маблағгузории бевосита ба сармояи зеҳни, айни замон маблағгузории бевосита ба сармояи табиИ ва амволИ низ мебошад. Аҳамияти сармояи зеҳниҳамчун мӯътадилсозандаи ҳамаи намудҳои сармоя дар ташкили занҷири технологии омилҳои мавҷудаи истеҳсолИ, ташаккули муҳити мусоиди иҷтимоИ-иқтисодИ, ки истифодаи мақсадноки сармояи табиИ ва амволиро таъмин мекунад, зуҳур меёбад.
  1. Хусусияти сармояи зеҳнИ дар худривоҷёбии ӯст, яъне ин сармоя дар якҷоягИ бо инсон қувваи худро худ меафзояд, сифат ва хусусиятҳои зарурии созандагиашро ба вуҷуд меорад. Мураккаби раванди истеҳсолии муосир ва талаботи афзояндаву ивазшаванда барои ташкили некӯаҳволИ зарурати на танҳо босуръат, балки афзояндаи сармояи зеҳниро тақозо мекунанд. Ин сармоя бояд на танҳо ба шароити тағйирёбандаи раванди созандагИ мувофиқат кунад, балки ба ин шароитҳо фаъолона таъсир расонда онҳоро ба талаботи шахсИ ва ҷамъиятИ мувофиқ гардонад.
  2. Ҳангоми дуруст истифода бурдани сармояи зеҳнИ тамоми низоми созандагию маънавии хислати инсон «ба кор медарояд». Эҷодкории инсон ҳамеша на танҳо дараҷаи дониши ӯро инъикос мекунад, балки бо ҳиссиёт ва таассуроти ӯ «муайян» гардидааст (ороиш ёфтааст), дар маҳсулоти истеҳсолшаванда  арзишҳои мантиқию ахлоқи, нишондиҳандаҳоиҷамъиятию рӯҳии субъектро таҷассум мекунад. Ба низомдарории дохилии инсурҳои гуногуни сармояи зеҳнии шахсият ҳамон қадар бештар муваффақиятнок аст, ки дараҷаи маданияти умумИ ва касбии ӯ баланд бошаду фаъолияти эҷодию меҳнатиаш назаррас бошад.
  1. Хусусияти муҳимтарини сармояи зеҳнИ он аст, ки савдои дар бозори сармояи зеҳнИ вуҷуд доштани имкониятҳои инсон ба фаъолияти муайяни эҷодию созандагИ бо қоидаи асоси табодули ҳам арзиши камтар пайвастгардида, хусусияти беруниро ба худ мегирад. Ҷудонашавандагии сармояи зеҳни ва зеҳнияти инсони имконияти дар рафти раванди созандагИ бештар паҳн кардани қувваи эҷоди созандагии ӯро таъмин менамояд, беҳтар аз он, ки шартномаи коргару корфарморо ба низом дарорад. Самараҳои мусоиди беруни барои корфармо мусоид дар шартномаҳои амалкунанда акс намегарданд.
  1. Муайян кардани хусусияти берунии амалиёти байниҳамдигарии инсонҳо дар ташкил ва мавҷудияти оғози бошуурона дар сармояи зеҳни имкон медиҳад, ки боз як хусусияти онро ҳамчун омили истеҳсолот намоён кунад. Моҳияти он дар ин аст, ки сармояи зеҳни омили ягона дар истеҳсолот буда, дар як вақт ҳам истеҳсол мегардад ва ҳам ривоҷ меёбад. Сармояи мазкур ҳангоми истифодабари инкишоф меёбад, ва дар раванди инкишоф бошад, роҳҳои нави истифодаи он пайдо мешаванд. Дар ин ҷо ҳамзамон «истифодаи созанда» ва «фарсудашавии созанда» будани сармояи зеҳни ҷой дорад, ки дар ду раванд дар вақт ва фазо баробар мувофиқ меоянд. Ба ҳамин тариқ сармояи зеҳни арзиши «афзоянда» ё «дукаратаро» ба даст меорад, ки ба маъноҳои зерин ифода мегарданд. Аввалан, дар раванди истифодаи бевоситаи қуввати созанда сармояи зеҳнии ба он мувофиқро ба вуҷуд меорад, ки дар ниҳояти кор ба такмилёбии худи ин сармоя таъсир мерасонад. Сониян дар раванди истифодаи сармояи зеҳни ҳамзамон раванди инкишофи он бо роҳи ғуншавии донишҳои зеҳни ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат «афсурдагии ривоҷёбанда» ва «инкишоф дар рафти афсурдашави» якҷоя ба амал меоянд.
  2. Хусусияти муҳимтарини сармояи зеҳнИ қобилияти бе иштироки сармояи табиИ ва ашёвИ ба вуҷуд овардани неъматҳо мебошад. Қобилияти номбаршудаи сармояи зеҳнИ натиҷаи он аст, ки он дар шакли «зинда», худкифоягии омили истеҳсолотро таҷассум менамояд. Акнун «махсус» будан дар низоми сармояи зеҳниро ҳам омили эҷодкунанда тасаввур кардан мумкин аст.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222