Главная / Илм / Сарсухан

Сарсухан

Бо арзи сипос ба Парвардигори оламиён ва дуруду салом ба рӯҳи поки хотами паёмбарон саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ёрону хонаводаи Ӯ.
Дуо муҳимтарин василаи робитаи инсон бо Аллоҳ мебошад. Ҳеҷ фарди мусалмоне аз асари равонӣ, иҷтимоӣ ва тарбиявии дуо бехабар нест, зеро инсон барои тақвияти иродаи хеш ва бартараф сохтани нороҳатиҳои худ ба такягоҳе муҳтоҷ мебошад, ки ӯро ёрӣ ва мадад намояд ва он ҳамоно Парвардигори пок аст, ки ба воситаи дуо ниёзи бандаро бартараф месозад. «Ё кист Он, ки чун Ӯро бихонед, дармондаро иҷобат мекунад ва сахтиро мебардорад ва шуморо дар замин ҷонишини пешиниён месозад? Оё бо Худо маъбуди дигаре ҳаст? Андаке панд мепазиред».
Агар мо дар масъалаи дуо каме дақиқ бинигарем, мебинем, ки ҳамаи мавҷудоти рӯи олам дар ҳоли дархост аз Аллоҳ мебошанд. «Ҳар ки дар осмонҳо ва замин ҳаст, аз Худо суол мекунад. Ҳар рӯз Худо дар коре аст».
Дуо силоҳу такягоҳи инсон аст, ки ба василаи он банда иродаи хешро тақвият мебахшад. Аммо чи басо шайтон ин силоҳро бар зидди инсон ба кор мебарад. Банда бояд ба зоти пок муноҷот ва арзи ҳоҷат кунад, ҳоҷатҳои худро бо Ӯ дар миён гузорад, зеро байни Худованду банда ҳеҷ ҳиҷобе нест ва Ӯ ба ҳар дил ва ҳар забоне огаҳ аст.
Ҳар ки хоҳад, гӯ биёву ҳарчи хоҳад, гӯ бихоҳ,
Кибру нозу ҳоҷибу дарбон дар ин даргоҳ нест. Кратко об истории возникновения и распространения ислама

Ҳар кас дар ҳар ҷо хоҳад, метавонад бо Парвардигори худ розу ниёз кунад. Дуо ҳам бояд мутобиқ бо Қуръон ва суннат бошад, зеро аз ҳуқуқи Худованд ба банда ин аст, ки аз Ӯ ба ҳамон тавре ки худ онро фиристода ва дастур додаст, бихонад ва чунон ки Ӯ хостааст, Ӯро бандагӣ карда, ба номҳои зебои илоҳӣ ва сифоте, ки Аллоҳ худро муаррифӣ кардааст, Ӯро дуо кунад.
Рисолае, ки пеши рӯй доред, маҷмуаи судманд ва мухтасарест аз дуоҳои қуръонӣ ва суннати набавӣ, ки дар нақши зиндагии ҳар бандаи мусулмон муҳим буда, ба хондани он бо аҳком, шартҳо ва одоби дуо ошноии комил ҳосил мукунад.
Умедворам ин китоб барои хонандагон роҳнамое бошад барои наҷоти банда дар рӯзи қиёмат, он рӯзе, ки мол ва дороӣ ба кор намеояд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222